§29. МАСЪАЛАИ ЗӮРОВАРӢ НИСБАТИ ЗАНОН

1. МОҲИЯТИ ЗӮРОВАРӢ НИСБАТИ ЗАНОН. Зӯроварӣ азобу шиканҷае мебошад, ки нисбати шахс, ба муқобили шахс ва ё гурӯҳи одамон истифода шуда, ба шаъну шараф, мавқеи иҷтимоӣ ва саломатии ӯ таъсир мерасонад. Аз рӯи тадқиқотҳои гуногун маълум мешавад, ки зӯроварӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад, масалан, дар шакли муносибати байни шахсони алоҳида, масалан, байни марду зан, фарзанду волидайн, корфармо ва коркун ва ғайра арзи ҳастӣ мекунад. Шакли дигари он дастаҷамъона мебошад, ки он ба муқобили гурӯҳи одамон истифода мешавад, ба монанди генотсид, истифодаи аслиҳаи ҳастаӣ ва ғайра.

Зӯроварӣ нисбати занон хусусиятҳои хос дошта, дар шароити гуногун рух медиҳад ва ба муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои зан, шаъну шарафи ӯ равона мегардад.

Зӯроварӣ дар ҷойҳои гуногун - дар оила, ҷои кор ва дар ҷомеа ба миён меояд. Зоҳиршавии зӯроварӣ дар ин мавридҳо, пеш аз ҳама, бо шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии оила ва ҷомеа вобаста аст, зеро на дар хама маврид зан бо мард баробарҳуқуқ ҳисобида мешавад. Аз тарафи дигар, зӯроварӣ намудҳои худро дорад, ки хусусияти ба вуҷуд омадани чунин муносибатро нисбати занон ошкор месозад.

1. Зӯроварии иқтисодӣ.

2. Зӯроварии ҷинсӣ.

3. Зӯроварии рӯҳӣ.

4. Зӯроварии ҷисмонӣ.

Зӯроварии иқтисодӣ бештар дар фаъолияти меҳнатӣ ва оила зоҳир мегардад. Масалан, дар мавриди ба кор қабул намудани зани ҳомила, надодани музди кори зан, маҳрум сохтани зан аз намудҳои гуногуни истироҳат.

Зан дар оила ҳуқуқи истифодаи музди меҳнати худро надорад.

Зӯроварии ҷинсӣ дар оила ва ҷомеа зоҳир меёбад. Зӯроварии рӯҳӣ барои паст задани мавқею мақоми зан, шаъну шараф ва дахолат ба ҳаёти шахсии ӯ истифода карда мешавад.

Зӯроварии ҷисмонӣ ин зӯровариест, ки дар натиҷаи истифодаи қувваи ҷисмонӣ ба шахси дигар, яъне аз тариқи лату кӯб, занозанӣ, азобу уқубат ва шиканҷа ба миён меояд.

2. БАРТАРАФ КАРДАНИ ЗӮРОВАРӢ. Баҳри бартараф намудани зӯроварӣ дар бештари мамлакатҳои ҷаҳон санадҳои қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ мавриди истифодаи васеъ қарор доранд, ки ин тадбири ҳамагонӣ мавқеи занонро дар ҷомеа ва оила мустаҳкам намуда, ҳуқуқ ва озодиҳои онҳоро ҳифз менамояд. Ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои занон, мақсад ва омилҳои асосии он дар ҷаҳон ҳамчун стандартҳои байналмилалие, ки аз тарафи СММ қабул шудаанд, инъикос меёбанд. Ба чунин санадҳои муҳимми байналмилалӣ ҳуҷҷатҳои зеринро дохил намудан мукин аст:

1. Эъломия оид ба ҳимояи занон ва кӯдакон дар шароити ваъзияти фавқулодда ва дар давраи низоъҳои ҳарбӣ, ки 14 декабри соли 1974 кабул карда шудааст. Дар эъломияи мазкур манъи зӯроварӣ, шиканҷа, муносибати зиддиинсонӣ, истифодаи чораҳои нобудсозӣ нисбати кӯдакон ва занон дар давраҳои вазъияти фавқулодда ва ҷанг оварда шудааст.

2. Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳоитабъиз нисбати занон, ки 3 сентябри соли 1981 қабул карда шудааст (Оид ба ин Конвенсия дар дарси гузашта маълумот дода будем)

3. Эъломия оид ба барҳам задани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, ки 7 ноябри соли 1967 қабул карда шудааст. Ин санад оид ба табъиз нисбати занон ва хусусиятҳои ҷинсии ношоиста шаҳвонӣ доштани он, бекор намудани расму оинҳо ва қоидаҳое, ки табъизро нисбати занон таъмин месозанд, маълумот медиҳад. Баробарии зану мард бояд дар қонунҳо сабт гашта, дар ҳаёти ҳаррӯза инъикоси худро ёбад. Эъломия бар он аст, ки харидуфурӯши занон ва фоҳишагарии занон бояд ҷинояти вазнин ҳисоб шуда, нисбат он ҷавобгарии махсус муқаррар карда шавад.

4. Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои сиёсии занон, ки 20 декабри соли 1952 қабул карда шудааст, баробарии сиёсии зану мардро дар равандҳои сиёсӣ таҷассум менамояд, аз он ҷумла, ҳуқуқи интихоботии занон, соҳиби вазифаи давлатӣ будани занон ва дар арсаи сиёсат будани саҳми онҳо дарҷ гардидааст.

5. Конвенсия оид ба додани музди баробар ба зану мард барои фаъолияти меҳнатии баробар, ки 29 декабри соли 1951 қабул карда шудааст. Дар он оид ба фаъолияти меҳнатии занон ва роҳнадодани таъбиз дар раванди меҳнатии занон таъкид карда шудааст.

Ғаир аз ин, масъалаи ҳимояи зан аз зӯроварӣ дар дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ инъикос ёфтааст, аз он ҷумла, дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ.

3. ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҲИМОЯИ ЗАН АЗ ЗӮРОВАРӢ. Масъалаи ҳимояи зан аз зӯроварӣ дар санадҳои зерини меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст:

1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Кодекси ҷиноятӣ – мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъалаҳои ҷузъии ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои занон, аз он ҷумла ҳимояи занон аз зӯроварӣ дар баъзе дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос гардидаанд. Дар Тоҷикистон давлат ва ҷомеа баҳри ҳимояи занон аз зӯроварӣ ва қонуншиканиҳои дигар тадбирҳои мушаххас ва самарабахш меандешанд, то ки онҳо дар ҷомеа соҳиби мақому мартабаи сазовор гарданд.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: зӯроварӣ нисбати занон, азобу шиканҷа, шаъну шарафи инсонии зан, муносибати зиддиинсонӣ нисбати занон, озодӣ ва баробарҳуқуқии занон бо мардон, санадҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи занон, эъломия, конвенсия ва паймони байналмилалӣ, ки дар онҳо ҳимояи ҳуқуқи занон инъикос ёфтааст.

Савол ва супоришҳо:

1. Зӯроварӣ нисбати зан чист? Намудҳои онро номбар кунед?

2. Дар кадом санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ҳимояи зан аз зӯроварӣ овардашудааст?

3. Аз ҳаёт мисолҳое биёред, ки дар онҳо зӯроварӣ нисбати зан ҷойдошта бошад ва роҳҳои бартараф намудани онҳоро номбар кунед?

4. Агар нисбати Шумо, кӯдакон, зӯроварӣ истифода шавад, пас чи кормекардед?

5. Баҳри баланд бардоштани мақом ва шаъну шарафи зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом тадбирҳо андешида шудаанд?

Реклама