§15. КУМИТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЛИБИ СУРХ

1. ДАР АРАФАИ ТАЪСИСИ СОЗМОН. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) яке аз созмонҳои сернуфузи байналмилалие мебошад, ки дар ҷодаи амалӣ намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон фаъолият мекунад. Вале ҳимояи ҳуқуқи инсон аз ҷониби созмони мазкур дар шароити дорои хусусиятҳои хос, аниқтараш ҳангоми ҷанг ё умуман ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона ба амал бароварда мешавад. Дар ҳолате чунин кӯмак ба хизматчиёни ҳарбӣ ва касалмандон дар артишҳои амалкунанда расонида мешавад, ки ба онҳо дар мавриди низоъҳои мусаллаҳона воқеан ба ин ёрӣ мӯҳтоҷанд, чунки онҳо натанҳо аз дидгоҳи ҳуқуқӣ, балки аз назари ҷисмонӣ ҳам аз ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта истифода бурда наметавонанд.

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ҳамчун созмони аз ҳама башардӯстона ва наҷиб дар ҷои холӣ тавлид наёфтааст. Пеш аз он, чи тавре ки таърих гувоҳӣ медиҳад, дар гӯшаю канори гуногуни ҷаҳон ҷангҳо ва низоъҳое сар мезадаанд, ки ба сари инсоният қурбониҳои бешумор, азобу уқубат ва кулфат меоварданд. Шоҳиди яке аз чунин муҳориба дар наздикии шаҳри Солферино дар соли 1859 Анри Дюнан буд. Ӯ наздики 36 ҳазор захмбардоштагонро дид, ки ба ҳоли худ гузошта шуда буданд ва аксарияти онҳо ёрии зарурӣ нагирифта, бо дарду азоби тоқатфарсо ҳалок гардиданд. Ин манзараи мудҳиши мушоҳида кардаи худро Анри Дюан дар китоби “Ёддоштҳо дар бораи муҳорибаи назди Солферино”, ки соли 1862 навиштааст, инъикос намуд. Ин ёддоштҳо дар амал барои тамоми ҷаҳон даъвате буд, баҳри дар оянда роҳ надодан ба чунин фоҷиа. Хулосаҳои асосии ин китоб чунинанд:

  • Зарурати ҳанӯз дар замони осоишта таъсис додани созмони кӯмак, ки мақсади он таъмини нигоҳубини захмбардоштагон дар замони аз тарафи ашхоси ба ин кор содиқ ва ихтиёриёни баландихтис.
  • Тавассути конвенсияи байналмилалии табибон ба ҳимоя фаро гирифтани ҳайати тиббии госпитал ва захмбардоштагон ва ба онҳо додани мақоми бетарафӣ.

Албатта, ин андешаҳо ягон касро бетараф нагузоштанд. Китоб ҳамаи оқибатҳои даҳшатноки ҷангро кушод ва ба мубориза бар зидди он ишора намуд. Пешниҳод карда шуд, ки китоби “Ёддоштҳо дар бораи муҳорибаи назди Солферино” дар Созмони ҳавасмандкунии ҷомеаи некрӯзӣ, ки ба он Гюстав Муанйе сарварӣ мекард, мавриди муҳокима қарор дода шавад. Ин созмон моҳияти хайрия дошт ва дар сатҳи маҳал фаъолият мекард.

1. Бо кадом сабаб КБСС таъсис дода шуд?

2. Анри Дюан дар китоби худ дар бораи чӣ навишт?

3. Кормандони кадом соҳа ба ҳимояи қурбониёни низоъҳои мусаллаҳона бархостанд ва дар ин кор нақши А.Дюан ва Г.Муанйе чи тавр буд?

2. ТАШКИЛЁБИИ КУМИТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЛИБИ СУРХ. 9 феврали соли 1863 маҷлиси Созмони ҳавасмандгардонии ҷомеаи некрӯзӣ даъват карда шуд, ки дар ҷараёни он Кумита ташкил карда шуд.

Ба ҳайати Кумита киҳо дохил буданд?

1. Анри Дюан; Густав Муанйе, ҳуқуқшинос, Раиси Созмони ҳавасмандгардонии ҷомеаи некрӯзӣ; 3. Генерал Гийом Анри Дюфур; 4. Ҷарроҳ Луис Аппиа 5. Ҷарроҳ Теодор Монуар.

Ҳамаи онҳо сокинони Женева буданд.

17 феврали соли 1863, ҳамчун муассисаи мустақил, маҷлиси Кумита даъват карда мешавад, ки он сабабгори тавлиди Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх гардид. Ҳангоми ин вохӯрӣ бори дигар дар бораи зарурати аз тарафи давлатҳо дар асоси принсипи вайроннашавандаи байналмилалӣ ба имзо расонидани санади махсуси байналмилалӣ ёдоварӣ шуд. Ғайр аз ин, пешниҳод карда шуд, ки барои ёварони ихтиёрӣ нишони махсус, либос ё дастбанд ҷорӣ карда шаванд, то ки онҳо аз эътирофи марбута истифода баранд. Ба таври дигар гӯем, давлатҳо бояд дар байни худ дар бораи ба ҳайати табибон додани мақоми махсус маслиҳат кунанд. Онҳо бояд ҳамчун ҳайате эътироф карда шаванд, ки дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок мекунанд, ҳангоми аз тарафи артиши ғолиб ба асорат афтодан, набояд аз озодӣ маҳрум карда шаванд ва бояд ҳатман ба артишҳои худ баргардонда шаванд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин андешаҳо аъзои Кумита тасмим гирифтанд, ки конференсия даъват намуда, ба давлатҳо бо чунин хоҳиш муроҷиат намоянд: вакилон ва мутахассисони худро оид ба масъалаҳои ҳарбӣ ба Женева фиристонанд. Ҳамин тариқ октябри соли 1863 дар Конференсия вакилон аз 16 мамлакат ва 4 созмони эҳсонкор иштирок намуданд. Иштрокчиёни конференсия қарор қабул карданд.

Чунинанд дастурҳои асосии ин қарор:

1. Дар ҳар як мамлакат ташкил намудани Кумита, ки вазифаи он иборат аст аз мусоидат ба бахшҳои ҳарбию тиббӣ дар давраи ҷанг ва дар сурати зарурат.

2. Дар давраи ҷанг Кумитаҳои давлатҳои даргир ба артишҳои худ ёрии зерин мерасонанд: ҳайати ихтиёрӣ ташкил медиҳанд, дар ҳамоҳангӣ бо ҳокимияти ҳарбӣ ба онҳо ҷиҳати нигоҳубини захмбардоштагон хона медиҳанд.

Ҳайати тиббии ихтиёрӣ дар ҳамаи мамлакатҳо ба сифати нишони ягонаи фарқкунанда бояд хилъати сафед ба бар кунанд, дастбанди салиби сурхдор дошта бошанд.

Ин дастурҳо дар тақвияти созмонҳои миллӣ ҷиҳати расонидани ёрӣ ба ҷанговарони захмбардошта ҳамчун асос хизмат намуданд.

Баъди қабули дастуру тавсияҳо дар мамолики Аврупо кумитаҳо доир ба расонидани ёрӣ ба захмбардоштагон ташкил карда шуданд, ки баъдтар онҳо созмонҳои Салиби Сурх ном гирифтанд.

1. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх чи тавр созмон дода шуд?

2. Марҳамат карда, дастурҳои асосии қарори КБСС аз26.10. 1863-ро шарҳ диҳед.

3. ФАЪОЛИЯТИ КБСС. Аз тарафи Кумита даъват карда шудани Конференсияи дипломатӣ воқеаи дорои аҳамияти бузург гардид, ки дар он 22 августи соли 1864 “Конвенсияи якуми Женева дар бораи беҳтар кардани азоби ҷанговарони захмбардошта ва беморон ҳангоми ҷангҳо дар хушкӣ” қабул карда шуд

Дастурҳои асосии Конвенсия инҳоанд:

1. Касалхонаҳо (лазаретҳо) ва госпиталҳои ҳарбии сайёр бетараф, дахлнопазир эътироф карда мешаванд ва аз ҷониби тарафҳои даргир пуштибонӣ карда мешаванд, то ҳамон лаҳзае, ки дар онҳо захмбардошта ва беморон ҳастанд.

  1. Бо ҳуқуқи бетарафӣ ҳайати шахсии госпитал вакасалхонаҳо (лазаретҳо), инчунин ашхоси хизматии ёрирасон фаро гирифта мешаванд.
  2. Ба ашхоси дар боло номбурда иҷозат дода мешавад, кивазифаҳои худро то ҳамон вақте иҷро намоянд, ки ҷои мустақаршавии онҳо аз тарафи муқобил ишғол карда шудааст ё то ҳамон вақте ки ба онҳо барои ба ҷузъу томҳои артиши худ пайвастан иҷозат дода мешавад.
  3. Сокинони маҳаллӣ, ки ба захмбардоштагон ёрӣмерасонанд, аз дахлнопазирӣ истифода мебаранд ва озоданд, биноҳои истиқоматии онҳо посбонӣ карда мешаванд, аз постгоҳҳои ҳарбӣ ва баъзе намудҳои товони ҷанг озод мебошанд.
  4. Барои госпитал ва касалхонаҳои (лазаретҳои) сайёрпарчами якхела қабул карда шуда, он ҳамеша дар якҷоягӣ бо парчами миллӣ гузошта мешавад. Барои ашхосе, ки аз бетарафӣ истифода мебаранд, иҷозат дода мешавад, ки дар остинашон аз нишонаи махсусе бо тасвири Салиби Сурх истифода баранд.

Баъди қабули Конвенсияи Женеваи соли 1864 вазифаҳои Кумита бо назардошти талаботи амалӣ муайян карда шуданд, ки онҳо дар айни замон моҳияти маҳдуд доштанд.

1. Моҳияти Конвенсияи Женевагии КБСС аз чи иборат аст?

2. Дар назди КБСС кадом вазифаҳои мушаххас меистоданд?

1) Тарғиботи ғояҳо ва дастгирии принсипҳои Салиби Сурх.

2) Маркази ҳаракати байналмилалӣ будан, ба таъсисисозмонҳои нави миллӣ мусоидат намудан ва дар байни созмонҳо ҷузъи пайвасткунанда гардидан.

3) Ҷиҳати иҷрои нишондодҳои Конвенсияи Женева назораткардан, бо ҳукуматҳо ҳамкорӣ намудан.

4) Таъсиси Агентии иттилоотии махсус ва Агентӣ доир баҷустуҷӯ.

5) Танзими фаъолият доир ба расонидани ёрӣ.

Ҳамин тариқ, КБСС ба зимаи худ вазифаи асосгузори созмонҳои миллиро гирифт, вале дар баробари ин КБСС кӯшиш ба табдилёбии мақомоти роҳбарикунандаро надошт. Таъсир ва нуфуз ба созмонҳои миллӣ аз тариқи обрӯи маънавию ахлоқии он муайян мегардид.

Дар баробари ин КБСС ҳаракати муташаккиле мебошад, ки он дар зери ном ва парчами ягона баромад мекунад. Чунин ягонагӣ аз ягонагии принсипҳо ва мақсади умумии расонидани ёрӣ ба ҳама одамон, бе истиснои ягон фарқияти одамоне, ки дар майдони ҷанг захм бардоштаанд, ва баъд асири ҳарбӣ шудаанд ва аҳолии шаҳрвандӣ, ки қурбонии низоъҳо шудаанд, муайян гардидаанд. Минбаъд созмонҳои миллии Салиби Сурх ба аҳолӣ дар замони осоишта ҳам ёрӣ мерасонидагӣ мешаванд, аз он ҷумла, ба касалмандони аҳолии гражданӣ, дар мавриди ҳодисаҳои табиат, барои тайёр кардани ҳамшираҳои шафқат омӯзишгоҳҳо мекушоданд ва ғайра. Ташкил намудани Салиби Сурх ба ислоҳоти ҳамагонии хадамоти ҳарбию тиббӣ мусоидат намуд.

Имрӯз фаъолияти КБСС, ғайр аз масъалаҳои дар боло зикрёфта, чунин соҳаҳоро низ дар бар мегирад: расонидани ёрӣ ба гурезаҳо ва категорияҳои дигари аҳолӣ, ки ба ёрӣ эҳтиёҷ доранд, миёнаравӣ ҳангоми низоъҳои мусаллаҳонаи дорои моҳияти ғайрибайналмилалӣ, фаъолият ба фоидаи маҳбусон ва ғайра. Бо дар назардошти ин гуфтаҳо вазифаҳои асосии КБСС чунин тағйир ёфтаанд:

  • Дастгирии принсипҳои асосии бунёдии Салиби Сурх.
  • Эътирофи созмонҳои нави миллии Салиби Сурх.
  • Паҳн намудани донишҳо доир ба Конвенсияҳои Женева.
  • Татбиқи фаъолият дар асоси мақоми бетараф ва мустақилона.
  • Фаъолият ба сифати миёнарави бетараф дар мавриди ба вуқӯъ омадани низоъҳои ҳарбӣ ва бетартибиҳо.

Ҳамин тариқ, аз лаҳзаи таъсиси худ КБСС асосан баҳри ба амал баровардани некукорӣ фаъолият дошта, ба одамоне ҳарҷониба кӯмак мерасонад ва дастгирӣ менамояд, ки ба он эҳтиёҷ доранд. КБСС фаъолияти худро дар шароите ба амал мебарорад, ки ҳуқуқҳои инсон аз ҳад зиёд вайрон карда мешаванд.

Фаъолияти КБСС ба он принсипҳои устувор ва бунёдӣ асос ёфтааст, ки дар марҳалаи дарозмуддат ташаккул ёфтаанд.

1. Фаъолияти КБСС ба ҳалли кадом масъалаҳои башардӯстона равона карда шудааст?

4. ПРИНСИПҲОИ БУНЁДИИ КБСС. Дар Оинномаи КБСС принсипҳои асосии зерин тақвият ёфтаанд: башардӯстона, беғараз, бетараф, соҳибистиқлол, ихтиёрӣ, ягонагӣ ва универсалӣ (фарогирандаи ҳамагонӣ).

Башардӯстона – татбиқи фаъолият ҳангоми низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ ва низоъҳои мусаллаҳонаи дигар, низоъ ва ошӯбҳои дохилӣ, ки дар ҳимоя ва қурбониёни воқеаҳои номбурда ва оқибатҳои онҳо ҳам дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳам аҳолии гражданӣ, ифода ёфтаанд.

Беғаразона – татбиқи ёрии якхела ба касалмандон, асирони ҳарбӣ, умуман ба зарардидагон дар натиҷаи низоъҳои ҳарбӣ ва низоъҳои дигар, сарфи назар аз мансубияти давлатӣ ва мансубияти дигари онҳо.

Бетарафӣ - КБСС дар мавриди низоъҳои мусаллаҳона ягон тарафи низоъро пуштибонӣ намекунад ва ё ба баҳсҳои сиёсӣ, нажодӣ, динӣ ва идеологӣ ворид намегардад.

Истиқлолият – КБСС муассисаест, ки ба ягон ҳукумат тобеъ набуда, фаъолияти худро ҷиддан дар заминаи мақсади асосии Кумита ва манфиатҳои қурбониёни ҷанг ва низоъҳои дигари мусаллаҳона ба роҳ мемонад.

Ихтиёрӣ - ин иттиҳоди одамоне мебошад, ки мехоҳанд аз сидқи дил ба онҳое ёрӣ расонанд, ки ба кулфат гирифтор шудаанд, бо ин роҳ оқибатҳои манфии низоъҳои мусаллаҳона, ошӯбҳои шаҳвандӣ ва воқеаҳои дигарро сусттар гардонанд.

Ягонагӣ - КБСС дар мавриди ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда ба ҳамаи мардум ҳифзи зарурии ҳуқуқи инсонро муҳайё месозанд.

Универсалӣ (фарогирандаи ҳамагонӣ) – таъмини ҳимояи зарурии ҳуқуқи инсон ба ҳамаи одамон дар шароити ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда.

1. Принсипҳои ба Оинномаи КБСС дохилгардида аз чи ба миён омадаанд?

5. ФАЪОЛИЯТИ КБСС ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ НИЗОЪИ ДОХИЛИИ БАЙНИ ТОҶИКОН. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии КБСС соли 1993 кушода шуд. Ин созмон дар ҳама ҷо вазифҳои башардӯстонаро иҷро намуд. Ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона намояндагони КБСС дар мамлакати мо дар музокирот доир ба оташбаси муваққатии ин бархӯрдҳо фаъолона иштирок мекард, бо ин роҳ мунтазам ба тарафҳои даргир дар бораи масъулият ҷиҳати таъмини аҳолии гражданӣ дар давраи амалиётҳои ҳарбӣ хотиррасон намуда, дар музокироти байни тоҷикон, ки дар зери сарпарастии СММ доир мегардиданд, ба сифати мушоҳидагар баромад мекарданд.

Дар давраи низоъҳои мусаллаҳона КБСС диққати асосии худро ба ёрии башардӯстона ва тиббӣ ба он навоҳие ҷалб намуд, ки дар натиҷаи ин воқеаҳо аз ҳама зиёдтар зарар дида буданд. Ёрии тиббӣ дар таъмини муассисаҳои тиббӣ аз доруворӣ, маводи печониданӣ, асбобҳои безараргардонӣ (дезинфексия) ва ғайра ифода меёфт. Аз тарафи кормандони КБСС ташкил намудани дармонгоҳҳои (клиникаҳои) сайёр ҷиҳати расонидани ёрии таъҷилӣ ба муҳоҷирони дохилӣ, ки бо дар назардошти хатарнокӣ имконияти ба муассисаҳои тиббӣ рафтанро надоштанд, хеле самарабахш буд. КБСС ёрии калонро барои дар навоҳии низоъҳои махсусан шадид таъмин намудани госпиталҳо аз доруворӣ, маводи печониданӣ, маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳӣ ва ғайра мерасонид.

КБСС кори муҳимро дар давраи низоъҳо дар барқароркунии робитаҳои оилавӣ иҷро намуд. Садҳо номаю хабарҳо ба дастҳо супорида мешуданд, ки бо шарофати онҳо гурезаҳои зиёд ҳамдигарро меёфтанд ё ки дар бораи ҳаёт ва саломатии оилаҳое иттилоъ мегирифтанд, ки дар натиҷаи ҳолатҳои ноилоҷӣ аз онҳо ҷудо шуда буданд.

Фаъолияти КБСС баъд аз ҳолати низоъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан тағйир ёфт. Дар шароити кунунӣ паҳн намудани донишҳо дар бораи ҳуқуқи башардӯстона ба ҷои аввал баромад. Бо ин мақсад ҳамаи Конвенсияҳои Женева ва ду Протоколи иловагӣ ба онҳо ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп карда шудаанд. Ғайр аз ин, маводҳои иловагие, ки ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона (ҲББ) дахл дорад, низ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуданд. Ин ҳолат баҳри ба асосҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона шиносонидани мардуми кишвар имконияти боз ҳам васеътар фароҳам меоварад Дар марҳалаи кунунӣ омӯзиши ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ба барномаи таълимгоҳҳои ҳарбӣ, Курсҳои олии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва хабарнигорӣ (журналистӣ) дохил карда шудааст. Доир ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона дастуру китобҳои дарсӣ чоп карда мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона мувофиқ ва ҳамоҳанг кардани қонунгузории ватанӣ як силсила асноди муҳими ҳуқуқиро қабул намуд.

1. Саҳми мушаххаси башардӯстонаи КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чи иборат аст?

Мафҳумҳоро дар ёд доред: Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Конвенсияи байналмилалӣ, Конвенсияи Женева, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона, мамлакатҳои даргир, принсипҳои асосии КБСС: башардӯстона, беғаразона, бетарафӣ, истиқлолият, ихтиёрӣ, ягонагӣ, универсалӣ ( фарогирандаи ҳамагонӣ).

Савол ва супоришҳо

1. Таъсиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх чи тавр рух дод?

2. Аз кадом сабаб таъсиси КБСС ба миён омад?

3. Онҳоеро ном баред, ки ба ҳайати КБСС дохил буданд.

4. Дар бораи вазифаҳое, ки дар назди КБСС истодаанд, нақл кунед.

5. КБСС дар фаъолияти худ ба кадом принсипҳо такя мекунад?

6. КБСС аз рӯи кадом нишонаҳои худ аз созмонҳои дигари байналмилалӣ фарқ мекунад?

Реклама