§46. ТОҚАТПАЗИРӢ, БИДУНИ ЗӮРОВАРӢ ВА МУКОЛАМА

Кӣ аз ҳама қаҳрамони бузург аст? Он кас, ки душманони худро ба дӯст мубаддал мегардонад.

Зарбулмасал.

1. МАФҲУМҲОИ “ТОҚАТПАЗИРӢ” ВА “ҲАМДИГАРФАҲМӢ”. Дар дебочаи Хартияи иттиҳоди миллатҳо – ҳуҷҷати муҳимми байналхалқии ҳуқуқӣ – зарурияти татбиқи амалии тоқатпазирӣ ва ҷонибдории сулҳ, адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва пешрафти иҷтимоӣ қайд шудааст. Ченаки асосии рафтор барои инсон, ки зидди олами беруна буда (дар мавридҳои ишғоли мавқеи фаъол), принсипҳои низоъро нарм менамояд, ин бидуни зӯрӣ, додани афзалият ба муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва тоқатпазирӣ мебошад.

Дарёфти қарордодҳои муросогӣ мушоҳидаи сатҳи пасти инкишофи маънавии инсонро фаро мегирад. Дурустии фаъолияти шаҳрванд дар назди давлат бояд шартхои зеринро дар бар гирад: «давлат дар асоси маҷбурӣ ва тарсу ваҳм не, балки тавассути итоаткории озоди шаҳрвандон ташкил шуда: масъулияти баланди онҳо, ташаббускорӣ ва интизоми шахрвандон бояд мазмуни онро ифода намояд. Тоқатпазирӣ асоси ташаккулёбии шинохтани беадолатӣ буда, инсонро ба самти бартараф намудани беадолатӣ бо мақсади гузариш аз вазъи низоъангез ба оштӣ ва барқароркунии мусовии иҷтимоӣ равона мекунад.

Принсипи ҳамдигарфаҳмӣ чун нишондоди (императиви) меъёрии ҳалли вазъҳои низоангез хизмат мекунад. Ҳамдигарфаҳмӣ дарки зарурияти расидан ба адолатро тақозо менамояд. Шарти аввалини ҳамдигарфаҳмӣ зарурияти расидан ба адолат, диққат ва эҳтиром нисбати дигар одамон мебошад. Бино ба гуфтаҳои Ю.А, Шрейдер, таъмини ҳамдигарфаҳмӣ бепарвоӣ ва хунукназариро истисно мекунад.

Ҳамин тавр, талаби қатъии (императиви) ҳамдигарфаҳмӣ одамро аз он муҳофизат мекунад, ки нисбати муҳити атроф дилаш хунук нашавад, аз он ҷумла нисбати бадӣ, тоқатпазирӣ (дар ҳолати эътирофи он аз тарафи дигарон) аз муомилаи бепарвоёна пешгирӣ мекунад (ба сифати девор, монеа баромад мекунад). Асоси ҳамдигарфаҳмӣ якдигарро шунидан, гӯш намудан ва ба фикри ҳамдигар мувофиқ будан аст. Дар ин боб ачдодони мо панду андарзҳои ниҳоят зиёд доранд. Мавлавии бузург гуфта:

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.

Маънои калимаи тоқатпазирӣ ё худ толерантност (номи лотинаш «tolerantia») ба ибораҳои «ризоият», «тоқатпазирӣ», «таҳаммул» «эҳтиром», наздик мебошад. Дар зери ин мафхум қобилияти инсон, ҷомеа, давлат – дар шунидан ва эҳтироми фикри дигарон, кӯшиши ивази мафҳуми душман ба мухолиф (оппонент) ва эътирофи нуқтаи назари он дида мешавад. Тоқатпазирӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ бо сарҳади қонун маҳдуд мешавад, ҳар гоҳ аз он берун рафт, механизмҳои ҳуқуқии таъсиррасонӣ ба ҳаракат медароянд. Масалан, нисбати ҳуқуқвайронкунӣ тоқатпазирӣ нашояд, ин ҷо амали меъёри ҳуқуқ зарур аст. “Босабрӣ” – эҳтиром, ҳурмат намудани арзишҳои маданиятҳои ҷаҳонӣ, кабул намудани ҷиҳатҳои мусбати тамадунҳои якдигар, эътироф намудани мавҷудияти онҳо ва нақши муассири онҳо дар масири таърих ва замони имрӯз мебошад. “Таҳаммул” – ин ҳамоҳангсозии фарқиятҳо аст, ин қабул намудани шахси дигар бо тамомияти ҳастии ӯст.

“Пуртоқатӣ” бидуни эҳсосот бо оромӣ қабул ва эътироф кардани гуногунии ҳаёти иҷтимоӣ, маънавӣ ва афкору рафтори инсонҳост. Чунин инсон барои дигарон фикру ақидаҳои худро маҷбуран бор намекунад, лекин ин маъное надорад, ки он фақат бояд сархам бошад. Амалияи тақатпазирӣ маънои онро надорад, ки инсон нисбати беадолатии иҷтимоӣ босабр бошад. “Таҳаммул” на ҳама вақт метавонад дар намуди мафҳуми мусбӣ баромад кунад. Он дорои сарҳад ва манфиат аст, ки набояд аз он бигзарад. Инсон якумр ба таври табиӣ ва фитрӣ ин сарҳадро нигоҳ доштааст. Албатта замонҳо ҳадди он ба талабот ҷавоб намедод, вале ҳудуди нисбии он мавҷуд буд.

2. ТОҚАТПАЗИРӢ ҲАМЧУН ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚ ВА

АХЛОҚ. Тоқатпазирӣ – ин, пеш аз ҳама, эътирофи одамони озод, озодии онҳост. Тоқатпазирӣ ин фикри мустақилонаи фард дар байни фикрҳои гуногуни одамони ҳархела ва гуногунфикра мебошад, ва дар натиҷа ҷаҳонбинии инсон бо дар назардошти фикру мулоҳизаҳои дигар бояд ҳаматарафа бошад. «Тоқатпазирӣ – ин падидае мебошад, ки барои расидан ба сулҳ ва ризоият имконият медиҳад ва аз фарҳанги ҷанг ба сӯи фарҳанги сулҳ мебарад», - гуфта мешавад дар Эъломияи принсипҳои тоқатпазирӣ, ки Конфронси Кулли ЮНЕСКО соли 1995 қабул карда буд. Бо ташаббуси ин ташкилот Созмони Милали Муттаҳид ин солро соли Тоқатпазирӣ эълон намуд, 16 ноябр бошад, Рӯзи умумиҷаҳонии тоқатпазирӣ (толерантность) мебошад.

Дар Эъломия мафҳуми тоқатпазирӣ ба тариқи зайл муайян карда шудааст:

• Эҳтиром, қабул ва фаҳмиши гуногунрангии тамаддунҳои олами мо, шаклҳои худифодакунӣ ва изҳори хислати фардии инсон.

• Рад намудани догматизм, мутлақияти ҳақиқат ва муқаррароти меъёрҳо, ки дар санадҳои байналхалқии ҳуқуқии соҳаи ҳуқуқи инсон муайян шуданд.

Тоқатпазирӣ, пеш аз ҳама, рафтор ва муносибатест, ки дар асоси эътирофи ҳуқуқу озодиҳои ҳамагонии (универсалии) инсон ташаккул меёбад. Тоқатпазирӣ имтиёзи одамони пурзӯр ва боақл мебошад, ки метавонанд тавассути муколама ва гуногунии фикру мулоҳизаҳо ба ҳақиқат расанд.

Тоқатпазирӣ сабру таҳаммул, қобилияти фаҳмидани ҳиссиёти дигарон мебошад. Ин дӯстӣ, оромию осудагӣ, қабули ҳодисаҳои муҳити атроф моҳиятан ва аз рӯи асолати ҳақиқияш мебошад.

Фарҳанги миллии мардуми Тоҷикистон бо дар назардошти таърихи қадими он, ки дар чаҳорраҳаи тамаддунҳои қитъаи Аврупою Осиё ташаккул ёфтааст, имконияти тарбияи тоқатпазириро нисбати тамаддунхои мухталифи баҳамбархуранда то хадде барои хамватанони мо муҳайё намудааст. Гузашта аз ин, баъзан аз таълимоти динии ачдодии мо бо риояи «шукри неъмат», «шукри дунё», «эътирофи фикри дигарон», «ҳурмату эҳтироми меҳмон», «бахшидани гуноҳ» ва «қазову қадар» то ҳадде барои ташаккули тоқатпазирии мардуми мо мусоидат намудааст. Баъзе тавсияҳои фарҳанги тоқатпазирии ачдодони мо:

Ҳар чӣ худро написандӣ, дигаронро маписанд.

(Абдураҳмони Ҷомӣ)

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,

Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

( Мавлонои Балхӣ)

Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз,

Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.

(Ҳикмати халқӣ)

Олими номӣ А.Н. Иоффе алоқаи мафҳуми «тоқатпазирӣ»-ро бо ҳуқуқҳои инсон нишон дода, се сарҳади асосии тоқатпазириро муайян менкунад:

1. Ҳуқуқӣ; 2. Ахлоқӣ; 3. Равонӣ.

Ба замми ин вобаста ба мазмуни мухталифи масъалаҳо паҳлӯҳои гуногуни тоқатпазириро муайян кардан мумкин: паҳлуҳои арзишӣ, фаъолиятӣ, равонӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ. Мазмуни онҳо чунин аст:

Паҳлӯи арзишӣ – озодӣ, эҳтироми гуногунрангӣ, консенсус, муросо ҳамбастагӣ.

Паҳлӯи фаъолиятӣ – ҳамдигарро ҷонибдорӣ кардан, кооператсия, гуфтугӯ, компромисс, муомила.

Паҳлӯи равонӣ – эҳтиром, ба ҳамдигар мувофиқ будан, некбахшӣ.

Паҳлӯи фарҳангӣ – мустақилии миллӣ, тоқатпазирии этникӣ.

Паҳлӯи ҳуқуқӣ – баробарҳуқуқӣ ва адолатпарварӣ.

Муносибати нотоқатпазирона аз рӯи нақшаи зерин дида мешавад:

Стандарт (қолаб), стереотип (одат, қолаб шуури устувор ва шахшуда), фикри ба ҳақиқат наздикинадошта ва ҳавоӣ (хурофот) ва ғайра.

Эҳтироми равонӣ – тоқатпазирӣ, сабру таҳаммул нисбати фикру эҳсосот, ибодат, рафторҳо, одатҳо, маданият.

Паҳлӯи ҳуқуқӣ – пуртоқатӣ нисбати фикри дигарон, ҳурмати рафтору нуқтаи назари онҳо ва чун принсип яке аз арзишҳои демократия.

Ҳамин тавр, ба хулосае меоем, ки тоқатпазирӣ воситаи муҳимтарини расидан ба ризоияти аъзои ҷомеа мебошад.

3. ТОҚАТПАЗИРӢ АЗ НАЗАРИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Оид ба мавзӯи мазкур Эъломия дар бораи усулхои тоқатпазирӣ (пештар ҳам ишора карда шуд) хеле муҳим аст, ки онро Конфронси Кулли ЮНЕСКО бо Резолютсияи № 5. 61 аз 16 ноябри соли 1995 қабул кардааст. Дар поён иқтибосҳои зерин аз ин санади ҳуқуқи байналмилалӣ ба хонандагон пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи1. Мафҳуми тоқатпазирӣ.

1. Тоқатпазирӣ – ин эҳтиром, қабул ва фаҳмиши тамаддунҳои гуногун ва бою рангини ҷаҳони мо, шакли изҳори ақидаи мо ва усулҳои татбиқи фардияти инсонист. Ба тоқатпазирӣ дониш, кушода будан барои мулоқот, озодии виҷдон, ақида ва эътиқод мусоидат мекунанд. Ин на фақат қарзи маънавӣ, балки зарурияти сиёсию ҳуқуқӣ мебошад. Тоқатпазирӣ ин накӯкориест, ки сулҳофаринӣ ва ивазшавии маданияти ҷангро бо маданияти сулҳ имконпазир мегардонад.

2. Тоқатпазирӣ ин гузашт кардан нест. Тоқатпазирӣ ин, пеш аз ҳама, муносибати фаъолест, ки дар асоси эътирофи ҳуқуқу озодиҳои асосии умумиинсонӣ ташкил меёбад. Дар ягон ҳолат тоқатпазирӣ ҳамчун сафедкунандаи таҷовуз ба ин арзишҳои олӣ баромад карда наметавонад. Ҳар як шахси алоҳида, гурӯҳҳо ва давлатҳо бояд тоқатпазир бошанд.

3. Тоқатпазирӣ ин ӯҳдадории мусоидат ба барқарор шудани ҳуқуқи инсон, гуногунақидагӣ (плюрализм), аз он ҷумла дигарандешии фарҳангӣ, демократия ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.

4. Тоқатпазирӣ, ки бо эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳаммаъно аст, маънои тоқат кардани беадолатии иҷтимоӣ, даст кашидан аз эътиқоди худ ё қабули эътиқоди каси дигарро надорад. Он маъное дорад, ки ҳар як шахс дар пайравӣ ба ақидаи худ озод аст ва чунин озодиро барои дигарон низ эътироф мекунад. Ҳамчунин эътироф мекунад, ки одамон аз рӯи табиати худ бо намуди зоҳирӣ, вазъи иҷтимоӣ, забон, кирдор ва арзишҳо гуногунанд ва ҳар яки онҳо ҳуқуқи ҳаёт ба сар бурданро доранд, ақидаҳои як кас ба дигар кас маҷбуран бор карда намешавад.

Моддаи 2. Сатҳи давлатӣ

1. Дар сатҳи давлатӣ тоқатпазирӣ қонунҳои одилона ва объективӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, меъёрҳои мурофиавӣ-судӣ ва маъмурии дахлдорро талаб мекунад. Тоқатпазирӣ инчунин тақозо мекунад, ки ба ҳар як инсон имконияти пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бе ҳама гуна табъиз таъмин карда шавад. Бегонашуморӣ метавонад сабаби ҳолати фишороварӣ ва хусумат гардад.

3. Барои манфиати оромии байналмилалӣ муҳим аст, ки шахсони алоҳида, ҷомеа ва миллатҳо гуногунии мадании ҷамъияти инсониро эътироф ва эҳтиром намоянд. Сулҳ бе тоқатпазирӣ вуҷуд дошта наметавонад, тараққӣ ва демократия бошанд — бе сулҳ.

Моддаи 3. Ҷанбаҳои иҷтимоӣ

1. Тоқатпазирӣ дар ҷаҳони муосир беҳад зарур аст. Мо дар асри ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва баландшавии сатҳи фаврият, тараққиёти алоқа, аз ҳам вобастагӣ, дар асри муҳоҷирати масоҳати бузург ва ҷойивазкунии аҳолӣ, муттаҳид ва ҷудошавии унсурҳои иҷтимоӣ зиндагӣ мекунем. Ҳар кадом минтақаи ҷаҳон гуногун аст ва дар навбати худ бо ҳамдигар алоқаи зич доранд. Бинобар хамин сабаб, ривоҷи тоқатнопазирӣ ва низоъҳо аз рӯи моҳият ба тамоми ҷаҳон таҳдид дорад. Аз чунин таҳдидҳо сарҳадҳои давлати худро эмин нигоҳ дошта намешавад, зеро онҳо хислати ҷаҳонишавӣ доранд.

4. САБАБИ АСОСИИ НИЗОЪҲО. Сабаби асосии низоъҳо ин вуҷуд надоштани тоқатпазирӣ дар шуур ва рафтори одамон мебошад. Профессор Л. Витгенштейн гуфта буд: “Ягон кас намехоҳад, ки дигар касро дашном диҳад ва каси дашномдодашударо бинад. Ба кӣ маъқул аст, ки бо одами бесабаб хафа кардашуда вохӯрад? Хубтар он аст, ки аз одами бесабаб хафа кардашуда худро канор гирад. Барои дастгирии ӯ хислати мардонагӣ зарур аст” (Витгенштейн Л. Асарҳои фалсафӣ. Қ. 1. -М., 1994. - С. 422 ( ба заб.русӣ).

Дар Эъломияи умумиии ҳуқуқи башар қайд мешавад, ки эътирофи шарафи инсон, ки ба ҳамаи инсонхо хос аст, ва ҳуқуқҳои баробар асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умум мебошанд.

Дар муносибати байни шахсият бо дигар субъекти муносибатхои ҷамъиятӣ муколама чун воситаи муҳимми муомила ва ҳамдигарфаҳмӣ баромад мекунад. Фарҳанги моколама худ ифодаи тоқатпазирӣ аст.

«Муколама чун муомилаи зиндаи байни ҳамсӯҳбатон имконият медиҳад, ки онҳо зарурати ҳамзистии хешро бо дигарон дарк кунанд ва инчунин эҳсоси баробарӣ дошта бошанд.

“Мумкин аст дар дигар ҳолат ман чунин оромона бо баъзе касоне, ки ҳоло дар сари миз нишастаанд, сӯҳбат дошта наметавонистам» гуфтааст яке аз иштирокчиёни муколамаи сиёсӣ дар ш.Душанбе байни намояндагони сохторҳои низомии хукуматӣ ва дастаҳои ҳарбии ҷанговарони мухолифин. Дар илмҳои иҷтимоӣ он нуқтаи назари умумӣ мушоҳида мешавад, ки низоъ на фақат вайронкунанда, балки асос ва ҷавҳари созишӣ дорад, барои муттаҳидӣ ба устувории гурӯҳӣ имконият медиҳад. Ин ба ташаккулёбии сарҳадҳои иҷтимоӣ оварда, сохтори ҷомеаро муайян мекунад, яъне талаботҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоиро муайян мекунад ва ин масоили моддӣ ва маънавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ дар равандҳои сиёсӣ ва ҳангоми амалисозии ҳуқуқ ба низом дароварда мешавад. Лекин ҳангоми низоъ ҳолатҳое ба вуҷуд меоянд, ки рафтору кирдорҳои дағалона ва зӯроварӣ меъёри ҳаёт мешаванд ва дар ҷомеа принсипи якдигарро нест кардан бартарият пайдо мекунад. Дар ин мавридҳо шаклҳои оддии зидди низоъ дар намуди музокирот басанда нестанд. Лекин дар заминаи музокирот ва муколама, муколамаи ҷамъиятӣ ва истифодаи маҷмӯи воситаҳои сиёсӣ ва ҳукуқии баррасии низоъ бамаврид мебошанд.

Фарҳангшиноси барҷастаи Русия, адабиётшинос ва мутафаккир М.М.Бахтин ҳисоб мекунад, ки муколима чун ҳодисаи универсалӣ барои шуури инсон, худшиносӣ ва ақидаи шахсият баромад мекунад. Ҳама гуна матн муколимавӣ мебошад, ҳама гуна сухан бошад, (инчунин муколамаи дохилӣ) танҳо дар заминаи муносибатҳои муколимавӣ фаҳмида мешавад.

Барои фаҳмидани дигар одам ё тамаддун муомила, сӯҳбат ва муколима бо онҳо тавассути матн зарур аст. Шакли хаттии натиҷаи муколима ва созиш бошад, дар шартнома (аҳднома) ифода меёбад.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: тоқатпазирӣ, таҳаммул, толерантност, ҳамдигарфаҳмӣ, ҷанбаҳои тоқатпазирӣ, дигарандешӣ, плюрализм ва тоқатпазирӣ, низоъ.

Савол ва супоришҳо

1. Мафҳумҳои “тоқатпазирӣ” ва “ҳамдигарфаҳмӣ”-ро фаҳмонда диҳед. Тоқатпазирӣ барои чӣ зарур аст?

2. Бо кадом сабабҳо тоқатпазириро зуҳуроти фарҳанги ҳуқуқ меномем?

3. Робитаи байниҳамдигарии тоқатпазирӣ ва ҳуқуқи инсонро муайян созед.

4. Қобилияти тоқатпазирӣ, ё худ таҳаммул ба кадом аҳамият молик аст? Дар ин бора далелҳо биёред.

5. Дар кадом сурат тоқатпазирӣ зарур аст? Дар бораи тоқатпазирӣ аз фарҳанги миллӣ мисолҳо биёред.

6. Дар кадом санади ҳуқуқи байналмилалӣ нисбати тоқатпазирӣ нишондодҳо инъикос гардидаанд?

Реклама