1. СОЗМОНҲОИ АШХОСИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ашхоси имконияташон маҳдуд дар асоси Конститутсия ва асноди меъёрию ҳуқуқии дигари кишвар дар созмонҳои ғайриҳукуматии зерин муттаҳид гардидаанд: Иттиҳоди миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди ветеранҳои ҷанговари интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти карҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳар кадоми онҳо аз қайди Вазорати адлияи Тоҷикистон гузашта, шахси ҳуқуқӣ буда, фаъолияти худро дар асоси оиннома худ ба роҳ мемонад.
Иттиҳоди миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иттиҳодиашон миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИММҶТ) соли 1989 таъсис ёфта, дар он зиёда аз 82 ҳазор нафар маъюбони ҷисмонӣ ва рӯҳӣ муттаҳид гардидаанд, ки аксарияти онҳо корношоям мебошанд. Дар ҳайати Иттиҳоди миллии маъюбон кӯдакон хеле зиёданд. Онҳо низ дар ҷамъияти маъюбон муттаҳид гардидаанд. Дар таркиби Иттиҳоди миллии маъюбон созмони занони маъюб низ фаъолият мекунад.
ИММҶТ сохтори худро дорад, Роҳбарии Иттиҳод ба зимаи Раёсати Марказӣ гузошта шудааст. Созмон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру навоҳии Тоҷикистон созмонҳои миҳаллии худро дорад.
Ташкилоти ветеранҳои Ҷумҳурии Тоыикистон. Ташкилоти ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон( ТВҶТ), ки он соли 1996 таъсис ёфтааст, ба ҳайати он зиёда аз 600 ҳазор нафар ветеранҳо дохиланд. Таркиби он аз 5 гурӯҳи ветеранҳо иборат аст: иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, ветеранҳое, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қаламрави дигар давлатҳо ҷангидаанд, ветеранҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ветеранҳои хизмати ҳарбӣ, ветеранҳои меҳнат. Аз миқдори умумии аъзо бештар аз 520 ҳазор нафарашон ветеранҳои меҳнат мебошанд. То 1 апрели соли 2006 шумораи ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 5632 нафарро ташкил намуд.
Дар асоси Оинномааш Ташкилоти ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Шӯрои ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идора мекунад. Ташкилот созмонҳои маҳаллии худро дар се вилоят – Суғд, Хатлон ва Кӯҳистони Бадахшон, ду созмони минтақавӣ - Кӯлоб ва Қурғонтеппа, 18 созмони шаҳрӣ ва 52 созмони ноҳиявӣ дорад, ки онҳо дар ҳайати худ 720 созмони ибтидоиро муттаҳид намудаанд. Қисми зиёди аъзои ТВҶТ қобилияти корӣ надоранд. Феълан ҷавониарин иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 82 – сола ва калонтарини онҳо беш аз 100 – сола мебошад.
Иттиҳоди ветеранҳои ҷанговари интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба Иттиҳоди ветеранҳои ҷанговари интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИВҶИҶТ) онҳое шомиланд, ки дар ҳайати маҳдуди Артиши Шӯравӣ ба сифати ҷанговар дар хизмат буданд ва ё дар соҳаи хизматрасонӣ ба ин артиш иҷрои вазифа кардаанд. Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии ин ветеранҳо беш аз 9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. ИВҶИҶТ-ро Раёсати он роҳбарӣ менамояд. Созмонҳои Иттиҳод дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру навоҳии мамлакат фаъолият мекунанд.
Аксарияти аъзои ИВҶИҶТ қобилияти корӣ доранд. Вале дар байни ин ветеранҳо онҳое ҳам кам нестанд, ки қобилияти меҳнатии худро аз даст дода, дараҷаҳои гуногуни маъюбӣ доранд.
Ҷамъияти карҳои Ҷумурии Тоҷикистон. Ба ҳайати Ҷамъияти карҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶКҶТ) онҳое дохиланд, ки яке аз ду иллати ҷисмонӣ - кар ва ё гунг ва ё ҳарду иллати ҷисмонӣ доранд, яъне ҳам кару ҳам гунг мебошанд. Бояд гуфт, ки тибқи стандартҳои байналмилалии тиббӣ нисбати мафҳуми қаблии “кар ва гунг” феълан танҳо як мафҳум – “кар” истифода бурда мешавад, ки он ҳардуро ифода мекунад.
Алҳол 65 ҳазор одамони синну соли гуногуни Тоҷикистон ба гурӯҳи иҷтимоии карҳо мутааллиқанд, Қисме аз ин шумора бо чунин ноқисӣ аз модар таваллуд шуда, қисми дигар баъдан – дар тӯли зиндагӣ гирифтор шудаанд. Аз ин миқдор ашхоси дорои нуқсонҳои шунавоию нутқ танҳо 6 ҳазору 500 нафар аъзои ИКҶТ мебошанд. Мувофиқи нишондоди Оинномаи Ҷамъият ба он қабул танҳо аз 16 – солагӣ оғоз меёбад. Дар байни ҷамъи умумии кару гунгҳои дар боло додашуда кӯдакони то ин синну соли то 16 хеле зиёданд.
Роҳбарии Ҷамъиятро Сарраёсати Марказии он ба ӯҳда дорад. Сохтори поёнии ҶКҶТ – ро шӯъбаҳои муштараки байни шаҳру ноҳиявӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар шаҳри Душанбе ва се вилоят – Суғд, Хатлон ва Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд.
Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶНТ) дар анҷумани он 10 декбри соли 2003 аз нав таъсис ёфтааст. Шумораи умумии нобиноён дар Тоҷикистон 10 ҳазору 003 нафарро ташкил медиҳад, аз он ҷумла 1288 нафари онҳо кӯдакони аз 1 то 18 – сола мебошанд. Тибқи моддаи 14 Оиннома он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сини 18 – солагӣ расидаанду маъюбони гурӯҳҳои I ва II чашм мебошанд, аъзои ҶНТ шуда метавонанд. Аз ин рӯ, на ҳамаи шумораи дар боло омада аъзои ин ҷамъият мебошанд.
Роҳбарӣ ба ҷамъият ба зиммаи Идораи Марказии ҶНТ (ИМ ҶНТ) гузошта шудааст. Ҷамъияти нобиноён 9 созмони минтақавӣ ва 11 созмони маҳаллӣ дорад.
1. Дар гурӯҳҳои хурд аз тариқи баҳсу мунозира муайян кунед, ки ҷомеа ба гурӯҳҳои гуногуни ашхоси имконияташон маҳдуд чӣ ёрӣ расонида метавонад.
2. Оё дар бораи ҳолати рӯҳии ашхоси имконияташон маҳдуд дарак доред?
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СОЗМОНҲОИ АШХОСИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД. – Мақсад ва вазифаҳои асосии оинномавии Созмонҳои ашхоси имконияташон маҳдуд ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои маъюбон, мусоидат намудан ба тавонбахшию офияти ҷисмонии ашхоси имконияташон маҳдуд ва иштироки самараноки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад. Ин мақсад ва вазифаҳо дар оинномаҳои ташкилоту созмонҳои дар боло номбурда инъикос гардидаанд.
Дар моддаи 1-и Оинномаи Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони Тоҷикистон “Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон... ташкилотест, ки бар узвияти шаҳрвандони нобинои Ҷумҳурии Тоҷикистон – маъюбони гурӯҳҳои I ва II нобиноён асос ёфта, барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳо, дастгирии иҷтимоӣ, офиятёбӣ, муттаҳидсозӣ ва мусоидат ба таъмини имкониятҳои баробари онҳо таъсис дода шудааст.
Қадру қиммати инсонҳое, ки имконияташон маҳдуд аст, дар моддаи 2. 1-и Оинномаи ин ташкилот хеле равшан ифода ёфтааст. Дар моддаи мазкур башардӯстӣ ва шафқат, иззату эҳтироми шаъну шарафи шахсӣ ва фикру андешаи ҳар як узви ҶНТ, роҳ надодан ба табъизи маъюбон аз рӯи аломатҳои синну сол, миллат, эътиқоди динӣ ва сиёсӣ, сабабҳои маъюбӣ ҳамчун арзишҳои волои одамият, принсипҳо ва мақсаду вазифаҳои асосии фаъолияти Ҷамъият қарор гирифтааст.
Вобаста ба имкониятҳои аъзояш Ташкилоти ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ вазифаҳои бузург мегузорад, ки онҳо дар Оинномаи ТВҶТ хуб инъикос гардидаанд. Аҳамияти ин вазифаҳоро ба назар гирифта, таваҷҷӯҳи хонандагонро ба баъзе лаҳзаҳои ватанпарастонаю масъулияти баланди аъзои ТВҶТ дар назди ҷомеа ҷалб менамоем.
Дар қоидаи умумии Оиннома омадааст, ки ташкилот:
Созмонҳои ашхоси имконияташон маҳдуд дар асоси Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”, “Дар бораи ветеранҳо”, қонунҳои дигар ва оинномаҳои худ фаъолият намуда, мақсадҳои наҷиби инсондӯстию ватандориро пиёда менамоянд.
1. Дар бораи мақсад ва вазифаҳои созмонҳои ашхоси имконияташон маҳдуд маълумот диҳед
3. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ ШАХСӢ, СИЁСӢ, ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ АШХОСИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД.
Ашхоси имконияташон маҳдуд аз ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст, бархурдоранд. Дар баробари ин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи иҷтимоии ин категорияи аҳолӣ моддаи алоҳида бахшида шудааст. Дар моддаи 39 омадааст, ки “Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпарст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад”. Инчунин ҳуқуқҳои шаҳрвандони имконияташон маҳдуд дар кодексҳои гражданӣ ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъминоти нафақа ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои марбутаи дигар ва асноди зерқонунӣ инъикос гардидаанд.
Барои аъзои Иттиҳоди миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маркази ахборотию ҳуқуқӣ ташкил карда шуда, дар аксар бахшҳои Иттиҳод хоҷагиҳои ёрирасон фаъолият мекунанд. Барои маъюбони хурдсол дар шаҳри Душанбе 2 мактаб, дар ноҳияи Ҳисор 1 мактаб барои бемориҳои устухон (палеомелит) ва фалаҷ ( серебриалӣ) кор мекунад. ИММҶТ марказҳои таълимӣ дорад, ки хатмкунандагони он доир ба касбҳои ҳисобчӣ, либосдӯз, пойафзолдӯз, устои телевизор ва ғайра ҳуҷҷат гирифта, ҳуқуқи худро ба меҳнат дар амал татбиқ менамоянд. Дар шаҳри Душанбе корхонаи узвҳои сунъӣ кор мекунад, ки он эҳтиёҷи маъюбонро саривақт иҷро менамояд.
Аъзои Ташкилоти ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қобилияти корӣ доранд, аз тарафи мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо кор таъмин ва ҳуқуқҳои дигари иҷтимоии онҳо ҳифз карда мешаванд.
Аъзои Иттиҳоди ветеранҳои ҷанговари ҶумҳурииТоҷикистон низ имконияти дар меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кардан доранд. Онҳоро мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо кор таъмин ва ҳуқуқҳои дигари иҷтимоии онҳоро ҳифз менамоянд.
Аъзои Ҷамъияти карҳои ҶТ дар се корхонаи шаҳри Душанбе Муассисаи иҷтимоии тавонбахшии карҳои № 1, Маркази илмию истеҳсолии ҷамъияти карҳо ва Корхонаи таълимию истеҳсолии № 5 ва Корхонаи таълимию истеҳсолии № 2 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо кор таъмин карда мешаванд. ҶКҶТ бо номи “Артели 1 Май” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Маркази иҷтимоию тавонбахш ва офият дорад. Дар он ҳарсола шумораи зиёди карҳо саломатӣ ва қобилияти кории худро барқарор менамоянд.
Дар байни аъзои ҶКҶТ на ҳама бо пуррагӣ кар ҳастанд, як қисми онҳо камшунаво низ мебошанд. Барои кӯдакони камшунаво литсей - интернатҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият мекунанд. Ба рӯи чунин кӯдакон дар шаҳри Душанбе дари мактаби ғоибонаи № 8 ҳам боз аст, ҳарсеи ин таълимгоҳҳо тобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Барои аъзои Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ кушода шудаанд, ки онҳо аксарияти ин гурӯҳи иҷтимоиро бо ҷои кор таъмин мекунанд. Аз он ҷумла Корхонаи таълимӣ - истеҳсолӣ ва маркази тавонбахш ва офияти вилояти Суғд, Корхонаи таълимӣ - истеҳсолӣ ва маркази тавонбахш ва офияти вилояти Хатлони воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, корхонаҳои таълимӣ - истеҳсолӣ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва дар шаҳру навоҳии Конибодом, Исфара, Истаравшан, Рӯдакӣ, Варзоб ва баъзе ҷойҳои дигар мавҷуданд. Онҳо қариб ҳамаи нобиноёнро ба кор таъмин менамоянд. Нобиноҳо маснуоти барои рӯзгори мардуми Тоҷикистон ниҳоят зарурро истеҳсол менамоянд.
Барои кӯдакони нобино дар ноҳияи Ҳисор барои 60 талаба (синфҳои 1 – 1У), дар Исфара 110 хонанда ( мактаби миёна), дар шаҳри Хуҷанд 73 талаба (аз синни томактабӣ то синфи 8 ) аз тариқи васоити таълимии бо алифбои брайлӣ таълифгардида асосҳои илмро меомӯзанд.
Дар ин ҷода раёсати Ҷамъият бо хазинаҳои гуногун ҳамкорӣ дорад. Феълан аз тариқи маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии Тоҷикистон таълифи “китобҳои гӯё” барои синфҳои 4 - 7 ва дастурҳои методӣ барои омӯзгорони ин таълимгоҳҳо таълиф карда мешаванд.
Дар ҳифзи иҷтимоии ашхоси имконияташон маҳдуд музди меҳнат, нафақа, кӯмакпулӣ, табобат ва истироҳат мақоми калон доранд.
Дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии экспертиза ва барқароркунии қобилияти кории маъюбон фаъолият мекунад. Дар назди ин муассисаи илмии тиббӣ клиника - беморхонаи маъюбон низ ҳаст, ки он дорои 60 кати беморӣ мебошад. Дар Пажӯҳишгоҳ таи чанд соли охир оид ба тавонбахшии тиббию санитарии маъюбони пиронсол, стратегияи рушди комплексии тавонбахшии маъюбони пиронсол – тавонбахшии тиббӣ, тавонбахшии иҷтимоӣ ва тавонбахшии касбӣ мавриди пажӯҳиш ва баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Натиҷаҳои тадқиқоти Пажӯҳишгоҳ дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.
Ашхоси имконияташон маҳдуд дар дармонгоҳҳою беморхонаҳо мавриди ташхис ва табобат қарор мегиранд. Мансубияти маъюбонро ба ин ва ё он гурӯҳи маъюбӣ ВТЭК муайян менамояд. Яке аз чунин муассисаҳо дар деҳаи Батоши ноҳияи Турсунзода воқеъ гардидааст. Дар ҳайати бошандагони он ашхоси пиронсолу бепарастор ниҳ ҳастанд. Сарпарастии онҳоро давлат ба ӯҳда дорад.
1. Сенафарӣ тақсим шуда, аз рӯи маводи мавзӯъ ва маводи иловагӣ созмонҳои ашхоси имконияташон маҳдудро ба аҳли синф муаррифӣ намоед.
4. ИМТИЁЗҲО ВА АФЗАЛИЯТҲОИ АШХОСИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД. – Ба ашхоси имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзу афзалиятҳо дода шудаанд, ки онҳо дар қонунгузорӣ ва асноди меъёрии ҷорӣ инъикос гардидаанд. Ин шаҳрвандон аз нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ бепул истифода мебаранд. Нафақаи худро саривақт мегиранд, Дар баробари дар нафақа будан фаъолияти меҳнатии худро ҳуқуқи давом додан доранд. Барои онҳо хизматрасонии коммуналӣ ройгон аст, ғайр аз истифодаи барқ ва газ, ки барои ҷуброни пули пардохти онҳо ба нафақаи маъюбон моҳе 15 сомонӣ ҳамроҳ карда мешавад. Ба истироҳатгоҳу фароғатгоҳҳо роҳхатҳои имтиёзнок дода мешаванд.Барои табобат аксари маъюбон бо доруворӣ бепул ва ё бо нархи имтиёзнок таъмин карда мешаванд.
Давлат муттасил дар ҳаққи ашхоси имконияташон маҳдуд ва махсусан маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ғамхорӣ зоҳир менамояд. Масалан, мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 24 апрели соли 2006, № 1735 “Дар бораи чораҳои иловагии беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида” аз 1 маи соли 2006 ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида илова ба нафақаи онҳо нафақаи президентӣ муқаррар карда шуд, ки он моҳе 100 сомонӣ мебошад.
Мақомоти ҳифзи иҷтимоии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ аз тариқи сарчашмаю воситаҳои гуногун ба маъюбон ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасонанд. Масалан, тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарибӣ “Кохи ветеранҳо” бунёд карда мешавад, ки он аз толор, осорхона, утоқҳои корӣ, китобхона ва чойхона иборат хоҳад гашт. Баъди ба истифода додани он ашхоси имконияташон маҳдуди Душанбешаҳр имконият пайдо менамоянд, ки истироҳат ва фароғати худро дар ин кохи мӯҳташами фарҳанг хубу сазовор гузаронанд.
Сарфи назар аз он ки феълан дар Тоҷикистон ашхоси имконияташон маҳдуд ва пиронсол то як дараҷа ба ғамхории давлату ҷомеа фаро гирифта шудаанд, вале ин гурӯҳи иҷтимоӣ ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёде доранд, ки бартараф кардани онҳо на танҳо вазифаи давлату ҷомеа, инчунин вазифаи ҷонии ҳар яки мо ҳам мебошад.
Мафҳумҳоро дар ёд доред: Иттиҳоди миллии маъюбон, Ташкилоти ветеранҳо, Иттиҳоди ветеранҳои ҷанговари интернатсионалист, Ҷамъияти карҳо, Ҷамъияти нобиноён, нафақахӯрон, гурӯҳҳои иҷтимоии имконияташон маҳдуд.
Савол ва супоришҳо:
1. Ашхоси имконияташон маҳдуд чаро дар созмонҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шудаанд?
2. Дар бораи яке аз созмонҳои ашхоси имконияташон маҳдуд нақл кунед.
3. Нишондодҳои оинномавии созмонҳои ҷамъиятии ашхоси имконияташон маҳдуд дар бораи чӣ шаҳодат медиҳанд?
4. Оё ашхоси имконияташон маҳдуд аз рӯи ҳадафҳои зиндагию фаъолияташон ҳамчун шаҳрванд Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигарон фарқе доранд? Барои ба ин савол ҷавоб пайдо намудан шумо бо чанд нафар аз чунин ашхос вохӯрда, сӯҳбат ороед.
Реклама