§40. КОНВЕНСИЯИ СММ ОИД БА МАҚОМИ ГУРЕЗАҲО ВА МАСЪАЛАҲОИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ ОНҲО

1. ҚАБУЛИ КОНВЕНСИЯ ДАР БОРАИ МАҚОМИ ГУРЕЗАҲО.

Тибқи қарори Иҷлосияи Кулл, соли 1951 Созмони Милали

Муттаҳид дар Женева конференсия даъват намуд, ки он Конвенсияи СММ дар бораи мақоми гурезаҳоро қабул кард. Конвенсияи мазкур ҳуҷҷатест, ки асноди байналмилалии ба гурезаҳо дахлдоштаро муттаҳид менамояд, он ҳуҷҷатҳоеро, ки дар сатҳи байналмилалӣ қабул шуда буданд, бе ягон хел табъиз аз рӯи нажоди онҳо, дин ё мамлакати бавуҷудоӣ, дар он зидди аз мамлакат пеш кардан кафолат дода мешавад, ба онҳо ҳуҷҷатҳои марбута дода мешавад ва ғайраҳо. Вале доираи амали Конвенсия бо ашхосе маҳдуд карда шуда буд, ки дар натиҷаи ҳодисаҳое гуреза шудаанд, ки онҳо то моҳи январи соли 1951 ба амал омадаанд. Конвенсия нисбати он шахсоне истифода бурда намешуд, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои баъди 1 январи соли 1951 ба вуқӯъпайваста ба муҳоҷир табдил ёфтаанд. Баъдтар гурӯҳҳои нави гурезаҳо ба вуҷуд омаданд ва зарурат ба миён омад, ки нишондодҳои Конвенсия нисбати ин гурӯҳҳои гурезаҳо низ ба кор бурда шаванд. Бо мақсади бартараф кардани мушкилоти ба миёномада, аз тарафи Раиси Иҷлосияи Кулл ва Муншии Кулли СММ 31 январи соли 1967 дар Нию Йорк Протоколе ба имзо расонида шуд, ки он ба мақоми гурезаҳо дахл дошта, 4 октябри соли 1967 ба эътибор даромад. Давлатҳое, ки ба Протоколи мазкур мепайванданд, ӯҳдадор мешаванд, ки нишондодҳои асосии Конвенсияи соли 1951-ро нисбати ҳамаи гурезаҳо истифода баранд, сарфи назар аз он, ки онҳо кай гуреза шудаанд – то 1 январи соли 1951, ё ки баъди он.

Ҳамин тариқ, нишондодҳои Конвенсия аз 1 январи соли 1951 на танҳо шахсҳоеро фаро гирифт, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои то 1 январи соли 1951 ба гуреза табдил ёфтаанд, инчунин онҳоеро ҳам фаро гирифт, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои баъди қабули Конвенсия баамаломада ба гуреза табдил ёфтаанд. Дар натиҷаи ин кор ҳам Конвенсия ва ҳам Протокол ба асноди баробарҳуқуқи байналмилалие табдил ёфтанд, ки ба ҳимояи гурезаҳо нигаронида шудаанд. Мувофиқи асноди мазкур, дар зери мафҳуми “гуреза” ҳар касе фаҳмида мешавад, ки ба доираи муқаррароти Конвенсия мувофиқат мекунад.

Бояд гуфт, ки нишондодҳои Конвенсияи соли 1951 на ҳамаи шаҳрвандонеро фаро мегирад, ки шаҳрвандии мамлакат ва ё ҷои истиқомати худро тарк кардаанд. Нишондодҳои Конвенсия гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандонро фаро намегирад, ашхосеро, ки “нисбати онҳо асосҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд, ки ин ашхос:

а) ҷиноятҳои зидди сулҳ, ҷиноятҳои ҳарбӣ ё ҷиноятҳои зидди инсон доранд;

б) ҷиноятҳои сангини моҳияти сиёсинадоштаи берун аз мамлакати гурезгоҳдода содир кардаанд – то он вақте ки ба ин мамлакат ба сифати гуреза роҳ дода шуда буданд;

в) дар содир намудани кирдорҳое гунаҳгоранд, ки ба мақсад ва принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид мухолифанд”.

Моддаи 1-и Конвенсияи соли 1951

Расми 16

2. МАЗМУНИ КОНВЕНСИЯИ СОЛИ 1951. Мазмуни Конвенсия ба мақсади қабули ҳуҷҷати мазкур мувофиқ буда, он ба гурезаҳо дар мамлакати ҳузур маҷмӯи ҳуқуқ ва вазифаҳоро медиҳад. Конвенсия муқаррар менамояд, ки ба гурезаҳо ҳамон хел вазъи мусоиди ҳуқуқие муҳайё месозад, ки аз он хориҷиён истифода мебаранд. Тадбирҳои истисноие, ки мумкин аст нисбати ашхос, амвол ё манфиатҳои шаҳрванди хориҷӣ ба кор бурда шаванд, нисбати гурезаҳо истифода бурда намешаванд, ҳатто агар онҳо шаҳрвандони ҳамин давлати хориҷӣ бошанд. Мақоми шахсии гуреза тавассути қонунҳои давлати ҷои истиқомати ӯ муайян карда мешавад. Ба даст овардани ҳуқуқ, ки мақоми шахсии ӯро ташкил медиҳад, риоя карда мешавад. Ба гурезаҳо ҳуқуқи дастрас кардани амволи манқул ва ғайриманқул, иҷораи онҳо ва оид ба онҳо бастани қарордодҳо дода мешавад.

Ба гурезагон дар давлати сукунати онҳо ба асарҳои адабӣ, илмӣ ва бадеӣ ҳуқуқи муаллифӣ, инчунин ҳуқуқ ба ихтироъ, нақшаҳо ва моделҳо, номи ширкат ва ғайраҳо дода мешавад, ҳамон ҳуқуқҳое, ки ба шаҳрвандони ҳамин мамлакат хизмат мекунанд. Онҳо низ чун шаҳрвандони мамлакати ҳузур ҳақ доранд барои ҳимояи ҳуқуқи шикасташудаи худ ба суд муроҷиат кунанд.

Нисбати ҳуқуқҳои меҳнатии гурезаҳо. Давлатҳое, ки ба Конвенсияи соли 1951 имзо гузоштаанд, ба онҳо шароити мусоид фароҳам меоранд, шароите, ки аз он шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ дар худи ҳамон ҳолатҳо истифода мебаранд. Тадбирҳои моҳияти маҳдудкунанда, ки баҳри ҳимояи бозори дохилии меҳнат истифода бурда мешаванд, нисбати гурезаҳо мавриди истифода қарор намегирад. Ба онҳо ҳуқуқ дода мешавад, ки мустақилона ба кишоварзӣ, соҳибкорӣ дар соҳаи саноат, касбҳои дигар ва савдо машғул шаванд, аз он ҷумла иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ таъсис бидиҳанд. Ба гурезагон дипломдошта, ки онро ҳукумати ин давлат эътироф кардааст, агар хоҳиши ба касбҳои озод шуғл варзиданро дошта бошанд, барои машғулиятҳои марбута шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Конвенсия барои гурезаҳо оид ба соҳаи иҷтимоӣ як қатор ҳуқуқҳоро дар назар дорад. Ин, пеш аз ҳама, ба гирифтани дахл дорад. Онҳо бояд дар баробари шаҳрвандони мамлакати мазкур маълумоти ибтидоӣ гиранд. Дастрас намудани намудҳои дигари таҳсилот, озодкунӣ аз пардохти маблағ барои таҳсил, инчунин додани стипендия бошад, дар давлате, ки сукунат доранд, ба ҳар ҳол вазъи ҳуқуқии нисбатан мусоид фароҳам оварда мешавад. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас метавонад дар таълимгоҳҳои давлатии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ройгон гирад (Моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Дар Конвенсия ба шароити меҳнат ва музди меҳнат таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шудааст. Аз он ҷумла, гурезаҳо чун шаҳрвандони мамлакати сукунат ба гирифтани музд барои меҳнат, дарозии рӯзи корӣ, рухсатиҳои пардохтшаванда, ҳадди поёнии синну сол барои ба кор даромадан, ҳуқуқи шогирд шудан ва тайёрии касбӣ, меҳнати занон ва наврасон ва истифода аз афзалиятҳои қарордоди дастаҷамъӣ, ки дар байни корфармоён ва коллективҳои меҳнатӣ баста мешаванд , ҳақ доранд.

Гурезаҳо ҳақ доранд дар мавридҳои ҳодисаҳои нохуш дар ҷойи кор, маризии касбӣ, таваллуд, касалӣ, пиронсолӣ, дар мавриди фавтидан ва ғайра аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоя карда шаванд, ки он дар қонунгузории мамлакати сукунат пешбинӣ шудааст, истисноанд баъзе маҳдудиятҳо, аз он ҷумла:

1. Агар тартиби махсуси нигоҳдории ҳуқуқ ва озодиҳои бадастоварда дар ҷараёни ба дастоварии онҳо муқаррар карда шуда бошад.

2. Агар қонунҳо ё қарордодҳои мамлакати сукунат тартибимахсуси ба даст овардани кӯмакпулии пурра ё ҷузъиро дар назар дошта бошад, ки он аз тарафи маблағҳои давлатӣ ва кӯмакпулӣ ба онҳое пардохта мешавад, ки ҳамаи шартҳои пардохтҳои барои гирифтани нафақаи хуб зарурро иҷро накардаанд. Моддаи 24-и Конвенсияи соли 1951

Нишондодҳои болоӣ шаҳодат медиҳанд, ки давлатҳои ҳузур бо гурезаҳо ҳамон тавре муносибат мекунанд, ки бо ҳар шаҳрванди хориҷии дар қаламрави он ҳузурдошта муносибат мекунанд.

Конвенсия як қатор тадбирҳои моҳияти маъмурӣ доштаро дар назар дорад. Ин тадбирҳо мусоидати маъмуриро дар мавридҳои аз тарафи гурезаҳо истифода бурдани ягон хел ҳуқуқ маъмӯлан мусоидати ҳокимияти давлати хориҷиеро тақозо дорад, ки ин гурезаҳо ба он муроҷиат карда наметавонанд. Давлатҳои аҳду паймонкунанда, ки дар қаламрави онҳо гурезагони номбурда сукунат доранд, тадбирҳое меандешанд, ки чунин ҳамкорӣ бо онҳо аз ҷониби ҳокимияти давлати мазкур ё сохторҳои ягон созмони байналмилалӣ сурат бигирад.

Моддаи 24-и Конвенсияи соли 1951

Ин ҳокимият ё ҳокимиятҳо гурезаҳоро аз ҳуҷҷатҳо ва шаҳодатномаҳо таъмин мекунанд ( ё ки дар зери назорати онҳо таъмин карда мешаванд), ки ба хориҷиён аз тарафи ҳокимият ё ба воситаи ҳокимияти давлатҳое дода мешаванд, ки шаҳрванди онҳо мебошанд. Ин ҳуҷҷатҳо шахсияти онҳоро муайян месозад ва то он вақте, ки беэътибор будани онҳо исбот нашудааст, эътибор доранд.

Давлатҳои иштирокчии Конвенсия ба гурезаҳо озодии ҳаракат ва интихоби ҷои истиқомат медиҳанд, дар сурати риояи ҳамаи қоидаҳо, ки одатан нисбати хориҷиён дар худи ҳамон ҳолатҳо истифода бурда мешаванд.

Чи тавре ки дар боло гуфта шуд, дар дохили мамлакат ба гурезаҳо шаҳодатнома дода мешавад. Дар баробари ин тибқи моддаи 28-и Конвенсия дар давлатҳое, ки гурезаҳо сукунат доранд, онҳо аз чиптаи нақлиётсаворшавӣ барои ҳаракат берун аз ҳудудҳои он таъмин карда мешаванд.

Чиптаи нақлиётсаворшавӣ чист?

Чиптаи нақлиётсаворшавӣ — намунаи ҳуҷҷати муқарраргардида буда, шахсияти соҳиби онро муайян месозад ва барои бо нақлиёт аз як ҷо ба ҷои дигар савор шуда рафтан ҳуқуқ медиҳад.

Намудҳои ҳуҷҷатҳои нақлиётсаворшавӣ дар замимаи Конвенсия аз 28 июли соли 1951 муқаррар карда шудаанд. Онҳо ба гурезагоне дода мешаванд, ки ба балоғат расидаанд, кӯдакон бошанд, бачиптаҳои нақлиётсворшавии волидон ё ки дар ҳолатҳои истисноӣ

- ба ҳуҷҷати марбутаи гурезаи калонсол дохил карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои нақлиётсаворшавӣ ба мӯҳлати муайян (барои 1-2 сол) дода мешаванд. Онҳоро аз нав оғоз намуда ё ки мӯҳлати эътибори онҳо тамдид карда мешавад, ки ба ин давлатҳои иштирокчии Конвенсия муносибати хайрхоҳона доранд. Ин ҳуҷҷатҳо дар қаламрави ҳамаи давлатҳои иштирокчии Конвенсия эътироф карда мешаванд. Баъди ба қаламрави давлати дигар кӯчида рафтани гуреза, вазифаи додани ҳуҷҷатҳои нав ба мақомоти марбутаи ин давлат мегузарад. Давлат вазифадор аст, ки соҳиби ҳуҷҷати нақлиётсаворшавиро (дар тӯли мӯҳлати амали ҳуҷҷат) аз нав ба қаламрави худ қабул намояд. Асоси ягонаи рад кардани додани ҳуҷҷати нақлиётсаворшавӣ зарурати таъмини амнияти давлатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.

Расми 17

Дар соҳаи андозбандии гурезаҳо ба шаҳрвандҳои худ, дар он ҷое, ки сукунат доранд, баробар карда мешавад. Ба гурезаҳои давлатҳои иштирокдори Конвенсия иҷозат дода мешавад ки амволи бо худ овардаро ба он давлате бароранд, ки барои сукунат ҳуқуқи ба он ҷо рафтан дода шудааст. Дар баробари ин, Конвенсия гурезаҳоро вазифадор мекунад, ки қонунҳо ва асноди дигари ҳуқуқии давлати ҳузурро риоя кунанд. Яъне, гурезаҳо ҳуқуқ ва озодиҳои дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонгардидаро риоя мекунанд, бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷию ашхоси бешаҳрвандӣ вазифаю масъулият доранд, истисно мебошанд ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Ин гуфтаҳо дар бораи принсипи баробарии ҳуқуқҳое шаҳодат медиҳанд, ки барои зиндагии мӯътадил, ба фаъолияти муайян шуғл варзидан, истифода аз ҳуқуқ ва озодиҳо таъмин ва кафолат медиҳанд, чи тавре ки ба ашхоси дигари сокин дар давлати ҳузури онҳо кафолат дода мешавад.

Ин ҳуқуқҳо ҷудонашаванда мебошанд, онҳоро бе асосҳои марбута маҳдуд кардан мумкин нест. Онҳо дар як вақт ҳамаи гурезаҳоро аз ҳамон вақте фаро мегиранд, ки онҳо мақоми гурезаро гирифтаанд.

Ин ҳуқуқҳо универсалӣ мебошанд ва бидуни ягон шарту шароит, дар як вақт ба миён меоянд.

Конвенсия давлатро дар кори ба гурезаҳо додани ҳуқуқ ва озодиҳои бештар маҳдуд намесозад. Ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар Конвенсия таҳким ёфтаанд, ҳамон ҳадди ақалле мебошанд, ки бояд онҳо дар мамлакатҳое таъмин карда шаванд, ки гурезаҳоро қабул кардаанд.

Ҳамин тариқ, ҳар кас ҳақ дорад аз таъқибот ё таҳдиди хатари қурбонии таъқибот шудан дар мамлакате, ки шаҳрванди он аст ва ё дар мамлакати ҳузур гурезгоҳ ва ҳимоя кобад.

Бо гурезаҳо дар мамлакатҳое, ки онҳоро қабул кардаанд, бояд ҳамон тавре муносибат карда шавад, ки бо шаҳрвандони хориҷии дар мамлакат дар асоси қонунӣ сукунаткунанда муносибат доранд. Табъиз нисбати гурезаҳо аз рӯи нишонаҳои нажодӣ, динӣ, мамлакати пайдоиши онҳо, инчунин аз рӯи асосҳои дигар мумкин нест.

Дар зери мафҳуми “табъиз” чиро бояд фаҳмид?

Табъиз маҳдудкунии дидаю дониста аст, ё ки маҳдудкунии ҳуқуқ аз рӯи нишонаҳои нажодӣ, динӣ, табаагӣ, ақидаҳои сиёсӣ ва ё мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоиро ифода мекунад.

Нишондоди Конвенсия дар бораи норавогии табъиз ваколати боэътимоди риояи ҳуқуқҳои гурезаҳо дар давлатҳое мебошад, ки дар он ҷо гурезаҳо дар асоси қонунӣ ҳузур доранд.

Нишондоди Конвенсия дар бораи манъи аз мамлакат пеш кардан барои гурезаҳо тақдирсоз мебошад. Он барои ҳамаи давлатҳои иштирокдори Конвенсия қоидаи умумӣ мебошад, ки мувофиқи он давлате, ки дар он гурезаҳо сукунат доранд, онҳоро аз он ҷо пеш намекунанд, ғайр аз ҳолатҳое, ки ба амнияти давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ дахл доранд. Дар ин сурат ба гурезаҳо ҳуқуқ дода мешавад, ки барои исботи бегуноҳии худ асос пешниҳод намоянд, агар қарор қабул карда шуда бошад, имконият доранд ба қарори суд шикоят нависанд.

Дар сурати қабули қарори қатъӣ дар бораи аз мамлакат пеш кардани гуреза, давлат ба чунин гурезаҳо барои гирифтани ҳуқуқи қонунӣ барои рафтан ба ягон мамлакати дигар вақти басанда муайян мекунад.

Ҳамин тариқ, аз Конвенсия бармеояд, ки, чун қоида, гурезаҳоро дар ҳолатҳои маҳдуд ва бо иҷрои тартиботи муқарраргардида пеш кардан мумкин аст.

Дар баробари ин Конвенсия пешкунии гурезаҳо ё ба сарҳади мамлакате, ки ба ҳаёт ва озодии онҳо бо сабабҳои нажодӣ, шаҳрвандӣ, динӣ, ақидаҳои сиёсӣ ё мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ манъ кардааст, ин қоида дар мавридҳои бо сабабҳои узрнок пеш кардан амал намекунад. Ба ин сабабҳо хатар ба амнияти давлате, ки гурезаҳо дар он ҳузур доранд ё барои ҷиноятҳои махсусан сангин аз тарафи суд маҳкум карда шудаанд ва барои мамлакат хатарнок мебошанд, дохил мешавад ба шарте, ки ҳукми суд ба қувваи қонунӣ даромада бошад.

Натурализатсия чист?

Натурализатсия ба шаҳрвандӣ қабул кардани шахси хориҷӣ дар асоси аризааш мебошад.

Дар давлатҳое, гурезаҳо сукунат доранд, мумкин аст баррасии аризаи гурезаро барои додани шаҳрвандӣ тезонида, барои қабул шудан ба шаҳрвандӣ дар ин мамлакат мӯҳлатҳои кӯтоҳкардашуда муқаррар карда шаванд, он ҳақ дорад ҳаҷми пардохт ва хароҷотро, ки ба натурализатсия алоқаманд аст, кам кунад.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: пеш кардан, табъиз, чиптаҳои нақлиётсаворшавӣ, натурализатсия.

Савол ва супоришҳо

1. Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо кай ва чи тавр қабул карда шудааст?

2. Мақсад ва вазифаҳои Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳоро баёнва шарҳу эзоҳ созед.

3. Моҳияти мафҳуми “гуреза” ва “муҳоҷири меҳнатӣ”-ро фаҳмонед,айният ва тафовути байни онҳоро муайян намоед.

4. Конвенсия ба гурезаҳо кадом ҳуқуқу озодиҳоро пешбинӣ кардааст? Давлатҳои иштирокчии Конвенсия нисбати гурезаҳо кадом ӯҳдадориҳо доранд?

5. Конвенсия нисбати гурезаҳо кадом маҳдудиятҳои қонуниро муайян намудааст?

6. Супориш. Оилае ихтиёран навакак ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, ният дорад, ки барои гурезаи сиёсӣ эътироф шудан ба мақомоти марбутаи давлатӣ дар ин бора дархост пешниҳод намояд. Бигӯед, ки дар сурати ба мақоми гурезаи сиёсӣ эътироф шудан ин оила дар мамлакати ҳузур аз кадом ҳуқуқу озодиҳо истифода бурда метавонад?

7. Супориш. Ҳуқуқи ҳимояи гурезаро дар суд шарҳ диҳед. Тартиби гирифтани ҳуҷҷати нақлиётсаворшавиро баён кунед; ин ҳуҷҷат дар кадом сурат зарур аст?

Реклама