1. МАФҲУМИ “ИФРОТГАРОӢ”. Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо ба қатъиян рад мекунад. Ифротгароие, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ҷомеа ба миён меояд, ифротгароии сиёсӣ ва ифротгароие, ки дар соҳаи дин ба миён меояд, ифротгароии динӣ ном дорад.
Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.
(Моддаи 3. Қонун “Дар бораи мубориза бо эстремизм”)
Аз ҳамин сабаб ифротгароӣ бо дар назардошти таҳаввулоти умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ бояд ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва идеологияи ифротӣ дар ҷомеа ва давлат дониста шавад, яъне он дар сатҳи шахсият ҳамчун зуҳуроти ғоя, дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва дар сатҳи ҷомеа ҳамчун идеология шинохта шавад. Агар ифротгароиро ҳамчун ғояи шахсият, идеологияи ҷомеа ва сиёсати ҳокимият шуморем, пас мумкин аст онро чунин муайян намоем: экстремизми сиёсӣ зуҳуроти ифротии идеология ва сиёсат дар сатҳи ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ, ки усули ба мақсад ноилшавӣ дар ҳолат ва шароити муайян амалҳои зӯроварӣ ва терроризм мебошад.
Терроризм содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ба аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад. Чи тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меоянд:
Расми 1
Мавриди аввал. Дар мавриде, ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад.
Мавриди дуввум. Дар мавриде, ки барои ҳокимият мубориза бурда мешавад.
Дар мавриди аввал ифротгароӣ дар сатҳи ғояю андеша ва идеология ба миён меояд. Дар ин марҳала ифротгароӣ ҳамчун ҳодиса ва кирдор дар доираи қонун ва тартиботи ҳуқуқи сурат мегирад, ки дар ин маврид ҳанӯз бо роҳҳои музокирот ва машварат ба даст овардани ризояти тарафайн имконпазир аст. Дар мавриди дуюм ифротгароӣ аллакай ба кирдор – дар шакли муборизаи сиёсӣ дар намуди таъқибот ё ифротгароии сиёсӣ, ки усули ноилшавӣ ба мақсад зӯроварӣ ва терроризм мебошад, мубаддал мегардад.
Бо дар назардошти он ки ифротгароӣ дар сатҳи шахсият – субъекти сиёсат ва ҳуқуқ ҳам дар гурӯҳҳои ҷамъиятӣ ва ҳам дар фаъолияти намояндагони ҳокимияти давлатӣ зуҳур меёбад, ба ду гурӯҳ ҷудо намудани ифротгароии сиёсӣ ба мақсад мувофиқ аст: ифротгароие, ки таъқиботи сиёсиро дар сатҳи ҳокимияти давлатиро дар назар дорад; ифротгароии сиёсии идеологӣ, ки дар сатҳи ақидаи ифротии гурӯҳӣ қарор дорад.
Ифротгароии таъқиботи сиёсӣ ҳамчун намуди зуҳуроти сиёсӣ аз тарафи намояндагони ҳокимияти давлатӣ ба шикастани ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ, поймолкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷомеа ва халқҳои дигар, паҳн намудани идеологияи адовати нажодӣ ва миллӣ ба дастгирии нерӯҳои ифротӣ ва режимҳои диктаторӣ равона карда шудааст. Ин намуди ифротгароӣ дар давраи мавҷудияти ду низоми ҷаҳонӣ, дар давраи “ҷанги сард” ба таври фаъолона зуҳур меёфт. Он замон усулҳои ҳалли мушкилот таҷовуз, табаддулоти ҳарбӣ, исён, муҳосираи ҳарбию иқтисодӣ ва терроризм буданд.
Ифротгароӣ одатан ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат, ҳамчун зуҳурот ҳамон вақте ба ҷиноят табдил меёбад, ки усули ноилшавӣ ба мақсад роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ роҳи зӯрӣ ё усули террор интихоб карда мешавад.
Ифротгароён метавонанд ба музокирот ворид гардида, шарт ба миён гузоранд, ки ӯҳдадориҳои муайянро ба зимма гиранд, ё ки қонунҳо ва роҳи ғайризӯрии ҳали масъаларо рад кунанд
Ифротгароии идеологии сиёсиро мумкин аст ҳамчун шакли радикалии зуҳуроти миллию этникӣ, динӣ ва ҷиноию иқтисодӣ фаҳмида шавад.
Ифротгароии миллию этникӣ дар зери идеологияи миллатгаро аз мавқеи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои миллӣ ё этникӣ бар зидди сиёсати милли ҳокимияти давлатӣ баромад мекунад, аз ин рӯ метавонад кирдори дар шакли натсизм, фашизм, саҳюнизм ва ғайра ба миён ояд.
Ҳамин тариқ, ифротгароӣ метавонад аз идеологияи гузарои ақаллияти сиёсӣ ва сиёсати таъқиботкунии аксарияти сиёсӣ иборат бошад.
1. Аз тариқи мисолҳо бифаҳмонед, ки кадом амалҳо ба мафҳуми “ифротгароӣ” тааллуқ доранд?
2. Оё ифротгароӣ бо ягон идеология робита дорад?
2. ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ГУРӮҲҲОИ ТУНДРАВ. Дар даҳсолаҳои охир чунин ҳодисаҳои ифротгароие то чанде васеътар доман паҳн мекунанд, ки ба тасаввуроти динӣ алоқаманд мебошанд. Ифротгароӣ дар асоси дин – ин пайравӣ дар ақида ва амалҳои гузарои динӣ мебошад. Он аз дигар намудҳои ифротгароӣ бо он фарқ мекунад, ки бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият, вайрон кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат равона карда шуда, таълимот ва рамзҳои диниро ҳамчун омили ба тарафи худ ҷалб намудани одамон ва истифодаи онҳо дар муборизаи оштинопазир истифода мебарад.
Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин райпӯшкардашудае аст, ки ба зӯран тағйир додани сохти давлатӣ ё бо роҳи зӯрӣ ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.
Дар марҳалаи кунунӣ мафҳуми ифротгароии динӣ ба худ маънии васеътар пайдо кардааст. Дар зери мафҳуми ифротгароии динӣ муқаррароти устувори динӣ ё яке аз намудҳои шуури динии муосир фаҳмида мешавад. Сарфи назар аз он ки дар заминаҳои гуногуни динӣ зуҳуроти тамоили ифротгароӣ сабабҳои гуногун дорад. Дар бораи ифротгароии динӣ ҳамчун ҳодисаи махсусе сухан рондан мумкин аст, ки оғози арзи вуҷуд кардани он ба солҳои 70-80-уми қарни ХХ рост меояд. Инро мо дар Шарқ дар мисоли ҳаракати “Толибон”, “Ал-қоида” ва “Ҳизб-ут-Таҳрир” мушоҳида карда метавонем. Дар ғарб бошад, ифротгароии масеҳӣ низ вомехӯрад. Инро мо аз масхараю ҳаҷв кардани Қуръони Шариф аз тарафи Салмон Рушдӣ ва Пайғамбари ислом аз тарафи рассоме аз Дания мисол оварда метавонем. Васоити ахбори аксарияти мамолики Ғарб ин “мавод”-ро ҳамчун сенсатсияи хурсандона чоп карданд ва касею нашриёте аз ин кори ифротгароӣ ҷазое надид. Фаъолияти ташкилотҳои зиддиисломӣ дар Ғарб бо номи “ Не Ислом!”-ро низ бояд ном бурд.
Баъзан сабаби паҳншавии ифротгароӣ дар заминаи динӣ дар натиҷаи таҳаввулоти демократӣ эълон карда шудани озодии виҷдон низ ба миён меояд. Вале озодии виҷдон озодии муҳим ва пурарзиши инсон дар давлати ҳуқуқбунёди муосир мебошад. Аз тарафи иттиҳодияҳои динӣ шарҳ додани он, ки ҳар коре ки мехоҳӣ, мекунӣ, имконият фароҳам овард, ки дар ҷомеа идеологияҳои ифротгаро ташкил ёбанд.
Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад – динӣ ва ё дунявӣ, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мекунад.
1. Аз Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон моддаеро ба ёд биёред, ки он озодии виҷдон ва эътиқоди инсон шаҳрвандро кафолат медиҳад ва онро шарҳ диҳед.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад, аз ин рӯ, бояд объекти таваҷҷӯҳ ва омӯзиши ҳамешагӣ қарор гирад, махсусан аз ҷониби низоми муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар.
Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд.Усулҳои мубориза метавонанд гуногун бошанд. Давлат, пеш аз ҳама, бояд шароити иҷтимоию иқтисодиеро, ки ба тавлиди ифротгароӣ мусоидат менамояд, бартараф намояд, фаъолияти ғайриқонунии ифротгароёнро пешгирӣ кунад, ҷомеа бошад, бояд бо ёрии иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, ВАО ва ғайра ба ифротгароии динӣ истодагарӣ кунад. Барои ин ба ғояҳои ифротгароӣ ғояҳои инсондӯстона ва принсипҳои таҳаммул, сулҳ ва мусолиҳаи шаҳрвандиро муқобил гузорад.
1. Кадом хусусиятҳои ифротгароиро медонед?
2. Ифротгароӣ ба давлат, ҷомеа ва инсону шаҳрванд чӣ зарар расонида метавонад?
3. ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ. Мувофиқи моддаи 8 Конститутсияи мамлакат дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси бисёрҳизбӣ сурат мегирад. Ягон идеология, аз он ҷумла ислом, ба сифати идеологияи давлатӣ эътироф карда намешавад. Ташкилотҳои динӣ, ки тибқи қонун аз давлат ҷудо мебошанд, ба корҳои давлатӣ дахолат карда наметавонанд. Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон, ҳамчун давлати дунявӣ, муассисаҳои динӣ аз мақомоти давлатӣ ҷудо карда шудаанд ва онҳо имконият надоранд, ки ба мақомоти давлатӣ таъсир расонанд.
Шаҳрвандон дар интихоби дин озоданд ва давлат ҳақ надорад, ки ба шаҳрвандон дар риоя кардани анъана ва муқаррароти динӣ маҳдудият ба миён оварад. Ба тарзи дигар гӯем, инсон дар эътиқоди динӣ, виҷдон ва шахсият озод аст.
Барои мубориза бар зидди ифротгароӣ дар баробари меъёри ҳуқуқии дар моддаи 8-юми Конститутсия омада қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм”, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тамоми чораҳои қонуниро меандешанд, ки мардуми кишварро аз ифротгароӣ ва ифротгароён ҳимоя намоянд.
1. Оё шумо ба мафҳуми конститутсионии“давлати дунявӣ” шинос ҳастед? Он чӣ маънӣ дорад?
Мардуми Тоҷикистон зуҳуроти ифротгароии диниро қабул карда наметавонад. Ақидаи халқ дар қонунгузорӣ ва Конститутсия таҳким ёфтааст. Ин маънои онро дорад, ки мардум аз радикализми давлатӣ, кадоме, ки атеизм аст, халос шуда, радикализми дигар – режими сиёсии диниро қабул карданӣ нест Андешаи мардум дар моддаи 1000 Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтааст, ки дар он ивазшавии сохти идораи давлат тағйирнопазир эълон гардидааст.
Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, ташкил медиҳанд. Соли 2003 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ” қабул карда шуд, ки мақсади он, пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо мақсади пешгирии фаъолияти ифротгароӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, бақайдгирӣ ва фаъолияти созмонҳои ифротгаро ё созмонҳое, ки ба ифротгароӣ мусоидат мекунанд, таблиғоти ифротгароӣ пеш мебаранд, маводи ифротгароӣ паҳн менамянд, манъ карда шудааст.
Агар одамон хоҳанд, ки дар шароити сулҳу осоишта ва давлати ҳуқуқбунёд зиндагӣ кунанд, дар он ҷое, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя карда мешаванд, дар ҷое, ки таҳаммул як ғояи аз ҳаёт ҷудо нею омили воқеан ҳаётӣ мебошад. Фаҳмиши зарурати дар ҷомеаи Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ муҳим аст. Бояд ба мардум ёрӣ расонид, то ки арзиши ҳуқуқи инсон, фарҳанги ҳуқуқ ва таҳаммулро бубинанд, бо ин роҳ мақоми иҷтимоии худро бифаҳманд, муноқиша ва низоъҳоро тавассути роҳҳои ҳуқуқӣ ва ба таври осоишта ҳал карда тавонанд. ҳамаи ин мардумро ба муқобили ифротгароӣ хуб тайёр мекунад.
Мафҳумҳоро дар ёд доред: ифротгароӣ, терроризм, экстремизм, ифротгароии сиёсӣ, ифротгароии динӣ, ифротгароии идеологӣ, ифротгароии миллию этникӣ, бунёдгароӣ, фанатизм, гурӯҳҳои тундрав, радикализм, фаъолияти ифротгароӣ.
Савол ва супоришҳо
1. Мафҳуми “ифротгароӣ” ё худ “экстремизм”-ро шарҳ диҳед ва намудҳои зуҳурёбии онро номбар кунед.
2. Ба андешаи Шумо мутобиқи қонунҳо чаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои ифротгаро манъ карда шудааст?
3. Аз тарафи созмону гурӯҳҳои ифротгаро кадом ҳуқуқ ва озодиҳои инсон поймол мешаванд?
4. Дар байни ҳамсинфон дар мавзӯи зерин баҳс кунед: Кадом амалҳоро ифротӣ номидан мумкин аст?
5. Кадом созмонҳои ифротгарои муосирро медонед? Бо кадом сабаб ҳамчун ифротӣ шинохта шудаанд?
6. Дар гурӯҳҳои хурд ҳолатеро тасвир намоед, ки амали ифротиро мемонад ва аз тариқи иҷрои нақши “персонажҳо”-и онҳо қонуншиканиашонро намоиш диҳед.
7. Дар бораи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ чиҳо медонед?
Реклама