§36. РИОЯИ ҲУҚУҚҲОИ АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ

1. РИОЯИ ҲУҚУҚҲОИ АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Дар Тоҷикистон тавре қайд кардем, намояндагони халқҳо ва қавмҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва аз ин лиҳоз эътироф ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо яке аз шартҳои муҳимтарини рушди демократия, таъмини эътидоли сиёсӣ ва иҷтимоист.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалии ҳуқуқиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ тасдиқ карда ва онҳоро дар сиёсати миллии худ ба роҳбарӣ мегирад.

Дар сатҳи конститутсионӣ моҳияти сермиллатии ҷумҳурии мо таҳким бахшида, ҳуқуқҳои махсуси ақаллиятҳои миллӣ эътироф карда шудаанд, дар сатҳи қонунгузорӣ бошад, ба ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ҳуқуқ ба махсусиятҳои худ пешниҳод гардида, ғайриқонунӣ ва ҷинояткорона будани амалҳои зӯроварона нисбат ба онҳо эътироф карда шудааст ва вазифаҳои давлат оид ба барқарорсозии ҳуқуқҳои онҳо, ҷуброни зарари расонидашуда муқаррар гардидааст.

«Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».

«Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд».

«Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ… ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». «Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст».

Аз моддаҳои 2, 6, 17, 30-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман зиёда аз 15 ҷамоаи миллӣ, яъне созмонҳои ташкилдодаи ақаллиятҳои миллӣ, ки ҳуқуқи худро ба таъсиси ассосиатсияҳо татбиқ сохтаанд, ба қайд гирифта шуда, амал мекунанд. Инҳо ҷамоаҳои озарбойҷониҳо, арабҳо, арманиҳо, гурҷиҳо, яҳудиён, қирғизҳо, кореягиҳо, немисҳо, осетинҳо, тотору бошқирдҳо, туркманҳо, уйғурҳо, русҳо, ӯзбекҳо, украинҳо ва ҷамоаи халқҳои Кавказ мебошанд.

Дар қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» шаклу имкониятҳое, ки дар доираи онҳо ин ҷамоаҳо амал карда метавонанд, муайян карда шудаанд. Ғайр аз ин муқаррарот оид ба истифодаи забони модарӣ дар қонун «Дар бораи забон» (1991) зикр гардидаанд.

Дар айни замон инҳоро принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои байни миллатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобидан мумкин аст:

  • баробарии ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд сарфи назараз нажод, миллат, забон, муносибат ба дин, мансубият ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
  • манъи ҳама гуна шаклҳои табъизи шаҳрвандон аз рӯи аломатҳоинажодӣ, миллӣ, забонӣ ё мансубияти динӣ;
  • ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд баҳри муайян кардан ва нишон доданимансубияти миллии худ бе ҳеҷ гуна маҷбурсозӣ;
  • кӯмак кардан ба рушди фарҳангҳои миллӣ ва забонҳои халқҳоиТоҷикистон;
  • ҳалли саривақтӣ ва осоиштаи ихтилофот ва низоъҳо дар ҳудудиҷумҳурӣ;
  • манъи фаъолияти ба суст кардани амнияти давлатнигаронидашуда, барангехтани хусумати нажодӣ, миллӣ ва динӣ, бадбинӣ ё душманӣ.

Ба андешаи Шумо оё дар ҷаҳони имрӯза давлати сермиллат бунёд кардан мумкин аст?

2. МАСЪАЛАҲОИ РИОЯИ ҲУҚУҚҲОИ АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАҲОН ВА ТАҶРИБАИ ҲАЛЛИ ОНҲО. – Дар оғози ҳазорсолаи сеюм тамоюлҳои глобалие мушоҳида мешаванд, ки зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсии, дар тақдири бисёр наслҳо таҷассумёбанда ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла ҳамгироии идомадоштаи мамлакатҳои аврупоӣ, бавуҷудоии фазои умумиҷаҳонии иттилоотӣ, алоқамандии афзояндаи байниҳамдигарии иқтисодӣ ва баланд гардидани нақши илмро қайд кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин кӯшишҳои муқовимат кардан ба равандҳои интернатсионализатсия, болоравии оштинопазирӣ ба ақаллиятҳои миллӣ баръало намоён мебошад. Ҳаёт ақидаеро, ки гӯё ҳамаи масъалаҳои дохилиро бо ёрии ҷудосозии сиёсӣ ё сарҳадҳои пӯшида ҳал кардан мумкин аст, рад мекунад.

Робитаҳои таърихан ташаккулёфтаи байни фарҳангҳо, муҳоҷират, бойшавии мутақобилаи фарҳангию забонӣ хусусиятҳои табиии ҳаёти имрӯза мебошанд. Маҳз мубодилаи байниҳамдигарии фарҳангӣ миллатҳо ва қавмҳои имрӯзаро ташаккул додааст, робитаҳои доимии забонӣ бошанд, асоси инкишофи бисёр забонҳои дунё гардидаанд. Ҳол он ки халкҳои аз нигоҳи қавми-таърихӣ гуногун бисёр вақт ба як дин мансуб мебошанд.

Ҷомеа ва давлатҳои шаклҳои идоракуниашон пешрафта механизмҳои ба ризоияти ҷамъиятӣ мусоидаткунандаро ба вуҷуд меоранд. Қонунгузориҳо дар бораи ақаллиятҳои миллӣ дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон дар худ қонунгузориҳои забонӣ, қонунҳо оид ба иштироки ақаллиятҳои миллиро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва маориф фарогиранд.

Манъи табъиз аз рӯи аломатҳои забон имрӯз стандарти аз ҷониби умум эътирофшудаи қонунгузории забонист. Принсипҳои дар санадҳои байналмилалӣ эълонгаштаи баробарҳуқуқӣ, ҳуқуқҳои сиёсӣ ва манъи табъиз аз рӯи аломатҳои қавмӣ барои иштироки ақаллиятҳо дар ҳаёти сиёсӣ дар асосҳои баробар бо миллати номвар асоси муайяни ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Аммо, чун қоида, имкониятҳои онҳо гуногунанд ва баробарии расмӣ баробарии аслиро ба вуҷуд намеорад. Баъзе мамлакатҳо оид ба ҳалли ин проблемаҳо аллакай таҷриба ғун кардаанд. Агар сухан дар бораи имкониятҳои ғайрирасмии иштироки сиёсӣ равад, ҳизбҳои сиёсии ақаллиятҳои миллӣ имкониятҳои намояндагии худро дар ҳамкорӣ бо ҳизбҳои умумимиллӣ афзун мегардонанд. Масалан, дар Австрия баъзе ташкилотҳои ҳизбии словенӣ бо ҳизбҳои умумимиллӣ созишномаҳои пешазинтихоботӣ ба имзо мерасонанд.

Механизмҳои ҳуқуқии таъмини иштироки ақаллиятҳо ва ҳифзи манфиатҳои онҳо метавонанд ҳам дар марҳилаи рафти интихобот ва ҳам дар худи парлумон ба вуҷуд оварда шаванд.

Имтиёзҳо дар интихобот пеш аз ҳама озодсозии ҳизбҳои ақаллиятҳои миллӣ аз иҷрои талаботе мебошанд, ки дар роҳи ҳизбҳои камаъзо ба парлумон монеа мешаванд. Чунончи, масалан, агар қонунгузории мамлакат пешбинӣ намояд, ки дар интихобот фақат ҳизбҳои на камтар аз 5 % шумораи умумии овозҳои интихобкунандагонро ҷамъкарда иштирок карда метавонанд, ин қоида ба ҳизбҳои намояндагикунандаи ақаллиятҳои миллӣ паҳн намегардад. Чунин амалия аз ҷумла дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон мавҷуд аст.

Усули дигари таъминсозии намояндагии ақаллиятҳои миллӣ, ки ба сабаби камшуморӣ ба парлумон ва дигар мақомоти ҳокимият дар асосҳои умумӣ ворид шуда наметавонанд, бурсияҷудокунӣ (квота), яъне ба ҳизбҳои намояндагикунандаи ақаллиятҳои миллӣ додани ҷойҳои муайян аст. Чунончи, масалан, дар Ҳиндустони аҳолиаш беш аз миллиард нафар барои намояндагони ҷомеаи англоҳиндӣ, ки ба сабаби камшумор буданашон ба парлумон пешниҳод намегарданд, ҷойҳои эҳтиётӣ ҷудо карда мешаванд.

Лаҳзаи маърифатӣ дар таҳкиму такмили соҳаи (институти) мактабҳои миллии таҳсилоти умумӣ ҳамчун усули нигаҳдорӣ ва рушди фарҳанг ва забони ҳар як халқи дар давлат зиндагидошта ифода мегардад. Ба ин тарз мактабҳое таъсис меёбанд, ки дар онҳо ба ҷуз барномаи таҳсилоти умумӣ, хонандагон забони модарӣ ва фарҳанги халқи худро низ меомӯзанд.

Махсусияти масъалаҳои ақаллиятҳо ва муносибати онҳо бо аксарияти пешоҳанг чун таҳияи амсилаҳои ҳамгироии рушд метавонанд кӯшишҳои иловагӣ талаб намоянд. Ғайр аз ин, ба назар гирифтани алоқамандии байниҳамдигарии урфу одатҳо, анъанот ва маросимҳои миллӣ бо дин, дастгирии кӯшишҳои ташкилотҳои динӣ бобати кор бо ақаллиятҳои миллӣ зарур аст.

Тадбирҳои дигари самараноки ба нармсозӣ ва ҳалли масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ мусоидаткунанда инҳо шуда метавонанд:

  • таъсиси мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои ақаллиятҳо;
  • ташкил кардани чунин шакли иттиҳодияи ҷамъиятӣ чунмухторияти миллӣ-фарҳангӣ (ин ҷо барандаи ҳуқуқҳои миллӣ на ҳудуд, балки иттиҳоди миллӣ аст);
  • дар ҷойҳои зисти сарҷамъонаи гурӯҳҳои миллӣ ва қавмӣ таъсисдодани иттиҳодияҳои ҷамъиятии худидоракунӣ;
  • дастгирии таъсиси васоити ахбори умумии миллӣ, минтақавӣва маҳаллӣ ба забони модарӣ ва ғайра.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ақаллиятҳои миллӣ аксаран натиҷаи созиши байни гурӯҳҳо ва манфиатҳои ҷамъиятии ҳатто гоҳо бо ҳам оштинопазир аст. Дар чунин ҳолат таъмини манъи табъиз нисбат ба ақаллиятҳои миллӣ ва ҳама гуна ақаллиятҳои дигар барои барпосозӣ ва нигаҳдории ҷамъияти демократӣ, фузунфарҳанг ва сермиллат шарти ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: ҷамоаҳои миллӣ, мухторияти миллӣфарҳангӣ, иштироки сиёсии ақаллиятҳои миллӣ.

Савол ва супоришҳо:

Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақаллиятҳои миллӣ кадом принсипҳо ба роҳбарӣ гирифта мешаванд?

Дар ҷаҳон чӣ гуна таҷрибаҳои ҳалли масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ мавҷуданд?

Ба даст коғазу ручка гиред ва барои худ мавзӯи таҳқиқот интихоб намоед (масалан, «Ман ба ашхоси миллати дигар чӣ гуна муносибат дорам?»). Тӯли 5-7 дақиқа дар сари ин масъала андеша кунед ва ҳар чиро, ки ба ёдатон меояд, нависед. Натиҷаи коратон чӣ гуна шуд?

Дар ҷаҳон фарҳангҳо зиёданд. Агар махсусиятҳои онҳоро надонед, хатои бисёре кардан мумкин аст, аз ин лиҳоз ҳатто ҷангҳо сар задаанд. Оё беҳтар нест, ки дар тамоми мамлакат як фарҳанг паҳн карда шавад? Дар ин хусус фикри Шумо чист? Агар Шумо бо ин пешниҳод розӣ бошад, пас дар тамоми ҷаҳон маҳз кадом фарҳангро паҳн намудан мумкин аст? Ин корро чӣ тавр бояд иҷро кард? Ба ин одамон чӣ гуна муносибат мекунанд?

Оё шумо аз ҷумлаи намояндагони миллатҳои дигар дӯстон доред? Дар бораи онҳо ба аҳли синф нақл кунед.

Реклама