§39. ГУРЕЗАҲО ВА МУҲОҶИРОНИ ИҶБОРӢ ҲАМЧУН ГУРӮҲҲОИ ИҶТИМОИИ БА ҲИМОЯ ЭҲТИЁҶМАНД

1. МОҲИЯТ ВА МАФҲУМИ “ГУРЕЗА” ВА “МУҲОҶИРОНИ ИҶБОРӢ”. Бо сабабҳои мухталифи дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ гурӯҳи махсуси одамон ба миён меоянд, ки ба истилоҳи гурезаҳо ном бурда мешаванд.

Гуреза кист?

Гуреза – шахсе мебошад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии

Тоҷикистон нест ва дар ин ҷо бо сабабе ҳузур дорад, ки аз рӯи нишонаҳои нажодӣ, динӣ, шаҳрвандӣ, миллат, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё ақидаҳои сиёсӣ дар давлате, ки шаҳрвандаш мебошад, ба ӯ хатари қурбоншавӣ таҳдид мекунад, аз пуштибонии ин давлат истифода бурда наметавонад ё намехоҳад, ё ки табаияти муайян надорад ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин сабабҳо ҳузур дошта, бо назардошти ҳамин хатар ба давлати ҷои истиқомати доимии худ баргашта наметавонад ва ё намехоҳад.

Моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”

Аз нишондодҳои боло бармеояд, ки барои гуреза эътироф шудани шаҳрванд (шахси хориҷӣ) мавҷудияти омилҳои зерин заруранд:

1. Ба шахс қурбонии таъқибот шудан воқеият дорад, яъне ҷанги дохилӣ, амалиётҳои ҷангӣ ва ғайра ба вуқӯъ пайвастанд.

2. Ба шахсе, ки хатар таҳдид мекунад, ба нажод, миллат, табаа, дин ва гурӯҳи муайяни дигари иҷтимоӣ тааллуқ дорад.

3. Дар натиҷаи ҳолатҳои номбурда ба ватани худ баргаштан намехоҳад ё наметавонад.

Аз рӯи ҳолати воқеии худ муҳоҷирони иҷборӣ ба гурезагон наздиканд.

Мо киҳоро муҳоҷирони иҷборӣ меномем?

Муҳоҷирони иҷборӣ шахсоне ба ҳисоб мераванд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҷбур шудаанд, ки бо сабаби ба муқобили онҳо зӯрӣ ва таъқибот ба кор бурда шудан, ё ки хатари воқеии ба таъқибот гирифтор шудан на танҳо ба ӯ, инчунин ба аъзои оилаи ӯ аз рӯи нишонаҳои нажодӣ, мансубияти миллӣ, эътиқоди динӣ, забон, ақидаҳои сиёсӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ таҳдид кардан ҷои истиқомати муқимии худро тарк карда, ба қаламрави давлати дигар рафтаанд, инчунин агар дар мавриди дар байни ба амал омадани зӯроварӣ ё таъқибот ва дар ҳолати ба миён омадани низоъҳои ҳарбӣ ва байнимиллӣ таҳдид намудани хатари воқеии таъқибот робита вуҷуд дошта бошад.

Моддаи 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”

Аз ин бармеояд, ки муҳоҷирони иҷборӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда:

— дар қаламрави давлати дигар доимӣ сукунат доранд;

— ҷои истиқомати худро бо сабабҳои нисбати онҳо ба кор бурда шудани зӯроварӣ, таҳдиди воқеии дар оянда ҳам ба таъқиб гирифторшавии, чи худ ва чи аъзои оилаи худ, ба кор бурда шудани зӯроварию таҳдид аз рӯи мансубият ба нажод ё миллат, забон ё дин, ақидаҳои сиёсӣ ё гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ва ғайра тарк кардаанд.

Гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро баъзе ҳолатҳо муттаҳид месозанд:

1. Ҳардуи ин гурӯҳҳои одамон маҷбур шудаанд, ки робитаро аз мамлакати худ кананд, яъне гурезаҳо – аз мамлакате, ки шаҳрвандони он ҳастанд, муҳоҷирони иҷборӣ бошанд, он ҷоеро тарк кардаанд, дар он ҷо муқимӣ зиндагӣ намуданд – берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Дар амал гурезаҳо аз ҳимояи давлати ҷои истиқомати қаблӣ, яъне, аз ҳимояи ҳукумати худ маҳруманд, муҳоҷирони иҷборӣ бошанд, — аз ҳимояи ҳукумати ҷои истиқомати қаблӣ, ки дар он ҷо дар асоси қонун сукунат доштанд.

3 Ба онҳо васоити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҳимоя дастрас нест, аз ин рӯ, ба ёрии дахлдор эҳтиёҷ доранд.

4. Барои ба вуҷуд омадани ин гурӯҳҳои шаҳрвандон чунин ҳолатҳо сабаб мешаванд: барои гурезагон хатари асосноки гирифтори таъқибот шудан дар давлати мансубияти шаҳрвандӣ аз рӯи нишонаҳои муайян, барои муҳоҷирони иҷборӣ бошад, — дар натиҷаи зӯроварӣ ва таъқибот ё хатари воқеии чунин таҳдид ва тахминан аз рӯи худи ҳамон нишонаҳое, ки ба гурезаҳо дар мамлакати истиқомат рӯ ба рӯ мешаванд.

Кадом тартиби додани мақоми гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ вуҷуд дорад?

2. ТАРТИБИ ГИРИФТАНИ МАҚОМИ ГУРЕЗА ВА МУҲОҶИРИ ИҶБОРӢ. Шаҳрванде, ки ҳамчун гуреза хоҳиши ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданро дорад, метавонад аз ду имконият яктояшро истифода барад:

1. Дар мавриде, ки дар мамлакати худ ҳузур дорад, метавонад ба муассисаи дипломатӣ ва ё консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мамлакати ҳузури ӯ мавҷуд аст, дар бораи додани мақоми гуреза дархост пешниҳод намояд.

2. Агар шахс аллакай ғайриқонунӣ сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур карда бошад, ба мақомоти давлатӣ оид ба муҳоҷират муроҷиат мекунад. Ба шахсе, ки дархосташ ба қайд гирифта шудааст, шаҳодатномаи муваққатӣ дода мешавад, он ҳуҷҷатест, ки шахсияти ин касро муайян месозад.

Дар тӯли баррасии дархост оид ба ҳамчун гуреза эътироф карда шудани ӯ ва аъзои оилаи ӯ, ба шахс чунин ҳуқуқҳо дода мешавад: гирифтани ахборот оид ба ҳуқуқ ва вазифаҳои худ, зиндагӣ дар ҷойҳои истиқоматии муваққатӣ, гирифтани ёрии тиббии фаврӣ, гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна, ҷубронпулӣ, пешниҳоди ариза дар бораи қатъ кардани баррасии дархост.

Дар баробари ин шахс чунин вазифаҳоро иҷро мекунад, аз он ҷумла: риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди дигари ҳуқуқӣ; ба ҷои истиқомати муваққатӣ баъд аз гирифтани роҳхат рафтан; аз ташхиси ҳатмии тиббӣ гузаштан; ба мақомоти давлатӣ пешниҳод намудани маълумоти воқеӣ барои баррасӣ ва қабули қарор оид ба дархост; додани хабар дар бораи ахбороти тарҷумаиҳолӣ ва ҷои истиқомат.

Расми 15

Мақомоти ваколатдор дархости шахсро баррасӣ намуда, дар бораи гуреза эътироф кардани (ё рад кардани) шахс қарор қабул мекунад, ки дар асоси он ба шахси гуреза эътирофшуда шаҳодатнома дода мешавад. Шаҳодатнома ба мӯҳлати се сол дода шуда, дар сурати гум накардани шаҳрвандии он давлате, ки дар он ҷо шахс мавриди таъқиб қарор гирифтаст, мӯҳлати эътирофи мақоми гуреза ҳар се

соли минбаъда тамдид карда мешавад.

Гурезаҳо ҳамчун шаҳрвандони хориҷӣ, тибқи моддаи 16 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳамон ҳуқуқу озодиҳое истифода мебаранд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд, онҳо вазифаю масъулиятҳои баробар доранд, ба ҷуз ҳолатҳое, ки дар қонунҳо пешбинӣ шудаанд.

Тартиби ба даст овардани мақоми муҳоҷирони иҷборӣ аз он иборат аст, ки шахс ба мақомоти ба ин кор ваколатдор бо дархост дар бораи муҳоҷири иҷборӣ эътироф кардани ӯ муроҷиат менамояд.Мақоми ваколатдор дархостро дар бораи эътироф намудани муҳоҷири иҷборӣ дар муддати 30 рӯз баррасӣ намуда, дар бораи муҳоҷири иҷборӣ эътироф кардани шахс қарор қабул мекунад. Ба шахсе, ки муҳоҷири иҷборӣ эътироф гардидааст, шаҳодатнома дода мешавад.

То ҳалли масъала дар бораи эътирофи муҳоҷири иҷборӣ шахсе, ки бо дархост муроҷиат кардааст ва дар давраи баррасии дархост дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат дорад, аз ҳамаи ҳуқуқҳо бархурдор аст ва ҳамаи он вазифаҳоеро иҷро менамояд, ки асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дорад. Оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ кадом стандартҳои байналмилалӣ вуҷуд доранд?

3. СТАНДАРТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ГУРЕЗАҲО ВА МУҲОҶИРОНИ ИҶБОРӢ. Масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои гурезаҳо кайҳо ба миён омадааст. Аввал ба ҳалли масъалаи мазкур созмони байналмилалии Лигаи Миллатҳо машғул шуда буд. Соли 1921 бо мақсади таъсиси маркази танзими ҳамоҳангсозии ҷидду ҷаҳд баҳри расонидани ёрӣ Лигаи Миллатҳо мансаби махсус – Комиссари Олӣ оид ба корҳои Гурезаҳо ташкил кард. Минбаъд тадбирҳо оид ба ҳимояи гурезаҳо точанде пешбинӣ карда шудаанд, аз он ҷумла: муайян намудани мақоми шахсии онҳо, аз кор таъмин намудан, пуштибонии гурезаҳо барои аз мамлакат пеш накардан ва ғайра.

Соли 1945 дар ивази Лигаи Миллатҳо Созмони Милали Муттаҳид таъсис гардид, ки он ғамхорӣ дар ҳаққи гурезаҳоро масъалаи умумиҷаҳонӣ эълон кард. Соли 1946 дар Иҷлосияи Якуми Кулли СММ резолютсияи махсус қабул карда шуд, ки он асоси фаъолияти СММ оид ба дастгирии гурезаҳо гардид. Дар он нишондод дар бораи истифода набурдан аз баргардонидани маҷбурӣ ба мамлакати аз он омада дар назар дошта шуда буд. Дар як вақт мақомоти махсус – Созмони Байналмилалӣ доир ба Гурезаҳо (СБГ) таъсис дода шуд, ки ваколатҳои он аз таъмини ҳимояи ҳамон гурӯҳҳои гурезаҳое, ки дар натиҷаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба миён омадаанд, иборат буд.

Соли 1951 Созмони Байналмилалӣ оид ба Гурезаҳо бо Идораи Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо иваз карда шуд, ки вазифаи он аз “таъмини ҳимояи гурезаҳо дар арсаи байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи ҳалли тӯлонии масъалаи гурезаҳо” иборат аст.

Самтҳои асосии фаъолияти Идораи Комиссари Олии СММ оид ба Гурезаҳо (ИКОГ) доир ба татбиқ ва ҳимояи ҳуқуқи гурезаҳо инҳоанд:

1. Мусоидат намудан ба ҳукуматҳои давлатҳо дар пайвастани онҳо ба конвенсия ва қарордодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ нисбати гурезаҳо ва риояи онҳо.

2. Мусоидати додани гурезгоҳ ба гурезаҳо.

3. Таъмини баррасии беғаразонаи дархостҳо дар бораи додани гурезгоҳ ва ҳимояи гурезаҳо дар давраи баррасии дархостҳои онҳо.

4. Таъмини муроҷиат ба гурезаҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда ва мақоми дахлдор гирифтани онҳо.

5. Расонидани ёрӣ ба гурезаҳо дар ихтиёран ба ватани худ баргаштан ё гирифтани мақоми шаҳрвандӣ дар мамлакати сукунат.

6. Таъмин намудани амнияти шахсии гурезаҳо, махсусан амнияти онҳо аз ҳуҷуми мусаллаҳона ва ҳодисаҳои дигари зӯроварӣ.

7. Мусоидат дар бо ҳам пайвастани аҳли оилаи гурезагон.

8. Расонидани ёрӣ дар барқарор намудани табаият ва ҳуқуқҳои дигар ба шахсоне, ки ба хонаҳои худ бармегарданд ва ташкили назорат баҳри риояи авф, кафолат ва ӯҳдадориҳое, ки дар асоси онҳо ба хонаҳояшон баргаштани гурезаҳо имконпазир гардид.

Шахси амалдоре, ки ба идораи корҳои ИКОГ машғул аст, Комиссари Олии СММ оид ба Гурезаҳо мебошад. Комиссари Олӣ аз тарафи Иҷлосияи Кулли СММ ба мӯҳлати се сол интихоб карда мешавад.

Мутобиқи нишондоди Оинномаи ИКОГ Комиссари Олӣ ба қарордодҳое такя мекунад, ки онҳоро Иҷлосияи Кулл ва Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ қабул мекунад. Ба салоҳияти Комиссари Олӣ гурезаҳо ва ҳамаи он ашхосе дохиланд, ки бо сабаби мавҷуд будани хавфи асосноки таъқиб дар мамлакати ғайришаҳрвандии худ ё ҷойҳои сукунати қаблӣ ҳузур доранд.

Комиссари Олӣ ҳамаи он вазифаҳоеро иҷро мекунад, ки ба ваколатҳои ИКОГ оид ба ҳимояи гурезаҳо дохил мебошанд. Сарварии ҳамаи маблағҳои ҷамъиятӣ ва хусусие, ки барои расонидани ёрӣ ба гурезаҳо ба даст меоянд, низ ба зиммаи ӯ гузошта шудааст. Комиссари Олӣ ҳарсола ба Иҷлосияи Кулл тавассути Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ оид ба кори иҷрошуда, аз он ҷумла дар бораи тақсимоти маблағҳо ҳам маърӯза пешниҳод менамояд.

Оид ба соҳаи риояи ҳуқуқи инсон ва истифодаи он нисбати муҳоҷирони иҷборӣ кори зиёдро Намояндаи Махсуси Муншии Кулли СММ оид ба масъалаҳои марбут ба гурезаҳо иҷро мекунад. Вазифаҳои асосии ӯ иборат аст аз:

1. Омӯзиши мавқеи ҳукуматҳои давлатҳо ва гирифтани ахборот аз онҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, ки ба муҳоҷирони иҷборӣ дахл доранд.

2. Омӯзиши меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба соҳаи ҳуқуқи инсон ва истифодаи онҳо баҳри ҳимояи муҳоҷирони иҷборӣ ва ба онҳо расонидани ёрии зарурӣ.

3. Таҳлили асноди меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳуқуқи инсон барои гурезаҳо ва ашхосе, ки ба муҳоҷирони иҷборӣ табдил ёфтаанд.

4. Таҳлили амалияи ҳалли масъалаҳои давлатие, ки бо муҳоҷирони иҷборӣ алоқаманданд.

Мақсади асосии коре, ки аз ҷониби Намояндаи махсус ба амал бароварда мешавад, ошкор сохтани ҳолати риояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, паҳн намудани таҷрибаи мусбат оид ба ин масъала, коркарди тавсияҳо дар бораи такмили қонунгузории марбут ба ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони иҷборӣ мебошад.

Қароргоҳи Идораи Комиссари Олии СММ доир ба гурезаҳо дар Женева (Швейсария) мебошад ва намояндагиҳою ашхоси ваколатдори онҳо дар зиёда аз 120 давлати ҷаҳон кор мекунанд, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам. Дар солҳои 90-уми қарни ХХ, ҳангоме ки шумораи зиёди гурезаҳо ба миён омаданд, намояндагиҳои ИКОГ таваҷҷӯҳи худро саривақт ба зарурати таъмини ин гурезаҳо ба ғизо, манзил, хизматрасонии тиббӣ, об ва шароити санитарӣ ҷалб намуданд. Соли 1992 ИКОГ гурӯҳҳои махсуси зудамали барои вазъи фавқулодда таъсисдодашударо барои расонидани ёрӣ ба шумораи хеле зиёди гурезаҳо ва ашхоси муҳоҷиршуда фиристонид, аз он ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам. Дар чунин шароит ИКОГ ҷидду ҷаҳд ба он дорад, ки ҳатталимкон пешгирии муҳоҷиршавии минбаъдаи аҳолиро бо ҷустуҷӯи мусоидат ба ҳалли масъала ҳамоҳанг созад. Дар ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон мисол шуда метавонад, ки дар ин ҷо ИКОГ дар истиқрори сулҳ, расонидани ёрӣ ба ҷойи зистро иваз кардани аҳолӣ ва баргаштани аҳолӣ ба ҷойҳои аслии зисти худ фаъолона иштирок намуд.Ғайр аз ин, ИКОГ барои аз Афғонистони ҳамсоя баргаштани 60 000 гурезаи тоҷик мусоидат намуд.

Феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳуқуқии гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ аз тариқи асноди махсуси меъёрӣ муайян карда мешавад: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо” аз 10 майи соли 2002, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”.Мутобиқи ин асноди қонунгузорӣ, ҳуҷҷате, ки шахсияти ашхоси мазкурро муайян менамояд, шаҳодатнома мебошад.

Шаҳодатномаи гуреза – намунаи ҳуҷҷати муқарраркардае буда, шахсияти ашхосеро тасдиқ мекунад, ки паноҳгоҳ меҷӯянд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза эътироф шудаанд (Моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо”).

Шаҳодатнома дар асоси дархости шахсе дода мешавад, ки мехоҳад аз тарафи мақомоти давлатӣ оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза эътироф карда шавад. Дар давраи аз лаҳзаи бо дархост дар бораи додани шаҳодатнома пешниҳод намудан, баррасии он ва қабули қарор ба шахс шаҳодатномаи муваққатӣ дода мешавад.

Шаҳодатномаи муваққатӣ ҳуҷҷатест, ки шахсият ва мақоми ҳуқуқии касеро тасдиқ мекунад, ки гурезгоҳ мекобад, барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудани гуреза дархост пешниҳод намудаанд (Нигаред ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо”).

Мақоми ҳуқуқии гуреза чи маънӣ дорад?

Мақоми гуреза – ин маҷмӯи ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳо ва манфиатҳои қонуниест, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.

Мафҳумҳо дар ёд доред: гуреза, муҳоҷири иҷборӣ, Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо, Мушовири махсус дар назди Муншии Кулли СММ оид ба масъалаҳои ашхоси муҳоҷиршуда (муҳоҷирони иҷборӣ), аз мамлакат пеш кардан, шаҳодатномаи гуреза, шаҳодатномаи муваққатӣ.

Савол ва супоришҳо

1. Кадом одамон ба қатори гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ дохиланд?

2. Ба шахс чи тавр мақоми гуреза дода мешавад? Барои исбот мисолҳобиёред.

3. Мушаххасан баён кунед, ки мувофиқи стандартҳои байналмилалӣгуреза ва муҳоҷири иҷборӣ чӣ ҳуқуқҳо доранд.

4. Дар бораи сохтор ва фаъолияти Идораи Комиссари Олии СММ оидба гурезаҳо маълумот диҳед.

5. Мушовири махсус дар назди Муншии Кулли СММ оид ба масъалаҳои ашхоси муҳоҷир (муҳоҷирони иҷборӣ) ба кадом корҳо машғул аст?

6. Дар бораи мақоми ҳуқуқии Шаҳодатномаи гуреза ва Шаҳодатномаи муваққатӣ чиҳо медонед?

Реклама