§42. ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН ВА ҚОИДАИ ҶАНГ

1. МОҲИЯТ, МАҚОМ ВА МАХСУСИЯТИ ҲУҚУҚИ ИНСОН.

Заминаи асосии рушди инсон - худифодакунӣ, зуҳуроти фаъолнокӣ ва ташаббускории ӯ он низоми ҳуқуқҳои ба ӯ додашудае мебошад, ки онҳо ҳуқуқҳои инсон номида шудаанд.

Ҳуқуқҳои инсон – ин асоси ҳаёти шахсияти дар низоми меъёрию ҳуқуқӣ муайянкардашуда мебошад, ки дар сатҳи озодии ӯ ифода ёфтааст ва шароити зиндагӣ мебошад, инчунин муносибати байниҳамдигарии ӯ бо давлат, ҷомеа ва ашхоси дигар мебошад. Шахсият роҳи дуру дарози ташаккулёбиро тай намудааст ва ӯ аз ҳуқуқҳои аз ҷиҳати моҳияти худ гуногун иборат аст, ки онҳо дар маҷмӯъ соҳаи нав – “Ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон”-ро ташкил мекунанд.

Дар шароити ҳозира “Ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон” ҳамчун низоми ба таври муштарак ташаккулёфта дар робитаи байниҳамдигарӣ бо соҳаҳои дигари ҳуқуқ омӯхта мешавад.

Ҳуқуқҳои инсон арзиши олии тамаддуни муосир муаррифӣ мешаванд ва дар маҷмӯъ мақоми ҳуқуқии шахсиятро ифода менамоянд. Онҳо ба ҳама тааллуқ доранд, сарфи назар аз нажод, ҷинс, дин, ақидаҳои сиёсӣ, ва ҳоказо, ки онҳо ҳамагонӣ (универсалӣ), баробар ва ҷудонашаванда мебошанд. Ҳуқуқҳои инсон аз ҳуқуқҳои сиёсӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иборат аст, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, дар конвенсияҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон, инчунин дар қонунҳои давлатҳо таҳким ёфтаанд, пеш аз ҳама – дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳуқуқ ва озодиҳои инсон моҳият ва асоси ҳуқуқи инсонро ташкил мекунанд.

Ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон чист?

Ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон низоми ҳуқуқ ва озодиҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие мебошад, ки ба ҳар кас дода шудааст ва он муносибатҳои инсонро бо давлат, ҷомеа ва фардҳои алоҳида муайян месозад.

Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ (гуманитарӣ) қисми таркибии ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсонро ташкил медиҳад.

Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ чист?

Дар зери ибораи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ қарордодҳои байналмилалӣ ва қоидаҳои муқаррарие, ки махсус ба иҷрои вазифаҳои башардӯстии бевосита дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳонаи дорои моҳияти байналмилалӣ ва ғайрибайналмилалӣ ба амал меоянд ва бо хотири моҳияти зиддигуманистӣ доштани маҳдудшавии ҳуқуқи тарафҳои дар низоъ ҳузурдошта, дар мавриди интихоби усул ва воситаҳои пешбурди ҷанг, ё ки ҳимояи ашхос ва амволе, ки мумкин аст ба онҳо зарар расонида шавад, фаҳмида мешавад.

Мақсади асосии ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ аз ҳимоя кардани ҳуқуқи инсон дар шароити ҷанг иборат мебошад.

Ҳамаи одамон дорои ҳуқуқҳои баробари инсон мебошанд ва онҳо беист амал мекунанд. Ин аст имконияти фароҳамомадаи амал дар ин ва ё он ҳолат бо мақсади қонеъ гардонидани манфиатҳои худ. Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ на ҳамчун номгӯи ҳуқуқҳо ташаккул меёбад, балки, аниқтараш ҳамчун вазифаҳоеанд, ки дар мавриди низоъҳои мусаллаҳона бояд иҷро карда шаванд. Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ низ, чун ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон, ба норавогии табъиз дар мавриди ҳимояи қурбониёни ҷанг асос ёфтааст. Дар ин бора моддаи 27-и Конвенсияи IV Женева аз 12 августи соли 1949 шаҳодат медиҳад.

2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ҲУҚУҚИ БАШАРДӮСТӢ МУВОФИҚИ КОНВЕНСИЯҲОИ ЖЕНЕВА. Ҳуқуқи башардӯстӣ ҳуқуқҳои асосии инсонро ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона ҳимоя мекунад, ки аз онҳо аз ҳама муҳимаш ҳуқуқ ба ҳаёт мебошад. Аз он ҷумла, одаме ки дар ихтиёри рақиб аст, қатл кардан мумкин нест. Ӯ дар зери ҳимояи Конвенсияҳои Женева соли 1949 мебошад, ки он то як дараҷа аз тариқи Протоколи иловагии 1 соли 1977 васеъ карда шудааст.Аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар ин Протокол аниқ муайян карда шудааст, ки кадом воситаҳои пешбурди ҷанг мумкин аст, то ки таҳдид ба ҳаёти аҳолии гражданӣ кам карда шавад. Протокол истифодаи гуруснагиро дар байни аҳолии гражданӣ ҳамчун усули пешбурди амалиёти ҷангӣ ва инчунин нест кардани захираҳои барои зиндагии аҳолӣ зарур (маводи ғизоӣ, об ва ғайра)-ро манъ мекунад. Санади мазкур ташкили минтақаҳои махсусро дар назар дорад, ки аз объектҳои ҳарбӣ озоданд ва онҳо мавриди ҳамла қарор намегиранд.

Нишондоди муҳим, ки дар Конвенсияҳои Женева ва Протокол ба он инъикос ёфтааст, нисбати он аст, ки захмбардоштагонро бояд гирифта, дар сурати зарурӣ ба онҳо ёрии тиббӣ расонида шавад, баҳри зинда мондани онҳо шароити зарурӣ муҳаё карда шавад ва ғайра.

Ин гуфтаҳо имконият медиҳанд бигӯем, ки ҳуқуқи башардӯстӣ қисмати беҳимоямондаи аҳолиро аз сӯиистеъмолкунии ҳокимияти давлатӣ пуштибонӣ мекунад. Механизмҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ танҳо дар ҳолати ҷанг ба кор бурда мешаванд. Ба таври дигар гӯем, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ кисми он ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон мебошад, ки дар ҳолати низоъҳои мусаллаҳона мавриди истифода қарор мегирад. Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар ҳолатҳои дигари фавқулодда низ ба кор бурда мешавад.

Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ низоъҳои мусаллаҳонаро ба ду намуд ҷудо мекунад – низоъи мусаллаҳонаи байналмилалӣ ва низоъи мусаллаҳонаи ғайрибайналмилалӣ. Асос барои ин фарқият сарҳади давлатӣ мебошад.

Ба миён омадани низоъи байналмилалии мусаллаҳона барои истифодаи Конвенсияҳои Женева асос мебошад, ҳатто дар он сурате ҳам, ки агар яке аз давлатҳо ҳолати ҷангро эътироф намекунад. Дар чунин ҳолатҳо ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ба таври худ аз худ (автоматӣ) ба кор медарояд, яъне, мавҷудияти низоъ худ ҳолати кифоя аст барои ба кор бурдани ҳуқуқи башардӯстӣ.

Низоъи мусаллаҳона чист?

Низоъи мусаллаҳона, ин истифодаи қувва аз тарафи як давлат, ба муқобили давлати дигар мебошад. Бояд қайд кард, ки он аз тарафи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ маҳз ҳамин хел шуморида мешавад, сарфи назар аз сабабҳои низоъ, инчунин сарфи назар аз он, ки оё давлати гирифтори ҳамлагардида муқобилият нишон медиҳад ё на.

Намуди дигар – ин низоъи мусаллаҳонаи дорои моҳияти ғайрибайналмилалӣ мебошад. Низоъи мусаллаҳонаи ғайрибайналмилалӣ бархӯрди мусаллаҳонае мебошад, ки дар ҳудудҳои як давлат сурат гирифтааст.

Сабаби ба амал омадани низоъҳои мусаллаҳонаи дорои моҳияти ғайрибайналмилалӣ мумкин аст дар натиҷаи риоя карда нашудани ҳуқуқҳои ақалиятҳои миллӣ ё вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон аз тарафи режимҳои диктататорӣ, ё ки барҳам хӯрдани ҳокимияти ҳукумат, ки дар натиҷаи он гурӯҳбандиҳои гуногун барои ҳокимият мубориза мебаранд, арзи вуҷуд мекунанд. Бо ҳамин сабаб давлатҳо дарк кардаанд, ки зӯроварӣ ва истифода аз аслиҳа дар мавриди ҷангҳои шаҳрвандӣ ҳамон гуна кулфат ва харобиҳоро ба вуҷуд меоваранд, тавре ки дар мавриди ҷанги байни давлатҳо сурат мегирад. Ин ҳолат дар ниҳояти кор истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстиро ба миён овард, аз он ҷумла дар мавриди низоъҳои мусаллаҳонаи моҳияти ғайрибайналмилалӣ дошта ҳам.

Ҳамин тариқ, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар шароити имрӯза восита ва усулҳои муборизаро ҳангоми низоъҳои дохилӣ маҳдуд месозад ва доираи ҳимояи башардӯстиро дар мавриди ҷангҳои гражданӣ васеъ менамояд.

3. ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАШАРДӮСТӢ ҲАМЧУН ҚИСМИ ТАРКИБИИ ҲУҚУҚИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ (ҲББ) ҳамчун қисми таркибии ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон оҳиста-оҳиста ба низом даромадааст, дар ҳамон намуде, ки он имрӯз вуҷуд дорад. ҲББ ҳамон вақте густариш ёфт, ки истифодаи қувва олоти қонунии сиёсати давлатӣ, воситаи ҳалли баҳс дар байни давлатҳо ба ҳисоб рафт. Мақсади асосие, ки ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дорад – ин муваффақшавӣ ба мувозинат дар байни талабот ба зарурати ҳарбӣ ва башардӯстӣ мебошад. Он, пеш аз ҳама, аз тариқи манъи намудҳои алоҳидаи амал ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона ба даст оварда мешавад, масалан, иқдоми золимона, ғоратгароёна ва бедодгариҳои дигар. Амалҳои алоҳидаи ҳарбӣ аз дидгоҳи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ тамоман рад карда мешаванд, масалан, истифодаи моддаҳо ва газҳои заҳрнок.Инчунин, истифодаи тадбирҳои дорои моҳияти ҳарбидошта зарур аст, то ки ба ашхоси шаҳрвандӣ кам зарар расонида шавад.

Ғайр аз ин тадбирҳо, нишондодҳое низ вуҷуд доранд, ки истифодаи меъёрҳоро нисбати ҳимоя маҳдуд месозанд, масалан, ҳайати тиббӣ набояд мавриди объекти ҳамла гарданд, истисно аст мавридҳое, ки он дар амалиётҳои ҳарбӣ бевосита иштирок менамояд. Ғайр аз ин, тарафҳо вазифадоранд, ки барои ҷустуҷӯи захмбардошта ва ҳалокшудагон тадбирҳо андешанд, ба шарте ки ба ин ҳолати ҳарбӣ имконият диҳад.

Бояд қайд кард, ки нисбат ба ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон, дар ҳуқуқи башардӯстӣ имконияти бекор кардани меъёрҳо мавҷуд нест. Қарордодҳои дорои моҳияти умумӣ моддаҳоеро инъикос намудаанд, ки ба ҳуқуқи инсон дахл дошта, ба қисман боздоштани амали нишондодҳои онҳо ҳангоми ҷанг ё ҳангоми ҳолатҳои дигари фавқулодда роҳ медиҳанд.

4. ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ИСТИФОДА АЗ ҚУВВА. Чун қоида принсипҳои асосии зерин ишора мешаванд:

Ҳадди кифояи истифода аз қувва;

Манъи ҳамла ба аҳолии гражданӣ;

Зарурати фарқ дар байни ашхосе, ки дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок мекунанд ва ашхоси гражданӣ.

Бо мақсади маҳдуд намудани оқибатҳои низоъҳои мусаллаҳона муҳдуд намудани интихоби усулҳо ва воситаҳои пешбурди ҷанг аҳамияти калон пайдо менамояд, ки дар бораи он дар нишондодҳои моддаи 35-и Протоколи 1 ба Конвенсияи Женева аз 12 августи соли 1949 зикр ёфтааст, ки он ба қурбониёни низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ дахл дорад.

Он нишондодҳо чӣ мегӯянд?

Дар мавриди ҳар низоъи мусаллаҳона ҳуқуқи тарафҳое, ки дар ҳолати низоъ қарор доранд, дар интихоби усул ва воситаҳои пешбурди ҷанг номаҳдуд нестанд. Истифода аз аслиҳа, снарядҳо, моддаҳо ва усулҳои пешбурди амалиётҳои ҷангие, ки қудрати аз ҳад зиёди харобсозӣ доранд ва ба сари мардум кулфати аз ҳад зиёди сангин ба бор меоваранд, манъ мебошад.

Истифода аз усул ва воситаҳои пешбурди амалиётҳои ҷангие, ки мақсадашон аз ба муҳити табиӣ расонидани зарари бузург ва ё интизорӣ аз чунин зарари ҳамагонӣ ва дарозмуддат иборат аст, манъ карда шудааст.

Ин мамнуияти умумӣ принсипи ҳадди кифояти истифодаи қувваро ташкил мекунад, ки он оқибатҳои манфии харобкории мақсадҳои гузошташуда ва интизории афзалияти ҳарбиро пешгирӣ менамояд.

Ин манъкуниҳо дар чӣ ифода меёбанд?

Онҳо, пеш аз ҳама, дар манъи усулҳои ғайриинсонии пешбурди ҷанг ифода меёбанд, то ки намудҳои аслиҳаи қатли ом ва усули пешбурди ҷанг мавриди истифода қарор дода нашаванд. Ба ин намудҳо мансубанд: дар зери парчами сафед, ҳиллаҳои ҳарбӣ ба монанди пинҳон кардан, амалиётҳо ва ахбороти дурӯғин, истифодаи нишонаҳои фарқкунанда хилофи таъйиноти онҳо, махсусан нишонҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар. Манъи “касе зинда монда нашавад!”, гуфта амр додан, ҳамла ба ашхосе, ки захм бардошта, аз набард бозмондааст ва ғайра (Моддаҳои 40, 41 Протоколи 1).

Намуди дигари тадбир манъи он намудҳои аслиҳа мебошанд, ки истифодаи онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ мумкин нест. Ин намудҳо, пеш аз ҳама, ба манъи аслиҳа ё истифодаи снарядҳо, “қобиланд ҳисороти аз ҳад зиёд ва ғаму кулфати сангин ба бор оранд” (Моддаи 35. (2), Протоколи 1), манъи истифодаи аслиҳаи тарканда ва оташбор, заҳрҳо, аслиҳаи заҳролудкарда, истифода аз минаҳои дар баҳр шинокунанда. Ба намудҳои мушаххаси аслиҳа ва яроқе, ки аз тарафи Конвенсия аз 10 декабри соли 1980 манъ карда шудааст, мина ва дом-мина, аслиҳаи оташбор дохиланд. Истифодаи аслиҳаи қатли ом, аз он ҷумла газҳои заҳролуд, ки аз тарафи Протоколи Женевагии соли 1925 манъ карда шудааст, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад, инчунин истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ, бактереологӣ ва заҳролуд низ манъ аст.

Аз дидгоҳи ҳуқуқи башардӯстӣ аслиҳаи ҳастаӣ дорои хатари махсусан бузург аст. Дар шароити муосир як силсила қарордодҳое мавҷуданд, ки махсус ба танзими муносибатҳо дар ин соҳа равона карда шудаанд. Барои мисол метавон ба Шартнома доир ба паҳн накардани аслиҳаи ҳастаӣ аз 1 июли соли 1968, Шартнома доир ба пажӯҳиш ва истифодаи фазои кайҳон аз 27 январи соли 1967, Шартнома доир ба манъи дар баҳр ва уқёнусҳо ва қаъри онҳо ҷой кардани аслиҳаи ҳастаӣ аз 11 феврали соли 1971 ва ғайраро ном бурд.

5. ҲИМОЯИ АШХОСИ ГРАЖДАНӢ ВА АҲОЛИИ ГРАЖДАНӢ. Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ашхоси гражданӣ ва аҳолии гражданиро фарқ мекунонад.

Ашхоси гражданӣ киҳоанд?

Шахси гражданӣ ҳар касе мебошад, ки на ба хизматчиёни ҳарбӣ, на ба фидоиён, аъзои дастаҳои ихтиёрӣ мутааллиқанд ва ҳаракатҳои муқовимат ё ашхоси дигар, ки ба таври ошкоро аслиҳа доранд ва қонуну қоидаҳои ҷангро риоя мекунанд (Моддаи 50, Протоколи 1).

Аҳолии гражданӣ кист?

Аҳолии гражданӣ аз ҳамаи онҳое иборат аст, ки ашхоси гражданӣ мебошанд (Моддаи 50, Протоколи 1).

Ба ашхоси гражданӣ ва аҳолии гражданӣ ҳаргиз ҳамла кардан мумкин нест; моддаи 51, Протоколи 1 ҳодисаи зӯроварӣ ё таҳдидро, ки дар байни аҳолӣ тарсу ваҳмро ба вуҷуд меоварад, инчунин ҳодисаҳои алоҳидаи террористиро манъ мекунад. Аҳолии гражданӣ на бояд барои ҳимояи объектҳои ҳарбии рақиб ҳамчун сипар ё панаҳ кардани чунин объектҳо истифода бурда шавад. Ҳамла ба аҳолии гражданӣ ё ашхоси алоҳидаи шаҳрвандӣ низ манъ аст.

Меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстӣ муносибати башардӯстонаро бо баъзе гурӯҳҳои ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолии гражданӣ дар назар дорад, аз он ҷумла, занон, кӯдакон, пиронсолон, захмбардоштагон ва касалмандон.

Ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона занҳо ба гурӯҳи ашхосе тааллуқ доранд, ки дар асоси Конвенсияи Женева дар бораи ҳимояи аҳолии гражданӣ мансубанд. Нисбати онҳо принсипи муносибати башардӯстона ба кор бурда мешавад, ки он эҳтироми ҳаёт, дахлнопазирии ҷисмонӣ ва равонӣ ва манъи ҷазои ҷисмонӣ, шиканҷа ва ғайраро дар назар дорад. Занон махсус аз ҳама гуна сӯиқасд ба номуси онҳо, маҷбур намудан ба амали нангин ва умуман сӯиқасд ба ахлоқи онҳо ҳимоя карда мешаванд, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, нажодӣ, синну сол ва мақоми иҷтимоиашон

Гурӯҳи дигари ашхосе, ки ба ҳимоя эҳтиёҷманданд, кӯдакон мебошанд. Онҳо ҳангоми низоъҳои байналмилалӣ дар зери ҳимояи Конвенсияи Женева мебошанд. Кӯдакон ҳамчун як қисми аҳолӣ ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ фаро гирифта мешаванд ва, мутаносибан, аз ҳимоя ва ёрӣ таъмин карда мешаванд. Ин гуфта чунин маънӣ дорад, ки роҳи расонидани таҳвил (посилка)-и барои кӯдакон муайяншуда, расонидани ёрӣ ба муассисаҳое, ки кӯдакон зери сарпарастии онҳо қарор доранд ва ғайра, кушода аст.

Меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстӣ муносибати махсусро нисбат ба захмбардоштагон ва касалмандон дар назар доранд. Онҳо, сарфи назар аз он, ки ба кадом тарафи низоъ тааллуқ доранд, ба эҳтиром ва ҳимоя фаро гирифта, ба онҳо ёрии тиббӣ расонида мешавад, нисбати онҳо ба таври башардӯстона муносибат мекунанд, онҳо бояд аз беадолатӣ, аз сӯиқасди эҳтимолӣ ба дахлнопазирии шахсият ҳимоя карда шаванд.

6. КОМБАТАНТҲО. Дар низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ қисмати асосии иштирокдоронро комбатантҳо ташкил медиҳанд.

Киҳоро комбатантҳо номидан мумкин аст?

Ашхоси ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи тарафҳои низоъ дохилбуда, ки дар ҳолати низоъ қарор доранд, комбатант мебошанд, яъне онҳо ҳуқуқ доранд бевосита дар амалиётҳои ҳарбӣ ширкат варзанд.

Меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона муносибати инсондӯстонаро нисбати асирони ҳарбӣ дарҷ намудаанд.

Киҳо асирони ҳарбӣ мебошанд?

Асирони ҳарбӣ ашхоси аз ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи яке аз тарафҳои дар низоъи мусаллаҳона иштироккунанда мебошанд, ки ҳангоми низоъи байналмилалии мусаллаҳона ба асорат афтидаанд.

Асирони ҳарбӣ ҳолати ҳуқуқии худро аз лаҳзаи ба асорат афтодан ва то ба ватани шаҳрвандӣ баргаштан нигоҳ медоранд.

Конвенсияи сеюми Женева шартҳои муносибат бо асирони ҳарбиро ба таври муфассал муайян намудааст. Асирони ҳарбиро гирифтори шиканҷа ва муносибати золимона кардан мумкин нест, ба онҳо бояд бо хешу табор мукотиба кардан, гирифтани таҳвил (посилка), иҷозат дода шавад, ҳамин ки ҳолати саломатии маризҳои вазнин имконият диҳад, онҳо бояд фавран ба мамлакати шаҳрвандӣ ё ҷои истиқомат фиристонида шаванд ва ғайра.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона, низоъи мусаллаҳона, низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ ва ғайрибайналмилалӣ, Конвенсияҳои Женева, ашхоси гражданӣ, аҳолии гражданӣ, комбатантҳо, асирони ҳарбӣ.

Савол ва супоришҳо

1. Барои ҳимояи ҳуқуқи инсон кадом қоидаҳои байналмилалии пешбурди ҷанг вуҷуд доранд? Онҳоро номбар карда, шарҳу эзоҳ диҳед.

2. Моҳияти ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро баён кунед. Ҳуқуқи башардӯстона ба низоъҳои мусаллаҳона чӣ муносибат дорад?

3. Бо кадом сабабҳо Конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ ба онҳо ба миён омадаанд?

4. Аз назари башардӯстона пеш бурдани ҷанг кадом принсипҳои байналмилалӣ вуҷуд доранд? Барои баёни онҳо мисолҳои мушаххас биёред.

5. Барои ҳимояи ашхоси шаҳрвандӣ ва аҳолии шаҳрвандӣ кадом меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстона вуҷуд доранд?

6. Ба зергурӯҳҳо тақсим шуда, оид ба ҳимояи ҳуқуқи ашхоси шаҳрвандӣ, аҳолии шаҳрвандӣ, кӯдакон, занон, пиронсолон, касалмандон, захмбардоштагон ва комбатантҳо супоришҳои воқеӣ таҳия намоед.

Реклама