Ба хотир оред, ки чаро кӯдакон ба категорияи ашхоси ба ҳимоя эҳтиёҷманди иҷтимоии аҳолӣ мансубанд?
1. МУНОСИБАТИ НОШОИСТА БО КӮДАКОН. Мавзӯи дар дарси гузашта шурӯъ кардаамонро давом дода, таъкид менамоем ки, мутаассифона, баъзан «қувваи аз ҳад зиёди тарбиявии» калонсолон, нокифоягии донишҳо ё сифати шахсият ба вайрон кардани ҳудудҳои байни ҷазо ҳамчун усули ҳавасмандкунӣ ба зӯроварӣ, муносибати ношоиста ва таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсонии кӯдак мусоидат мекунад.
Муносибати ношоиста бо кӯдак ҳама гуна кирдоре ба шумор меравад, ки ҷиҳатҳои волои рӯҳонӣ ва ҷисмонии ӯро таҳқир карда, рушди синнусолӣ ва вазъи саломатии кӯдакро ба зери хавфу хатар мегузорад.
Муносибати ношоистаро бо кӯдакон ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: зӯроварӣ ба кӯдак; бе назорат гузоштани кӯдак, яъне қонеъ насохтани талаботи зарурии ӯ (масалан, чун вақти зиёде бенигоҳубин ё хӯрок гузоштани ӯ) ва васояти аз ҳад зиёд, яъне ҳифзи беҳадду ҳудуди ӯ (аз ҳад зиёд дахолат кардан ба ҳаёти кӯдак, назорат кардани ҳар як амалу қадами ӯ ва ғайра).
Зӯроварӣ ба кӯдак дидаву дониста зӯран тазъиқу фишор овардан ё беэътиноӣ кардан нисбат ба кӯдак аз ҷониби волидон ё ашхоси тарбиякунанда мебошад, ки ба кӯдак зарари ҷисмониву рӯҳонӣ мерасонад, иллатдор мекунад, рушди ӯро бозмедорад ва дар баъзе ҳолатҳо ба марги бемаҳал меоварад.
Байни шаклҳои зӯроварӣ инҳоро ҷудо мекунанд; эҳсосӣ, равонӣ ё рӯҳонӣ, ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ. Бисёр вақт кӯдак якбора аз якчанд шакли зӯроварӣ ҷабр мебинад. Масалан, зӯроварии ҷисмонӣ ногузир иллатҳои ҳам рӯҳонӣ ва ҳам эҳсосӣ мерасонад.
Зӯроварии эҳсосӣ ба кӯдак ҳама гуна амалҳоест, ки кӯдакро ба ҳолати шиддати эҳсосӣ расонда, рушди синнусолии ҳаёти вайро зери хавф мегузорад. Чунин амалҳо зӯроварии эҳсосӣ ба кӯдак дониста мешаванд: аз дигарон ҷудо кардани кӯдак, рад кардани муҳокимаи якҷояи мушкилот, таҳқир кардан, ҳақорат додан, мунтазам зери шиддат нигоҳ доштан (тарсондан, таҳдид кардан), ахлоқан вайрон кардани кӯдак (ҷалб кардани кӯдакон ба амалҳои ношоиста – дуздӣ, истеъмоли шароб ё маводи мухаддир) ва ғайра.
Зӯроварии равонӣ ё рӯҳонӣ кирдори нисбат ба кӯдак ба амал омадаест, ки рушди лаёқатмандиҳои кӯдакро бозмедорад ё ба он зарар мерасонад. Масалан, ҷангу ҷидоли зиёд дар оила, рафторҳои ғайричашмдошти волидонро зӯроварии рӯҳонӣ меҳисобанд. Зӯроварии равонӣ кӯдакро зудранҷ мегардонад, лаёқати ӯро ба худбаҳодиҳӣ паст месозад. Ба ин сабаб рушди зеҳнии кӯдак суст мегардад, равандҳои идроккунии ба синну соли ӯ хос (қувваи ҳофиза, таваҷҷӯҳ, тахайюлот) зери хатар мемонанд.
Зӯроварии ҷисмонӣ навъи муносибати ношоиста ба кӯдак аст, ки дар рафти он кӯдак дидаву дониста ба ҳолати ногувори ҷисмонию рӯҳонӣ гузошта мешавад, ба ӯ зарари ҷисмонӣ мерасонанд ва ё имкониятҳои зараррасонии онро пешгирӣ намекунанд. Аломатҳои зӯроварии ҷисмонӣ нисбати кӯдак пайи лату кӯб, хунравӣ, захмӣ шудан, сӯхтан, шикастан, зарар дидани узвҳои дарунӣ мебошанд.
Мафҳуми «истисмор» чӣ маънӣ дорад?
3. ИСТИСМОРИ ИҚТИСОДИИ КӮДАКОН. Истисмор нисбат ба кӯдак метавонад дар шаклҳои гуногун зоҳир шавад, вале бештар дар бораи истисмори иқтисодии кӯдакон сухан меронанд. Зери мафҳуми «истисмори иқтисодӣ» ба маънии васеъ азхудкунии натиҷаҳои меҳнати бегона аз ҷониби онҳое фаҳмида мешавад, ки соҳиби воситаҳои истеҳсолотанд.
Истисмори иқтисодии кӯдакон дар истифодаи меҳнати кӯдакон бо фарогирии меҳнати хурдсолон дар корҳои барои кӯдакон манъшудаи зараррасон ё дар сурати меъёрҳои норавои давомнокии рӯзи кор бо пардохти хеле ночизи музди меҳнати онҳо – қариб дар ҳадди ройгон ифода меёбад.
Тавре дар маърӯзаи ЮНИСЕФ қайд карда мешавад, қолинҳои дар ҷаҳон аз ҳама зеботаринро кӯдакони хурдсол бо ангуштакони каҷшуда ва тахтапуштҳои нозукаке хамхӯрда мебофанд. Садҳо ҳазор духтаракону писаракони маҳрум аз бозӣ ва мактабравӣ, маҳрум аз кӯдакӣ дар Ҳиндустону Покистон ва давлатҳои дигари рӯ ба рушд бар ивази музди ночизи ҳатто барои рӯзгузаронӣ нокифоя кор карда, рушди соҳаҳоеро таъмин мекунанд, ки содироти маҳсулоташон миллионҳо доллар фоидаи соф меоваранд. Онҳо дар синни 6-7 – солагӣ, вақте ангуштаконашон хеле серҳаракат аст, қолинбофиро ёд мегиранд. Барои соҳибони фабрикаҳои қолинбофӣ меҳнати кӯдакон аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки онҳо гапдарою итоаткоранд, бо маоши каму ночиз ва шароити даҳшатовари меҳнат муросо мекунанд.
Ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамаи шаклҳои истисмори иқтисодии кӯдаконро манъ мекунад ва давлатҳо вазифадоранд ки аз нигоҳи қонунгузорӣ ва дар амал меҳнати ғуломонаи кӯдаконро решакан намоянд.
Давлатҳои аъзо ҳуқуқи кӯдакро барои ҳимоя аз истисмори иқтисодӣ, иҷрои ҳама гуна коре, ки метавонад ба саломатии ӯ зиён дошта, ё барои таҳсилоти ӯ монеъ мешуда бошад, ё ба саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, фикрӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ӯ зарар мерасонида бошад, эътироф менамоянд.
Қисми 1-и моддаи 32-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак.
3. ҲИФЗИ КӮДАКОН АЗ ЗӮРОВАРӢ ВА ИСТИСМОР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ин амал бо қабулу истифодаи тадбирҳои қонунгузорӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ ва ғайра амалӣ мегардад.
Ба тадбирҳои қонунгузорӣ санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқие дохил мешаванд, ки кӯдаконро ҳифз мекунанд. Инҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оила, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ғайра мебошанд.
Кодекси оила ба зиммаи калонсолон вазифаи таъмини ҳифзи кӯдаконро вогузор кардааст. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак аз ҷониби волидон ё (ашхоси онҳоро ивазкунанда), мақомоти васоят ва парасторӣ, прокурор ва суд амалӣ мегардад.
Волидон намояндагони қонунии кӯдакони худ буда, дар ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо дар муносибат бо ҳама гуна ашхоси ҷисмонию ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар судҳо бе ваколатҳои махсус баромад мекунанд.
Кӯдак ба ҳимоя аз сӯиистифода аз ҷониби волидон ашхоси онҳоро ивазкунанда ҳақ дорад. Масалан, дар сурати аз ҷониби волидон ё яке аз онҳо иҷро нагаштан ва ё ба қадри зарурӣ иҷро нагардидани вазифаҳои худ оид ба тарбия ва таълими кӯдак, ё худ ҳангоми аз ҳуқуқҳои худ сӯиистифода кардани волидон кӯдак ҳақ дорад барои ҳимояи худ мустақилона ба мақомоти васоят ва парасторӣ дар мавриди ба синни чордаҳсолагӣ расидан ба суд муроҷиат намояд. Ҳамаи онҳое, ки аз мавҷудияти хатар ба ҳаёти кӯдак, саломатӣ ва ё вайрон гардидани ҳуқуқҳои ӯ огоҳанд, бояд ба мақомоти васоят ва парастории ҷои зисти кӯдак хабар диҳанд ва мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадоранд, ки оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак тадбирҳои зарурӣ андешанд. Кормандони мақомоти васоят ва парасторӣ ҳақ доранд бе мамониат ба оилаҳое раванд, ки он ҷо будани кӯдакон барои ҳаёт ва саломатии онҳо хатарнок аст. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба ин кор кормандони милисаро низ ҷалб карда метавонанд.
Волидон ё яке аз онҳоро аз ҳуқуқҳои волидайнӣ дар сурате маҳрум кардан мумкин аст, ки агар онҳо иҷрои вазифаҳои волидайниашонро рад кунанд, аз ҷумла аз пардохти нафақа саркашӣ кунанд; аз ҳуқуқҳои волидайнии худ сӯиистифода намоянд; бо кӯдакон ҷоҳилона муносибат карда, аз ҷумла нисбат ба онҳо зӯроварии ҷисмонию рӯҳониро раво бинанд; ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо иснод оваранд; майзадаву нашъаманд бошанд ва амалҳои ношоистаи дигар.
Дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон намудҳои ҷиддии дигари вайрон кардани ҳуқуқҳои кӯдак аз ҷониби волидон ё одамони дигар таъкид гардидааст, ки барои содир кардани онҳо ашхоси айбдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Ба ҳимояи кӯдак боби алоҳидаи (боби 20-и) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки он «Ҷиноятҳо бар муқобили оила ва ноболиғон» ном дорад. Байни ҷиноятҳои дар ин боб пешбинишуда моддаҳои зерин ҳастанд:
Моддаи 165 «Ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят», моддаи 167 «Хариду фурӯши ноболиғон», моддаи 168 «Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида», моддаи 171 «Иваз намудани тифл», моддаи 172 «Писархондии (духтархондии) ғайриқонунӣ», моддаи 174 «Иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғон», моддаи 175 «Иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак», моддаи 176 «Сӯиистифода аз ҳуқуқи васӣ ё парастор», моддаи 177 «Барқасдона саркашӣ намудани волидайн аз таъминоти фарзандон» ном доранд, ки вайрон кардани онҳо ҷазои ҷиноятиро дар назар доранд. Ба ин масъала дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бобу моддаҳои дигар низ бахшида шудаанд.
4. МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАКОН АЗ ЗӮРОВАРӢ. Бо тартиботи судӣ ҳама гуна вайронкуниҳои ҳуқуқи кӯдакро ҳимоя намудан мумкин аст. Мутобиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандӣ ва оилавии кӯдак шакли асосии ҳимояи ҳуқуқӣ аст.
Танҳо суд ҳуқуқ дорад, ки: волидонро аз ҳуқуқи волидайнӣ маҳрум кунад ё ки ҳуқуқҳои онҳоро маҳдуд созад; ҳуқуқҳои волидайниро барқарор намояд; кӯдакро ба писархондӣ диҳад ё писархондиро бекор кунад; аз волидайне, ки аз нигоҳубини кӯдак саркашӣ мекунад, нафақа ситонад; муайян кунад, ки баъди аз ҳамдигар ҷудо шудани ҳамсарон кӯдак бо кадоме аз волидон зиндагӣ кунад, барои кӯдакон аз кадоме аз онҳо ва ба кадом андоза нафақа ситонда шавад; падари кӯдакро муқаррар намояд.
Ҳуқуқҳои кӯдакро дар асоси қонун ҳамчунин мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, аз он ҷумла милитсия ва прокуратура ҳимоя менамоянд.
Ҳангоми маълум гардидани вайроншавии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак мақомоти прокуратура ҳақ доранд ва ҳатто вазифадоранд, ки ба мақомот ё шахси мансабдори қарори ғайриқонунӣ қабулкарда эътироз манзур созанд; ба суд бо даъво ба манфиатҳои ноболиғ муроҷиат намоянд; дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё ҷиноӣ парванда кушоянд; дар ҳама гуна марҳилаи ҷараёни судӣ, агар инро ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиғ талаб намояд, ба кор ҳамроҳ шаванд, ба ҳалномаҳо, ҳукмномаҳо, ё қарорҳои ғайриқонунӣ ва беасос қабулшудаи суд эътироз оваранд ва ғайра.
Иштироки прокурор дар мурофиаи судӣ, масалан, аз рӯи парвандаҳое мисли маҳрум кардан аз ҳуқуқҳои волидайнӣ, маҳдуд ё барқарорсозии онҳо, дар бораи писархондӣ ё бекор кардани писархондӣ ҳатмист.
Ваколатҳои прокурор ба вазифаҳои прокуратура оид ба амалӣ сохтани назорат ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва андешидани тадбирҳои пешбиникардаи қонун (бо фарогирии иштирок дар баррасии парвандаҳо аз ҷониби суд, ҳамчунин пешниҳод ва дастгирии даъво дар суд) оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ашхосе, ки вобаста ба вазъи саломатӣ ё синну сол (чун ноболиғӣ) наметавонанд шахсан аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунанд, асос меёбад.
Оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ҳамчунин созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки масалан, қабулгоҳҳои ройгони ҳуқуқӣ ё марказҳои бӯҳронӣ-офиятбахшӣ доранд ва онҳо ба кӯдакони аз зӯроварию истисмор ҷабрдида ёрӣ расонда метавонанд, кӯмаки муайяне мекунанд.
Мафҳумҳоро дар ёд доред: муносибати ношоиста бо кӯдак, зӯроварӣ, истисмори иқтисодӣ, истисмори шаҳвонӣ.
Савол ва супоришҳо:
1. Зӯроварӣ чист ва он нисбат ба кӯдакон чӣ навъ зоҳир мешавад?
2. Ба андешаи Шумо, барои решакан кардани истисмори иқтисодии кӯдакон кадом чораҳо пурсамар шуда метавонанд? Оё ин мавзӯъ барои Тоҷикистон муҳим аст?
3. Дар Тоҷикистон кадом санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ кӯдаконро аз зӯроварӣ ва истисмор ҳимоя мекунанд?
4. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом намудҳои ҷиноят нисбат ба ноболиғон пешбинӣ шудаанд?
5. Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаконро кадом мақомоти давлатӣ таъмин мекунанд?
Реклама