§41. МАСЪАЛАҲОИ РИОЯИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОНИ ИҶБОРӢ

1. ТАРКИБИ МУҲОҶИРОНИ ИҶБОРӢ. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷирони иҷборӣ ба ду намуд тақсим мешаванд. Намуди якум, муҳоҷирони иҷборие, ки аслан шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷойи истиқоматии муқимии худро тарк кардаанд ва дар қаламрави давлати дигар мебошанд. Намуди дуюм, муҳоҷирони иҷборие, ки муҳоҷирони дохилӣ номгузорӣ шудаанд. Ин гурӯҳи одамонро он чиз муттаҳид месозад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонанд ва маҷбур шуда буданд, ки ҷойҳои истиқомати муқимии худро тарк кунанд ва аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оянд, муҳоҷирони дохилӣ бошанд, маҷбур шудаанд, ки дар ҷойҳои дигар сокин шаванд ва маъмулан бар хилофи хоҳиши худ. Агар барои муҳоҷирати иҷбории онҳо ба мамлакатҳои дигар нисбати онҳо ба кор бурда шудани зӯроварӣ ё таҳдиди ба кор бурдани зӯроварӣ на танҳо нисбати худи онҳо, инчунин зидди аъзои оилаҳои онҳо аз рӯи нишонаҳои нажодӣ, миллӣ, эътиқоди динӣ ва ҳоказо асос шуда тавонад, пас барои муҳоҷирони дохилӣ, ғайр аз сабабҳои номбурда, сабабҳои зерини дигар, ба монанди хатари экологӣ, зарурати иқтисодӣ, ҳодисаҳои табиат ва ғайра низ сабабгор мешаванд.

Вале ҳардуи ин гурӯҳҳои аҳолӣ ба қабул, манзилу ашё ва ғизо, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва ғайра эҳтиёҷ доранд. Дар бораи муҳоҷирони иҷборӣ дар мавзӯи 41-и боби мазкур сухан ронда будем. Аз ин рӯ, дар ин мавзӯъ диққати асосиро ба муҳоҷирони дохилӣ ҷалб менамоем.

Муҳоҷирони дохилӣ кистанд?

2. МУҲОҶИРОНИ ДОХИЛӢ. Муҳоҷирони дохилӣ барнагарданда, муваққатӣ, инчунин ҷойивазкунии мавсимии шахсҳои ҷисмонӣ дар дохили мамлакат мебошанд (Моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират).

Аз ин бармеояд, ки муҳоҷирони дохилӣ ба се намуд тақсим мешаванд: доимӣ, муваққатӣ, мавсимӣ.

Ҷойивазкунии доимӣ — ин ҷойивазкунии ашхос барои манзилободкунӣ ва зиндагӣ дар ҷойи дигари аҳолинишин бе бозгашт ба ақиб.

Расми 18

Ҷойивазкунии доимӣ дар дохили давлат ҳам аз тарафи давлат ва ҳам бо хоҳиши худи ашхоси ҷойивазкунанда ба амал бароварда мешавад. Асос барои муҳоҷиршавӣ маъмулан сабабҳои иқтисодӣ дорад. Аз он ҷумла, аз худ кардани заминҳои нав, имконияти ёфтани ҷои кор, тақсимоти манбаҳои қувваи кории мамлакат бо мақсади истифодаи оқилонаи онҳо. Ғайр аз ин, асос барои чунин муҳоҷиршавӣ вазъи экологӣ, ҳодисаҳои табиат, яъне сабабҳое, ки ба иродаи ашхоси ҷойивазкунанда ва давлат вобаста нест, сабаб шуда метавонанд.

Муҳоҷиршавии муваққатӣ-ин ҷойивазкунӣ аз ҷои истиқомати муқимӣ ба ҷойи дигар ва ба мӯҳлати муайян мебошад.

Чунин муҳоҷиршавӣ дар мавриди ҳодисаҳои табиат ба амал меояд – вазъиятҳои фавқулоддае, ки инсон ба он таъсир расонида наметавонад; сабабҳои экологӣ — инҳо ифлосшавии ҳаво, об, хок ва ғайраҳо мебошанд, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид мекунанд, аз ин рӯ, бо мақсади таъмини амният ва некуаҳволии онҳо тадбирҳои таъҷилӣ андешидан лозим меояд.

Муҳоҷиршавии муваққатӣ дар назар дорад, ки баъди анҷом пазируфтани ҳодисаҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон хатарнок буданд, онҳо, чун қоида, ба ҷойҳои сукунати муқимии худ бармегарданд.

Муҳоҷиршавии дохилии мавсимӣ ҷойивазкунии одамон дар дохили мамалкат барои иҷрои корҳои таъхирнопазири дорои моҳияти мавсимӣ мебошад.

Мутобиқи қонунгузории амалкунанда ашхосе, ки дар дохили мамлакат бо сабабҳои болоӣ ба мӯҳлати шаш моҳ маҷбурӣ муҳоҷир шудаанд, мақоми муҳоҷири дохилиро мегиранд.Одатан мавсими корҳо, ки барои иҷрои онҳо ашхоси мазкур ҷалб карда мешаванд, мумкин то шаш моҳ ва зиёда аз ин бошад.

Тартиби ба амал баровардани муҳоҷирати дохилӣ аз тариқи асноди махсуси меъёрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Аз он ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 1998 тасдиқ карда шудааст, ки он асоси идораи ҷараёни муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷиронро дар мамлакат ташкил мекунад. Дар Консепсия принсипҳои асосӣ, мақсад, вазифа ва афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии муҳоҷират муайян карда шудаанд.

Тибқи Консепсия “Низомнома дар бораи тартиби муҳоҷиркунии хоҷагиҳо аз минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ хатарноки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000” (минбаъд – Нишондоди 1), “Низомнома дар бораи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002” (минбаъд – Низомномаи 2) ва қарордодҳои дигаре, ки масъалаҳои алоҳидаи муҳоҷиратро дар дохили мамлакат ба танзим медароранд.

Нишондоди 1 тартиби муҳоҷирати хоҷагиҳоро аз минтақаҳои апз ҷиҳати экологӣ хатарноки Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим мекунад.

Минтақаи аз ҷиҳати экологӣ хатарнок чист?

Минтақаи аз ҷиҳати экологӣ хатарнок – ин қаламраве мебошад, ки дар он ҷо вазъи фавқулодда ба амал омадааст ва ё ба амал омаданаш мумкин аст ва он ба ҳаёт ва саломатии одамон ва амволи онҳо таҳдид мекунад.

Барои огоҳкунӣ ва ё пешгирии хатари ба миёномада хадамоти давлатии муҳоҷират дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Хадамоти давлатии муҳоҷират) ҳарсола рӯйхат ва ҷадвали оилаҳои аз минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ хатарнокро таҳия карда, барои тасдиқ ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи фавқулодда пешниҳод менамояд.

Дар баробари ин давлат муҳоҷирони экологиро ҳаматарафа дастгирӣ мекунад, аз он ҷумла:

1. Ёрии моддии яккарата медиҳад.

2. Қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат ҷудо мекунад.

Оилаҳое, ки ба рӯихати муҳоҷиркунӣ аз минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ хатарнок дохил карда шудаанд, анкета-ариза таҳия намуда, бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ (шиноснома, билети ҳарбӣ ва ғайра) ба Хадамоти давлатии муҳоҷират мефиристанд. Баъди санҷиши ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида Хадамоти давлатии муҳоҷират ба муҳоҷири экологӣ шаҳодатнома медиҳад. Тибқи қонунгузорӣ дар якҷоягӣ бо шаҳодатнома ба муҳоҷири экологӣ барои гирифтани кӯмак ва имтиёзҳо ҳуҷҷати марбута дода мешавад.

Муҳоҷиркунии оилаҳо аз минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ хатарнок дар ҳамон хоҷагиҳое ба амал бароварда мешавад, ки дар он ҷо талабот ба қувваи иловагии корӣ ва шароити манзилию маишӣ барои зиндагӣ мавҷуд аст. Дар баробари ин барои аз минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ хатарнок бурдани оилаҳои муҳоҷирон корҳои муайяни тайёрӣ ба ҷо оварда мешаванд. Аз он ҷумла, Хадамоти давлатии муҳоҷират ба он назорат мекунад, ки муҳоҷирон бо ҷои кори худ ҳисобӣ кунанд, барои бурдани онҳо шумораи зарурии нақлиётро муқаррар мекунад ва масъалаҳои дигари ташкилиро ҳал менамояд. Баъд Хадамоти давлатии муҳоҷират оилаҳои муҳоҷиронро бевосита ба намояндагони ҳукуматҳои навоҳии ҷобаҷокунии муҳоҷирон, инчунин ба роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ва хоҷагиҳо шинос мекунад.

Хадамоти давлатии муҳоҷират оилаҳоеро ба ҳисоб мегирад, ки бояд аз минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ хатарнок кӯчонида шаванд. Муҳоҷирони экологӣ муттасил дар зери назорати Хадамоти давлатии муҳоҷират мебошанд, ки он дар як сол ду маротиба (нимсола ва солона) ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи фавқулодда ҳисобот пешниҳод менамояд. Ҳамин тариқ, муҳоҷират аз минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ хатарнок аз тарафи Хадамоти давлатии муҳоҷират дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дигари давлатӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ, инчунин бевосита бо хоҷагиҳо бо ташаббуси худи муҳоҷирон ба амал бароварда мешавад. Он имконият фароҳам меоварад, ки дар ҷои нав хуб ҷойгир шаванд, аз кор таъмин гарданд, кӯмак гиранд ва аз имтиёзҳо бархурдор бошанд. Ҳамаи ин ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҳама муҳимаш татбиқи онҳо мусоидат менамояд.

Дар баробари муҳоҷирати экологӣ, ки бо хоҳиши худ не, балки бо роҳи маҷбурӣ, бо мақсади аз хатари пешомада наҷот додани муҳоҷирон ё аз хатарҳои дар оянда баамалоянда эмин нигоҳ доштани онҳо қонунгузорӣ тартиби муҳоҷирати одамонро дар асоси ихтиёрӣ пешбинӣ кардааст.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Низомнома дар бораи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 4 феврали соли 2002 тасдиқ карда шудааст.

Мақсадҳои татбиқи муҳоҷирати ихтиёрӣ иборат аст аз:

1. Таъмини шуғли аҳолии қобили меҳнати навоҳии аҳолиашон зич ва камзамин.

2. Аз худ кардани заминҳои корамнашуда.

3. Паст кардани сатҳи камбизоатӣ.

Моддаи 10-и Низомнома.

Муҳоҷират дар асоси ихтиёрӣ сурат мегирад, ки он ба ҳуқуқи конститутсионии озодии ҳаракат, интихоби ҷои зист ва амалӣ намудани ҳуқуқ ба меҳнат мувофиқат мекунад. Барои ин Хадмоти давлатии муҳоҷират дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ҳарсола рӯйхати муҳоҷирони ихтиёриро мураттаб сохта, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Нишондод дар бораи мақомоти хизмати муҳоҷирати ноҳияҳое, ки оилаҳоро муҳоҷир мекунонанд ва бояд муҳоҷиронро мувофиқи талаботи он ба ҷойҳои сукунат танҳо баъди аз ҷониби мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо додани ахборот дар бораи кафолати қабул, таъмини манзил, ҷои кор барои аъзои оилаи қобили меҳнат, инчунин таъмин аз оби ошомиданӣ ва ҳолати санитарии мусоид, хеле муҳим аст. Бинобар ҳамин усули интихоби муҳоҷирон, таҳияи ҳуҷҷат ва ба ҷойҳои нави истиқоматӣ фиристонидани оилаҳо хеле ҷиддӣ сурат мегирад.Шарти асосӣ барои муҳоҷиркунӣ мавҷудияти на камтар аз ду нафар аъзои оилаи қобили меҳнат мебошад.

Дар баробари ин, Низомнома имконияти рад намудани муҳоҷиркунии оиларо дар назар дорад, ҳатто агар ин оила чунин хоҳиш дошта бошад ҳам. Инҳо одамонеанд, ки:

1. Қаблан сокин шудаанд ва бе сабабҳои узрнок аз хоҷагии ҷои омада рафтаанд.

2. Бо сабаби муттасил вайрон кардани интизоми меҳнат аз кор сабукдӯш карда шуда буданд.

3. Дар аз он ҷое ки муҳоҷир шудаанд, қайди доимӣ надоранд.

Барои муҳоҷиршавӣ сардори оила ба мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷирати ҷои истиқомат ё ба ҷамоатҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо дар ду нусха анкета-ариза пешниҳод менамоянд. Баъд хадамоти давлатии муҳоҷират дар маҳалҳо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо месанҷанд ва дар ҳолати мувофиқати онҳо ба ҳамаи талабот имзо карда, ба хадамоти марказии давлатии муҳоҷират мефиристонанд, он баъди санҷиши такрорӣ чиптаи муҳоҷиркунӣ тайёр мекунад, ки ба он роҳбари ҳамин хадамот имзо мегузорад. Чиптаҳои муҳоҷиркунӣ барои гирифтани имтиёз ва кӯмаки яквақта, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, асос шуда метавонад. Савора аз ҷои рафтан то ҷои сокин шудан, инчунин бурдани амвол ва чорво аз ҳисоби буҷаи давлатӣ сурат мегирад, яъне барои муҳоҷир ройгон аст.

Баъди кӯчонидан ва ҷобаҷокунонии муҳоҷир Хадамоти давлатии муҳоҷират ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо аз болои масъалаҳои зерин назорати доимӣ мебаранд:

1. Ба рафти тайёрӣ ба қабул, ҷобаҷокунӣ, таъминоти хоҷагидории муҳоҷирон, мусоидат барои сохтани манзил.

2. Ба сазовор қабул кардани муҳоҷирон, таъмин аз рӯзғордорӣ ва ҷои кор.

3. Барои муҳоҷирон муҳайё намудани имтиёзҳои муқарраргардида.

4. Ба муҳоҷирон додани замини наздиҳавлигӣ.

5. Дар маҳалҳо ба муҳоҷирон аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ҳатталимкон расонидани кӯмаки иловагӣ.

6. Ташкили таҳсили муҳоҷирон ва ба онҳо омӯзонидани ихтисосҳои зарурии дигар.

7. Ташкил кардани сохтори муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ ва ғайра.

Моддаи 34-и Низомномаи 2.

Хадамоти давлатии муҳоҷират ва сохторҳои он дар маҳалҳо аризаҳои хоҳишмандон дар хусуси ба минтақаҳои дигар кӯч баста сокин шуданро ба таври доимӣ ба ҳисоб гирифта, оилаҳоро барои муҳоҷир кардан интихоб мекунанд, оилаҳои ба ҷойҳои сукунат рафта ва ё баргаштаро ба ҳисоб мегиранд. Ғайр аз ин, Хадамоти давлатии муҳоҷират як маротиба дар як нимсола ва дар охири сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати дохилӣ ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Дар мавриди муҳоҷирати оилаҳо дар дохили мамлакат, сарфи назар аз он ки дар кадом асос ба амал бароварда шудааст, қоидаҳои дақиқ муқаррар карда шудаанд, ки риояи онҳо барои ҳама мақомот ва ашхоси амалдор ҳатмӣ ва барои шарти риояи ҳуқуқ ва озодиҳое аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтааст, татбиқи онҳо аз ҷониби гурезаҳо дар ҳаёти ҳаррӯза ва, дар ниҳояти кор, кафили ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони иҷборӣ мебошад. Ин аз он ҳолат ба миён меояд, ки муҳоҷирони иҷбории дохили мамлакат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва онҳо ба эътирофи иловагии он ҳуқуқ ва озодиҳое эҳтиёҷ надоранд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтаанд. Муҳоҷирон онҳоро гум намекунанд, баракс, аз онҳо ба таври воқеӣ ҳамарӯза истифода мебаранд, ва, ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ, иловатан аз он ҳуқуқҳое низ истифода мебаранд, ки барои дар ҷои нав сокин шудан ва ободу таъмин кардани рӯзғор зарур мебошанд.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: муҳоҷират, муҳоҷирони дохилӣ, муҳоҷирони муваққатӣ, муҳоҷирони мавсимӣ, муҳоҷирони экологӣ, муҳоҷирати ихтиёрӣ, давлатҳои иштирокчии Конвенсия, хадамоти давлатии муҳоҷират, чиптаҳои муҳоҷиркунӣ.

Савол ва супоришҳо

1. Таркиби муҳоҷирони иҷборӣ ва муҳоҷирони дохилиро муайян кунед.

2. Муҳоҷирони дохилӣ аз кадом сабабҳо ба миён меоянд? Моҳияти муҳоҷирони экологиро шарҳу эзоҳ диҳед.

3. Хадамоти давлатии муҳоҷират дар мавриди муҳоҷирати дохилӣ бояд кадом корҳоро иҷро намояд?

4. Муҳоҷирати дохилиро кадом асноди меъёрию ҳуқуқӣ танзим менамоянд? Нуктаҳои асосии онҳоро баён созед.

5. Муҳоҷирони дохилӣ аз кадом ҳуқуқҳо бархӯрдоранд? Бигӯед, ки зимни ин масъала вазифаҳои хадамоти маҳаллии муҳоҷират ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ аз чӣ иборатанд?

6. Тасаввур кунед, ки шумо муҳоҷири экологӣ ҳастед. Дар чунин ҳолат шумо ин мақоми иҷтимоии хешро чи тавр паси сар хоҳед кард?

Реклама