1. МАСЪАЛАИ ПИРОНСОЛӢ ДАР ҶАҲОНИ ИМРӮЗА. – Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи пиронсолӣ диққати сазовор медиҳад. Созмони Милали Муттаҳид дар чандин асноди худ ин масъаларо мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст. Ин созмони байналмилалӣ ҳанӯз дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар меъёреро ворид карда буд, ки мувофиқи он “Ҳар як инсон ҳамчун узви ҷамъият ба таъминоти иҷтимоӣ.ҳақ дорад” (аз моддаи 22). Вале дар тӯли беш аз 25 соли охир СММ ба масъалаи ашхоси имконияташон маҳдуд ва махсусан ба масъалаи пиронсолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардаст.
Санаде, ки “Принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид нисбати пиронсолон” ном дорад ва аллакай баъзе паҳлӯҳои он мавриди истифода қарор гирифтанд, маҳз ба пиронсолӣ ҳамчун масъалаи глобалии ҷаҳони муосир бахшида шудааст. Зарурат ба қабули ин санад дар он аст, ки гарчанде дар чандин санади ҳуқуқии СММ ва баъзе созмонҳои дигари байналмилалӣ масъалаи ҳуқуқҳои пиронсолон баён гардидаанд, ҷузъиёти он ба мисли “Принсипҳо...” мушаххас пешниҳод нашуда буданд. Мақсад аз қабули ин санад, чи тавре ки дар оғози он омадааст, “Зиндагии пурҷӯшу хурӯши пиронсолон таъмин карда шавад”.
Дар қисмати вуруди санад аз ҷумлаи сабабҳои асосии қабули ин ҳуҷҷати муҳими байналмилалӣ инҳо ном бурда шудаанд:
Дар санад гуфта мешавад, ки пиронсолон бояд барои татбиқи ҳаматарафаи нерӯи худ имконият дошта бошанд ва ба пиронсолон бояд имкониятҳои ҷомеа дар соҳаи таҳсилот, фарҳанг, ҳаёти маънавӣ ва фароғат дастрас бошад.
Дар принсипи “Шаъну шараф” омадааст, ки ашхоси пиронсол бояд имконият дошта бошанд, ки тарзи ҳаёти сазовор ва бехатар дошта бошанд ва набояд гирифтори истисмор ва зӯроварии ҷисмонӣ ё равонӣ қарор дода шаванд. Пиронсолон ба муроҷиати боадолатона ҳуқуқ доранд, сарфи назар аз синну сол, ҷинс, мансубияти нажодӣ ва қавмӣ, маъюбӣ ё мақоми дигар, ба нақши ин ашхос бояд бидуни саҳми иқтисодии онҳо баҳо дода шавад.
Созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ ва давлатҳои аъзои онҳо баҳри таъмини зиндагии сазовор барои пиронсолон тадбирҳои гуногунро амалӣ менамоянд. Аз ҷумлаи созмонҳои байналмилалӣ, ки баҳри беҳбудӣ бахшидан ба ҳаёти пиронсолон пайваста кор мебарад, Созмони байналмилалии меҳнат мебошад. Ин созмон барои давлатҳои аъзо “Тавсияҳои № 162 оид ба пиронсолон”– ро қабул кардааст, ки он соли 1980 ҳамчун ҳуҷҷати муштараки аз конвенсия ва тавсияҳои конференсияҳои байналмилалии дар тӯли беш аз 30 сол қабулгардида ба миён омадааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи пиронсолӣ беш аз пеш таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд, Дар ин ҷода таҷрибаи баъзе давлатҳо намунаи ибратбахш мебошад. Метавон ҳимояи давлатии пиронсолонро дар Ҷопон мисол овард. Пиронсолон дар ин давлат дар зери назорат ва ғамхории ҳамарӯзаи кормандони иҷтимоӣ мебошанд. Бесабаб нест, ки феълан дар Ҷопон шумораи пиронсолоне, ки умри зиёда аз 90-сола доранду зиндагии пурҷӯшу хурӯш ва сазовор пеш мебаранд, зиёда аз 1 миллион нафарро ташкил менамояд.
1. Дар бораи таваҷҷӯҳи созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи пиронсолӣ далелҳо биёред. Бигӯед, ки чаро баъли Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба ин масъала махсусан таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад?
2. ЭҲТИРОМИ ПИРОНСОЛӢ ДАР АНЪАНАҲОИ ХАЛҚИТОҶИК. – Дар анъанаҳои миллии халқи тоҷик нисбати пиронсолон эҳтироми беандоза калон инъикос ёфтааст.
Ба пиронсолон роҳ ва ҷой додан. Пеш аз калонсолон салом додан. Гирифтани дуои нек аз пиронсолон. Қабули насиҳат ва панду ҳикмати пиронсолон. Дар корҳои гуногуни рӯзғор расонидани ёрӣ ба пиронсолон. Ба маъракаҳои маросимӣ ва ҷамъомадҳои дигар даъват карда, ба ҷо овардани эҳтироми пиронсолон. Дар мавриди наздик шудани пиронсолон ба хотири эҳтироми онҳо аз ҷой бархостан. Сухани пиронсолонро набуридан. Ба пиронсолон додани оби таҳорат ва сачоқу ҷойнамоз. Пеш аз оғози сафари дуру наздику баргаштан аз он ҷо ва оғози корҳои муҳим аз пиронсолон дуо гирифтан. Хилофи хоҳишаш ба коре ҷалб накардани пиронсолон. Бо пиронсолон ҳамроҳӣ кардан. Дар назди пиронсолон шаккокӣ накардан. Нисбати пиронсолон хайрхоҳ будан. Ҳамеша ба ёрии пиронсолон шитофтан. Ба аёдати пиронсолон рафтан ва на танҳо дар мавриди бистарӣ будани онҳо. Худдорӣ кардан аз нагуфтани ҳарфе, ки боиси ранҷиш ва озурдагии қалбу хотири пиронсолон мегардад. Пеш аз шахси пиронсоли ҳузурдошта ба хӯрдани хӯрок сар накардан. Барои ба ҷои муносиб гузашта нишастани пиронсол ва ҳангоми аз ҷой хестан ба ӯ ёрӣ расонидан. Пойафзоли пиронсолро пеши пойҳои ӯ гузоштан ва агар лозим шавад, ба ӯ дар пӯшидани он кӯмак расонидан.Чунин қонунҳои нонавишта нисбати эҳтироми пиронсолон дар анъанаҳои мардуми тоҷик ниҳоят бисёранд ва онҳо кайҳо боз ба меъёрҳои ахлоқӣ мубаддал гардида, қисми таркибии маънавиёт, фарҳанг ва тарзи зиндагии ин миллатро ташкил намудаанд.
Дар ташаккули арзишҳои ахлоқии миллии халқи тоҷик, ки тавассути онҳо эҳтироми пиронсолон ба ҷо оварда мешаванд, арзишҳои маънавию ахлоқии дини мубини ислом дорои мақоми хоса мебошанд.
1. Дар бораи анъанаю урфу одатҳои халқи тоҷик ва ахлоқимиллӣ оид ба эҳтироми пиронсолӣ далелҳо биёред.
2. Шумо шахсан нисбат ба пиронсолӣ ва пиронсолон чӣ ақидадоред? Аз пиронсолон ба худ чиҳо мегиред? Намунаи ибрат? Ғизои маънавӣ? Эҳтироми инсоне, ки таҷрибаи бои зиндагии ибратбахш дорад? Шахсе, ки ба шумо дуои нек мекунад? Боз чӣ? Вале шумо ба пиронсолон чӣ некие карда метавонед?
3. ИНЪИКОСИ ПИРОНСОЛӢ ДАР ФАРҲАНГИ ХАЛҚИ ТОҶИК. – Дар осори адабии шоирони классики форсу тоҷик оид ба пиронсолӣ суханҳои пурҳикмат хеле зиёданд. Чанд намуна аз онҳо меорем:
Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор?
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ дил ба даст ор!
(Саъдии Шерозӣ)
Ин умр ба абри навбаҳорон монад,
Ин дида ба сели кӯҳсорон монад.
Эй дӯст, чунин бизӣ, ки баъд аз мурдан,
Ангушт газидане ба ёрон монад.
(Абӯсаиди Абулхайр)
Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,
Магар дӯстӣ, к- он бувад ҷовидон.
(Амир Хусрави Деҳлавӣ)
Умри дароз агарчи зи неъмате беҳ нест,
Бар неъматҳо, ки умри дароз аст дар ниёз.
Андар ниёз умри дароз, эй бародарон,
Умри дароз нест, ки ҷон кандани дароз.
(Алии Шатранҷӣ)
Гулгун камаре зи умри фарсудаи мост,
Ҷайҳун асаре зи чашми олудаи мост.
Дӯзах шараре зи ранҷи беҳудаи мост,
Фирдавс даме зи вақти осудаи мост.
(Умари Хайём)
Чи тавре ки мебинед, дар ашъори ниёгон масъалаи пиронсолӣ на танҳо масъалаи иҷтимоӣ аст, инчунин он фалсафаи ахлоқӣ ҳам дошта, як рукн ва давраи муҳимми ҳаёти инсон аст, ки он пастию баландиҳо дорад. Хулосаи умумӣ аз ин пораҳои шеърӣ он аст, ки пиронсолиро эҳтиром бояд кард ва он барои ҳар кас бояд сазовори эҳтиром бошад. Ин мартабаи пиронсолӣ дар баробари дигар омилҳо, пеш аз ҳама ба худи кас ҳам вобаста аст.
Масъалаи эҳтироми пиронсолӣ на танҳо дар осори адабии ниёгон ва муосир хеле гуворо инъикос ёфтааст, он инчунин дар дигар намудҳои фарҳанг, аз он ҷумла эҷодиёти шифоҳии халқ ва намудҳои гуногуни санъат, дар барномаю китобҳои дарсии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таълимгоҳҳои таҳсилоти ибтидоию миёна ва олии касбии кишвар мавриди истифода қарор мегирад. Васоити ахбори умум – рӯзномаю маҷаллаҳо ва радиою телевизион ҳам дар таблиғи эҳтироми пиронсолон фаъолона ва пурсамар иштирок менамоянд.
Пиронсолон дар ҷомеаи Тоҷикистон дорои мақому мартаба, эҳтиром, обрӯю эътибор ва ҳуқуқу озодиҳои сазовор буда, аз имтиёзу афзалиятҳои дар асоси қонун барои онҳо муқарраргардида бархурдоранд.
1. Пораҳои шеърҳои дар боло овардаро аз назари ахлоқ ва қадри инсон таҳлил намоед.
4. ВАЗИФАҲОИ ФАРЗАНД ДАР НАЗДИ ВОЛИДОН. – Аксар меъёру паҳлӯҳои муносибатҳои байниҳамдигарии волидону фарзандон аз рӯи анъанаю урфу одатҳо ва тарзи зиндагии миллии халқи тоҷик, ки онҳо аслан ахлоқианду дар тӯли қарнҳо ташаккул ёфтаанд, танзим карда мешаванд.
Эҳтироми фарзандон дар анъанаҳои миллии мо воқеан баёнгари он аст, ки фарзандон барои волидон муқаддасанд, зеро фарзандон идомабахши ҳаёти волидон мебошанд, тавре ки Ҷомӣ мефармояд:
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,
Зинда аз фарзанд монад номи мард.
Ин маъниро фарзандон хуб медонанд, аз ин рӯ мехоҳанд сазовори номи падарон бошанд. Ин эҳтироми фарзандро шоир ба таври зайл ифода намудааст:
Ин кӯзагарон, ки даст бар гил доранд,
Гар ақлу хирад нек бар - ӯ бигморанд.
Ҳаргиз назананд мушти силиву лагад,
Хоки падарон аст, накӯ медоранд.
Ё ки:
Бар кӯзагаре парер кардам гузаре,
Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.
Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре,
Хоки падарон дар кафи ҳар кӯзагаре.
(Умари Хайём)
Ҳурмату эҳтироми модар низ барои фарзанд аз муқаддастарин вазифаҳост. Модар тамоми умр барои фарзанд дар ташвиш мебошад. Модар барои ҳимояи фарзанд ҳеҷ чиз ва ҳатто ҳаёти худро дареғ намедорад. Фарзанд бояд инро донад ва ба қадри модар бирасад.
Пораи шеъри зерин ифодагари ин гуфтаҳост:
Гӯянд маро чу зод модар,
Пистон ба даҳан гирифтан омӯхт.
Шабҳо бари гаҳвораи ман,
Бедор нишасту хуфтан омӯхт.
Лабханд ниҳод бар лаби ман,
Бар ғунчаи гул шукуфтан омӯхт.
Як ҳарф, ду ҳарф бар забонам,
Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.
Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шеваи роҳ рафтан омӯхт.
Пас, ҳастии ман зи ҳастии ӯст,
То ҳастаму ҳаст, дорамаш дӯст.
(Эраҷ Мирзо)
Вале сарфи назар аз арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқии муносибатҳои волидону фарзандон қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳоро муқаррар намудааст. Асоси ин қонунгузориро моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад, ки дар он омадааст: ”... Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд...”.
Масъалаи танзими ҳуқуқ ва вазифаҳои волидону фарзандон дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст. Вале он дар ин қонун ҳамчун ӯҳдадории яктарафа муқаррар нашуда, ҳарду тарафи муносибатҳои ҳуқуқӣ - волидон ва фарзандонро дар бар гирифтааст. Паҳлӯҳои гуногуни ҳуқуқҳои фарзандон дар моддаҳои 80 - 87 омадаанд. Ӯҳдадории фарзандон бошад, дар моддаҳои 88 ва 89 муқаррар гардидаанд. Дар моддаи 88 аз он ҷумла омадааст, ки:
1. Фарзандони болиғи қобили меҳнат ӯҳдадоранд, ки волидони ғайри қобили меҳнати ба кӯмак мӯҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд. ...
5. Фарзандон аз ӯҳдадории таъмини волидони ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷи худ озод буда метавонанд, агар суд муқаррар созад, ки волидон аз иҷрои вазифаҳои падарию модарии худ саркашӣ мекарданд.
Фарзандоне ҳам ёфт мешаванд, ки аз ёрӣ ба волидони ғайри қобили меҳнати худ саркашӣ мекунанд. Пас чи бояд кард? Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷиҳати муносибати фарзандонро бо волидон ба назар гирифтааст. Зимни ин ҳолат дар моддаи 89 омадааст:
Дар ҳолатҳое, ки фарзандони болиғ нисбати волидони ғайриқобили меҳнат ғамхорӣ накунанд ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маъюбшавии волидон, зарурати пардохти маблағи нигоҳубин барои бегонагон ва ғайра) суд метавонад фарзандони болиғи қобили меҳнатро барои иштирок намудан дар пардохтани хароҷоти иловагие, ки вобаста ба ин ҳолатҳо ба миён омадаанд, ҷалб намояд.
Бояд гуфт, ки шояд аксар фарзандон дар бораи ин меъёрҳо ва меъёрҳои дигари қонун тасаввуроте надошта бошанд. Вале сарфи назар аз ин онҳо қарзи фарзандии худро дар назди волидон хуб эҳсос мекунанд. Ба қадри падару модар расиданро қарз ва шаъну шарафи муқаддаси хеш медонанд. Чунин фарзандон умри бобаракат хоҳанд дошт, чунки ба дуои неки волидон мушарраф гардидаанд.
1. Мувофиқи ахлоқи миллии халқи тоҷик фарзанд дар назди волидон чи вазифаю масъулияте дорад?
2. Ӯҳдадориҳои волидон дар назди фарзандон ва вазифаҳоифарзандон дар назди волидон чӣ тавр ҳамоҳангӣ доранд?
Мафҳумҳоро дар хотир нигоҳ доред: пиронсолӣ ва ҷаҳони имрӯза, амалиёт барои пир нашудан, панди пирон, эҳтироми пиронсолӣ эҳтироми фарзандон, обрӯю эътибори пиронсолон
Савол ва супоришҳо:
1. Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи пиронсолӣ чӣ тадбирҳомеандешад?
2. Принсипи “Шаъну шараф” дар бораи чӣ далолат мекунад?
3. Эҳтироми пиронсолӣ ва пиронсолонро аз назари тафаккури миллиихалқи тоҷик таҳлил карда, аз ҳикматҳои халқӣ далелҳо биёред.
4. Оид ба эҳтироми волидон ва фарзандон аз осори ниёгон мисолҳо оварда, онҳоро ба ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бипайвандед.
5. Эҳтироми ашхоси имконияташон маҳдуд, пиронсолон ва волидон ба шахс ва ҷомеа чӣ медиҳад?
Реклама