§28. КОНВЕНСИЯИ СММ ДАР БОРАИ БАРҲАМ ДОДАНИ ТАМОМИ ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ НИСБАТИ ЗАНОН

1. ТАЪРИХИ ҚАБУЛ ВА СОХТОРИ КОНВЕНСИЯ.

Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон” бо Резолютсияи Иҷлосияи XXXVI Кулли Созмони Милали Муттаҳид аз 18 декабри соли 1979 қабул гардидааст ва мутобиқи моддаи 27 (1)-и Конвенсия 3 сентябри соли 1981 ба эътибор даромадааст. Дар қисмати аввали моддаи мазкур гуфта мешавад, ки “Ин Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида шудани бистум тасдиқнома ё ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавӣ, эътибор пайдо мекунад. Ин талабот, яъне аз тарафи 20 давлати ҷаҳон нисбати Конвенсия гирифтани тасдиқнома (ратификатсия) дар санаи дар боло зикргардида - 3 сентябри соли 1981 ба иҷро расид.

Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1993 зери № 831 тасдиқ (ратификатсия) карда шудааст. Ин тасмим маънои онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки пайваста баҳри барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон тадбирҳои самарабахш андешад.

Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон аз дебоча, 6 қисмат ва 30 модда иборат буда, ҳар кадоми онҳо масъалаҳои гуногуни мубориза бар зидди табъиз нисбати занонро дар бар мегирад. Дар дебочаи Конвенсия дар бораи вазъи занон дар ҷомеаи башарӣ, дар қисмати I мақсаду вазифаҳои Конвенсия, дар қисмати II дар бораи тадбирҳои давлатҳои ба Конвенсия пайваста бобати таъмини ҳуқуқҳои занон, дар қисмати III дар бораи зарурати баробарҳуқуқии занон бо мардон, дар қисмати IV масъалаи баробарҳуқуқии марду зан дар мавриди дар ақди никоҳ будан ва дар қисматҳои V ва VI дар бораи роҳу воситаҳои татбиқи Конвенсия сухан меравад.

2. МАСЪАЛАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ҶАҲОН.

Масъалаи баробарҳуқуқии занон ва мардон дар санадҳои муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ инъикос гардидааст. Оинномаи СММ бори дигар бовариро ба ҳуқуқҳои асосии инсон ва баробарҳуқуқии занону мардон тасдиқ намудааст; Эъломияи умумии ҳуқуқи башар принсипҳои роҳ надодан ба табъизро тасдиқ ва эълон доштааст. Мувофиқи он инсон сарфи назар аз фарқияти ҷинсӣ бояд тамоми ҳуқуқу озодиҳоро дошта бошад.

Созмони Милали Муттаҳид то қабули Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон як силсила асноди ҳуқуқии дигарро низ қабул кардааст, ки онҳо дар шакли резолютсияҳо, эъломияҳо ва тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид таҳия гардидаанд. Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон ба ҳамаи ин санадҳо такя менамояд. Сарфи назар аз мавҷудият ва татбиқи ин асноди гуногуни ҳуқуқӣ табъизи зиёд нисбати занон мисли пештара ҷой дорад. Табъизи занон принсипҳои баробарҳуқуқию эҳтироми шаъну шараф ва эътибори инсонро халалдор месозад, ки ин ба иштироки занон баробар ба мардон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ватани хеш монеъ мегардад.

Вазъи ҳаёт ва фаъолияти занонро баён намуда, Конвенсия таъкид менамояд, ки дар шароити қашшоқӣ занон барои дастрас намудани озуқа, тандурустӣ, маориф, таълими касбӣ, шуғл ба меҳнат ва зарурати дигар имконияти маҳдуд доранд, ки ин ҳолат низ бегуфтугу ба табъиз нисбати занон мусоидат мекунад. Дар Конвенсия боварӣ изҳор карда мешавад, ки тартиби нави иқтисоди байналмилалии ба баробарӣ ва адолат асосёфта дар таъмини баробарии байни марду зан мусоидат хоҳад кард. Барҳам задани апартеид, ҳамаи шаклҳои нажодпарастӣ, табъизи нажодӣ, мустамликадорӣ, таҷовузкориҳо, истилогариҳо, дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии давлатҳо барои пурра амалӣ гардидани ҳуқуқҳои мардону занон зарур ва амри воқеӣ мебошанд.

Конвенсия бар он аст, ки “...рушди пурраи кишвар, некӯаҳволии тамоми ҷаҳон ва кори сулҳ иштироки ҳарчи бештари занонро дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳои ҷомеа тақозо мекунад. Аҳамияти саҳми занон дар некуаҳволии оила ва дар пешрафти ҷомеа, ки то ҳанӯз пурра эътироф нагардидааст, аҳамияти иҷтимоии модар ва нақши ҳарду волидайн дар оила ва дар тарбияи кӯдакон ва бо дарки он ки нақши зан дар идома додани насл набояд сабаби табъиз гардад, зеро тарбияи кӯдакон масъулияти якҷояи мардону занон ва дар маҷмӯъ тамоми ҷомеаро тақозо мекунад”. Барои ба баробарии пурраи байни мардону занон ноил шудан мақоми анъанавии занон дар оила ва ҷомеа зарур аст. Аз ин рӯ “ба азми қатъӣ ҷиҳати татбиқ намудани принсипҳои дар Эъломия дар бораи барҳам додани табъиз нисбати занон эълон гардида ва барои ин мақсад андешидани тадбирҳои зарурӣ барои барҳам додани чунин табъиз дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроти он ба мувофиқаи зайл расиданд”, гуфта мешавад дар фуроварди дебочаи Эъломия.

3. МАФҲУМИ ТАБЪИЗ НИСБАТИ ЗАНОН. Шарҳи мафҳуми мазкур дар моддаи 1-и Конвенсия дода шудааст. “Барои мақсадҳои ин Конвенсия, - гуфта мешавад дар ин модда, - мафҳуми “табъиз нисбати занон” ҳама гуна фарқият, хориҷкунӣ ё маҳдудсозӣ бо нишонаи ҷинсро дорад, ки ба заифгардонӣ ё умуман эътироф накардан, истифода ё татбиқи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ё ҳама гуна соҳаи дигар аз ҷониби занон, сарфи назар аз ҳолати иҷтимоии онҳо, дар асоси баробарҳуқуқии мардону занон равона гардидааст”.

4. ӮҲДАДОРИҲОИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗО. Моддаи 2 ба принсипҳои Конвенсия ва ӯҳдадориҳои давлатҳои аъзо бахшида шудааст. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки давлатҳои аъзои Конвенсия “табъиз нисбати занонро дар тамоми шаклҳояш маҳкум мекунанд ва розиянд бидуни таъхир ба истифодаи тамоми усулҳои дахлдор сиёсати барҳам задани табъиз нисбати занонро ба роҳ монанд”.

Ӯҳдадориҳои умумии давлатҳои аъзо. Бо дар назардошти ҳамин гуфтаҳо давлатҳои аъзо ӯҳдадориҳои умумии зеринро ба зимма мегиранд:

  • Принсипҳои баробарҳуқуқии мардону занонро ба конститутсияҳои миллии худ ё дигар асноди қонунгузорӣ, агар он ҳанӯз дохил карда нашуда бошад, ворид менамоянд ва бо ёрии қонун ва воситаҳои дигари марбута татбиқи амалии ин принсипро таъмин мекунанд;
  • Тадбирҳои марбутаи қонунгузорӣ ва тадбирҳои дигар, аз он ҷумла, дар мавриди зарурӣ, муҷозоте истифода мекунанд, ки ҳама гуна табъизро нисбати занон манъ менамоянд;
  • Ҳифзи ҳуқуқи занонро дар асоси баробарӣ бо мардон муқаррар мекунанд ва ба кӯмаки судҳои салоҳиятдори миллӣ ва дигар муассисаҳои давлатӣ ҳимояи самараноки занонро аз ҳама гуна кирдори табъиз таъмин мекунанд;
  • Барои барҳам додани табъиз нисбати занон аз ҷониби ягон шахс, ташкилот ё корхона тамоми тадбирҳои дахлдорро меандешанд;
  • Тамоми тадбирҳои дахлдор, аз он ҷумла тадбирҳои қонунгузориро барои тағйир додан ё бекор кардани қонунҳои амалкунанда, қарорҳо, расму оин ё амалҳое, ки нисбати занон табъиз мебошанд, ба амал мебароранд;
  • Тамоми муқаррароти қонунгузории ҷиноии худро, ки нисбати занон табъиз мебошанд, бекор мекунанд.

Оид ба шуғли меҳнати занон. Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳоро баҳри барҳам задани табъиз нисбати занон дар соҳаи шуғли меҳнат меандешанд, то ки дар асоси баробарии мардону занон ҳуқуқҳои баробарро таъмин намоянд. Ин тадбирҳо чунинанд: ҳуқуқ ба меҳнат ҳамчун ҳуқуқи ҷудонопазири тамоми одамон; ҳуқуқ барои имконияти якхела ҳангоми киро кардан ба кор, аз ҷумла истифодаи меъёрҳои якхелаи интихоб барои киро кардан; ҳуқуқ барои интихоби озодонаи ихтисос ва навъи кор, пешравӣ дар вазифа ва кафолати шуғл, гирифтани тарбияи касбӣ ва бозомӯзӣ, такмили сатҳи ихтисос ва бозомӯзии мунтазам; ҳуқуқ ба мукофотонидани баробар.

Оид ба ҳуқуқҳои иҷтимоии занон. МувофиқиКонвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон” давлатҳо барои гирифтани имтиёзҳо; ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, аз он ҷумла ҳангоми ба нафақа баромадан, бекорӣ, беморӣ, маъюбӣ, пиронсолӣ ва дар дигар ҳолатҳои аз даст додани қобилияти корӣ, инчунин ҳуқуқ ба рухсатии пардохтшаванда; ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва шароити бехатари меҳнат, аз он ҷумла оид ба нигоҳдории вазифаи давом додани насл; пешгирӣ намудани табъиз нисбати занон бинобар ба шавҳар баромадан ё модар шудан ва ба онҳо кафолат додани ҳуқуқи самаранок ба меҳнат тадбирҳои дахлдор меандешанд, аз он ҷумла аз кор озод карданро бинобар ҳомиладорӣ ва рухсатии ҳомиладорӣ ё таваллуд ё табъиз бинобар вазъи оилавиро бо таҳдиди истифодаи муҷозот манъ мекунанд; рухсатиҳои пардохтшаванда ё рухсатиҳои баробар бо кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ бинобар ҳомиладорӣ ё таваллудро бе аз даст додани ҷойи кори пештара, ё кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ҷорӣ менамоянд; пешниҳод намудани хизматҳои зарурии иловагии иҷтимоиро ҳавасманд мегардонанд, то ки ба падару модарон имконият диҳанд, ки онҳо ӯҳдадориҳои оилавиро бо фаъолияти меҳнатӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ якҷоя иҷро кунанд, аз он ҷумла ба занҳо ҳифзи махсусро дар давоми ҳомиладорӣ дар он навъҳои корҳое, ки зарарнокиашон барои саломатии онҳо тасдиқ шудааст, таъмин намоянд.

Оид ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ. Моддаҳои 7, 8 ва 9 қисмати III Конвенсия ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа бахшида шудааст.

Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳоро барои барҳам додани табъиз нисбати занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар меандешанд, аз он ҷумла ба занон шароити баробар ба мардонро дар масъалаҳои зерин таъмин менамоянд (моддаи 7); овоздиҳӣ дар ҳамаи интихобот ва райъпурсиҳои оммавӣ ва интихоб шудан ба тамоми мақомоти аз ҷониби омма интихобшаванда; иштирок намудан дар фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ассотсиатсияҳое, ки ба масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар машғуланд, таъмин менамоянд; давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ки ба занон имконияти бо мардон баробар ва бидуни ягон табъиз намояндагӣ намудани ҳукуматҳои худро дар арсаи байналмилалӣ ва иштирок дар кори ташкилотҳои байналмилалиро таъмин намоянд (моддаи 8).

Оид ба баробарии занону мардон дар назди қонун. Ба ин масъала моддаи 15 Эъломия бахшида шудааст. Дар он чунин омадааст:

1. Давлатҳои аъзо баробарии занонро бо мардон дар назди қонунэътироф мекунанд.

2. Давлатҳои аъзо ба занон қобилияти ҳуқуқии шаҳрвандииякхела бо мардон ва имконияти якхелаи татбиқи онро фароҳам меоранд. Онҳо, аз он ҷумла, ба занон ҳуқуқҳои баробарро ҳангоми бастани шартномаҳо ва идораи амвол, инчунин муносибати баробар нисбати онҳоро дар ҳама марҳалаҳои тафтишот дар судҳо ва трибуналҳо таъмин менамоянд.

3. Давлатҳои аъзо ба он розиянд, ки тамоми шартномаҳо ва ҳамагуна дигар ҳуҷҷатҳои алоҳидаае, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ қобилияти ҳуқуқи занонро маҳдуд менамоянд, беэътибор ҳисобида мешаванд.

4. Давлатҳои аъзо ба мардону занон нисбати қонунгузориимарбут ба ҳаракати шахсон ва озодии интихоби ҷойи зист ва ҷойи истиқомат ҳуқуқҳои якхела медиҳанд.

Оид ба масъалаи ақди никоҳ. Эъломия ба ин масъала ҳам диққати ҷиддӣ медиҳад (моддаи 16). Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои марбутаро баҳри барҳам додани табъиз нисбати занон дар ҳама гуна масъалаҳои марбут ба ақди никоҳ ва муносибатҳои оилавӣ меандешанд ва, аз он ҷумла, дар асоси баробарии мардону занон масъалаҳои зеринро иҷро менамоянд:

  • Ҳуқуқи якхела дар мавриди бастани ақди никоҳ;
  • Ҳуқуқҳои якхела ба интихоби озоди ҳамсар ва бастани ақди никоҳ танҳо бо розигии озодона ва пурраи худ;
  • Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои якхела дар давраи никоҳ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ;
  • Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои якхелаи мардону занон ҳамчун падару модарон, сарфи назар аз вазъи оилавӣ, дар масъалаҳои марбут ба кӯдакони онҳо, дар ҳама ҳолатҳо манфиатҳои кӯдакон бартарият доранд;
  • Ҳуқуқҳои якхела ба озодона ва бомасъулият ҳал кардани масъалаи шумораи кӯдакон, фосилаи байни таваллуди онҳо ва доштани дастрасӣ ба иттилоот, таълим, инчунин воситаҳое, ки ба онҳо дар татбиқи ин ҳуқуқ имконият медиҳанд;
  • Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои якхела дар мавриди васӣ, парастор, шахси боваринок ва фарзандхондкунандаи кӯдакон будан ё анҷом додани вазифаҳои шабеҳ, ҳангоме ки онҳо дар қонунгузории миллӣ пешбинӣ гардидаанд;
  • Ҳуқуқи шахсии баробари шавҳар ва зан, аз ҷумла ҳуқуқи интихоби номи хонаводагӣ, ихтисос ва машғулият;
  • Ҳуқуқҳои баробари зану шавҳар нисбати соҳибият, ба даст овардан, идоракунӣ, истифода ва ихтиёрдории амвол чи пулакӣ ва чи бепул;
  • Фотиҳа ва никоҳи кӯдак эътибори ҳуқуқӣ надоранд ва тамоми тадбирҳои зарурӣ, аз он ҷумла қонунгузорӣ, бо мақсади муайян намудани синну соли ҳадди ақали ақди никоҳ ва бақайдгирии ҳатмии ақди никоҳ дар санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ, андешида мешаванд.

Ҳамин тариқ, “Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон” масъалаи пешгирии табъиз нисбати занонро инъикос намуда, давлатҳои аъзоро ӯҳдадор менамояд, ки дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон тадбирҳои зарурӣ, аз он ҷумла тадбирҳои қонунгузорӣ андешанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин ӯҳдадориро ба зимма дорад.

Тибқи нишондоди моддаи 18-и Конвенсия давлатҳои аъзо оид ба рафти иҷрои ӯҳдадориҳои дар Конвенсия зикргардида бори аввал баъди як соли ба Конвенсия пайвастан ва баъд дар ҳар чаҳор сол ақалан як маротиба бо талаби Кумита оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон ба Муншии умумии СММ маърӯза пешниҳод менамоянд.

Иҷрои талаботи “Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон” яке аз омилҳои асосии эътибор ва шаъну шарафи байналмилалии давлатҳои аъзо мебошад.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми намудҳои табъиз нисбати занон, баробарҳуқуқии мардон ва занон, ақди никоҳ, принсипҳои баробарҳуқуқии мардон ва занон, шуғли меҳнати занон, ӯҳдадориҳои оилавӣ, кӯмакҳои иҷтимоӣ, иштироки занон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқҳои якхела барои ҳамсарон, ҳуқуқи якхела дар ақди никоҳ.

Савол ва супоришҳо:

1. Дар бораи таърихи қабули Конвенсияи СММ дар бораи барҳамдодани тамоми намудҳои табъиз нисбати занон маълумот дода, бигӯед, ки чаро зарурати қабули ин Конвенсия ба миён омад?

2. Мафҳуми “табъиз”-ро шарҳ диҳед. Оё шумо гуфта метавонед, кидар Тоҷикистони имрӯза табъиз нисбати занон ҷой дорад? Барои исбот мисолҳо биёред.

3. Ӯҳдадориҳои умумии давлатҳои аъзои Конвенсия оид ба барҳамдодани ҳама намудҳои табъиз нисбати занон аз чӣ иборат аст?

4. Оид ба ҳуқуқи занон ба меҳнат чиҳо медонед? Оё меҳнати занон азмеҳнати мардон ягон айният ва ё фарқият дорад?

5. Оё занон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа иштирок мекунанд? Мушкилотизанон дар ин соҳа аз чӣ иборат аст? Дар бораи яке аз заноне, ки дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишвар фаъолона ширкат меварзад, нақл кунед.

Реклама