§13. ИДОРАИ КОМИССАРИ ОЛИИ СММ ОИД БА ГУРЕЗАҲО

1. САБАБҲО ВА ТАЪРИХИ ТАЪСИСИ ИДОРАИ КОМИССАРИ ОЛИИ СММ ОИД БА ГУРЕЗАҲО (ИКО СММГ – УВКБ ООН). Одамон барои он гуреза мешаванд, ки як ва ё якчанд ҳуқуқи инсон вайрон карда мешавад, ё ки хатари вайрон кардани онҳо ба миён меояд. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар робитаи қавиро дар байни ҳуқуқи инсон ва фаъолияти ИКО СММГ қайд кардааст. Дар моддаи 14 Эъломия гуфта мешавад, ки “Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки аз таъқибот дар дигар кишварҳо паноҳгоҳ ҷӯяд ва аз ин паноҳгоҳ истифода намояд”.

Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сабабгори миллионҳо гурезаҳо шуд, ки онҳо берун аз ватан дар шароити ниҳоят вазнин умр ба сар мебурданд. Баъди ҷанг онҳо ба ватани худ баргаштанд, ки ин барои онҳо ниҳоят мушкил буд.

Баъд аз таъсиси Созмони Милали Муттаҳид масъалаи ҳимояи гурезаҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини ин созмони байналмилалӣ гардид. Инъикоси масъалаи гурезаҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар ин ҷода қадами нахустин буд. Дар тӯли қариб се соли минбаъда СММ матни “Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо”-ро таҳия намуд, ки онро 28 июли соли 1951 Иҷлосияи VIII Кулли СММ қабул кард.

СММГ Кумитаи Иҷроияи Идораи Комиссари Олӣ оид ба Гурезаҳо мақоми роҳбарикунандаи ИКО СММГ мебошад.

Қароргоҳи ИКО СММГ дар шаҳри Женеваи Швейсария ҷойгир аст.

Идораи Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурезаҳо соли 1951 таъсис дода шудааст. Ин замон дар ҷаҳон тахминан 1 миллион гуреза мавҷуд буд, ки ба ёрии ИКО СММГ эҳтиёҷ доштанд. Бояд гуфт, ки он давра аксарияти ин гурезаҳоро аврупоиҳо ташкил менамуданд. Мувофиқи ҳисобҳои омории соли 1998 ИКО СММГ қариб 22,4 миллион нафар гурезаро ба ҳимояи худ фаро гирифта буд, ки 12 миллиони он аз мамолики Африқо ва Осиё буданд. 80 фоизи ин гурезаҳоро занон ва кӯдакон ташкил медоданд. Феълан дар ин минтақаҳои ҷаҳон шумораи гурезаҳо кам нашудаанд. Дар солҳои 90-уми асри XX шумораи гурезаҳое, ки гурезгоҳ мекофтанд, яку якбора дар ҷаҳон афзуд. Оқибатҳои ҷанг дар Халиҷи Форс он буд, ки аз Ироқ 1,8 миллион курдҳо ба гуреза табдил ёфтанд. Зиёда аз 400 ҳазор одамон ба шароити зӯроварӣ ва бесару сомонӣ дар Сомалӣ тоб наоварда, ба Кения фирор намуданд. Чунин ҳолат дар Судон ва Ҳабашистон низ рух дод. 280 ҳазор нафар аз Того дар Бенин ва Гана паноҳгоҳ ёфтанд. Дар худи ҳамин давра дар маркази Аврупо – дар собиқ Югославия дар натиҷаи низоъи даҳшатнок зиёда аз 1, 2 миллион нафар гирифтори таъқибот шуда, дар Босния, Ҳерсеговина, Хорватия, Сербия, Черногория, Словения ва Македония гурезгоҳ мекофтанд. Ин рӯйхатро метавон давом дод, аз он ҷумла нисбати Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Фаластин, Ироқ ва давлатҳои дигар. Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гурезаҳо бо тезӣ ҳалли худро ёфт. Вале дар давлатҳои зиёд ҳалли он дар пеш аст. Сабаби асосии ин зуҳуроти номатлуб низоъҳои дохилимиллӣ, этникӣ ва вайрон кардани ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ мебошад.

2. МОҲИЯТИ МАФҲУМИ “ГУРЕЗА”. Идораи Комиссари Олии СММ оид ба Гурезаҳо бо дар назардошти нишондодҳои асноди марбута дар бораи ҳифзи ҳуқуқи инсон фаъолият мекунад, сарфи назар аз он, ки ин фаъолият ба ҳимоя дахл дорад ва ё ба расонидани ёрии моддӣ. Вайрон кардани ҳуқуқи инсон яке аз сабабҳои асосии кӯч бастани оммавии одамон мебошад.

Гуреза кист? Мафҳуми “гуреза” тибқи нишондоди банди 2, моддаи 1 (“Муайян намудани мақоми “Гуреза”) “Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо” шахсе дар назар дошта шудааст, ки “бо сабаби аз рӯи фарқияти нажодӣ, динӣ, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё ақидаҳои сиёсӣ мавҷуд будани хатари воқеии ҳадафи таъқибот шудан, берун аз мамлакати мансубияти шаҳрвандии худ қарор дорад ва аз ҳимояи ин мамлакат истифода бурда наметавонад ё бо сабаби ин хатар аз ин ҳимоя истифода бурдан намехоҳад”.

Расми 8

Ба ҳеҷ кас маъқул нест, ки гуреза бошад ва ҳеҷ кас мақоми гурезаро интихоб намекунад. Гуреза будан маънии ҳамин тавр як шахси хориҷӣ буданро надорад. Гуреза маънии дар ғурбат умр ба сар бурдан ва барои қонеъ гардонидани худ аз чунин талабот, ба монанди ғизо, сару либос ва манзил бештар ба дигарон вобаста буданро дорад.

Агар аксарияти одамон барои гирифтани кафолат ва ҳимояи ҳуқуқҳои асосии инсон ва амнияти ҷисмонӣ ба ҳукуматҳои худ муроҷиат карда тавонанд, гурезаҳо ин корро карда наметавонанд. Вазъи онҳо ғолибан чунин аст: мамлакати пайдоиши онҳо ба ҳимояи чунин ҳуқуқҳо қодир нест ва ё ин корро кардан намехоҳад. ИКО СММГ вазифадор карда шудааст, ки ҳимояи гурезаҳои мамлакати гурезгоҳдодаро то дараҷае, ки имконпазир аст, таъмин намояд ва дар ин кор ба ин мамлакат ёрӣ расонад.

3. ВАЗИФАҲОИ ИКО СММГ. Вазифаи асосии ИКО СММГ аз он иборат аст, ки давлатҳо вазифаҳои худро оид ба ҳимояи гурезаҳо ва онҳое, ки гурезгоҳ мекобанду умед доранд, ки мушкилоти онҳо бартараф карда мешавад, донанд ва иҷро кунанд.

Гуреза ба гурезгоҳи бехатар ҳуқуқ дорад. Вале амнияти байналмилалӣ натанҳо аз бехатарии ҷисмонӣ иборат аст. Гурезаҳо бояд аз он ҳуқуқҳое бархурдор бошанд ва ёрии асосиеро бигиранд, ки аз онҳо ҳар кадом шахси хориҷии дар мамлакат қонунӣ ҳузурдошта истифода мебарад, аз он ҷумла аз ҳуқуқҳои муайяне истифода барад, ки ба ҳар одам дода шудааст. Гурезаҳо аз ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандӣ истифода мебаранд: озодии ақида ва озодии ҳаракат; озодие, ки истифодаи шиканҷа ва муносибати пастзанандаи шаъну шарафи инсонро истисно мекунад. Ҳамин тавр аст риояи ҳуқуқҳои иқтисодию иҷтимоии гурезаҳо, чи тавре ки аз онҳо ашхоси дигар бархурдоранд. Ба ҳамаи гурезаҳо бояд хизматрасонии тиббӣ дастрас бошад. Ҳар гурезаи калонсол бояд ҳуқуқ ба меҳнатро дошта бошад. Ягон кӯдак аз оилаи гурезаҳо набояд аз таҳсилоти мактабӣ маҳрум бошад. Кӯдаки гуреза ба хизмати ҳарбӣ даъват карда намешавад. Кӯдакони гуреза бояд аз кирдорҳои ношоям ҳимоя карда шаванд.

Вале ҳолатҳое рух медиҳанд, ки дар натиҷаи онҳо ба ин ва ё он мамлакат анбӯҳи аз ҳад зиёди гурезаҳо ворид мегардад ва давлат онҳоро қабул мекунад. Дар ин ҳолат давлат мумкин аст баъзе ҳуқуқҳои гурезаҳоро маҳдуд созад, ба монанди ҳуқуқ ба озодии ҳаракат, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқи ҳамаи кӯдакон барои гирифтани маълумоти мактабӣ. Дар чунин вазъият таъмини ҳуқуқҳои мазкур дар сурати муҳайё гардидани шароити зарурӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат мегирад. Ҳамин тариқ, дар мавриди набудани воситаҳои нақдинае, ки бояд аз тарафи ҳукуматҳои мамлакатҳои гурезгоҳ ва ё аз муассисаҳои дигар ворид мегардиданд, ИКО СММГ ба ҳамон гурезаҳое кӯмак мерасонад, ки талаботи асосии худро қонеъ карда наметавонанд.

Кӯмак дар шакли ҷудокунии маблағҳо, додани хӯрокворӣ, зарфҳо ва асбобу анҷом, беҳтар кардани шабакаи таъмини оби ошомиданию халоҷоттозакунӣ ва манзил. Барои кушодани мактаб ва беморхона барои гурезаҳое, ки дар лагерҳо ва ҷойҳои дигар дастаҷамъона сукунат доранд, низ барномаҳо мавҷуданд.

ИКО СММГ инчунин ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳад, ки гурезаҳо дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ба худтаъминкунӣ гузашта тавонанд, ки ин кор доир намудани тадбирҳои расмиро баҳри мусоидати рушди фаъолият тақозо мекунад. Ин кор ду мақсади асосиро иҷро карда метавонад: ё даромад меоварад ё мақсади татбиқи лоиҳаҳои таълимиеро дар назар дорад, ки гурезагонро ба малакаҳои нави меҳнатӣ мусаллаҳ месозад.

Гурезаҳо дар баробари ҳуқуқҳо вазифаҳои муайян низ доранд.

Онҳо, аз он ҷумла, бояд қонунҳои мамлакати гурезгоҳро риоя кунанд.

ИКО СММГ дар асоси асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, аз он ҷумла дар асоси “Оинномаи Идораи Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурезаҳо” (14 декабри соли 1950), “Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо (28 июли соли 1951), “Конвенсия дар бораи мақоми апатридҳо” (28 сентябри соли 1954), “Протоколе, ки ба мақоми гурезаҳо дахл дорад” ( 16 декабри соли 1966) ва асноду нишондодҳои дигари ҳуқуқи байналмилалӣ фаъолият мекунад.

Мувофиқи сарчашмаҳо то моҳи июни соли 1991 аз 183 давлати аъзои СММ 120 давлат ба Конвенсияи соли 1951 ва ё Протоколи соли 1966 имзо гузошта, ӯҳдадор шудаанд, ки ба онҳое гурезгоҳ хоҳанд дод, ки ба мафҳуми “гуреза”-и дар ин санадҳо инъикосёфта мувофиқат мекунанд. Имрӯз 192 давлати ҷаҳон аъзои СММ мебошанд. Аксарияти кулли онҳо ба ин асноди ҳуқуқи байналмилалӣ пайвастаанд.

4. ИКО СММГ ВА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдори “Конвенсия оид ба статуси гурезаҳо” мебошад. Аз ин рӯ, ҳамин ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва гурезаҳои иҷборӣ пайдо шуданд, ИКО СММГ намояндагони худро баҳри ҳалли қазияи гурезаҳо ба ин мамлакат фиристонид. Онҳо дар марҳалаи даргириҳо дар самти амнияти гурезаҳо, имконияти ҳаракати онҳо, таъмини гурезаҳо, ки асосан дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир шуда буданд, аз хайма, ғизо, оби ошомиданӣ, сару либос, табобати касалиҳо, доруворӣ ва муҳайё намудани шароит барои баргаштани онҳо ба Ватан фаъолият мекарданд. Намояндагони ИКО СММГ дар тамоми давраи низоъ ва баъди он фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меовард ва бояд гуфт, ки он вазифаҳои дар наздаш гузошташударо сарбаландона иҷро кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодҳои Конвенсияи соли 1951, Протоколи соли 1966 ва асноди дигари ҳуқуқи байналмилалиро оид ба гурезаҳо иҷро менамояд. Ин вазифа дар Конститутсия ва асноди дигари ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба вазъи гурезаҳо инъикос ёфтааст.

”...Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои эълоншуда истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст. Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад” .

(Иқтибос аз моддаи 16-и Конститутсияи Ҷумҳурии

Тоҷикистон)

Дар Тоҷикистон масъалаи гурезаҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо” танзим менамояд, ки он 20 июли соли 1994 қабул карда шудааст. Дар баробари ин қонун як силсила асноди ҳуқуқию меъёрие низ қабул карда шудааст, ки ба паҳлӯҳои гуногуни ин масъала дахл доранд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ”, “Дар бораи муҳоҷират” ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз 25 июли соли 2000, № 324 “ “Дар бораи тасдиқи Низомнома доир ба шаҳодатномаи гуреза”, аз 26 июли соли 2000, № 325 “Дар бораи нуктаҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои сукунати гурезаҳои иҷозат дода намешавад” аз ҳамин қабил аснод мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИКО СММГ ҳамкорӣ ва робитаи доимӣ дорад.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: “гуреза”, “гурезгоҳ”, ИКО СММГ, УВКБ ООН, Кумитаи Иҷроияи ИКО СММГ, Оинномаи ИКО СММГ, апатрид, протокол, қарор.

Савол ва супоришҳо:

1. Сабабҳо ва таърихи таъсиси ИКО СММГ-ро баён созед.

2. Кадом асноди ҳуқуқи байналмилалиро оид ба мақоми гурезаҳо медонед?

3. Дар бораи вазъи масъалаи гурезаҳо дар ҷаҳони имрӯза далелҳо биёред.

4. Оё фаъолияти ИКО СММГ ба вазъи ҷамъиятию сиёсии солҳои 1992 – 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон робита дорад?

5. Дар бораи ҳуқуқ ва вазифаҳои гурезаҳо чиҳо медонед? Оё ҳолати рӯҳии гурезаҳоро тасаввур карда метавонед?

Реклама