1. МАФҲУМИ “АШХОСИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД”.
Ба гурӯҳи одамони имконияташон маҳдуд на ҳар кас дохил мешавад. Ченаки асосии ин гурӯҳ имкониятҳои ҷисмонии шахс мебошад. Яъне камбудиҳои ҷисмонӣ ба ин гурӯҳи одамон имконият намедиҳанд, ки бе ёрии дигарон ҳаёти барои инсон сазовор ба сар баранд.
Дар умри ҳар кас на як бору ду бор воқеаҳое рух медиҳанд, ки дар натиҷа имконияҳои ӯ маҳдуд мегарданд, лекин аксар вақт онҳо моҳияти муваққатӣ доранд: дар натиҷаи табобат баъди муддате шахси мариз, маъюб ва ё захмбардошта шифо ёфта, қобилияти фикрӣ, ҷисмонӣ ва кории худро аз нав барқарор карда, зиндагии пурбаракати худро идома медиҳад. Онҳое, ки сифатҳои солимии худро барқарор карда наметавонанд ва ба ёрии давлату ҷомеа ва мову шумо эҳтиёҷ доранд, ба гурӯҳи иҷтимоии имконияташон маҳдуд дохил мешаванд.
Ашхоси имконияташон маҳдуд натанҳо дар давоми умр дар натиҷаи касалмандию ягон воқеаи дигар ба ин гурӯҳ дохил мегарданд. Шумораи онҳое ҳам, ки аз модар бо камбудиҳои ҷисмонӣ ба дунё меоянд, кам нестанд. Инҳо кӯдакони касалманд, шал, касалиҳои рӯҳидошта, нобино ва кару гунг мебошанд, ки баъзеи онҳо табобатнашавандаанд.
Ашхоси номбурда сарфи назар аз синну солашон ба гурӯҳои одамони имконияташон маҳдуд дохил мешаванд. Вале боз гурӯҳи калони дигари одамон барои он имконияти маҳдуд доранд, ки маъюбони ҷанг ва ё пиронсол буда, бе ёрию сарпарастӣ аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба таври пурра истифода бурда наметавонанд. Ҳамаи онҳо ба гурӯҳи иҷтимоии имконияташон маҳдуд дохиланд,
Вале дар байни гурӯҳҳои иҷтимоии имконияташон маҳдуд ва ба ҳимоя эҳтиёҷманд фарқият гузоштан лозим аст. Ҳайати гурӯҳи ба ҳимоя эҳтиёҷманд васеъ аст, он ҳам ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд ва ҳам кӯдакон, занон, ятимон, хонандагон, ҷавонон, бесарпарастон ва амсоли инро дар бар мегирад.
1. Киҳо ба раҳму шафқат ва ёрии мо эҳтиёҷ доранд?
2. Ба ашхоси имконияташон маҳдуд кадом гурӯҳҳои иҷтимоӣ дохиланд?
2. МАФҲУМИ “АШХОСИ ПИРОНСОЛ”. Бояд муайян кард, кадоме аз ин се гуруҳи нафақахӯрон ба категорияи пиронсолон дохиланд:
Дар илм аниқ муайян нашудааст, ки маҳдудшавии имкониятҳои пиронсолон аз чандсолагӣ оғоз меёбад. Баъзеҳо бар онанд, ки ин син аз 70 – солагӣ оғоз меёбад, дигарон аз 75 – солагӣ меҳисобанд. Метавон ҳардуи ин синну солро қабул кард. Чунки аз ҷиҳати ҷисмонӣ синни пиронсолӣ маҳз дар 70 фаро мерасад. Бояд гуфт, ки оғози синни пиронсолии каси эҷодкор нисбат ба синни пиронсолии ашхоси дигар дертар фаро мерасад. Ҳар хеле ки набошад, маҳз нафақахӯрон аз ҳамин синни 70 – 75-солагӣ ба категорияи пиронсолон дохил мегарданд. Дар нафақа будан ҳанӯз маънии онро надорад, ки шахс пиронсол аст.
1. Кадом ашхосро метавон пиронсол номид?
3. МУШКИЛОТИ АШХОСИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ВА ВАЗИФАҲОИ ДАВЛАТУ ҶОМЕА. Чӣ тавре ки дидем, категорияҳои одамони имкониятшон маҳдуд гуногун аст. Акнун маълум мекунем, ки ашхоси гуногуни ин гурӯҳи аҳолӣ дар ҷараёни зиндагии худ ба чӣ ниёз доранд ва ба кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.
Онҳое, ки мустақилона роҳ рафта наметавонанд. Ба ин гуна шахс одаме даркор аст, ки барои ӯ хӯрок пазад, тан ва сару либосашро шӯяд, аз дӯкон нашрияҳои даврӣ ва аз бозору мағоза моли ниёзи ӯро харидорӣ намояд, ҷойхобашро ба тартиб дарорад, аробача лозим аст, ки ӯро ба мактаб, сайругашти ҳавои тоза ва ё ба ҷои дигар барад, ба нақлиёти ҷамъиятӣ савор карда, аз он фурорад, ба хонаи хешу табор ва ёру дӯстон бурдаю биёрад ва ғайра.
Онҳое, ки кару гунг мебошанд. Дар зиндагии ин ашхос мушкилии дигар рӯ ба рӯ мешавад. Атрофиён бо ҳамдигар ҳарф мезананд, лекин кару гунгҳо онҳороро намефаҳманд ва бо алам афсус мехӯранд, ки намешунаванд ва нутқи овоздор надоранд. Бо имову ишораи “гап задан”-и онҳоро атрофиён ва “мусоҳибон” хуб намефаҳманд. Дар муносибатҳои гуногун бо ҳамкорон, дар кӯча, бозор, мағоза, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайра боз ҳамон мушкилӣ ба миён меояд. Онҳо имконияти шунидани овози радио ва барномаҳои телевизионро надоранд. Ку шахсе, ки ба чунин ашхос ёвар бошад ва дар корҳои зиёди дигар ҳам, ки ба шунидану ҳарф задани кас алоқаманд аст, ба онҳо кӯмак расонад.
Онҳое, ки нобино мебошанд. Ин ашхос дар амал бе ёрӣ аз ӯҳдаи аксар корҳо баромада наметавонанд. Барои онҳо олами беруна торик аст. Бе ёрии ягон кас дар кӯча роҳи даркории ҳаракати худро бо осонӣ намеёбанд. Ба ҷои кори худ ҳозир шуда наметавонанд. Маводи чопии муқаррариро хонда наметавонанд. Барои савод баровардани худ аксар вақт мактабу омӯзгорони махсус тайёркардаро намеёбанд. Ҳамсӯҳбати худро намебинанд. Дар фарқ кардани ин ва ё он шинос мушкилӣ мекашанд. Аз тамошои ҳаргуна маводи тасвирдор – аксу суратҳо, рангҳо, тасвироти филмҳо, барномаҳои телевизион маҳруманд.
Онҳое, ки пиронсоли танҳоянд. Барои онҳое, ки айёми пириашон дар ҳалқаи фарзандон ва набераю аберагон, хешу табор, ёру дӯстон ва ҳамсоягон хуб мегузарад, пиронсолӣ давраи давлати пирӣ рондан, ҳаловату истироҳат ва марҳалаи нави ҳаёти хушу хурсандона аст. Вале барои онҳое, ки дар дами пирӣ бе кас куй мондаанд ва шабу рӯз ба ёрию сарпарастӣ эҳтиёҷ доранд, давраи пиронсолӣ марҳалаи мушкилу бо дарду алам ва ноумедиҳо мебошад. Чунин одамони пиронсолро дар хона-интернатҳо ҷой медиҳанд Вале ин парасторгоҳҳо меҳру муҳаббати пайвандон, наздикон ва дидори ширини онҳоро иваз карда наметавонанд. Чӣ бояд кард, ки даврони пиронсолии ин ашхос ҳаловатбахш гузарад дар баробари ин ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи инсонии онҳо ҳимоя карда шаванд.
Онҳое, ки касалманд ва маъюб (инвалид) ҳастанд. Касалмандон ва маъюбон низ мисли ашхоси дигари имконияташон маҳдуд дар зиндагии худ ба мушкилоти сершумор рӯ ба рӯ мешаванд. Ин ашхос гарчанде дар зери назорату ғамхории доимии табибон қарор доранд, озурдахотир мебошанд. Онҳо мақсадҳои инсонии худро на ҳама вақт дар амал татбиқ карда метавонанд. Идораҳои бюрократӣ муроҷиатҳои ҳаққонии онҳоро бисёр вақт қонеъ намегардонанд. Барои харидории доруворӣ ва табобат дар беморхонаю дармонгоҳҳо на ҳама вақт маблағ пайдо карда метавонанд. На ҳамаи маъюбон аз воситаҳои ҳаракат, протези баландсифат ва воситаҳои дигар таъминанд.
Онҳое, ки якумр бистарианд. Ин ашхос дар ҳама кор мушкилӣ доранд: дар қазои ҳоҷат, шустушӯй истеъмоли хӯрок ва ғайра. Аз тамошои табиати атроф, ба ҷое рафтан ва ё барои худ ашёеро харидорӣ кардан, ба кори дӯстдошта шуғл варзидан ва ғайраю ва ҳоказоҳо маҳруманд. Сабаби асосии ин ҳолати ногувор якумра бистарӣ будани онҳо мебошад. Зиндагӣ кардани ин гуна одамон танҳо бо ёрии дигарон имконпазир аст. Маъмулан ин вазифаро наздикону пайвандон иҷро менамоянд.
Онҳое, ки ноқисулақл мебошанд. Ашхоси ноқисулақл бар хилофи баъзе категорияҳои дигари ашхоси имконияташон маҳдуд мустақилона аз ӯҳдаи иҷрои қисме аз корҳо баромада метавонанд, гарчанде ки дар ин ҷода аз болои онҳо назорат зарур аст. Дар даврони мактабхонӣ кӯдакони ноқисулақл аз ӯҳдаи аз бар кардани талаботи барномаҳои таълимии барои мактабҳои таҳсилоти умумии муқаррарӣ мураттабгардида баромада наметавонанд. Аз ин рӯ, барои онҳо мактабҳои махсусе лозиманд, ки дар он ҷо шогирдон аз рӯи нақшаю барнома ва китобҳои дарсию роҳу усулҳои махсус таълим дода шаванд. Ин ашхос ҳам ба ёрӣ ва сарпарастии доимӣ эҳтиёҷ доранд.
Онҳое, ки гирифтори касали рӯҳианд. Мушкилоти ин ашхос аз мустақилона аз ӯҳдаи ҳимояи ҳуқуқҳои худ баромада натавонистан ба миён меоянд. Аксарияти ин мушкилот ба ҷараёни табобати ин касалмандон ва ҳимояи иҷтимоии онҳо алоқаманданд.
Ашхоси имконияташон маҳдуд шаҳрвандони комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд аз ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ бархурдор бошанд, дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, ва ҳатталимкон дар соҳаҳои иқтисод ва фарҳанг фаъолият намоянд. Дар ин ҷода танҳо ашхоси аз ақл бегонабуда фаъолият карда наметавонанд.
Дар таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва зиндагии сазовори ашхоси имконияташон маҳдуд давлат ва ҷомеа масъуланд. Давлат баҳри иҷрои бомуваффақияти ҳуқуқу озодиҳо ва шароити мусоиди кору зиндагии ин ашхос тадбирҳои муассир меандешад. Қонуну барномаҳои миллӣ қабул карда, иҷрои онҳоро ба зери назорат мегирад, арзу шикояти қонунии ин ашхосро саривақт баррасӣ мекунад, барои онҳо имитиёзҳои махсуси иҷтимоӣ муқаррар менамояд ва ғайра.
Дар ҳалли мушкилоти ашхоси имконияташон маҳдуд аҳли ҷомеа – нерӯҳои сиёсӣ, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, васоити ахбори умум, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, соҳибкорон, тоҷирон, сарватмандон ва шаҳрвандони дигар иштирок мекунанд. Вазифаи асосии давлат ва ҷомеа дар муносибат ба ашхоси имконияташон маҳдуд аз он иборат аст, ки барои онҳо шароити кору зиндагии сазовор муҳайё карда шавад. Бояд гуфт, ки яке аз ченакҳои асосии давлати мутамаддин муносибати давлат ва ҷомеа ба ашхоси касалманду пиронсол ва сатҳи зиндагии онҳо мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ашхоси имконияташон маҳдуд бо ғамхории давлат ва ҷомеа фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора қонунҳое, ки тӯли 17 соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баҳри таъмини ҳуқуқҳои онҳо қабул карда шуда, дар амал татбиқ гардидаанд, шаҳодат медиҳанд.
1. Мушкилоти ашхоси имконияташон маҳдуд дар чӣ зуҳур меёбад?
2. Магар ҳамаи онҳо имкониятҳои маҳдуди якхела доранд?
Мафҳумҳоро дар хотир нигоҳ доред: ашхоси имконияташон маҳдуд, ашхоси пиронсол, кару гунг, нобино маъюб (инвалид), ноқисулақл, ашхоси гирифтори касалиҳои рӯҳӣ, ҳуқуқу озодиҳои ашхоси имконияташон маҳдуд, имтиёзҳои махсуси иҷтимоӣ
Савол ва суполришҳо:
1. Кадом категорияҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳи имконияташон маҳдуд дохиланд?
2. Дарси имрӯзаи мо ба ашхоси имконияташон маҳдуд бахшида шудааст. Зимни ин масъала фикри хешро баён созед
3. Оё нисбати ашхоси имконияташон маҳдуд боре андеша кардаед?
4. Дар бораи зиндагии як шахси ба шумо шиноси имконияташ маҳдуднақл карда, бигӯед, ки ӯ ба кадом ёрӣ эҳтиёҷ дорад.
Реклама