Бани Одам аъзои як пайкаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор.
(Саъдӣ).
1. МУҚАРРАРОТИ СММ ОИД БА ПИРОНСОЛОН. Дар дебочаи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид масъалаи “...боварӣ ба ҳуқуқҳои асосии инсон, шаъну шараф ва арзиши шахсияти инсон...” аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини ин созмони бонуфузи байналмилалӣ инъикос гардидааст. Дар тӯли 63 соли мавҷудияти СММ паҳлуҳо ва ҷузъиёти гуногуни ин масъала дар асноди гуногуни ҳуқуқию меъёрии он на як бору ду бор зикр ёфта, мавриди баҳрабардории ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин ҷо танҳо яке аз санадҳои ба ҳифзи ҳуқуқи инсон бахшидаи СММ мисол оварда мешавад .
16 октябри соли 1991 Иҷлосияи Кулли СММ бо номи “Принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба пиронсолон”-ро қабул кард. Тавре ки аз номаш ҳам бармеояд, ин санад принсипҳои ҳимояи ҳуқуқҳои пиронсолонро дар бар мегирад. Мақсаду мароми ниҳоии ин санад аз он иборат аст, ки зиндагии пиронсолон пурҷӯшу хурӯш ва сазовор гардонда шавад, зеро онҳо ”... дар ҳаёти ҷомеаи худ саҳми калон мегузоранд”.
Созмони Милали Муттаҳид ба мамлакатҳои аъзо тавсия пешниҳод менамояд, ки принсипҳои дар санади мазкур инъикосгардидаро ба барномаҳои миллии худ дохил намоянд.
Принсипи соҳибихтиёрии пиронсолон.
Пиронсолон бояд:
Принсипи иштироки пиронсолон.
Пиронсолон бояд:
Принсипҳои нигоҳубини пиронсолон.
Пиронсолон бояд:
1. Шеъри Саъдиро маънидод кунед.
2. Яке аз принсипҳои муқаррароти СММ-ро нисбати пиронсолон шарҳ диҳед.
3. Кадоме аз принсипҳои номбурдаи СММ ба шумо бештар писанд омад?
2. ТАВСИЯҲОИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТ.
Конференсияи генералии Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) 23 июни соли 1980 тавсияҳои худро дар зери № 162 дар бораи кормандони пиронсол қабул кард, ки онҳо аз конвенсияҳо ва тавсияҳое, ки аз тарафи конференсияҳои байналмилалии меҳнати солҳои 1957 – 1990 қабул гардидаанд, ба миён омадаанд.
Тавсияҳои мазкур ба давлатҳои аъзои СБМ барои роҳ надодан ба табъиз нисбати меҳнаткашони пиронсол дар соҳаи меҳнат ва шуғл равона карда шудаанд.
Дар “Тавсияҳо...” омадааст, ки заҳматкашони пиронсол бидуни табъиз аз рӯи сину сол бояд аз имкониятҳои баробар ба муроҷиат барои кор дар баробари дигар заҳматкашон истифода бурда тавонанд. Ба заҳматкашони пиронсол ва ташкилотҳои иттифокҳои касаба, соҳибкорон ва ташкилотҳои онҳо бояд мақомоте, ки барои баррасии шикоят оид ба имкониятҳои баробар ва муроҷиат ваколатдоранд, дастрас бошанд. Дар ин санади байналмилалӣ ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқи пиронсолон ба меҳнат, шароити меҳнат, вақти кор, истироҳат, ҳавасмандкунӣ, баромадан ба нафақа, пешгирии пиршавӣ ва масъалаҳои дигари ҳифзи меҳнат ва саломатии онҳо ба давлатҳои аъзо тавсияҳои муҳим инъикос ёфтаанд.
1. Ҷиҳатҳои муҳимтарини “Тавсияҳои Созмони Байналмилалии Меҳнат”-ро баён кунед.
3. МУҚАРРАРОТИ СММ ДАР БОРАИ МАЪЮБОН. Оид ба маъюбон (инвалидон) Иҷлосияи Созмони Милали Муттаҳид 20 декабри соли 1993 “Қоидаҳои стандарти таъмини имкониятҳои баробар барои маъюбон”-ро қабул намудааст.
Маъюбон дар тамоми давлатҳои ҷаҳон ва дар ҳар миллат ҳастанд. Мувофиқи маълумоти СММ шумораи онҳо афзуда истодааст. Вале сабабу оқибатҳои маъюбӣ дар доираи як давлат гуногун ба назар мерасанд. “Ин фарқият аз шароити гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва тадбирҳои гуногуни давлат баҳри таъмини некуаҳволии шаҳрвандони худ ба миён омадааст”, -гуфта мешавад дар ин санад.
Дар санад оид ба таърихи масъалаи маъюбон маводи тадқиқотии фаровон дода шудааст. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки дар ҷараёни солҳои тулонӣ сиёсат нисбати маъюбон тайир ёфт. Он роҳи аз нигоҳубини муқаррарии маъюбон дар муассисаҳои дахлдор то аз ҷониби кӯдакони маъюб гирифтани маълумот ва солимгардонии ашхоси дар калонсолӣ маъюбшударо тай намудааст.
Дар охирҳои солҳои 60 – уми асри ХХ дар баъзе мамлакатҳои аъзои СММ ба таҳияи консепсияи нави маъюбӣ шурӯъ карда шуд. Ин консепсия робитаи ногусастании байни маҳдудиятҳоеро, ки маъюбон аз сар мегузаронанд, сохтор ва хусусиятҳои муҳити онҳо ва муносибати аҳолӣ ба маъюбонро ба назари эътибор мегирад. Вале СММ ба масъалаи маъюбон ба таври ҷиддӣ аз соли 1981 машғул шуд, ки он Соли байналмилалии маъюбон эълон гардида буд. Соли маъюбон бо қабули Барномаи байналмилалии амалиёт нисбати маъюбон ҷамъбаст карда шуд. Аз ҳамон сол сар карда, то соли 1993
Иҷлосияи Кулли СММ масъалаи маъюбонро муттасил мавриди баррасии худ қарор медод ва дар ниҳояти кор санади “Қоидаҳои стандарти таъмини имкониятҳои баробар барои маъюбон”-ро пешниҳод намуд.
Қоидаҳои стандарти таъмини имкониятҳои баробар барои маъюбон дар асоси таҷрибае, ки дар ҷараёни Даҳсолаи маъюбони (солҳои 1983 – 1992) Созмони Милали Муттаҳид ҳосил гардидаанд, таҳия карда шуданд. ”Асосҳои сиёсӣ ва маънавии Қоидаҳои мазкур Билли (қонунномаи) байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон мебошад, ки он аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Конвенсия дар бораи барҳамзании ҳама гуна табъиз нисбати занон, инчунин Барномаи умумиҷаҳонии амалиёт нисбати маъюбонро дар бар мегирад “ (моддаи 13) .
Дар моддаи 15-и мақсади Қоидаҳои мазкур дар таъмини чунин нишондоде ифода ёфтааст, ки мувофиқи он духтарону писарон, мардҳою занҳое, ки маъюбанд, ҳамчун аъзои ҷомеа бояд ҳамон ҳуқуқ ва вазифаҳое дошта бошанд, ки одамони дигар доранд. Дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ҳоло ҳам монеаҳое арзи вуҷуд доранд, ки ба маъюбон имконият намедиҳанд ҳуқуқ ва озодиҳои худро татбиқ намоянд, иштироки маъюбонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ мушкил мегардонанд. Вазифаи давлат аз он иборат аст, барои бартараф кардани ин монеаҳо тадбирҳои зарурӣ андешад. Маъюбон ва ташкилотҳои онҳо бояд дар ин ҷода ҳамчун ҳамкорони баробарҳуқуқ мақоми фаъолона дошта бошанд. Муҳайё кардани имкониятҳои баробар барои маъюбон дар ҷидду ҷаҳди умум баҳри сафарбар намудани захираҳои инсонӣ дар тамоми ҷаҳон саҳми арзанда мебошад.
Санади мазкури СММ аз қоидаҳои зерин иборат аст:
Оид ба қисмати I. Заминаҳои иштироки баробарҳуқуқ: Қоидаи 1. Фаҳмиши ҳамаҷонибаи масъала. Қоидаи 2. Хизматрасонии тиббӣ. Қоидаи 3. Азнавбарқароркунӣ (реабилитатсия). Қоидаи 4. Хизматрасонии ёрирасон.
Оид ба қисмати II. Соҳаҳои мавриди ҳадаф барои муҳайё сохтани имкониятҳои баробар: Қоидаи 5. Дастрас будан. Қоидаи 6. Маълумот. Қоидаи 7. Шуғли меҳнат. Қоидаи 8. Нигоҳдории даромадҳо ва таъминоти иҷтимоӣ. Қоидаи 9. Ҳаёти оилавӣ ва озодии шахсият. Қоидаи 10. Фарҳанг. Қоидаи 11. Фароғат ва варзиш. Қоидаи 12. Дин.
Оид ба қисмати III. Тадбирҳо барои татбиқ. Қоидаи 13. Ахборот ва пажӯҳиш. Қоидаи 14. Таҳияи сиёсат ва банақшадарорӣ. Қоидаи 15. Қонунгузорӣ. Қоидаи 16. Сиёсати иқтисодӣ. Қоидаи 17. Танзими фаъолият. Қоидаи 18. Ташкилоти маъюбон. Қоидаи 19. Тайёркунии ҳайати кормандон. Қоидаи 20. Назорати миллӣ ва баҳодиҳӣ ба барномае, ки ба маъюбон дар мавриди татбиқи Қоидаҳо дахл дорад. Қоидаи 21. Ҳамкории техникӣ ва иқтисодӣ. Қоидаи 22. Ҳамкории байналмилалӣ.
Қисмати IV. Механизми назорат.
Дар ҳар қоидаи номбурда стандартҳои СММ оид ба маъюбон ба таври муфассалу мушаххас дода шудаанд. Ин ҷо мо имкон дорем танҳо як қоидаро ҳамчун намуна мисол биёрем.
Қоидаи 2. Хизматрасонии тиббӣ. Мувофиқи ин қоида давлатҳо бояд хизматрасонии самараноки маъюбонро таъмин намоянд, аз он ҷумла:
1. Аз тариқи интихоб ду қоидаи стандарти байналмилалирооид ба маъюбон шарҳу эзоҳ диҳед
2. Оё қоидаҳои стандарти байналмилалӣ оид ба маъюбон дарқонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардидаанд?
4. МУҚАРРАРОТИ СММ ОИД БА ҲИМОЯИ АШХОСИ ГИРИФТОРИ КАСАЛИҲОИ РӮҲӢ. – Созмони Милали Муттаҳид масъалаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ашхоси гирифтори касалиҳои рӯҳиро мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор додааст. Ин аст, ки 17 декабри соли 1991 Маҷлиси Умумии он “Принсипҳои ҳимояи ашхоси гирифтори касалиҳои рӯҳӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба ёрии равонӣ(психиатрӣ)”-ро қабул кардааст. Тавре ки аз оғози номи ин санад ҳам бармеояд, муқаррароти СММ оид ба ҳимояи ашхоси касалиҳои рӯҳӣ дар принсипҳои зерин инъикос ёфтаанд:
1. Озодиҳо ва ҳуқуқҳои асосӣ.
2. Ҳимояи ноболиғон.
3. Зиндагӣ дар ҷомеа.
4. Ташхиси касалиҳои рӯҳӣ.
5. Ташхиси тиббӣ.
6. Махфият.
7. Ҷамоа ва фарҳанги он
8. Стандартҳои ёрии тиббӣ.
9. Табобат.
10. Доруворӣ.
11. Ба табобат розигӣ додан.
12. Дар бораи ҳуқуқҳо хабар додан.
13. Ҳуқуқҳо ва шароити нигоҳдории муассисаҳои касалиҳои рӯҳӣ.
14. Захираҳои муассисаҳои касалиҳои рӯҳӣ.
15. Принсипи бистарӣ гардонидан.
16. Принсипи маҷбурӣ бистарӣ гардонидан.
17. Мақомоти назоратӣ.
18. Тартиби кафолат.
19. Дастрас будани иттилоот.
20. Ашхоси ҷинояткор.
21. Арзу шикоят.
22. Назорат ва васоити ҳифзи ҳуқуқӣ.
23. Татбиқкунӣ.
24. Соҳаи истифодаи принсипҳо нисбати муассисаҳои касалиҳои рӯҳӣ.
25. Нигоҳдории ҳуқуқҳои мавҷуда.
Дар ҳар принсипи номбурда муқаррароти СММ оид ба роҳу усулҳои ҳимояи касалиҳои рӯҳӣ ба таври мушаххасу муфассал дода шудаанд.Ин ҷо мо имкон дорем танҳо се принсипи нисбатан муҳимро мисол биёрем.
Принсипи 3. Зиндагӣ дар ҷомеа. Ҳар касе, ки гирифтори касалии рӯҳӣ аст, ҳуқуқ дорад, то он дараҷае, ки имконият вуҷуд дорад, дар ҷомеа кор кунад.
Принсипи 4. Ташхиси касалиҳои рӯҳӣ. Ташхис дар бораи он, ки шахс аз касалии рӯҳӣ азоб мекашад, дар асоси стандартҳои байналмилалии тиббии эътирофгардида сурат мегирад.
Ташхис дар бораи ошкор карда шудани касалии рӯҳӣ ҳеҷ гоҳ дар асоси мансубият ба мақоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва ё иҷтимоӣ ё ки мансубият ба ягон хел гурӯҳи фарҳангӣ, нажодӣ ва ё динӣ ё аз рӯи ягон сабаби дигаре, ки ба ҳолати саломатии рӯҳии шахс робитаи бевосита надорад, сурат намегирад.
Низои оилавӣ ё хидматӣ ё мувофиқат накардан ба арзишҳои маънавию ахлоқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ сиёсӣ ё ҷаҳонбинии динӣ, ки дар ҷомеае афзалият дорад, дар мавриди ташхис оид ба дорои касалии рӯҳӣ будан ҳеҷ гоҳ омили муайянкунанда буда наметавонад.
Маълумот дар бораи табобат ва ё дар гузашта ба сифати мариз дар беморхона бистарӣ будани бемори феълӣ, худ ҳанӯз барои ташхиси бемори рӯҳӣ (чи дар замони феълӣ ва чӣ дар замони оянда) ба худсафедкунӣ асос шуда наметавонад
Ҳеҷ кас ё мақомоте ҳақ надорад дар кадом шакле ки набошад, ишора ба он кунад, ки ин ва ё он шахс гирифтори касалии рӯҳӣ аст, ғайр аз он мавридҳое,ки бо мақсадҳои бевосита ба касалии рӯҳӣ ё ки ба оқибатҳои он дахл доранд
Принсипи 21. Арзу шикоят. Ҳар як мариз ва маризи қаблӣ тибқи тартибе, ки дар қонунгузории дохилидавлатӣ муқаррар карда шудааст, ба арзу шикоят ҳуқуқ дорад.
1. Ба принсипҳои СММ оид ба ашхоси гирифтори касалии рӯҳӣ аз назари башардӯстӣ баҳо диҳед
Мафҳумҳоро дар ёд нигоҳ доред: пиронсол, принсипҳои СММ: соҳибихтиёрии пиронсолон, иштироки пиронсолон, нигоҳубини пиронсолон, қоидаҳои стандарти СММ оид ба маъюбон: иштироки баробарҳуқуқ, имкониятҳои баробар, тадбирҳо барои ҳама, хизматрасонии тиббӣ, ашхоси гирифтори касалиҳои рӯҳӣ, принсипҳои СММ оид ба ҳимояи ашхоси гирифтори касалиҳои рӯҳӣ.
Савол ва супоришҳо:
1. Принсипи соҳибихтиёрии пиронсолонро дар ҳаёти ҷомеа бо далелҳоасоснок кунед.
2. Принсипи иштироки пиронсолон барои ин ашхос ва ҷомеа чӣ аҳамиятдорад?
3. Вазифаи шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа нисбати пиронсолон аз чӣ иборат аст?
4. Чаро созмонҳои байналмилалӣ ба кору зиндагии ашхосиимконияташон маҳдуд ин қадар диққати ҷиддӣ медиҳанд?
Санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба ашхоси имконияташонмаҳдудро, ки дар мавзӯъ дода шудаанд, ном бурда, муносибати худро нисбати онҳо муайян намоед.
Реклама