Демократия нафақат ва на танҳо сохти давлатӣ мебошад, балки дар мадди аввал муносибати одамонро нисбати якдигар ифода менамояд.
Ержи Эйнхорн
1. МАФҲУМИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Фарҳанг дар сиёсат, иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи мо, ки аз соҳаҳои муҳимми муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошанд, вуҷуд дорад. Дар ин муносибатҳо дар сатҳи оилавӣ-хешу таборӣ, дастаҷамъӣ ва давлатӣ арзишҳои умумиинсонӣ ва ғояҳои олӣ, ҳамдигарфаҳмии одамон, ифодаи эҷодиёт ва санъати онҳо, ниҳоят, инсонгароӣ ифодаи худро меёбад. Мафҳуми фарҳанг дар ҳаёти иҷтимоӣ аз чунин таркибхо иборат аст: 1. Ҳамаи иттилооти ғайригенетикӣ, ки ба инсоният мансуб аст, яъне чун фарҳанги рӯҳии инсон, ки баъди тавлидаш ҷамъ мешавад (илм, санъат, дин, ақли солим); 2. Маданияти моддӣ, аломатҳо ва низоми аломатӣ, ки ифодакунандаи маданияти моддӣ мебошанд, яъне дорандаҳои моддии дониш, забон, китобҳо, аксҳо, суратҳо ва ҳар гуна натиҷаҳои эҷодиёт ва санъат – мизу курсиҳо, пиёлаю чойникҳо ва ғайраҳо; 3. Тарзҳои муносибати байни ҳамдигарӣ ва ҳамзистӣ, яъне маданияти иҷтимоӣ чун механизмҳои рафтори инсон (урфу одатҳо, маросимҳо, таҷрибаи касбӣ). Баъз олимон охирин номбурдаро чун қисмати маданияти маънавӣ ё худ фарҳанг маҳсуб медонанд.
Маданият (дар забони русӣ “культура” аз калимаи лот. cultura – парваридан, тарбия, таҳсилот, инкишоф, эҳтиром гирифта шудааст) – сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа, қувваҳои эҷодӣ ва лаёқатҳои инсон аст, ки навъҳо ва шаклҳои ташкили ҳаёт ва фаъолияти одамон, муносибати байниҳамдигарии онҳо, инчунин дар арзишҳои моддӣ ва маънавии аз тарафи онҳо эҷодшударо ифода мекунад. Маданият ба маъниҳои дигар низ баён мегардад. Масалан, мафҳуми маданият барои баҳодиҳии давраҳои муайяни таърихӣ (маданияти атиқа), ҷомеаҳои мушаххас, халқҳо ва миллатҳо (масалан, маданияти Бобул), ва инчунин соҳаҳои махсуси фаъолият ё ин ки ҳаёт (маданияти меҳнат, меҳнат, бадеӣ); дар маънои маҳдуд – соҳаи ҳаёти рӯҳии одамон мебошад. Маданият, инчунин натиҷаҳои моддии фаъолияти одамонро дар бар мегирад (мошинҳо, иншоотҳо, натиҷаҳои дониш, асарҳои санъат, меъёрҳои ахлоқ ва ғайра), ё ба сифати қувваҳои инсонӣ ва истеъдоди онҳо, ки дар фаъолияти онҳо амалӣ мешаванд (дониш, маҳорат, одатҳо, сатҳи ақлӣ, инкишофи маънавӣ ва эстетикӣ, ҷаҳонбинӣ, тарзҳо ва шаклҳои муносибати одамон) шинохта мешавад. Аз нуқтаи назари иҷтимоиёт
(сотсиология) ин мафҳум тамоми тарзи зиндагии тамаддунии ҷомеаро дар бар мегирад, ва дар ин маъно ҳар кас, ки дар ҳаёти ҷомеа бо ақлу идрок ва ҳуш ширкат меварзад, «одами бомаданият» ҳисоб мешавад. Маданият аз таркибхое иборат аст, ки тамоми инсоният истифода мебарад. Ин дастовардхо ба ду намуди асосӣ тақсим мешаванд: моддӣ ва маънавӣ, ё худ ғайримоддӣ. Маданияти моддӣ аз предметҳо ва объектҳои физикӣ иборат мебошад, ки одамон офаридаанд: либос, мактабҳо, фабрикаҳо, шаҳрҳо, китобҳо, киштиҳои кайҳонӣ, аломатҳои маросимӣ ва ғайра Маданияти ғайримоддӣ аз мафҳумҳои абстрактӣ, ба монанди забонҳо, ақидаҳо, ғояҳои динӣ, қоидаҳо, одатҳо, мифҳо, қолабҳои ҳаёти оилавӣ, низомҳои сиёсӣ ва ғайраҳо иборат аст.
2. ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИИ ИНСОН. Маданияти ҳуқуқии инсон – ин қисми таркибии маданияти маънавӣ мебошад, ки аз низоми донишҳо, муайянияти арзишӣ ва нигаҳҳо, ҳиссиёти равонӣ, ки дар эътироф ва ҳурмати шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин дорои малака ва тавоноӣ оид ба амалисозӣ ва ҳимоя мебошад. Умуман, фарҳанги ҳуқуқи инсон дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи ҳуқуқии инсон зоҳир меёбад.
Фарҳанги ҳуқуқӣ – ин мафҳуми васеъ мебошад, ки маҷмӯи мураккаби ҳодисаҳои ҳаёти ҳуқуқиро дар бар мегирад (муносибатҳои ҳуқуқӣ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, рафтори ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, равонии ҳуқуқӣ ва амсоли инҳо). Дар сохтори маданияти ҳуқуқӣ дар ҷабҳаи мушаххаси иҷтимоӣ унсурҳои зерини мухимро, ки мазмуни муайяни худ ва сатҳи сифатӣ доранд, ҷудо мекунанд: муносибатҳои ҳуқуқӣ чун низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки иштирокчиёни онҳо дорои ҳуқуқу вазифаҳо мебошанд; шуури ҳуқуқӣ чун акси ҳақиқати ҳуқуқӣ дар майнаи инсон; муассисаҳои ҳуқуқӣ чун низоми мақомотҳои давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ, ки назорати ҳуқуқӣ ва амалисозии ҳуқуқро таъмин мекунанд; рафтори ҳуқуқӣ ва фаъолияти ҳуқуқӣ.
Сохтори фарҳанги ҳуқуқии шахсият аз унсурҳои зерин иборат аст:
3. МАДАНИЯТИ ҲУҚУҚИИ ИНСОН. Фарҳанги ҳуқуқии шахсият маълумотнокии ҳуқуқиро дар бар мегирад, аз он ҷумла шуури ҳуқуқӣ, амалисозӣ ва малакаи истифода бурда тавонистани ҳуқуқ, итоат ба нишондодҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ.
Барои ташаккулёбии сатҳи баланди маданияти ҳуқуқ дар ҷомеа зарур аст, ки шаҳрвандон худашон ҳуқуқу озодиҳои хешро дарк кунанд, дар ин соҳа аз донишҳои муайян бархурдор бошанд, ҳуқуқҳо ва шаъну шарафи дигар одамонро эҳтиром намоянд. Ин унсурҳоро муфассалтар дида мебароем.
Якум, дониш. Бохабар будани инсон дар бораи ҳуқуқҳо ва вазифаҳои хеш, бегуфтугӯ, унсури муҳимтарини фарҳанги ҳуқуқи инсон мебошад. Дониш – натиҷаи омӯзиши ҳақиқат ва дар амалия санҷишшуда, акси дурусти хақиқати объективӣ дар шуури инсон мебошад. Дониш дар асоси муқоисаи маълумоти гирифтшуда ба даст меояд. Барои ҳамин, танҳо маълумотҳоро гирифтан ва имконияти дархост кардани ягон маълумот дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон кофӣ нест. Зарур аст, ки таҷрибаи маълумотгирӣ дар давраи тӯлонӣ ҷамъ шуда бошад ва бо воқеият дар муқоиса ва мувофиқат қарор бигирад.
Аз рӯи гуфтаи муҳаққиқ А.А. Требков, «мақсади асосии таълими донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккулёбии фарҳанги умумии инсон, ки дар асоси он – шиносоӣ, пеш аз ҳама бо мазмуни стандартҳои байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон мебошад, фахмида мешавад». Лекин ғайр аз донистани стандартҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон бояд тасаввурот дар бораи мафҳум ва категорияи «ҳуқуқи инсон», инкишофи назари таърихӣ-фалсафӣ ва сохтору таснифи он, дар бораи механизмҳои универсалӣ ва миллии амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо вуҷуд дошта бошад.
Тавре ки профессор Е.А. Лукашева менависад, донишҳо «на фақат мақсади тарбияи одамон, ташаккулёбии тасаввуротҳои дуруст дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон чун шарти зарурии озодии ӯ ва баробарӣ баромад мекунанд, балки ташкили ҷомеаи ҳуқуқбунёд, ки дар он ҳуқуқҳои инсон муқаддас ва дахлнопазиранд, эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон максади он ба шумор меравад”.
Дуюм, нишондоди ҷаҳонбинӣ. Нақши калонро дар тараққиёти фарҳанги ҳуқуқии инсон дар ҷомеа инкишоф додани арзишҳои ахлоқӣ, ғояҳое, ки ҳуқуқу озодиҳоро пуштибонӣ мекунанд, инчунин ташаккулёбии нишондодҳои ҷаҳонбинии инсон ва муносибати ӯ нисбати равандҳои инкишофи ҷамъиятӣ мебозад. Дар ҳазорсолаи сеюм аз одамон тасдиқи шакли нави фикрҳо, сохтори нави арзишҳо, тағйири шуур талаб карда мешавад. Ҳамкории натиҷабахш ва гуфтугуи тамаддунии миллатҳо, наздикшавии онҳо, муттаҳидшавии халқҳо дар рӯ ба рӯи масъалаҳои таҳдикунандаи глобалӣ танҳо дар асоси арзишҳои бунёдӣ, ки ба ҳама гуна маданият мансуб аст: меъёрҳои ахлоқ, арзишҳои ҳаёти инсон ва шарафи он, баробарӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, ҳамдигарфаҳмӣ ва тоқатпазирӣ, эътирофи бисёррангӣ ва бисёрҷабҳагии олам, рад кардани зӯрӣ ва амсоли инҳоро ба даст овардан мумкин аст. Барои ҳамин эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон чун арзиши олӣ дастоварди бузурги тамаддун аст.
Сеюм, унсури миллӣ. Ҳиссиёти равонӣ чун унсури маданияти ҳуқуқи инсон аҳамияти калон дорад. Таассурот, шуурнок кардан ва дарки ҳуқуқу озодиҳо ба коркарди тамоили арзишӣ-ҷаҳонбинии инсон ва танзими рафтори одамон таъсири хеле калон дорад. Масалан, ҳиссиёт ва эҳсосот ҳамчун хислати манфӣ нисбати ҳуқуқу озодиҳо метавонанд сабаби муносибати соддалавҳона (нигилистӣ) нисбати ҳуқуқу озодиҳо, тоқатпазирӣ, имконнопазир будани зӯрӣ, фарҳанги сулҳ шавад. Мурофиаи амалигардонии ҳуқуқҳои инсон ва дараҷаи фаъол будани шахсият дар ин раванд, пеш аз ҳама, аз он вобастагӣ доранд, ки онҳо аз тарафи инсон то кадом дараҷа аз худ карда шудаанд.
Чаҳорум, малака ва маҳорати ҳуқуқдонӣ. Шахс дар муносибати ҳуқуқӣ ворид шуда, мефаҳмад, ки ба ҳуқуқу озодиҳояш баҳо медиҳад, ва оноро дар ҳаёти амалӣ истифода мебарад, Дар натиҷа ӯ аз амалиёти худ қонеъ мешавад. Ба ин чиз, пеш аз ҳама, малака ва маҳорати ҳуқуқдонӣ кӯмак менамояд. Барои ҳамин дар раванди ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқҳои инсон таҷриба ва малакаю маҳорат оид ба ҳимоя ва барқарор кардани ҳуқуқу озодиҳо нақши муҳимтаринро мебозанд. Бешубҳа, фақат одами бомаърифат метавонад ҳуқуқҳои худро ба амал барорад, ва инчунин ҳуқуқҳои вайроншудаи дигар шахсонро барқарор кунад. Сатҳи кофии дониш ва малакаҳои амалии шахс метавонанд тамоми имкониятҳои механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳоро дар сатҳи миллӣ истифода барад.
4. УНСУРҲОИ ТАРКИБИИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚӢ.
Муносибати ҳуқуқӣ он муносибати ҷамъиятие мебошад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро (талаботу манфиатҳои инсонро) дар бар мегирад ва аз ин рӯ дар зери таъсири меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад. Қонуният ин чунин ҳолати низоми ҳуқуқии давлат мебошад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар қонунҳо инъикос гардидаанд, дақиқ ва бечунучаро риоя мешаванд. Тартиботи ҳуқуқӣ – натиҷаи қонуният, ҳолати муносибатҳои ҷамъиятии батартибдароваршуда мебошад, ки дар ҳуқуқ ва қонуният асос меёбад. Рафтори ҳуқуқӣ рафтори қонунӣ аст, конуне, ки ба талаботи ҳуқуқ ҷавоб медиҳад. Фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, пеш аз ҳама, аз сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқии аҳолӣ вобаста аст, яъне аз он, ки онҳо чӣ қадар чунин падидахои ҳуқуқиро дарк кардааанд, ба монанди арзиши ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзиши тартиби ҳуқуқӣ ҳангоми ҳалли бахсҳо, дарёфти муросоҳо ва ғайраҳо, то чи андоза аҳолӣ (гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синну солӣ, касбӣ ва ғайра) аз ҳуқуқ хабардор аст, муносибати эҳсосотии одамон нисбати қонун, суд, мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқ, воситаҳо ва тартиботи ҳуқуқ чи тавр аст.
Сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқиро метавон танҳо дар амалиёти воқеии ҳуқуқӣ қайд кард.
Фарҳанги ҳуқуқӣ сатҳи инкишофи фаъолияти ҳуқуқӣ мебошад. Он аз сатҳи назариявӣ – фаъолияти ҳуқуқшиносон, сатҳи маориф – фаъолияти донишҷӯён ва шунавандагони мактабҳои ҳуқуқӣ, донишгоҳҳои олӣ ва ғайра ва амалӣ–ҳуқуқэҷодкунанда ва ҳуқуқамаликунанда, аз он ҷумла фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунанда иборат аст.
Унсури дигари фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа сатҳи ташаккули тамоми низоми санадҳои ҳуқуқӣ, яъне матнҳои ҳуҷҷатҳо мебошад ва дар онҳо ҳуқуқи ин ҷомеа ифода ва мустаҳкам мешавад.
Аз ҳама муҳим барои баҳодиҳии фарҳанги ҳуқуқӣ низоми қонунгузорӣ мебошад. Дар қисми 3 моддаи 5-и Конститутсияи ҶТ муайян шудааст, ки: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Таҳлили фарҳанги ҳуқуқӣ барои он зарур аст, ки онҳоро қунугузор, ҳуқуқтатбиқкунандагон, шаҳрвандон ва ҷомеа дар фаъолияти хеш истифода мебаранд. Аз ин рӯ, ҳолати воқеии корҳоро дида, онҳо бояд роҳҳо ва воситаҳои расидан ба арзишҳои мазкур, сохтмони давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳамбастагӣ ва дӯстии халқҳо, хуқуқу озодиҳои ба сохти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва равонии ҷомеа мувофиқбудаи инсонро дарёфт кунанд – ин донистану фаҳмиши ҳуқуқ ва рафтори мувофиқи ҳамин фаҳмиш мебошад. Фарҳанги ҳуқуқии шахсият бо шуури ҳуқуқӣ алоқаманд буда, ба он такя мекунад. Вай аз шуури ҳуқуқӣ васеътар аст ва дар дохилаш нафақат унсурҳои равонӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин рафтори аҳамияти ҳуқуқидоштаи фардро низ дар бар мегирад.
Фарҳанги ҳуқуқи инсон, аз як тараф, ин қисми таркибии маданияти маънавии инсон аст, аз тарафи дигар, чун ҳодисаи дар категорияҳои маданияти маънавӣ, аз он ҷумла фарҳанги ҳуқуқӣ ва дар алоқамандӣ бо категорияи ҳуқуқи инсон вуҷуддошта баромад мекунад.
Мафҳумҳоро дар ёд доред: фарҳанги ҳуқуқи инсон, фарҳанги ҳуқуқии шахсият, маданияти моддӣ ва маънавӣ, маданияти ғайримоддӣ, унсурҳои равонӣ ва ғоявии фарҳанги ҳуқуқӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, қонуният.
Савол ва супоришҳо
1. Дар бораи мафҳуми “маданияти ҳуқуқи инсон” маълумот диҳед.
2. Фарҳанги ҳуқуқии шахсро чи тавр фаҳмидед?
3. Унсурҳои фарҳанги ҳуқуқиро номбар кунед. Бигӯед, ки фарқи байни онҳоро чи тавр муқайян мекунед?
4. Қисмҳои таркибии фарҳанги ҳуқуқи инсонро номбар карда, ҳар кадоми онҳоро шарҳ диҳед.
5. Фарҳанги ҳуқуқӣ ба инсон барои чи лозим аст?
6. Оид ба ҳаёти иҷтимоӣ супорише тайёр кунед, ки он аз фарҳанги ҳуқуқии ду шахс дарак медиҳад. Бубинем, ки дар зиндагӣ кадоме аз онҳо ба мушкилоти бештар дучор мегардад.
Реклама