1. КӮДАКОН ВА ҶАНГ. Кӯдакон ва ҷанг мафҳумҳои бо ҳам номувофиқ мебошанд. Кӯдакон бояд қатъиян аз иштирок дар амалиётҳои ҳарбӣ боздошта шаванд. Сарфи назар аз ин, пеши роҳи иштироки кӯдаконро дар амалиётҳои ҷангӣ ба таври пурра гирифтан мушкил аст. Ин аст, ки бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона онҳо мумкин аст ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳ номнавис шуда, ҳамчун шахси иштирокчии амалиётҳои ҳарбӣ дар ҳайати нерӯҳои мусаллаҳ асир гирифта шавад. Ғайр аз ин, аз сабаби тағйир ёфтани моҳияти низоъҳои мусаллаҳона дар шароити феълӣ бисёр вақт муайян кардани фарқият дар байни ашхоси гражданӣ ва комбатантҳо имконнопазир аст. Дар натиҷаи ин онҳо, яъне кӯдакон, ё ба комбатантҳо ёрӣ мерасонанд ва ё дар амалиётҳои ҳарбӣ бевосита иштирок мекунанд. Ҳамаи ин воқеият ба зарурати Протоколҳои иловагӣ ва гузоштани мақсади зерин сабабгор шуданд: то он дараҷае, ки имконпазир аст, ба иштирок дар амалиётҳои ҳарбӣ ҷалб кардани ашхоси синнашон ба 15 нарасида роҳ дода нашавад.
Агар, бар хилофи Протоколҳо, кӯдакон ба амалиётҳои ҳарбӣ ҷалб карда шаванд ва ба асорат гирифтор шаванд, онҳо аз пуштибонии махсус истифода мебаранд. Ба замми ин, кӯдакон ҳамчун як қисми аҳолии гражданӣ аз ҳимояи махсус истифода мебаранд, ба шарте ки онҳо дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок надошта бошанд. Вале дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъала истодааст, ки иштироки кӯдаконро дар низоъҳои мусаллаҳона бартараф намуда ва тарбияи мӯътадили онҳо таъмин карда шавад. Қабули Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак аз 20 ноябри соли 1989 дар ин бора шаҳодат медиҳад. Моддаи 38 Конвенсияи мазкур ба масъалаи низоъҳои мусаллаҳона ва дар он иштирок кардани кӯдакон бахшида шудааст. Конвенсия мафҳумҳои “кӯдак” ва “бачагон”-ро ҳамчун калимаҳои ҳаммаъно истифода бурда ва моҳияти онҳоро баён месозад.
2. ПУШТИБОНИИ КӮДАКОН. Кӯдак ҳар кадом насли инсон эътироф карда мешавад, ки синнаш ба 18 расидааст, истисноанд он ҳолатҳое, ки аз тариқи қонунҳои миллӣ ба балоғатрасӣ дар синни барвақттар дар назар дошта шудааст (Моддаи 1-и Конвенсия)
Қисмати якуми моддаи 38 ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона тааллуқ дорад, ки асоси онро конвенсияҳои Женева ташкил мекунад, мувофиқи онҳо кӯдакон аз пуштибонии махсус истифода мебаранд.
Протоколҳои иловагӣ бошанд, ҳимояи кӯдаконро дар шароити низоъҳои мусаллаҳона боз ҳам васеътар мекунанд.
Давлатҳои иштирокчи бояд ҳамаи тадбирҳоро истифода баранд, то ки ба дар амалиётҳои мусаллаҳона бевосита иштирок кардани кӯдакони синнашон ба 15 нарасида хотима дода шавад. Мувофиқи қисмати сеюми моддаи 38 Конвенсия, давлатҳо на бояд кӯдакони синашон то 15-ро ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳ даъват намоянд. Чун дар Протоколи I , дар Конвенсия дар бораи кӯдак муқаррар карда шудааст, ки дар сурати ба нерӯҳои мусаллаҳ ҷалб кардани ашхосе, ки синашон ба 15 расидааст, вале ҳанӯз 18-ро пур накардаанд, давлатҳои иштирокдор бояд ашхоси синнашон калонро авло донанд.
Банди охирини моддаи 38 татбиқи ҳимояи кӯдаконро бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона алоқаманд мекунонад, ки дар мавриди низоъҳои мусаллаҳона принсипи асосии он нишондоде мебошад, ки мувофиқи он тарафҳои даргир бояд дар байни аҳолии гражданӣ ва комбатантҳо фарқ гузоранд, то ки аҳолии гражданӣ ва объектҳои гражданӣ ба зери хатари аз ҳад зиёд гузошта нашаванд. На ба аҳолии гражданӣ, дар маҷмӯъ, на ашхоси алоҳидаи гражданӣ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд, танҳо объектҳои ҳарбӣ объекти ҳамла шуда метавонанд. Ин принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона дар конвенсияҳои Женева таҳким ёфтаанд, ду Протоколи иловагӣ бошанд, онҳоро густариш медиҳанд. Мутобиқи протоколҳо, ҳамла ба аҳолии гражданӣ манъ карда шуда ва ҳуқуқи онҳо дар хусуси нигоҳубин ва кӯмак таъмин карда мешавад.
Мувофиқи Конвенсияи чоруми Женева ҳамаи таҳвил (посилка) бо ғизоии зарурӣ, ашё ва воситаҳои мустаҳкамкуние, ки барои кӯдакони то 15-сола, барои занони ҳомила ва навтаваллудкарда пешбинӣ шудаанд, гузаронидан озод аст (Моддаи 23). Дар баъзе нишондодҳои дигари Конвенсияи IV Женева, Протоколи I низ чунин кафолат дода шудааст. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, дар баробари меъёрҳои дигари ҳуқуқи байналмилалӣ, дар таъмини ҳимояи кӯдакон дар мавриди низоъҳои мусаллаҳона воситаи муҳим мебошад. Дар робита ба ин масъала бояд гуфт, ки Конвенсия ба давлатҳо имконият медиҳад, ки дар меъёрҳои ҳуқуқи миллӣ бо дар назардошти манфиатҳои онҳо ҳимояи васеътари кӯдакононро муқаррар намоянд.
Дар Протоколи иловагӣ ба Конвенсия (аз 25 майи соли 2000-ум) (минбаъд Протоколи иловагии I) дар бораи ҳуқуқи кӯдак, давлатҳои иштирокчии Протоколи иловагии мазкур тамоми тадбирҳои имконпазирро меандешанд, то ки хизматчиёни ҳарбии синнашон ба 18 норасида бевосита дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок накунанд, ҳатто онҳо ба нерӯҳои мусаллаҳ даъват карда нашаванд. Илова ба ин, давлатҳо синну соли ақали ашхоси даъвати ихтиёриро ба нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ баланд бардоранд.
Давлатҳои иштирокчии Протоколи иловагии I, ки ба даъвати ихтиёрии ашхосе, ки ҳанӯз синну солашон ба 18 нарасидааст, роҳ додаанд, кафолати муайян медиҳанд, ки ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя карда мешаванд.
Ба кафолатҳо мансубанд:
Қисмати 3, моддаи 3, Протоколи иловагии I. |
Ашхосе, ки синнашон ба 18 нарасидааст, на бояд ба нерӯҳои мусаллаҳе ҷалб карда шаванд, ки аз нерӯҳои мусаллаҳи давлат фарқ дошта бошад ва дар амалиётҳои мусаллаҳона истифода бурда шавад. Ба ҳамин мақсад давлатҳои ииштирокдор ҳамаи тадбирҳои имконпазирро меандешанд, то ки чунин ҷалбкунӣ ва истифодабариро пешгирӣ кунанд.
Қоидае муҳиме мавҷуд аст, ки мувофиқи он, агар дар қонунгузории миллии давлатҳои иштирокчӣ ва қарордодҳои байналмилалӣ ё дар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона нишондодҳое муқаррар карда шуда бошанд, ки онҳо ба ҳифзи беҳтари ҳуқуқи кӯдак мусоидат намоянд, пас нишондоди Протоколи иловагӣ ба истифодаи он монеъ намешавад ва онро истисно ҳам намекунад. Аз ин лиҳоз, он тадбирҳоеро ҳавасманд мекунад, ки татбиқи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳимояи ҳамаҷонибаи онҳоро беҳтар мегардонанд. Агар таблиғоти ашхоси синашон то ба 18 ба амалиётҳои ҳарбӣ ҷой дошта бошад, пас давлатҳои иштрокчӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ки онҳо аз хизмат озод ва ё аз хизмати ҳарбӣ ба тарзи дигар ҷавоб дода шаванд.
Дар баробари ин, аз ҷониби қарордодҳои махсуси байналмилалӣ масъалаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон дар Конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ ба онҳо низ ҳаллу фасл карда мешаванд. Дар асноди номбурда усули умумии ҳимояи кӯдакон ва ашхосе, ки дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок намекунанд, дар назар дошта шудааст – ҳамчун ашхоси, ки ба ёрии дигарон эҳтиёҷ доранд, ва ниҳоят, дар бораи кӯдаконе, ки дар амалиётҳои ҳарбӣ ширкат меварзанд.
3. КӮДАКОН ҲАМЧУН АҲОЛИИ ГРАЖДАНӢ. Кӯдакон, ҳамчун як қисми аҳолии гражданӣ, ба зери амали ҳамаи он меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона дохиланд, ки ба пешбурди ҷанг дахл доранд. Аз он ҷумла, дар давраи низоъҳои байналмилалӣ кӯдакон дар зери пуштибонии Конвенсияи IV Женева дар бораи ҳимояи аҳолии гражданӣ дар давраи ҷанг мебошанд. Ин ба онҳо паҳншавии ҳамаи принсипҳои муносибати башардӯстона бо мардум – эҳтиром нисбати ҳаёт, дахлнопазирии ҷисмонӣ ва равонӣ, манъи ҳар гуна маҷбуркунӣ, ҷазои ҷисмонӣ, шиканҷа ва ғайра.
Дар давраи низоъҳои мусаллаҳонаи дорои моҳияти байналмилалӣ кӯдакон ҳам дар зери ҳимояи ашхосе ҳастанд, ки дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок намекунанд ва ҳам онҳое, ки дар моддаи 3 дар назар дошта шуда, барои ҳар чор Конвенсияи Женева умумӣ мебошанд. Тибқи нишондодҳои онҳо, дар мавриди ин низоъҳо кӯдакон ба муносибати башардӯстона ҳуқуқ доранд, бояд ба сӯиқасд бар зидди ҳаёт ё шаъну шарафи онҳо роҳ дода нашавад. Дар Протоколи II низ принсипе баён шудааст, ки мувофиқи он аҳолии гражданӣ ва ашхоси алоҳидаи гражданӣ на бояд объекти ҳамла қарор дода шаванд.
Принсипҳои махсуси ҳимояи кӯдакон дар Протоколи I таҳким ёфтаанд, ки мувофиқи онҳо кӯдакон аз эҳтироми махсус истифода мебаранд ва ҳимояи онҳо аз ҳама гуна сӯиқасди нораво таъмин карда мешавад. Тарафҳое, ки дар ҳолати низоъ қарор доранд, онҳоро аз он ҳимоя ва кӯмаке таъмин менамоянд, ки бо дар назардошти синну сол ё бо сабабҳои дигар талаб карда мешавад.
Протоколи II низ нисбати низоъҳои мусаллаҳонаи дорои моҳияти ғайрибайналмилалӣ чунин нишондод дорад. Ҳамин тариқ, ҳарду Протоколи иловагӣ тадбирҳои махсуси ҳимояи кӯдаконро дар шароити махсус – дар давраи низоъҳои мусаллаҳона дар назар доранд.
Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона нишондодҳои махсус дар бораи ҳимояи кӯдакон аз оқибатҳои амалиётҳои ҳарбиро дорад. Мутобиқи Протоколи I кӯдакони нав тавлидёфта бо захмбардоштагон баробар дониста шудаанд. Кӯдакони то 15-сола ва модарони кӯдакони то 7-сола ба гурӯҳи аҳолии гражданӣ мансубанд, аз ин рӯ бояд ба минтақаҳои санитарӣ ва бехатарӣ ҷой дода шаванд, ки тарафҳои дар низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ ширкаткунанда ташкил кардаанд (Моддаи 14 Конвенсияи IV Женева), онҳо бояд аз минтақаи дар муҳосирамонда кӯчонида шаванд.
Протоколи I кӯчонидани кӯдаконро ҳамон вақте дар назар дорад, ки зарурат ба миён ояд, лекин Протоколи II бошад, кӯчонидани кӯдаконро аз минтақаи амалиётҳои низомӣ ва низоъҳои ҳарбии дорои моҳияти ғайрибайналмилали буда ба минтақаҳои бехатари худи ҳамон мамлакатро дар назар дорад.
Конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ муқаррар менамоянд, ки тарафҳо дар низоъи мусаллаҳонаи байналмилалӣ бояд ҳимоя ва кӯмаки кӯдаконро кунанд. Бо ин мақсад давлатҳои иштирокчии қарордодҳои байналмилалии дар боло зикргардида бояд барои таҳвилҳо (посилкаҳо) роҳ кушоянд, ки онҳо барои кӯдакони то 15-сола ва занҳои таваллудкарда таъйин гардидаанд. Дар мавриди тақсими кӯмаки башардӯстона бояд ба кӯдакон ва занҳои ҳомила афзалият дода шавад. Тарафҳои аҳду паймонкунанда вазифадоранд ба якшавии аъзои оилаҳо мусоидат намоянд, ки дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона аз ҳам ҷудо карда шудаанд. Давлати забткор бояд тамоми чораҳоро баҳри таъминот ва таҳсилоти кӯдакони ятим ё кӯдаконе, ки аз волидонашон ҷудо карда шудаанд, биандешанд, ба шарте ки онҳо ба таъминоти волидон ё наздикон фаро гирифта нашуда бошанд; давлате, ки кӯдакон дар зери ҳокимияти он мебошанд, бояд таҳсилоти кӯдаконро таъмин намоянд ва ғайра.
Дар Конвенсияи IV Женева диққати махсус ба воқеаҳое дода шудааст, ки кӯдакон ятим мемонанд ё дар натиҷаи ҷанг аз волидонашон ҷудо шудаанд. Тарафҳои низоъ вазифадоранд, ки баҳри таъмини зарурати зиндагӣ ва тарбияи кӯдаконе, ки синашон то 15сола буда, дар натиҷаи ҷанг ятим мондаанд ва ё аз оилаҳояшон ҷудо шудаанд, тадбирҳо андешанд. Роҳ додан мумкин нест, ки ин кӯдакон ба ҳоли худ гузошта шаванд, онҳоро ҳатталимкон дар мамлакатҳои бетараф ҷой кардан лозим аст.
Ҳолатҳое аз эҳтимол дур нест, ки кӯдакон ба комбатантҳо ёрӣ мерасонанд ё дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок мекунанд ва дар амал худ ба комбатантҳо мубаддал мегарданд.
4. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАКОН-КОМБАТАНТҲО.
Кӯдакон-комбатантҳо кистанд? Кӯдаконе, ки дар ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи тарафҳои дар низоъбуда дохиланд, комбатант мебошанд.
Ҳарду Протоколи иловагӣ ба ҳайати артиши амалкунанда ҷалб кардани ашхосеро, ки синашон ба 15 нарасидааст, манъ мекунанд. Протоколи I ба тарафҳои дар низоъ иштироккунанда, агар онҳо кӯдакони синнашон аз 15 то 18-ро ба артиши худ ташвиқ мекарда бошанд, тавсия мекунанд, ки барои ин кор синну соли калонро ихтиёр кунанд. Сарфи назар аз ин гуфтаҳо, агар кӯдакони синнашон то 15 норасида дар амалиётҳои ҳарбӣ бевосита иштирок кунанд ва ба асорат афтанд, пас онҳо дар зери пуштибонии махсуси аз тарафи Протокол додашуда мондан мегиранд.
5. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи чаҳор Конвенсияи Женева ва Протоколҳо ба онҳо имзо кардааст. Ин ҳуҷҷатҳо 26 феврали соли 1993 ба қувваи қонунӣ даромадаанд.
Конвенсия дар бораи кӯдак аз 20 ноябри соли 1989-ро Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 имзо гузоштааст ва он 25 ноябри соли 1993 ба қувваи қонунӣ даромадааст. Протоколи иловагии факултативӣ ба Конвенсия дар бораи кӯдак, ки ба кӯдакони ятим дар низоъҳои мусаллаҳона дахл дорад (Протоколи факултативии I) аз 25 майи соли 2000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июни соли 2003 ба имзо расид ва 5 сентябри соли 2003 ба қувваи қонунӣ даромад.
Дар асоси Конвенсия дар бораи кӯдак Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи тадбирҳои имконпазирро баҳри он меандешад, ки кӯдакони синнашон то 15 нарасида бевосита дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок накунанд. Онҳо набояд барои хизмат дар қувваҳои мусаллаҳ даъват карда шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки тамоми чораҳоро меандешад, то ки дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон, ки дар Конвенсия зикр ёфтаанд, инчунин татбиқ ва ҳолати ҳимояи кӯдаконро ҳам ба калонсолон ва ҳам ба кӯдакон мерасонад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор мешавад, ки ба Комитет доир ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи тадбирҳо оид ба дар қонқунгузории миллӣ таҳким ёфтани ҳуқуқҳои конвенсионӣ ва ҳолати татбиқи онҳо маърӯзаҳо пешниҳод намояд.
Маърӯзаҳо пешниҳод карда мешаванд:
Нисбати масъалаи ҷалби кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона оид ба Протоколи факултативӣ давлат вазифаҳои васеъу бештарро ба зимма мегирад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокдори Протоколи факултативӣ кадом ӯҳдадориҳоро ба зимма мегирад?
Ӯҳдадориҳои асосии давлат инҳоанд:
Ин тадбирҳо ба риояи минбаъдаи ҳуқуқи кӯдакон, ки дар қарордодҳо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтааст, мусоидат мекунанд, баҳри татбиқ ва дар сурати вайрон карда шудани ҳуқуқҳои кӯдакон, барои ҳимояи ҳамаҷонибаи онҳо шароити зарурӣ муҳайё менамоянд.
Мафҳумҳоро дар ёд доред: кӯдак, кӯдакон-комбатантҳо, кӯчонидан (эвакуатсия), пуштибон, минтақаҳои санитарӣ, минтақаҳои бехатарӣ, Комитет оид ба ҳуқуқи кӯдак,Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқҳои конвенсионӣ.
Савол ва супоришҳо:
1. Асноди ҳуқуқи байналмилалиро, ки ҳуқуқҳои кӯдаконро инъикос кардаанд, номбар кунед. Бигӯед, ки дар кадоми онҳо меъёрҳои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон дар мавриди низоъҳои мусаллаҳона инъикос гардидаанд.
2. Оё Шумо дар бораи таърихи қабули асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз он ҷумла ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон бахшида шудаанд, иттилоъ доред?
3. Дар асноди ҳуқуқи байналмилалӣ кадом меъёрҳои ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон бахшидашуда боиси таваҷҷӯҳи махсуси шумо гардиданд ва барои чи?
4. Киҳоро кӯдакон-комбатантҳо меноманд ва барои ҳимояи онҳо кадом меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстона вуҷуд доранд?
5. Дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чиҳо гуфта метавонед?
Реклама