1. ТАЪМИНИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Масъалаҳои ҳифзи кӯдакон на танҳо дар санадҳои байналмилалии ҳуқуқию меъёрӣ инъикос ёфтаанд, балки дар асноди миллии ҳуқуқии давлатҳои иштирокдори Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак таҳким бахшида шудаанд.
Ҳуқуқҳои кӯдак дар Тоҷикистон бо роҳи тадбирҳои ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва омӯзишӣ таъмин карда мешаванд.
Ба тадбирҳои ҳуқуқӣ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки бо мақсади беҳтар кардани ҳаёти кӯдак дар ҷомеа қабул мегарданд ва усулҳои ҳуқуқии бо қонунҳо пешбиникардаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ки байни онҳо ҳифзи судӣ аз ҳама муҳимтар маҳсуб мешавад, тааллуқ доранд.
Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд. Моддаи 34-и Конститутсияи (Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
2. ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР СОҲАИ МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ ОИЛАВӢ. Кодекси оила санади асосии қонунгузорие мебошад, ки асосҳои муносибатҳои оилавиро ҳифз мекунад. Дар ин кодекс кӯдакон чун субъекти мустақими ҳуқуқ баромад мекунанд. Таснифи ҳуқуқҳои ноболиғон дар Кодекси оила вобаста ба мундариҷаи онҳо оварда шудааст. Чунончи, ҳуқуқҳои кӯдак ба ду навъ тақсим мешаванд:
1. Ҳуқуқҳои шахсӣ.
2. Ҳуқуқҳои амволӣ.
Мафҳуми «ҳуқуқҳои шахсии кӯдак» номгӯи ҳуқуқҳои дорои ҳадафҳои гуногунро дар бар мегирад.
Ба ҳуқуқҳои шахсӣ дохил мешаванд:
Ҳуқуқҳои амволии кӯдакон:
(бародарон ва хоҳарони болиғу қобили меҳнат, бобоҳо ва бибиҳо);
Фароҳам овардани шароити зиндагӣ барои рушди кӯдак зарурӣ асосан аз ҷониби волидон, ки барои нигаҳдории шоистаи ӯ масъулияти асосии молиявӣ ба дӯш доранд, таъмин карда мешавад. Ҳама гуна ҳуқуқҳои шахсӣ ва амволӣ имкониятест, ки аз ҷониби давлат барои рушди ҳар як кӯдак пешниҳод мегардад. Давлат ҳуқуқҳои мазкурро дар қонунгузорӣ таҳким бахшида, аҳамияти онҳоро таъкид мекунад ва барои татбиқашон шароит фароҳам меоварад.
Ҳуқуқи кӯдак барои зиндагӣ кардан ва тарбия дидан дар оила
Омилҳои зарури тарбияи кӯдак дар оила инҳоянд:
Ҳар як кӯдак ҳақ дорад дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад. Кӯдак ба ғамхорӣ аз ҷониби волидон, таъмини манфиатҳои ӯ, рушди ҳамаҷониба, эҳтироми шаъну шарафи инсонии вай ҳақ дорад. Моддаи 55-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Волидон бояд барои саломатии кӯдакон, рушди ҷисмонӣ, равонӣ, болоравии рӯҳонӣ ва камолоти маънавии онҳо ғамхорӣ кунанд. Ҳуқуқи кӯдак ба ғамхорӣ аз ҷониби волидони худ ба тарзи зайл амалӣ мегардад:
а) бо роҳи қонеъсозии талаботи ҳаётан муҳими моддӣ-маишии ӯ
(ғизо, таъминот бо либос, пойафзол, ашёи хониш ва ғайра);
б) бо роҳи зоҳир кардани таваҷҷӯҳ ба кӯдак, расонидани ёрӣ
ҳангоми ҳалли масъалаҳое, ки таваҷҷӯҳашро ҷалб менамоянд.
Ба волидон озодии интихоби воситаҳо ва усулҳои тарбияи кӯдакони худ бо риояи маҳдудиятҳои зерин дода мешавад:
1. Волидон ҳақ надоранд, ки ба рушди ҷисмонӣ, рӯҳонӣ ё маънавии кӯдак зарар расонанд;
2. Усулҳои тарбия бояд муносибатҳои бепарвоёна, ҷоҳилона, дағалона, пастзанандаи шаъну шарафи инсонӣ, таҳқир ё истисмори кӯдакро сарфи назар намояд.
Ҳуқуқ ба ном аз лаҳзаи таваллуд ҳамзамон бо ҳуқуқ барои соҳибият ба шаҳрвандӣ пайдо мешавад. Ном, номи падар ва номи хонаводагии кӯдак дар қайди санад дар бораи таваллуд ва шаҳодатнома дар бораи таваллуд нишон дода мешавад. Ҳама гуна баҳс миёни волидон оид ба ном ё номи хонаводагии кӯдак, ё иваз кардани онҳо бар асоси манфиатҳои кӯдак аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ ҳаллу фасл карда мешаванд. Дигар кардани ном ё номи хонаводагии ноболиғи ба синни 10 расида бе розигии ӯ мумкин нест.
Ҳуқуқи кӯдак ба муошират бо волидон. Кӯдак ба муошират бо волидон ва хешовандон ҳақ дорад. Шакли муошират метавонад гуногун бошад: мукотибот, гуфтугӯҳои бевоситаи шахсӣ, вохӯриҳо, гуфтугӯи телефонӣ ва ғайра.
Ҳуқуқи кӯдак ба муошират бо волидон дар ҳолатҳои аз ҳам ҷудо шудани волидон, бекор гардидани ақди никоҳи онҳо, ҳамчунин ҳангоми дар давлатҳои гуногун аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ кардани волидон нигоҳ дошта мешавад:
Ҳуқуқи кӯдак ба ифодаи озодонаи фикри худ. Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки кӯдак ҳақ дорад ҳангоми дар оила ҳал гардидани ҳама гуна масъалаҳои ба ӯ дахлдошта фикри худро озодона баён кунад, ҳамчунин дар ҷараёни баррасии судӣ ё маъмурӣ ширкат варзад. Ба назар гирифтани фикри кӯдаки ба синни 10 расида, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин амал ба манфиатҳои ӯ мухолифанд, ҳатмист. Масалан, розигии кӯдаки ба синни 10 расида ҳангоми ба писархондӣ додани ӯ ҳатмӣ аст.
3. ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲО ВА МАНФИАТҲОИ КӮДАКОНЕ, КИ БЕ ПАРАСТОРИИ ВОЛИДОН МОНДААНД. Дар мавриди набудани волидон, аз ҳуқуқи волидӣ маҳрум кардани онҳо ва дар дигар ҳолатҳои маҳрум шудан аз парастории волидон ҳуқуқи кӯдакро барои тарбия дар оила мақомоти васоят ва парасторӣ, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ мебошанд, таъмин мекунанд.
Васоят (парасторӣ) шакли ҷойгиркунии кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории волидон маҳрумшуда мебошад.
Васоят ва парасторӣ ба ноболиғони аз парастории волидон маҳрумгашта бо мақсади нигоҳубин, тарбия ва таълим, ҳамчунин барои ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад. Қисми 1-и моддаи 147-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Мувофиқи қонун дар кадом ҳолатҳо бояд фикри кӯдак ба инобат гирифта шавад?
4. ҲУҚУҚИ НОБОЛИҒ БА МЕҲНАТ. Тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон синни ба кор қабул шудани ноболиғ 15 муқаррар гардидааст. Онҳое, ки ба синни 14 расидаанд, ҳуқуқ доранд бо рухсати волидон ё ашхосе, ки онҳоро иваз мекунанд, дар вақти холӣ машғули фаъолияти меҳнатӣ гарданд, яъне ба кор қабул шаванд.
Ҳуқуқи кӯдак ба меҳнат маҳдудиятҳои марбут ба ҳифзи саломатӣ ва рушди кӯдакро дорост. Аз ҷумла, ноболиғон танҳо ба корҳои сабуке қабул карда мешаванд, ки ба саломатии онҳо зарар нарасонанд ва раванди таълими онҳоро бо расидан ба синни 14 -солагӣ бо ризоияти яке аз волидон ё шахси ӯро ивазкунанда халалдор насозанд.
Ноболиғон ҳангоми татбиқи ҳуқуқи худ ба меҳнат нисбат ба калонсолон баъзе афзалиятҳо доранд. Масалан, истифодаи меҳнати ноболиғон дар корҳои вазнин ва корҳои шароити меҳнаташон зараррасону хавфнок, дар корҳои зеризаминӣ, ҳамчунин дар корҳое, ки иҷрояшон метавонад ба саломатии ноболиғон ё рушди маънавии онҳо зарар расонад, манъ аст. Ба ноболиғон даст бардоштан ва аз ҷое ба ҷои дигар кашондани борҳои вазнашон аз меъёри барои онҳо муқарраргардида зиёд иҷозат дода намешавад.
Давомнокии вақти кор дар як ҳафта барои кормандони синнашон аз 15 то 18 – сола на бештар аз 35 соат ва барои кормандони синнашон аз 14 то 15 – сола на зиёда аз 24 соат муқаррар гардидааст.
Оё Шумо ҳуқуқи худро ба меҳнат амалӣ мегардонед? Бигӯед, ки Шумо бо чӣ коре машғул ҳастед?
5. ҲУҚУҚИ КӮДАК БА ТАҲСИЛ. Ӯҳдадории фароҳам овардани шароит барои рушди ақлонӣ ва рӯҳонии кӯдак пеш аз ҳама ба зиммаи волидон, сарпарастон, омӯзгорон ва давлат аст. Маҳз ҳуқуқи таҳсил ба кӯдакон барои рушди комили зеҳнӣ имконият фароҳам оварда, баҳри ояндаи дурахшони онҳо замина бунёд месозад. Ҳуқуқи таҳсил бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» танзим карда мешавад. Дар ин қонун кӯдак субъекти раванди омӯзиш эътироф гардидааст. Таълим ва тарбияи кӯдакон тибқи қонун бояд ба принсипҳои инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, муҳаббат ба модар ва оила асос ёбад. Тавассути он алоқамандии байниҳамдигарии таълим ва тарбия ба амал меояд, ки яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад.
Расми 12
Кӯдакон дар Тоҷикистон ба таҳсилоти томактабӣ, умумӣ (таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёна); ибтидоӣ миёна ва олии касбӣ ҳақ доранд. Таҳсилоти умумии асосӣ дар муассисаҳои давлатӣ ҳатмӣ ва ройгон буда, аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Давлат кафолатҳои худро амалӣ сохта, масалан, сохтмони мактабҳо ва таҷҳизонидани онҳоро дар миқёсу миқдори зарурӣ ба амал бароварда, китобҳои дарсӣ нашр мекунад, нақшаҳо ва барномаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва ғайраро таҳия мекунад, дар онҳо номгӯи фанҳои ҳатмии таълимӣ, ҳадди ақали донишу малака ва маҳорати муҳассилинро муайян менамояд.
Мафҳумҳоро дар ёд доред: тадбирҳои ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва омӯзишӣ оид ба таъмин кардани ҳуқуқҳои кӯдак, ҳуқуқҳои шахсӣ ва амволии кӯдакон, васоят, парасторӣ, принсипи бисёрандешӣ (плюрализм)
Савол ва супоришҳо:
1. Кадом санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаконро таҳким мебахшанд?
2. Кӯдакон дар оила чӣ ҳуқуқҳо доранд?
3. Шумо нисбат ба мавзӯи «Мактаб ва ҳуқуқи таҳсил дар Тоҷикистон» кадом проблемаҳоро номбар карда метавонед?
4. Маҳатма Ганди гуфтааст: «Ғайриз ӯроварӣ дар ихтиёри инсоният қувваи аз ҳама пуриқтидортар аст. Он ҳатто назар ба силоҳи аз ҳама пурқуввати қатли ом, ки ақли инсонӣ ихтироъ кардааст, пуриқтидортар мебошад». Шумо ин суханони Маҳатма Гандиро чӣ тавр мефаҳмед?
Реклама