Хирадмандон ҳама вақт метавонанд созиш кунанд, бо он сабаб ки ҳар хел фикр мекунанд, аҳмақон бошанд, ҳеҷ вақт ба як созиш намеоянд, бо он сабаб, ки як хел фикр мекунанд.
К. Мелихан
1. ҶУСТУҶӮИ РОҲҲОИ МУСОЛИҲА. Дар даҳсолаҳои охир тезутунд гардидан ва аҳамияти умум пайдо кардани масоили бехатарӣ ва ташаккулёбии асосҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ баҳри сулҳ ва инкишофи устувор мушоҳида мешавад. Дарёфти консепсияҳо ва моделҳои ташкили институтсионалии ҷомеа бояд «механизмҳои» амали зиддинизоъӣ дошта ва дар асоси муросо ва баробарӣ буда, дар дохили маданияти ҷомеа бошанд. Онҳо бо асосҳои муколама ва маданият алоқа доранд, ки дараҷаи шуурнокии фардҳо ва гурӯҳҳоро баланд мебардоранд. Ин механизмҳо дар аксар институтҳои иҷтимоӣ истифода мешаванд, лекин дар мавридҳое, ки сухан дар бораи низоъҳои «кӯҳна» ё ки «вазнин ва ҳалнашаванда» меравад, дарёфти технологияҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ки имкониятҳои боэътимоди зиддинизоъии фарҳангро истифода мебаранд, яке аз вазифаҳои муҳимми илм ва амалияи давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии замони муосир мебошад.
Ҳуқуқи гуфтушунид ҳанӯз дар замони бостон сарчашмаи ташаккулёбии институтҳои қадими ҳуқуқӣ буд. Ҳуқуқи музокирот дар замони қадим сарчашмаи ташаккулёбии институтҳои ҳуқуқӣ буд: «аз гуфтушунидҳо дар бораи оштӣ, ки дар ҷамоаи авлодӣ ҷой доштанд, минбаъд ҳуқуқи муросокорӣ ба вуҷуд омад, ки шартнома дар бораи оштӣ буд, ё ин ки ба ибораи дигар гӯем, шартнома дар бораи бастани сулҳ байни гурӯҳҳои мухолифи авлодӣ ба шумор мерафт?
Чунин тартиби корбурди сиёсӣ-ҳуқуқӣ, аҳамияти худро гум мекунад, агар тарафҳо ва миёнаравон дар ғайрати соҳиби имтиёзҳои усулӣ ва дурнамои хеш бартаридоштаро мавриди истифода қарор диҳанд. Масалан, дар раванди музокирот оид ба ҳалли низоъи Исроилу Фаластин якчанд даҳсолаҳо боз баррасии масъалаҳо аз нуқтаи назари муғризонаи хеш боиси аз нав авҷ гирифтани низоъ гардид. Маълум аст, ки аз кулли тарзҳои маъмули ҳалли ихтилофоти тарафайн гуфтушунид байни онҳо аз ҳама натиҷабахштар мебошад.
Ба андешаи коршиносон бо риояи шартҳои зерин оғози музокирот дар байни Исроил ва Фаластин имконпазир аст: 1) тарафҳо ба ғайр аз манфиатҳои зиддиятнок боз манфиатҳои умумӣ доранд; 2) тарафҳо ҳисоб мекунанд, ки расидан ба фаҳмиши муайян ё ин ки созишнома барои онҳо аз ҳамаи дигар алтернативаҳо фоидаовар аст; 3) ба мубоҳиса ворид мешаванд ва барои дарёфти қабули қарори таъминкунандаи манфиатҳояшон кӯшиш кунанд.
Баъзан мешавад, ки тарафҳо танҳо талаботи ягона ва қатъии худро пешниҳод мекунанду халос. Масалан, дар оғози музокирот миёни тарафҳои низои байни тоҷикон тарафҳои ҳукуматӣ ва мухолифин талаботи ҷиддӣ ба сӯи тарафи дигар пешниҳод карда буданд. Барои ҳамин ҳам як чанд сол лозим шуд, то ки тарафҳо тавассути гуфтушунид ба гузашткунӣ ва баробарӣ оянд.
Барои он ки оташи низоъ паст шавад, тарафҳо бояд дар бораи масъалаҳои баҳснок созиш кунанд ва шартҳои ҳамзистии ояндаро муайян созанд. Чи қадар мавзӯи баҳс дақиқ ва қатъӣ муайян шавад, ҳамон қадар низоъ бомуваффақияттар ҳаллу фасл мешавад. Гуфтушунид ин сӯҳбат, муколима дар бораи зиддиятҳо ва масоили (проблемаҳои) мавҷуда мебошад ва навъҳои ҳаракатҳои гуногуни тарафайнро пешбинӣ мекунанд. Инҳо хоҳишҳо, талабҳо, таклифҳо, ваъдаҳо, радкуниҳо ва ғайраҳо мебошанд.
2. ҚОИДАЮ ТАРТИБОТИ МАЪМУЛИ РАСИДАН БА СУЛҲ.
Одамон дар тӯли таърих соҳиби таҷрибаи бойи ташкили музокирот шуданд. Он на фақат дастоварди сиёсатмадорони касбӣ шудааст, балки коршиносҳо, рӯзноманигорон, идоракунандагон, олимон дар фаъолияти худ барои ривоҷи иртиботҳои (алоқаҳо, муносибатҳо) хеш санъати пешбурди бахсу гуфтушунидро бомуваффақият истифода мебаранд. Дар даҳсолаҳои охир як қатор қоидаю тартиботи ҳуқуқии пешбурди гуфтушунидҳо дар илм ва амалия кор карда шуданд. Унсурҳои гуфтушунид ҳам муайян гардидаанд: тарафҳо, иштирокчиёни бевосита, мавзӯъ, хатҳои алоқаю тамос дар байни онҳо, иттилоот ва амсоли инҳо. Бо фикри аксари тадқиқотчиён норасоии маълумотҳо ба шубҳанокӣ ва нобоварии иштирокчиён нисбати ҳамдигар, яъне ба устувории низоъ сабаб мешаванд.
Дар асарҳое, ки ба менеҷмент бахшида шуданд, ба ҳалли низоъҳои истеҳсолӣ аҳамият дода мешавад. Дар ин ҷо худи тайёрии гуфтушунид аҳамияти калон дорад. Ба он ҷамъкунии маълумот дар бораи тарафи мухолиф (дар музокирот—шарик), хислатномаи шахсии он, далелҳои мушаххас ва ғайра
Бо дар назардошти тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаи сулҳофарӣ қоидаҳои зерини гузаронидани музокиротро тавсия кардан мумкин: 1) эътирофи ҳуқуқҳои ҳамдигар; 2) бо диққат гӯш кардани шарик; 3) намоиши фаҳмиши нуқтаи назари шарик; 4) муайянкунии он, ки шарик чӣ хел низоъро тасаввур ва ҳис мекунад; 5) муайянкунии мушаххаси мавзӯи муҳокима; 6) қайди нуқтаҳои назари умумӣ; 7) муайянкунии оромонаи сабаби “мухолифат”-и тарафҳои низоъ; 8) як бори дигар тасвир намудани мазмуни низоъ; 9) дарёфти ҳалли умумии масоил; 10) қабули «ҳусни тафоҳум» (“коммюнике”)-и умумӣ ва дар он ҷо қайд намудани ризоият ва фарқияти таклифҳои тарафҳо. Масалан, дар ҳусни тафоҳуми муштарак дар бораи ҷамъбасти марҳалаи сеюми музокироти байни тоҷикон дар Ашқобод 8-21 июли соли 1996 натиҷаҳои музокирот дар байни тарафи ҳукуматӣ ва тарафи мухолифин қайд шуданд, «тарафҳо садоқати худро ба ҳалли сиёсии моҷаро тасдиқ кардаанд». Дар музокироти миёни тарафҳои низоъи байни тоҷикон ҳуҷҷатҳои аҳамияти ҳуқуқидоштаи гуногун ҳам қабул шуда буданд, аз қабили Изҳоротҳо, Баёнияҳо, Муроҷиатномаҳо, Протоколҳо, Созишномаҳо, Эъломияҳо, Низомномаҳо, Меморандумҳо.
3. ТАВСИЯҲОИ ОЛИМОН БАРОИ ПЕШБУРДИ МУВАФФАҚОНАИ МУЗОКИРОТ. Олимон якчанд тавсияҳоро оид ба хатогиҳое, ки дар гуфтушунид ба онҳо роҳ дода мешаванд, пешбарӣ мекунанд ва онҳо дар мавриди ғалаба кардан дар музокироту муборизаи низоӣ ҳам масоили низоъро бартараф карда наметавонанд ва дар оянда боз ҳам зиддияти манфиатҳо ба вуҷуд меояд, ба монанди:
• Шарик хатогии хешро чун ғалати тарафи мухолиф эътироф мекунад;
• Шарик манфиатҳои худро тез-тез иваз мекунад;
• Шарик ба мубориза омода аст ё ин ки бе зарурияти кофӣ барои муҳофизат тайёр шудааст;
• Шарик эътирофи бартарияти худро талаб мекунад;
• Ранҷҳои пештара ёд мешаванд ва ҷойҳои нозуки мухолиф ошкор мегарданд;
• Дар охири музокирот «ғолиб» ва «мағлуб» эътироф мешаванд.
Гуфтушунид торафт бомуваффақият мешавад, агар боварӣ дар байни иштирокчиён мустаҳкам шавад. Агар талабҳои тарафҳо, ақаллан, қисман конеъ гарданд, ин яке аз зинаҳои расидан ба созиш ва ҳалли низоъ, давомёбии бомуваффақияти музокирот хоҳад шуд.
Тавсияҳои гуногун оид ба гузаронидани музокирот, ки ба ҳалли низоъҳои меҳнатӣ, идоравӣ ва байналмилалӣ бахшида шудаанд, аз ҷониби тадқиқотчиёни амрикоӣ кор карда баромада шудаанд. Дар семинаре, ки дар Маскав аз тарафи ташкилоти «Дарёфти роҳи умумӣ» (директори барнома Бэтси Коэн) ташкил карда шуда буд, унсурҳои зерини асосии музокирот пешниҳод гардида буданд:
1. Гуфтушунид бояд ҳам аз рӯи низом ва ҳам аз рӯи моҳияти кор гузаронида шавад;
2. Тарафҳо бояд ба фаҳмиши созишии масъала биёянд ва баъдбарои ҳалли якҷояи он шурӯъ намоянд;
3. Масъалаҳои пештараро бо сабабҳои ба онҳо алоқаманд муайянкунанд. Инчунин масъалаҳои инсонӣ бояд аз шарафи инсон ҷудо фаҳмида шаванд, манфиатҳо бошанд, аз мавқеъи ҷонибҳои низоъ.
4. Одамонро алоҳида аз мушкилоти онҳо дидан лозим, муомилаи онҳо бояд хубтар ва тавассути бовариҳосилкунӣ устувор шавад. Баҳри нуқтаи назари хеш муносибатҳои хубро вайрон накунанд;
5. Асосноккунии ақидаҳо бояд адолатнок бошанд ва ақидаҳоидигаронро эҳтиром намоянд, ҳатто дар мавридҳое, ки бо онҳо норозӣ ҳастанд.
6. Дар бораи мавзӯи ҳаракати худ фаромӯш накунанд ва баэҳсосоту фантазия (тахайюлот) дода нашаванд.
Дар хулоса нафақат муҳимияти гуфтушунидро чун усули ҳалли низоъ қайд мекунем, балки маҳдудияти онҳоро ҳам бинем. Тавассути онҳо на ҳама вақт зиддиятҳои айниро суст ё ин ки бартараф кардан мумкин аст. Лекин, бешубҳа, дар он ҷое, ки норизоият бартараф нашудааст, музокирот лозим аст. Музокирот шакли ояндадори алоқаи одамон мебошад, ки дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ ривоҷ меёбанд.
Олимон дар бораи музокирот ҳангоми озод кардани гаравгонон низ бисёр ақида иброз намудаанд. Мутахассисони хориҷӣ барои ин гуна мавридҳо пешниҳод мекунанд, ки хусусиятҳои зерин таҳлил ва ба ҳисоб гирифта шаванд: 1) хусусиятҳои хоси шахсияти террористҳо; 2) ангезаҳо ва мақсадҳои забткунӣ; 3) пешгӯӣ оид ба рафтори имконнопазири ҷинояткорон дар замони наздик ва оянда; 4) тартиби беҳтарини гузаронидани музокирот бо онҳо; 5) интихоби шахсе, ки бо онҳо гуфтушунид мегузаронад ва равоншиноси машваратчӣ; 6) ташкили ҳамкории фаврии барандагони гуфтушунид, роҳбарият ва гурӯҳи воридшавӣ (вторжения).
Вазифаҳои асосии музокирот: а) ҳимояи ҳаёти гаравгонон; б) дастгирии террористон ва в) баргардонидан ё ки ҳифзи амвол. Амалиёт бояд аз рӯи нақша ва қарорҳои асосноки қонунӣ гузаронида шаванд.
Мавзӯи гуфтушунид метавонад гуногун бошад: шартҳои озодкунии гаравгонон; хӯрок барои гаравгонон ва террористон; шартҳои додани озодӣ ба террористон; ташкили ҳамкорӣ байни тарафҳои гуфтушунид. Мутахассисон ҳисоб мекунанд, ки омили муҳимтарин ин бартараф намудани ҳолати (ҳаяҷонии) террористон мебошад ва ин боиси камшавии куштору дигар рафторҳои номатлуб мешавад. Барои ҳамин баҳри итмоми музокирот саросемагӣ лозим нест ва ҳамаи созишҳои басташуда бояд аз ҳар ду ҷониб иҷро шаванд.
Дар баъзе мавридҳои истисно ва ҷиддӣ давлат воситаҳои махсуси дар қонун пешбинишударо истифода мебарад ва дар ҳолати вазнин баҳри наҷоти ҳаёти шаҳрвандон террористон несту нобуд карда мешаванд. Истифодаи маҷмӯи тадбирҳо ва воситаҳо нишонаи он мебошад, ки роҳҳои дигари ҳалли чунин низоъи фавқулодда мавҷуданд. Лекин тарси ҳалли зӯроваронаи масъала баъзан наметавонад низоъро ҳал кунад. Масалан, дар таърихи аҳди бостон шоҳ Сулаймон чун зинаи олии судӣ бахси ду занро оид ба соҳиби кӯдак будан хирадмандона ҳал мекунад. Ӯ таклиф мекунад, ки кӯдак ба ду қисм ҷудо карда, ба ҳарду зан дода шавад. Лекин яке аз занҳо баҳри зинда мондани кӯдак ӯро ба зани дигар мебахшад. Аз ин рӯ, шоҳ онро модари ҳақиқӣ ҳисобида, зани дигарро ҷазо медиҳад.
Дар бораи муассисаҳои ҳуқуқӣ ва тартибҳои ҳалли низоъҳо қайд кардан мумкин аст, ки гузашткунӣ чун ҳамкорӣ воситаи ба ҳама маъқули ҳамкории тарафҳои мухолифи низоъ бо роҳи музокирот мебошад. Услуби ояндадори доир намудани музокирот ҳамкорӣ мебошад. Дар асоси он усули гуфтушуниди принсипиалӣ гирифта мешавад, ки олимони Донишгоҳи Гарварди ИМА Фишер ва Юри кор карда баромадаанд.
Онҳо чор мафҳумро истифода мебаранд: 1. Муайянкунии вақти гузаронидани сӯҳбатҳо ва муҳокимаи масъалаҳо. 2. Тайёр кардани шароит барои гузаронидани музокирот (кафолатҳои қонунии бехатарӣ, меҳмондӯстӣ ва монанди инҳо). 3. Муҳокимаи масъалаҳо (ки метавонад аз як қатор вохӯриҳои намояндагони тарафҳо иборат бошад); 4. Бастани шартнома, созишнома.
Бояд қайд кард, ки музокирот ва вохӯриҳои тарафҳои низоъ чун раванди зинда ва доимӣ фаҳмида мешаванд.
4. СММ ВА МУЗОКИРОТИ БАЙНИ ТОҶИКОН. Бастани шартнома бояд ба риояи принсипҳои ҳуқуқ, санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, конститутсия ва қонунгузорӣ асос ёбад. Масалан, баъд аз муроҷиати сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ бо мақсади ҷалб намудани ин созмони маъруфтарини байналмилалӣ ҳуқуқӣ ба раванди музокирот байни тарафҳои ҳукуматӣ ва мухолифини низоъи байни тоҷикон, ин созмони универсалӣ, ки мақсадҳои асосии он чун намояндаи ҳамаи давлатҳои ҷаҳон муҳофизати сулҳ ва ҳуқуқи инсон мебошад, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои музокироти байни тоҷикон хизмати босазое кард.
Намояндагони СММ дар он давлатҳое, ки гуфтушунид мегузашт, имзои созишномаи имтиёзхои дипломатӣ ва иммунитети аъзои ҳар як намояндаи тоҷикро пешбинӣ намуда ва имзо мекарданд. Чун миёнарав, намояндаи махсуси Муншии Кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баъди Президент ва роҳбари мухолифини тоҷик созишномаҳоро имзо мекард ва ин кафолати муҳимтарини ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тарафҳои музокирот дар байни тоҷикон буд.
Мафҳумҳоро дар ёд доред: низоъ, низои фавқулодда, музокирот, мусолиҳа, муросокорӣ, технологияҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии музокирот, унсур ва масъалаҳои музокирот, ҳуҷҷатҳои музокирот: баёния, муроҷиатнома, протокол, созишнома, эъломия, низомнома, меморандум, шарик ва тарафҳои музокирот.
Савол ва супоришҳо
1. Кадом роҳу воситаҳои муосири музокирот ва ба мусолиҳа омадани иштирокчиёни низоъҳо вуҷуд доранд?
2. Аз назари манфиатҳои тарафайн иштирокчиёни музокирот бояд нисбати ҳамдигар чӣ тавр муносибат кунанд?
3. Унсурҳои асоси музокиротро номбар карда, онҳоро шарҳу эзоҳ диҳед. Олимон дар ҷараёни музокирот кадом унсурҳоро самараноктар мешуморанд?
4. Кадом омил ва муносибатҳо ба пешбурди муваффақонаи музокирот монеъ шуда метавонанд?
5. Дар бораи музокироти байни тоҷикон ва баста шудани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ нақл кунед.
6. Дар бораи нақши СММ ва давлатҳои миёнарав дар музокироти байни тоҷикон маълумот диҳед.
7. Як музокироти эҳтимолиро ба саҳна гузошта, дар он нақши иштирокчиёни онро иҷро кунед.
Реклама