1. ЗАРУРАТ, АҲАМИЯТ ВА МАЗМУНИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳалкунанда дорад. Созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа амал мекунанд, масалан, дар соҳаи таъмини сулҳ, пешгирии ҷанги ҳаёчаи мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ҳифзи табиат, солимгардонии муҳити зист, истифодаи оқилонаи табиат, ҳалли масоили зиёди марбут ба оила, демография ва ғайра. Соҳаҳои фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ зиёд ва гуногунанд. Ҳуқуқҳои инсон яке аз соҳаҳои фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ мебошанд.
Фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон гуфта ташкилу фаъолияти низоми муташаккилона ва ба мақсад мувофиқи ташкилоту созмонҳои байналмилалиро баҳри эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар тамоми кишварҳою манотиқи ҷаҳон меноманд.
Зарурати таърихии фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ бо он муайян мегардад, ки дар баробари пешрафти ҷомеа қадри инсон низ бештар шинохта шуда, ҳуқуқҳояш ба тадриҷ эътироф шудаанд. Аммо ҷангҳои ҷаҳонии асри гузашта, алалхусус, нажодпарастони фашистӣ арзишҳои муҳими ахлоқию ҳуқуқии башарро поймол намуданд. Илова ба ин, дар шароити имрӯза низ дар манотиқи гуногуни олам низоъҳои мусаллаҳона ҷой доранд, масалан, дар Ироқ, Афғонистон Фаластин ва ғайра. Тоҷикистон низ таҷрибаи талхи низоъи байни тоҷиконро дар нимаи аввали солҳои 90-ум чашид. Дар баробари низоъҳои мусаллаҳона ҷаҳони имрӯза боз дучори ҳодисаҳои дигари нанговару хилофи ҳуқуқҳои инсон гашт. Яке аз чунин ҳодисаҳои мудҳиш ва ба ҳаёти одамон хатарнок терроризми байналмилалӣ аст. Ҳодисаҳои террористии дар ИМА, Англия, Испания, Федератсияи Русия ва манотиқи дигари олам рухдода боиси ҳалокати садҳо ва ҳазорҳо одамони бегуноҳ ва умуман аҳолии осоишта гардиданд. Солҳои охир дар Ироқу манотиқи дигари гирифтори низоъҳои мусаллаҳона ба қатл расонидани гаравгонон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ба мушоҳида мерасад (масалан, қатли кормандони сафоратхонаи Русия дар Ироқ ва шумораи зиёди хабарнигорону кормандони созмонҳои байналмилалӣ дар ин кишвар), ки худ боз як ҳодисаи мудҳишу нанговар аст.
Ҳамаи ин низоъҳою амалҳои ҷинояткорона, алалхусус, ҷиноятҳои байналмилалии зидди инсон зарурати фаъолияти созмонҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон дучанду даҳчанд гардониданд. Низоъҳои мусаллаҳона, амалҳои террористӣ ва дигар кирдорҳои зиддиинсонӣ истифода ва риояи ҳуқуқи инсонро зери хатар мемонанд ва ё онҳоро ошкоро поймол мекунанд. Аҳолии шаҳрвандӣ назди чунин ҳодисаҳои хилофи қадру ҳаёти инсонӣ оҷиз аст. Дар ин соҳа фаъолияти як ё ду давлати ҷудогона нокифоя аст.
Барои ҳамин, дар ҷаҳони имрӯза фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон зарурати таърихӣ ва аҳамияти умумибашарӣ дорад.
Мазмуни фаъолияти созмонҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон унсурҳои зерин ташкил медиҳанд: эътирофи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон дар санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ (эъломия, паймонҳо, конвенсияҳо ва ғайраҳо); тафтиши риояи ҳуқуқи инсон дар манотиқи гуногуни олам; таъсиси ташкилотҳо ва созмонҳои мухталифи байналмилалӣ баҳри тафтиши риояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони имрӯза; таҳия ва пешниҳоди таклифҳои муфиду мушаххас ба ҳукуматҳо, созмону ташкилотҳои дохилидавлатӣ баҳри риоя ва таъмини ҳуқуқҳои инсон; андешидани чорабиниҳои ташкилӣ, иқтисодиву молиявӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ва истифодаи самараноки онҳо дар кишварҳои ҷаҳон; таҳияи барномаю консепсияҳои мухталифи соҳаи таълиму риоя ва истифодаю таъмини ҳуқуқҳои инсон.
2. СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА СОХТОРҲОИ ОНҲО ОИД БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Ҳуқуқи инсон бо як эътирофу дар санадҳо сабт шуданашон пурра таъмин намешаванд. Барои ҳамин дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ҷои муҳимро маҳз вазифаҳои нозирии СММ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ишғол менамояд. Хусусияти фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар ин соҳа дар он аст, ки ин созмонҳо ба фаъолияти давлатҳо дахолат намекунанд. Чунки давлатҳо соҳибихтиёранд. Айни замон давлатҳо вазифаҳои муайянро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба зимаашон гирифтаанд ва ӯҳдадоранд, ки онҳоро иҷро намоянд. Ин вазифаҳо аз вазифаҳои давлати миллӣ дар дохили кишвар фарқ доранд. Вазифаҳои давлатҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон хислати умумиҷаҳонӣ доранд. Давлат дар баробари ҳамроҳ шуданаш ба ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ (эъломия, паймонҳо, конвенсияҳо ва ғайра) дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъулу ӯҳдадор мешавад. Табиист, ки як давлат аз болои фаъолияти давлати дигар дар ин соҳа назорат бурда наметавонад, ба ин кор ҳеҷ як давлат ваколатдор нест, зеро ин амал хилофи соҳибихтиёрии давлатҳо ва ҳуқуқи байналмилалист.
Пас риояи ҳуқуқҳои инсонро бояд чи тавр назорат кард? Аз куҷо медонем, ки оё дар ин ва ё он кишвар ва ё манотиқи алоҳидаи ҷаҳон ҳуқуқҳои инсон риоя мешаванд? Вазъи риояи ҳуқуқи инсонро дар манотиқи гуногуни ҷаҳон чи тавр бояд муайян намуд?
Роҳи асосии имконпазири тафтиши риояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон аз тариқи фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Маҳз созмонҳои байналмилалӣ, ки бо амру иродаи халқҳои ҷаҳон таъсис дода мешаванд, имконияти тафтиши риояи ҳуқуқи инсонро дар ҳар гӯшаи ҷаҳон доранд.
Дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид аввалиндараҷа аст. СММ созмони байналмилалиест, ки дар асоси иттиҳоди ихтиёронаи давлатҳои соҳибихтиёр баҳри таъмини амнияту сулҳи ҷаҳон, инкишофи ҳамкории давлатҳо таъсис гардидааст.
Вазифаи мусоидат ба эҳтирому риояи ҳуқуқи инсонро Иҷлосияи Кулли (Ассамблеяи Генералии) СММ ба ӯҳда дорад. Иҷлосияи Кулл ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва амалӣ гаштани ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама новобаста аз тафовути нажодӣ, ҷинс, забон ва дин мусоидат мекунад (моддаи. 13 Оинномаи СММ). Бо мақсади ин фаъолият Иҷлосияи Кулл тадқиқи зарурӣ гузаронида, тавсияҳои муфид медиҳад. Масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон дар кумитаҳои Иҷлосияи Кулл, алалхусус дар Кумитаи сеюми он муҳокима мешаванд. Тадқиқи соҳаи ҳуқуқи инсонро Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ (ШИКТИҶ - ЭКОСОС), мақомоти ёрирасони он, муассисаҳои махсусгашта ва Кулли СММ мегузаронанд. Иҷлосияи Кулл ҳуқуқи муҳокимаи ҳама гуна масъаларо дар чаҳорчӯбаи Оинномаи СММ дошта, дар заминаи онҳо ба давлатҳои аъзо ва Шӯрои Амният таклифҳо пешниҳод мекунад.
Тибқи Оинномаи СММ дар иҷрои вазифаҳои СММ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар баробари Иҷлосияи Кулл нақши муҳимро Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ (ШИКТИҶ - ЭКОСОС) мебозад. Ин созмон таҳти роҳбарии Иҷлосияи Кулл кор мекунад. ЭКОСОС ё худ ШИКТИҶ соли 1946 таъсис гардида, мақоми СММ мебошад. Ба сифати мақомоти ёрирасон 5 комиссияи минтақавии ШИКТИҶ амал мекунад: Комиссияи аврупоии иқтисодӣ, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва уқёнуси Ором, Комиссияи иқтисодии СММ барои Африқо, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиёи Ғарбӣ, Комиссияи иқтисодии СММ барои Америкаи Лотинӣ ва ҳавзаи баҳри Кариб. Ҳамчунин беш аз 20 комитету комиссияҳои доимӣ (оид ба вазъи занҳо, ҳуқуқҳои инсон ва ғайра) - мақомоти ёрирасони ин созмон мебошанд. Мақоми олиаш сессия аст, ки дар як сол се маротиба даъват мешавад. Қароргоҳаш Нию-Йорк аст.
Комиссия оид ба вазъи занҳо комиссияи ЭКОСОС буда, соли 1946 таъсис гаштааст. Аъзояш ба мӯҳлати 4 сол аз ҷониби ЭКОСОС интихоб мешаванд. Оид ба риояи ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа бо дар назардошти баробарҳуқуқии марду зан ба ЭКОСОС маърӯзаву таклифҳо пешниҳод мекунад. Дар таҳияи Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои сиёсии занон, Эъломия дар бораи барҳам додани табъиз нисбати занҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ марбут ба ҳуқуқҳои занон иштирок намудааст. Иҷрои конвенсияҳо, эъломияҳо ва таклифҳои қабулшударо месанҷад.
Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон таъсис мешавад. Аъзои Комиссияро ЭКОСОС интихоб мекунад. Комиссия оид ба ҳуқуқҳои инсон дар хусусӣ Қонунномаи (Билли) байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон, эъломияю конвенсияҳо оид ба озодиҳои шаҳрвандӣ, вазъи занҳо, озодии иттилоот, ҳифзи ақаллиятҳо, пешгирии маҳдудияти нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ва динӣ, ҳама гуна масъалаи дигари марбут ба ҳуқуқи инсон маърӯзаю таклифҳоро ба ЭКОСОС пешкаш мекунад. Соли 1947 Комиссия оид ба ҳуқуқи инсон. Аз комиссияро оид ба пешгирии маҳдудкунӣ ва ҳифзи ақаллиятҳо ташкил намуд. Аз ҷониби Комиссия гурӯҳҳои гуногуни корӣ баҳри тафтиши риояи ҳуқуқҳои инсон ташкил гаштанд, ки дар манотиқи мухталифи ҷаҳон кор карданд (дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Чили ва давлатҳои дигар). Намояндагони махсуси Комиссия дар Ироқ, Гаити ва дигар кишварҳо таъйин шуда буданд. Онҳо дар кишварҳои муайян тафтиш гузаронида, маърӯзаи хешро ба Комиссия пешкаш мекунанд. Комиссия бо супориши ЭКОСОС тадқиқ мегузаронад, ахбори лозима ва таклифҳо пешкаш мекунад. Бо иштироки Комиссия як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ қабул шуданд, аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймонҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи номумкин будани истифодаи мӯҳлати даъво нисбати ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҷиноятҳои зидди инсоният, Конвенсия дар хусуси пешгирии ҷинояти апартеид ва ҷазои он. Мубориза ба муқобили апартеид, нажодпарастӣ ва табъизи нажодӣ, поймолгардии оммавии ҳуқуқҳои инсон дар манотиқи мухталифи ҷаҳон (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Чили, Салвадор, ҳудуди Арабии забтнамудаи Исроил) дар маркази таваҷҷӯҳи Комиссия буданд.
Тибқи қарори Иҷлосияи Кулли СММ 20 декабри соли 1993 вазифаи Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсон ташкил гашт. Он тамоми фаъолияти СММ-ро дар соҳаи инсон ҳамоҳанг месозад.
Баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон теъдоди зиёди мақомоти конвенсионӣ амал мекунад, ки дар асоси созишномаҳо оид ба ҳуқуқи инсон таъсис гардидаанд. Аввал Кумита оид ба ҳуқуқи инсон таъсис мегардад. Сипас мақомоти дигари зерини конвенсионӣ ташкил мешаванд: Кумита оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ (соли 1970), Кумита оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон (соли 1982), Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (соли 1985), Кумитаи муқобили шиканҷа (соли 1988), Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдак (соли. 1990).
Кумита оид ба ҳуқуқи инсон – дар асоси моддаи 28-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ барои тафтиши ҷараёни иҷрои Паймон аз ҷониби давлатҳои аъзо таъсис гардид. Аъзоро давлатҳои иштирокчии Паймон интихоб мекунанд. Мӯҳлати салоҳияти онҳо чор сол аст. Онҳо на ба сифати намояндагони давлатҳои худ, балки ҳамчун экспертҳо кор мекунанд. Кумита дар сессияҳояш, ки дар як сол ду маротиба гузаронида мешаванд, маърӯзаҳои давлатҳои иштирокчиро оид ба фаъолияташон пешниҳод мекунад.
Кумита оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ – мақомест, ки тибқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба бархам додани ҳама шаклҳои маҳдудкунии нажодӣ таъсис гардидааст. Он аз мушовирон иборат аст, ки аз ҷониби давлатҳои иштирокчии Конвенсия интихоб мешаванд. Давлатҳои иштирокчии Конвенсия оид ба қабули чораҳо баҳри иҷрои Конвенсия ба Кумитаи номбурда маърӯзаҳо пешниҳод мекунанд. Кумита бошад, ҳар сол ба Иҷлосияи Кулл маърӯза пешкаш мекунад.
Тибқи қарордоди № 1235 ЭКОСОС аз 6 июни соли 1967 Комиссия оид ба ҳуқуқи инсон ва Зеркомиссия оид ба пешгирии маҳдудкунӣ ва ҳифзи ақаллиятҳо ваколатдор шуда буданд, ки муроҷиати шахсии ашхоси хусусиро баррасӣ намоянд. Аризаи инфиродиро мақомоти дигари конвенсионӣ низ баррасӣ менамоянд.
Аризаи инфиродиро созмонҳои минтақавӣ низ дида мебароянд. Яке аз онҳо Суди аврупоӣ аст. Мурофиаи судӣ шифоҳӣ ва хаттӣ буда, дар он даъвогар ба таври ошкоро ва ҷавобгар, шоҳидон, мушовирон ва шахсони дигари манфиатдор иштирок мекунанд. Қарорҳои Суди аврупоӣ қатъӣ буда, мавриди шикоят қарор намегиранд. Дар мурофиаи судӣ меъёрҳои байналмилалӣ истифода мешаванд. Давлатҳо қарорҳои ин судро бо назардошти афзалияти ҳуқуқи байналмилалӣ иҷро мекунанд.
Дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамкории минтақавӣ низ аз аҳамият холӣ нест. Дар низоми аврупоии ҳифзи ҳуқуқи инсон нақши асосиро Шӯрои Аврупо мебозад. Дар асоси Конвенсияи аврупоии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ ду мақомот ташкил шуда буданд– Комиссияи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон. Комиссияи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон шикоятҳои давлатҳои алоҳида, шахсони алоҳида, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва гурӯҳи шахсонро оид ба поймол гардидани ҳуқуқи инсон дида мебаромад. Тибқи Протоколи № 11 ба Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ аз 11 майи соли 1994 Комиссияи аврупоӣ барҳам дода шуда, мақоми ягона Суд эътироф мешавад. Акнун шикоятҳо ба Суд пешниҳод мешаванд. Барои баррасии корҳо кумитаҳоро иборат аз 3 судя, палатаҳоро иборат аз 7 судя ва палатаҳои калонро иборат аз 17 судя таъсис мекунад. Ҷараёни иҷроиши қарорҳои Судро Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо назорат мекунад.
Дар баробари Шӯрои Аврупо нақши муҳимро дар ҳифзи ҳуқуқи инсон Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мебозад. Ин созмон ба кори худ 3 июли соли 1973 дар Хелсинки чун Машварати Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (СБСЕ) оғоз намуда, охири соли 1994 номи САҲА — Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ба русӣ - ОБСЕ)ро мегирад. Кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Шарқӣ, ИМА, Канада ва кишварҳои дигар аъзои он мебошанд. САҲА созмони байналмилалии минтақавӣ буда, яке аз вазифаҳояш мусоидат ба таъмини ҳуқуқи инсон аст.
Дар минтақаи Америка тибқи Конвенсияи байниамерикоии ҳуқуқи инсон аз соли 1969 ваколати тафтиши иҷрои ин конвенсия ба зиммаи ду созмон гузошта шуда буд – Комиссияи байниамерикоӣ ва Суди байниамерикоӣ оид ба хуқуқи инсон. Давлатҳои африқоӣ бо қабули Хартияи африқоии ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи халқҳо созмони минтақавии хешро таъсис доданд. Он Комиссияи африқоии ҳуқуки инсон ва ҳуқуқи халқҳо мебошад. Дар тӯли 10 соли аввали кораш Комиссия беш аз 30 ахборотро оид ба поймолгардии мунтазами ҳуқуқҳо баррасӣ намудааст. Дар манотиқи кишварҳои Араб Комиссияи доимии Арабӣ оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст.
Соҳаи дигари фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ бо пешгирии ҷиноятҳои байналмилалӣ алоқаманд аст. Бо ин мақсад соли 1993 бо қарори Шӯрои Амният Трибунали байналмилалии ҷиноии муваққатӣ барои таъқиби шахсони гунаҳгор дар поймолкунии ҷинояткоронаи ҳуқуқи инсон дар собиқ Югославия ва соли 1994 Трибунали байналмилалӣ оид ба Бурунди (барои ҷавобгарии ашхоси дар қатли оми оммавӣ гунаҳгор) таъсис дода шуд. Соли 1998 Суди байналмилалии ҷиноӣ таъсис меёбад. Он нисбати ҳамаи онҳое, ки дар оғози ҷангҳои таҷовузкор, ҷиноятҳои байналмилалӣ ва ҷиноятҳои муқобили инсоният гунаҳгоранд, ҳукм мебарорад.
3. ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, узви СММ аст. Тоҷикистон ба бештари эъломия, паймонҳо, конвенсияҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, қонунгузории хешро ба талаботи онҳо мутобиқ намудааст. Тоҷикистон узви бисёр созмонҳои байналмилалӣ аст. Созмонҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон намояндагии худро доранд. Тоҷикистон якҷоя бо созмонҳои байналмилалӣ дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва таъмини ҳуқуқҳои инсон иштирок менамояд. Ҷумҳурии мо иштирокчии фаъоли созмонҳои байналмилалӣ буда, дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои муфид баромад мекунад. Чунончи, бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи оби тоза дар ҷаҳон эълон гардид. Ин ташаббусро роҳбари давлати мо дар баромадаш дар Иҷлосияи Кулли СММ изҳор дошт. Ин ташаббус ҷонибдории васеи аҳли ҷомеаро пайдо намуд. Ё ин ки эълон гаштани соли тамаддуни ориёӣ аз ҷумлаи ташаббусҳои дигари сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурии мо аст. Ин ва дигар ташаббусҳои сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва аҳли ҷомеаро пайдо намуданд. Онҳо дар таъмини ҳуқуқи инсон низ нақши муҳим доранд. Масалан, андешидани тадбирҳои байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ дар масъалаи таъмин аз оби тоза табиист, ки барои саломатии одамони Сайёра, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои дигари инсон аҳамияти калон доранд. Ҳамаи ин мисолҳо далели онанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол иштирокчии фаъоли ҷараёни иҷрои кулли ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, ҳамкории васеъ бо созмонҳои байналмилалӣ аст.
Кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ дар хотима бахшидан ба низоъи байни тоҷикон солҳои 90 ва таҳкими сулҳ ниҳоят калон аст. Дар ин соҳа дар ҷумҳурии мо теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалӣ фаъолият намуданд. Пеш аз ҳама воқеаҳои мудҳиши он солҳо дар маркази таваҷҷӯҳи СММ ва шахсан Дабири кулли СММ буданд. Гуфтушунидҳои байни тоҷикон таҳти сарпарастии СММ гузашта буданд. Дар таҳкими сулҳи тоҷикон саҳми Маркази Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе калон аст, алалхусус дар таъмини сулҳи байни тоҷикон, ривоҷи сохторҳои демократӣ дар ҷумҳурӣ, инкишофи низоми бисёрҳизбӣ, истифодаи озоди воситаҳои ахбори умум ва ғайра. Нақши Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Дафтари СММ оид ба мусоидат ба сулҳ дар Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқҳои гурезаҳои тоҷики солҳои ҷанг тарки ҷумҳурӣ намуда, баргардонидани онҳо аз Ҷумҳурии Исломии
Афғонистон ва ғайра ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Саҳми Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар солҳои низоъи тоҷикон хеле калон буд (масалан, дар масъалаи таъмини озуқаворӣ, ёрии тиббӣ, муколама бо тарафҳои низоъ ва ғайра).
Ҳоло Тоҷикистон бо дигар созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ дорад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ аҳамияти ин ҳамкориро аз наздик дарк мекунанд. Саҳми онҳо дар таҳкими сулҳи тоҷикон худ далели муфиди ин ҳамкорист. Сарони намояндагии ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалиро Президенти Тоҷикистон мунтазам қабул намуда, бо онҳо гуфтушунидҳои муфидро анҷом медиҳад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон манфиатдор буда, барои фаъолияти мӯътадили онҳо дар ҷумҳурӣ тамоми имконияту шароитро ҷустуҷӯ мекунад ва истифода мебарад.
Дар таъмини сулҳ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон нақши Дафтари СММ оиди мусоидат ба бунёди сулҳ дар Тоҷикистон (ДСМММБСТ) калон аст. Дар истилоҳшиносии СММ мафҳуми бунёди сулҳ чунин шарҳ дода шудааст: тамоми кӯшишҳои хориҷӣ баҳри кӯмак ба кишварҳо ва минтақаҳо ҷиҳати интиқоли онҳо аз ҷанг ба сулҳ тибқи ҳамаи намудҳои фаъолияту барномаҳои марбут ба таъмини ин давраи гузариш. ДСМММТ дар равнақи кушишҳои сиёсии СММ дар Тоҷикистон ва дастовардҳои Намояндагии нозирони СММ дар Тоҷикистон (ННСММТ) фаъолият дорад. ННСММТ тибқи қарордоди Шӯрои Амният аз 6 декабри соли 1994 ташкил гашта буд. Баъди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ (соли 1997) ва гузаронидани интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000) фаъолияти ваколати ННСММТ ба поён расид. Баъди тағйир ёфтани сохтори ННСММТ бо дастгирии Шӯрои Амнияти СММ 1 июни соли 2000 дар Тоҷикистон Идораи СММ оид ба бунёди сулҳ таъсис ёфт.
ДСМММБСТ ба Тоҷикистон дар таъмини техникии омода намудани маърӯзаҳо оид ба шартномаҳои байналмилалӣ ва таъмини ҳуқуқи инсон кӯмак мекунад. Лоиҳаи ДСМММБСТ оид ба дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши тайёр намудани маърӯзаи миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мақсади зерин дорад: шинос намудани аъзои ҳукумат, созмонҳои ғайридавлатӣ ва доираҳои академӣ бо талаботи СММ оид ба мазмуни шартномаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон. Лоиҳаи таълимӣ оид ба омӯзиши ҳуқуқи инсон дар иҷрои Барномаи «Низоми давлатии маориф дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кӯмак мекунад. Дар доираи ин лоиҳа ДСМММБСТ аз ҳисоби муаллимон, маъмурини мактабҳо, кормандони созмонҳои давлатию ғайридавлатӣ иқтидори миллии соҳаи ҳуқуқи инсонро ташаккул медиҳад, оид ба усули таълими ҳуқуқи инсон вохӯрию семинарҳо, мизҳои мудаввар ва конфронсҳо, доир мегардонад, маводи таълимӣ аз “Ҳуқуқи инсон”-ро моҳе ду маротиба дар замимаи нашрияи “Омӯзгор” – “Ҳуқуқи инсон” ба табъ мерасонид, ва байни мактабҳои миёна ва олӣ тақсим мекард, тавассути Маркази иттилоот ва ҳуҷҷатнигоҳдории воқеъ дар Душанбе аҳолиро бо маълумоту маводи таълимии ҳуқуқи инсон таъмин менамуд, маводи иттилоотиро дар воситаҳои ахбори умум паҳн менамуд. ДСМММБСТ ҳамчунон лоиҳаҳоро барои ҷавонон дастгирӣ мекард, то ки хатари ҷалби онҳо ба қочоқи маводи мухаддир ва экстремизми сиёсӣ паст гардад. ДСМММБСТ якҷоя бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Душанбе маркази ҳуҷҷатгузориро барои ҷавонон ва дар маҳалҳои аз ҷанг зарардида чор маркази марбут ба ҳалли низоъҳо ва ҳуқуқи инсонро ташкил намуд.
Мафҳумҳоро дар хотир доред: фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, мазмуни фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, созмонҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, созмонҳои митақавии соҳаи ҳуқуқи инсон, низоми аврупоии ҳуқуқи инсон, бунёди сулҳ.
Савол ва супориҳо
1. Мазмуни фаъолияти созмонҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсонробаён кунед
2. Кадом созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро медонед,ки дар Тоҷикистон фаъолият намуданд?
3. Нақши Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат бабунёди сулҳ дар Тоҷикистон дар чӣ зоҳир мегардад?
4. Дар хусуси фаъолияти созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон дармаҳали зистатон маълумот диҳед.
5. Оид ба мавзӯъ як ҳолати ҳуқуқӣ тартиб дода, онро шарҳу эзоҳдиҳед.
Реклама