1. МАФҲУМИ АДОЛАТИ СУДӢ НИСБАТ БА НОБОЛИҒОН. Мувофиқи маълумотӣ ЮНИСЕФ дар тамоми ҷаҳон ва дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ зиёда аз 1 млн. кӯдаконе ҳастанд, ки бо қонун дар ихтилоф мебошанд. Қисми зиёди чунин кудакон аз ҷамоаҳо ва оилаҳои камбизоат, қисми дигарашон аз ақалиятҳои дучори табъизгардида мебошанд. Зери мафҳуми «кӯдакони бо қонун дар ихтилоф» ҳамаи ашхоси то 18 – солае фаҳмида мешаванд, ки бо низоми адолати судӣ ба сифати гумонбар ё айбдоршаванда дар содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо алоқамандӣ доранд. Аксари кӯдакони бо қонун дар ихтилоф ҷиноятҳои на чандон вазнин ё ҳуқуқвайронкуниҳои хурде чун оворагардӣ, дарсгурезӣ, гадоӣ ё майнӯшӣ содир мекунанд. Баъзе аз онҳо чун «вайронкуниҳои статутӣ» маълуманд ва дар сурати содиршавӣ аз ҷониби калонсолон ҳуқуқвайронкунӣ шуморида намешаванд.
Ба ин тариқ, зери марҳуми «адолати судӣ нисбат ба ноболиғон» тартиби аз ҷониби мақомоти ваколатдор (на танҳо судҳо) баррасӣ гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои (на танҳо ҷиноятҳо) ноболиғонро фаҳмидан лозим аст. Ва зиёда аз ин стандартҳои ҳадди ақали қоидаҳои СММ марбут ба иҷрои адолати судӣ нисбат ба ноболиғон муқаррароте доранд, ки паҳн кардани амали принсипҳои дар қоидаҳо баёншударо, ҳамчунин ба ҳамаи ноболиғоне, ки нисбати онҳо тадбирҳои таъминоти иҷтимоӣ ва муқаррарсозии васоят, аз ҷумла ба болиғони ҷавони ҳуқуқвайронкунанда андешида мешаванд, дастгирӣ мекунанд.
2. СТАНДАРТҲОИ ҲАДДИ АҚАЛИ ҚОИДАҲОИ ИҶРОИ АДОЛАТИ СУДӢ НИСБАТ БА НОБОЛИҒОН («ҚОИДАҲОИ ПЕКИНӢ»), ки бо резолютсияи Иҷлосияи Кулли СММ соли 1985 қабул карда шудааст, бо мақсади рушд бахшидани муқаррароти Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ марбут ба кӯдакони бо қонун дар ихтилоф таҳия гардида буд. Ин ҳуҷҷат қарордоди байналмилалии дорои қувваи ҳатмии ҳуқуқӣ мебошад, вале азбаски дар он меъёрҳои муҳими ифодакунандаи амалияи босуботи ҳуқуқи байналмилалӣ ва инъикоскунандаи стандартҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон кодексӣ (қонунӣ) кунонида шудаанд, давлатҳо вазифадоранд, ки ҳангоми иҷрои адолати судӣ нисбат ба ноболиғон дар мамлакатҳои худ муқаррароти Қоидаҳоро ба роҳбарӣ гиранд. Иҷлосияи Кулли СММ ба давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид тавсия менамояд, ки қонунгузорӣ ва амалияи адолати судии худро нисбат ба ноболиғон бо Қоидаҳои Пекинӣ мутобиқ созанд.
Адолати судӣ нисбат ба ноболиғон бояд қисми таркибии раванди рушди миллии ҳар мамлакат дар доираи таъминоти ҳамаҷонибаи адолати иҷтимоӣ барои ҳамаи ноболиғон бошад ва ҳамзамон ба ин тариқ ба ҳифзи ҷавонон ва дастгирии тартиботи осоишта дар ҷомеа кӯмак расонад. Б.1. 4. Стандартҳои ҳадди ақали Қоидаҳои муносибат бо маҳбусон |
Қоидаҳои Пекинӣ бо дар назардошти нозукии махсуси кӯдакон барои низоми адолати судӣ нисбат ба ноболиғон ҳадафи махсусеро пешбинӣ менамояд, ки дар навбати аввал бояд ба таъмини некӯаҳволии ноболиғон ва таъмини он ки ҳама гуна чорабиниҳои таъсиррасонӣ ба ҳуқуқвайронкунандагони ноболиғ ҳамеша чи бо махсусиятҳои шахсияти ҳуқуқвайронкунанда ва чи бо ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ қиёсшаванда бошанд, нигаронида шаванд. Ин муносибат ба ду ғоя асос меёбад. Пеш аз ҳама, наврасон вобаста ба рушди худ ҳанӯз қодир нестанд, ки моҳияти аслии рафторҳои худро дарк кунанд ва барои онҳо ҷавобгарии пурра ба зимма дошта бошанд. Ва дуюм, наврасон дар синну соле қарор доранд, ки ҳанӯз онҳоро аз нав тарбия кардан мумкин аст, то дар оянда дар онҳо майли содир кардани ягон хел ҳуқуқвайронкунӣ пайдо нашавад. Ба ин тариқ, ҳангоми иҷрои адолати судӣ нисбат ба ноболиғон худи ҳуқуқвайронкунанда назар ба ҳуқуқвайронкунӣ бояд муҳимтар бошад.
Тибқи Қоидаҳо барои ноболиғи нисбаташ мурофиа шурӯъшаванда дар ҳамаи марҳилаҳои баррасии судӣ бояд ҳуқуқҳои зерин таъмин карда шаванд: фарзияи бегуноҳӣ, ҳуқуқи огоҳ будан аз айбномаи ба ӯ пешниҳодшаванда, ҳуқуқи рад кардани нишондод додан, ҳуқуқи доштани адвокат, ҳуқуқи иштироки волидон ё парастор, ҳуқуқи вохӯрии рӯ ба рӯ бо шоҳидон ва пурсиши якҷояву ҳамзамони онҳо, ҳуқуқи шикоят кардан.
Принсипи муҳими иҷрои адолати судӣ нисбат ба ноболиғ таъмини махфият аст, ки барои канораҷӯӣ аз зараррасонӣ ба ӯ ба сабаби ошкороии нолозим ё коҳидани обрӯ бояд дар ҳамаи марҳилаҳо таъмин карда шавад. Ҷавонон ба коҳидани обрӯ бо ранҷурии махсус эътино меоваранд. Натиҷаҳои тадқиқотҳои криминологӣ оид ба масъалаи зараррасонӣ ба обрӯ аз оқибатҳои ногувори (гуногуни) марбут ба истифодаи доимии номҳое чун «ҳуқуқвайронкунанда» ё «ҷинояткор» нисбат ба одамони ҷавон шаҳодат медиҳанд. Дар Қоидаҳо ҳамчунин принсипан набояд ягон хел иттилооте нашр гардад, ки метавонад ба нишон додани шахсияти ҳуқуқвайронкунандаи ноболиғ оварда расонад, қайд карда мешавад;
3. БОЗДОШТ Ё ДАСТГИРКУНИИ (ҲАБСИ) НОБОЛИҒ.
Мақомоти босалоҳияте, ки боздошти (дастгиркунии) ноболиғро ба амал мебарорад, вазифадор аст дар ин хусус фавран волидайн ё парастори ӯро хабардор созад. Судя дар навбати худ фавран масъалаи озод кардани ноболиғро баррасӣ мекунад ва дар сурати мавҷудияти имконияти аввалин ноболиғро озод менамояд. Дастгиркунӣ (ҳабс) ҳамчун чораи истисноии эҳтиётӣ нисбат ба ноболиғ дар тӯли марҳилаи кӯтоҳтарин андешида шуда, суд ҳаддалимкон бояд кӯшиш кунад, ки дастгиркуниро (ҳабсро) бо дигар навъҳои чораи эҳтиётӣ иваз намояд.
Муқаррароти муҳими дигари баназаргирандаи ояндаи кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда он аст, ки ҳангоми баррасии парвандаи онҳо ҳаддалимкон кӯшиш кардан лозим аст, ки баррасии расмии парвандаҳои онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимият чун суд ё трибунал сурат нагирад. Политсия, прокуратура ё дигар мақомоти таҳқиқкунандаи парвандаҳои ноболиғон бояд ваколат дошта бошанд, ки бо салоҳдиди худ, бе гузаронидани баррасии расмии парванда қарор қабул кунанд. Агар парвандаи ноболиғ қатъ нагардида, бо таҳқиқи он мақомоти салоҳиятдор машғул бошад, дар ҳама гуна ҳолат истеҳсолот дар асоси принсипҳои адолат ва беғаразӣ сурат мегирад (банди 14-и Қоидаҳо).
4. БАРРАСИИ БЕТАЪХИРИ ПАРВАНДАИ НОБОЛИҒ ВА ПРИНСИПҲОИ ИНТИХОБИ ЧОРАҲОИ ТАЪСИРРАСОНӢ (ҶАЗО). Яке аз махсусиятҳои адолати судӣ нисбат ба ноболиғ он аст, ки истеҳсолот бояд зуд ва бе ҳеҷ гуна кашолкорӣ оғоз ёбад (банди 20-и Қоидаҳо). Дар акси ҳол кашол ёфтани раванди истеҳсолот ба рӯҳия ва рушди ҷисмонии наврас таъсири манфӣ мерасонад ва ба ҳадафҳои адолати судӣ нисбат ба ноболиғон мухолиф аст.
Қоидаҳои Пекинӣ принсипҳои зерини баровардани қарорҳои суд ва интихоби чораҳои таъсиррасониро пешбинӣ менамояд:
Мафҳумҳоро дар ёд доред: адолати судӣ нисбат ба ноболиғон, стандартҳои ҳадди ақали қоидаҳои иҷрои адолати судӣ нисбат ба ноболиғон, махфияти истеҳсолоти судӣ нисбат ба ноболиғон, баррасии таъхирнопазири парвандаҳои ноболиғон.
Савол ва супоришҳо:
1. Мафҳуми «адолати судӣ нисбат ба ноболиғон»-ро шарҳ диҳед.
2. Дар Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии СММ кадом принсипҳои баамал баровардани адолати судӣ зикр гардидаанд?
3. Дар бораи ҳадафҳои адолати судӣ ва кафолатҳои ҳуқуқии ноболиғонтибқи Қоидаҳои Пекинӣ нақл кунед.
4. Махсусиятҳои боздошт ва дастгиркунии ноболиғонро фаҳмонед.
Реклама