§11. ХАЗИНАИ СММ ОИД БА РУШД БА МАНФИАТИ ЗАНОН (ХСММРМЗ - ЮНИФЕМ)

Ба ёд оред, ки баробарии гендерӣ чист? Оё асноди байналмилалии ба ҳуқуқи занон бахшидашударо медонед?

1. ТАЪРИХИ ТАЪСИС ВА САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ХСММРМЗ (ЮНИФЕМ). Занон ва духтарон дар тамоми ҷаҳон ба табъизи бешумор гирифтор карда мешаванд. Табъиз мумкин аст зӯроварӣ, вобастагии иқтисодӣ, имконнопазирии ҳимояи манфиатҳои худ дар арсаи сиёсӣ ва ғайра бошад. Табъиз нисбати занон дар байни ҳама табақаҳои ҷомеа мушоҳида карда мешавад, сарфи назар аз мақоми иҷтимоӣ, миллат, синну сол ва маърифатнокии онҳо. Маҳз барои тағйир додани ҳолати мавҷуда ХСММРМЗ – Хазинаи СММ оид ба рушд ба манфиати занон таъсис дода шудааст. Хазина бо ташаббуси Иҷлосияи Кулли СММ соли 1976 таъсис ёфтааст. Дар тӯли 30 соли охир фаҳмиши он, ки табъиз нисбати занон чун вабо доман паҳн карда истодааст, то торафт зиёд мешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чандин конференсияҳои СММ, ки солҳои 1990 доир гардиданд, ӯҳдадориҳои худро доир ба андешидани тадбирҳо бо мақсади барҳам задани табъиз ва зӯроварӣ нисбати занон баланд бардошт.

Дар марҳалаи кунунӣ Хазина аз ҷиҳати молиявӣ ва техникӣ барномаҳоеро дастгирӣ менамояд, ки ба беҳтар гардонидани вазъи занон ва ба баробарии гендерии онҳо равона карда шудаанд. Имрӯз фаъолияти ХСММРМЗ ҳаёти занон ва духтаронро дар зиёда аз 100 мамлакати ҷаҳон дар бар мегирад. ХСММРМЗ дар Африқо, мамолики Араб, Осиё, мамолики минтақаи Уқёнуси Ором, Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Америкаи Лотинӣ ва давлатҳои ҳавзаи Баҳри Кариб 14 намояндаи минтақавӣ ва мушовирону мутахассисони зиёди соҳаи гендерӣ дорад. ХСММРМЗ тамоми кори аз дасташ меомадагиро мекунад, то ки овози занон дар СММ шунида шавад, масъалаҳои нисбатан тезутундро ба миён мегузорад ва масъалаҳоеро дастгирӣ менамояд, ки баҳри беҳтар гардонидани аҳволи занон қабул карда шудаанд.

ХСММРМЗ дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои СММ, ҳукуматҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ оид ба масъалаҳои гуногун аз сулҳофарӣ то васеъ намудани имкониятҳои иқтисодӣ бо мақсади ба даст овардани баробарҳуқуқии занон ва мардон (баробарии гендерӣ) фаъолият мекунад. ХСММРМЗ ҷонибдори масъалаҳои занонро ба рӯзномаи миллӣ, минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ дохил кардан мебошад, дар ин роҳ ҳамкорӣ ва таъмини ташхиси техникии стратегияи амалӣ намудани муносибатҳои гендерӣ дар сиёсат ва васеъ намудани имкониятҳои занонро ҳавасманд мегардонад. ХСММРМЗ татбиқи ҳуқуқи занон ва таъмини амнияти онҳоро ҳамчун вазифаи нисбатан муҳим қарор дода, фаъолияти худро ба иҷрои се мақсади стратегӣ ҷалб менамояд.

  • Васеъ намудани ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои занон;
  • Қатъ намудани зӯроварӣ нисбати занон;
  • Таъмини баробарии гендерӣ дар шароити идораи демократӣ, замони осоишта ва азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ.

Баҳри иҷрои мақсадҳои гузошташуда ХСММРМЗ дар сатҳи гуногун дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон фаъолона кор мекунад. Хазина бо мақсади таҳия ва таъмини иҷрои қонунҳо, ба амал баровардани сиёсате, ки ба решакан кардани табъизи гендерӣ дар чунин масъалаҳо ба монанди ҳуқуқ ба замин ва мерос, ҳуқуқ ба кори сазовор ва барҳам задани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон равона карда шудааст, бо мамлакатҳои ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад. Фаъолияти ХСММРМЗ инчунин ба тағйири муносибат нисбати баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи занон дар сохторҳои давлатӣ, васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои ҳимоятгарони ҳуқуқи занон ва барҳам задани ҳамаи шаклҳои табъиз дар ҷомеа равона карда шудааст.

Расми 7

Дар марҳалаи кунунӣ ду санади асосии байналмилалӣ кори ХСММРМЗ – ро муайян месозад: Платформаи Пекинии амал, ки Конференсияи Чаҳоруми Умумиҷаҳонӣ оид ба вазъи занон соли 1995 қабул кардааст; Конвенсия дар бораи ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон, ки он ҳамчун “Билл дар бораи ҳуқуқҳои занон” низ маълум аст. Рисолати ин қарордодҳо дар Эъломияи ҳазорсола ва ҳашт мақсад дар соҳаи рушд, ки онҳо дастовардҳоро дар соҳаҳои гуногун дар назар дорад – то соли 2015 ду маротиба кам кардани сатҳи қашшоқӣ, гуруснагӣ, касалиҳо, бесаводӣ, нобаробарии гендерӣ ва қатъ гардонидани тамоили паҳншавии касалии ВИЧ / СПИД. Ғайр аз ин, Қарори № 1325 ( соли 2000)–и Шӯрои Амният, ки ба занон, сулҳ ва бехатарӣ дахл дорад, даъват мекунад, ки дастгирии ҷидду ҷаҳд оид ба расонидани ёрӣ ба занон дар мавриди низоъҳо ва вазъи онҳо баъд аз низоъҳо васеъ карда шавад.

Зӯроварӣ нисбати занон шакли аз ҳама паҳншудатарини вайронкунии ҳуқуқи инсон мебошад, сарфи назар аз он ки сухан дар бораи гирифтор кардан ба зӯроварӣ дар мамлакати худ меравад ё дар бораи ғуломдорӣ дар хориҷа ва ё дар бораи ҳодисаҳои зӯроварии муттасил дар минтақаҳои низоъ. Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки ҳар зани сеюм дар ҷаҳон ба лату кӯб ба алоқаи ҷинсӣ маҷбур ё ки ба таҳқири дигар гирифтор карда мешавад. Баҳри ислоҳи вазъият соли 1996 бо қарори Иҷлосияи Кулли СММ дар асоси ХСММРМЗ Хазинаи Траст баҳри дастгирии амал оид ба решакан намудани зӯроварӣ нисбати занон, мусоидат ба таҳияи дурнамои навтарини барҳам задани табъи нисбати занон дар тамоми сатҳҳо, ки он ба таҳкими ҷамоаҳои маҳаллӣ, инчунин ҷалби мардон ба ҳамкорӣ ёрӣ мерасонад. Алҳол Хазинаи Траст 80 лоиҳаро дар 71 мамлакат дастгирӣ менамояд, ки аз тарафи СҒҲ, ҷамоаҳо, иттифоқҳои касаба, оҷонсиҳои давлатӣ ва муассисаҳои маърифатӣ иҷро карда мешаванд. Хазинаи Траст ҳамчун маркази иттилоот дар бораи роҳҳои самараноки пешгирии зӯроварӣ ва ҳимояи занон – қурбониёни зӯроварӣ васеъ эътироф гардидааст.

ХСММРМЗ ба масъалаи таъмини бехатарии иқтисодии занон, ҳимояи ҳуқуқи онҳо ба замин ва мерос машғул буда, имконияти дастрасии онҳоро ба кори сазовор васеъ мекунад ва ба озодона меҳнат кардани муҳоҷирон, чи дар мамлакатҳои равонкунанда ва чи дар мамлакатҳои қабулкунанда мусоидат менамояд. ХСММРМЗ дар зиёда аз 30 давлати ҷаҳон ташаббусҳои мақомоти давлатию идораи меҳаллиро, ки дар мавриди таҳияи буҷет ҳисобу китоби масъалаҳои гендерӣ дахл доранд, инчунин дар мавриди ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумот аз рӯи нишонаи ҷинс муайян намудани сиёсатро дастгирӣ менамояд.

Аз рӯи маълумоти тадқиқот, занҳо чун пештара дар мақомоти миллӣ ва маҳаллии роҳбарӣ намояндаи кам доранд: ҳиссаи онҳо ҳамагӣ 15 фоизро ташкил медиҳад. Нокифоя будани теъдоди занон дар музокирот доир ба масъалаҳои сулҳ ва азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ эҳсос карда мешавад, сарфи назар аз он, ки ин масъалаҳо пеш аз ҳама ба онҳо дахл доранд, иштироки занҳо дар музокирот ба муваффақияти он мусоидат менамояд. Мақоми занон дар вазъияти баъд аз низоъ, дар мавриди доир гардонидани интихобот, таъсиси сохторҳои қонунгузорӣ ва таҳияи конститутсия ниҳоят муҳим аст. ХСММРМЗ иштироки занонро дар ҷараёни интихоботӣ ва конститутсионӣ фаъолона дастгирӣ менамояд. ХСММРМЗ ба масъалаи ВИЧ / СПИД диққати махсус медиҳад. Хазина бо шӯроҳои миллӣ доир ба мубориза бар зидди СПИД ва вазоратҳои тандурустӣ бо мақсади таҳияи барномаҳо ва сиёсат ҳамкорӣ мекунад, ин ҳамкорӣ ба занон имконият фароҳам меоварад, ки дар пешгирӣ ва табобати касалӣ баробарҳуқуқии пурра дошта бошанд. ХСММРМЗ ба занҳое, ки гирифтори ВИЧ шудаанд ва ҳуқуқи худро барои ҳаёт бидуни хурофот ва зӯроварӣ, дастрас будани доруворӣ ва ҳуқуқи худро ба ҳаёти солиму пурҷӯшу хурӯш ҳимоя менамоянд, дасти ёрӣ дароз мекунад.

ХСММРМЗ барои чӣ таъсис дода шуда буд?

Кадом самтҳои фаъолияти он барои мамлакати мо рӯзмарра аст?

2. ФАЪОЛИЯТИ ХСММРМЗ ДАР ИДМ ВА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Соли 1998 дар Дафтари ХСММРМЗ дар Нию Ёорк бахши мамлакатҳои ИДМ ва Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ таъсис дода шуд. Дафтари минтақавии ХСММРМЗ дар ИДМ соли 1999 дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба кор шурӯъ намуд, аз соли 2000-ум бошад, фаъолияти он дар дигар мамакатҳои ХСММРМЗ – ҳамаи 12 давлати Иттиҳоди давлатҳои Мустақил оғоз ёфт (ғайр аз дар боло номбурдагон): Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина. ХСММРМЗ дар ИДМ ҷонибдори баробарии гендерӣ ва иштироки занон дар сиёсат, ҳимояи ҳуқуқҳои иқтисодии занон ва пешгирии ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон мебошад. Соли 2005 дар Тоҷикистон директори шӯрои минтақавӣ оид ба гендер ва идора таъйин карда шуд.

Тибқи ваколатҳои худ, ХСММРМЗ дар қаламрави ИДМ фаъолияти худро ба се самти асосӣ равона месозад:

  • Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон – ХСММРМЗ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки имкониятҳои иқтисодии занонро васеъ кунад, алалхусус дар заминаи умумиҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи навин;
  • Татбиқи гендерии ояндадор дар роҳбарӣ ва пеншсафӣ ХСММРМЗ дар афзун гардонидани иштироки занон дар сиёсат ва ҷараёни қабули қарорҳое, ки вазъи занонро муайян мекунанд.
  • Ҳимояи ҳуқуқи занон ва пешгирии зӯроварӣ нисбати занон – ХСММРМЗ баҳри решакан кардани ҳамаи намудҳои зӯроварӣ нисбати занон ёрӣ мерасонад.

Аз соли 2000-ум ХСММРМЗ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи худро дар навбати авввал ба рушди ҳуқуқҳои иқтисодии занон, пешгирии зӯроварии хонагӣ, татбиқи муносибати гендерӣ дар стратегияи миллии рушд ва кам кардани камбизоатӣ, ба мубориза ва пешгирии ВИЧ / СПИД дар байни занон ва ғайра равона месозад.

Аз соли 2000-ум дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ХСММРМЗ кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки принсипи гендерӣ ба ислоҳот ва қонунгузориии миллӣ дохил карда шавад (масалан, Қонун дар бораи зӯроварии оилавӣ, илова ба Қонун дар бораи Замин); таҳкими нерӯмандии созмонҳои занон ва шабакаи онҳо (коркарди механизмҳои сохтори муколама дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат дар соҳаи ҳуқуқҳои марбут ба замин, рушди ҷанбаи гендерии

ВИЧ / СПИД, сохтори ҳуқуқии соҳибкории хурд ва миёна).

ХСММРМЗ дар Тоҷикистон ба масъалаи ҳуқуқи занон ба замин ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ диққати махсус медиҳад. Дар доираи барномаи давлатии рушди дарозмуддати Тоҷикистон ХСММРМЗ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки қашшоқӣ дар байни занон кам ва пешравии ҳуқуқи онҳо таъмин карда шавад, махсусан ҳуқуқ ба замин, дар заминаи ислоҳоти Замин, ки он соли 1992 оғоз ёфтааст. Имрӯз дар сатҳи сиёсӣ ва қонунгузорӣ дастовардҳои калон ба назар мерасанд, масалан, ба Кодекси Замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Стратегияи таъмини ҳуқуқҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010” тағйироту иловаҳо дохил карда шуданд, усул(формат)-и нави ҷамъоварии маводи оморӣ таҳия карда шуд, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии замин ва Кумитаи давлатӣ оид ба омор ХСММРМЗ ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳад, ки:

  • сатҳи огаҳии оммаҳои васеъ, аз он ҷумла занон дар бораиҳуқуқҳои занон баланд бардошта шавад;
  • васеъ намудани фаҳмиши занони деҳот дар бораи истифодаизамин, идораи хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷора, моликият ва мерос;
  • беҳтар гардонидани огаҳии амалдорони давлатӣ дар бораиӯҳдадориҳои онҳо нисбати таъмини ҳуқуқи занон;
  • беҳтар гардонидани сатҳи иттилооти созмонҳои миёнарав,ба монанди созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва СҒҲ-и занона ва васеъ кардани имкониятҳои онҳо баҳри таъмини ёрии маслиҳатӣ ба занон доир ба ҳимоя ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо.

Хулоса:

ЮНИФЕМ – (ХСММРМЗ) - Хазинаи Женевагии Рушди Созмони Милали Муттаҳид буда, бо барномаҳои молиявӣ ва техникие мусоидат менамояд, ки ба ҳимояи ҳуқуқҳои занон, иштироки мустақилонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодӣ равона карда шудаанд.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: ЮНИФЕМ, ХСММРМЗ, табъизи гендерӣ, масъалаҳои гендерӣ, баробарҳуқуқии гендерӣ, зӯроварӣ нисбати занон.

Савол ва супоришҳо:

1. Дар бораи таъсиси ЮНИФЕМ – ХСММРМЗ чиҳо медонед?

2. Бо далелҳо аз ҳаёт исбот намоед, ки дар ҷаҳони муосир ҳимояиҳуқуқҳои занон зарур аст.

3. ХСММРМЗ (ЮНИСЕФ) дар рушди ҳуқуқҳои занон дар Тоҷикистончӣ кӯмаке расонида метавонад?

4. Аз назарои шумо чаро ХСММРМЗ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳуқуқизанонро ба замин фаҳмонда диҳад?

5. Роҳҳои мубориза бар зидди табъиз ва зӯроварӣ нисбати занонробаён созед. Бигӯед, ки оё шумо дар ҳаёти худ дар ин ҷода саҳм гузошта метавонед? Бо кадом роҳу воситаҳо?

Реклама