1. ТАЪРИХИ ТАЪСИСИ САҲА. Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мақоми умумиаврупоӣ буда, 55 давлатро муттаҳид месозад, аз он ҷумла ҳамаи давлатҳои Аврупо, ИМА, Канада ва ҳамаи Итиҳоди Давлатҳои Мустақилро. САҲА оид ба таъмини амният муносибати махсус дорад, ки он ба ҳамкорӣ асос ёфтааст. Он се зинаи амниятро дар бар мегирад – ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва инсониро, аз ин рӯ САҲА ба масъалаҳои доираашон васее машғул аст, ки ба тақвияти амният дахл доранд, аз он ҷумла муқовимат ба терроризм, назорат ба аслиҳа, тадбирҳои мустаҳкам кардани боварӣ, масъалаҳои иқтисодӣ ва экологӣ, ҳуқуқи инсон, демократикунонӣ ва амсоли инҳо. Ҳамаи 55 давлат мақоми якхела доранд, зеро қарорҳо дар асоси ризоият қабул карда мешаванд, ки онҳо моҳияти сиёсӣ доранд, на моҳияти ҳатмии ҳуқуқӣ. Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри ХХ таъсис дода шуда буд, ки он вақт Маҷлиси машваратӣ оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номида мешуд. Он маҷлиси бисёрҷабҳа ҷиҳати пешбурди муколама ва музокирот дар байни Шарқ ва Ғарб буд.
1 августи соли 1975 давлатҳои Аврупо, инчунин ИМА ва Канада баъди беш аз ду соли музокироти пуршиддат ба санади хотимавии Хелсинки имзо гузоштанд, ки он ба принсипҳои нави ҳамкорӣ асос гузошт. Дар ин санад як қатор ӯҳдадориҳои муҳим дар соҳаҳои ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳимояи муҳити зист, инчунин ҳуқуқи инсон ва принсипҳои асосӣ - “муколамаи Хелсинки”, рафтори давлатҳо нисбати шаҳрвандони худ, инчунин дар муносибати байниҳамдигарӣ зикр ёфтанд.
2. САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ САҲА. То соли 1990 САҲА асосан дар шакли силсилаи вохӯриҳо ва конференсияҳо фаъолият мекард, ки дар натиҷаи он ӯҳдадориҳои давлатҳои иштирокчӣ густариш ёфта, васеъ мешуданд, ғайр аз ин баъзан баррасии иҷроиши онҳо доир мегардид. Вале дар баробари хотима ёфтани ҷанги сард дар вохӯрии сардорони давлатҳо ва ҳукуматҳои иштирокчии САҲА соли 1990 дар Париж роҳи нави рушди САҲА муайян карда шуд. Дар “Эъломияи Аврупои нав”–и дар Париж ба имзо расида дар назди САҲА вазифа гузошта шуд, ки он дар ҷараёни идораи таҳаввулоти таърихӣ дар Аврупо саҳм бигирад ва ба талаботи давраи баъд аз муқовимат ҷавоб гардонида, муассисаҳои нав таъсис бидиҳад.
Дар заминаи вохӯрии шахсиятҳои олимамақом дар Париж қарордод оид ба назорат аз болои аслиҳа – Қарордод дар бораи аслиҳаи муқаррарӣ (ҚАМ) қабул карда шуд, ки он то имрӯз ҷавҳари асосии амнияти Аврупо мебошад.
Дар оғози солҳои 1990 Котиботи САҲА ва якчанд муассисаҳо ташкил карда шуданд, ташкили вохӯриҳо ба роҳи доимӣ даромад, сафоратҳои аввалини дарозмуддат сурат гирифтанд, кори Маҷлиси машваратӣ бошад, то чанде дорои моҳияти бонизом пайдо мекардагӣ шуд. Дар натиҷаи ҳамин, дар вохӯрии сеюми дар сатҳи олӣ моҳи декабри соли 1994 дар Будапешт қарор карда шуд, ки аз 1 январи соли 1995 Маҷлиси машваратӣ оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ММАҲА) ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) табдил дода шавад. Ин қарор на танҳо маънии ҷараёни ташаккули сохтори Созмонро дошт, инчунин ба пешрафти он тақвияти нави сиёсӣ бахшид. Дар баробари ин дар Будапешт дар бораи таҳияи модели амнияти Аврупои асри ХХ1 қарор қабул карда шуд.
Натиҷаи ҷамъбастии вохӯрӣ дар сатҳи олии соли 1996 дар Лиссабон баргузоргардида баланд бардоштани мақоми асосии САҲА дар тақвияти амният ва мӯътадилии вазъият дар ҳамаи се ченак шуд. Ин вохӯрӣ барои дар доираи САҲА таҳия намудани Эъломияи амнияти Аврупо мусоидат намуд, ки он баъдтар дар нишасти САҲА дар Истамбул қабул гардид.
3. СОХТОРИ САҲА.
А.Мақомоте, ки қарорҳои сиёсӣ қабул мекунанд:
Нишаст-вохӯриҳо дар сатҳи олӣ бо иштироки сардорони давлатҳо ва ҳукуматҳо, ки фаъолияти САҲА-ро баррасӣ менамоянд ва қарорҳои марбутаи дастурӣ қабул мекунанд, инчунин афзалиятҳо ва самтҳои фаъолияти Созмонро ба нақша мегиранд.
Шӯрои вазирон вохӯрии вазоратҳои умури хориҷии давлатҳои иштирокчии САҲА мебошад. Он иҷрои қарорҳои дар нишастҳо қабулкардаро ба ӯҳда дорад, инчунин вазифдор аст, ки ин қарорҳоро пурра кунад ва тақвият диҳад. Ба салоҳияти он муайян намудани вазифаҳои муассисаҳои САҲА ва ҷустуҷӯи роҳҳои иҷрои онҳо дохил мешавад.
Шӯрои роҳбар – вохӯриҳо дар сатҳи олии директорони вазоратҳои умури хориҷӣ (ВУХ), ки дар марҳалаи кунунӣ соле як маротиба ба сифати Ҷамъомади иқтисодии САҲА дар Прага доир гардонида мешавад.
Шӯрои доимӣ мақоми асосии доимоамалкунандаи САҲА барои машваратҳои сиёсӣ ва қабули фаврии қарорҳо доир ба ҳамаи масъалаҳое мебошад, ки ба салоҳияти Созмон тааллуқ доранд. Шӯрои доимӣ аз аъзои доимии давлатҳои иштирокчии САҲА исборат аст. Маҷлисҳои он ҳар ҳафта дар Вена дар зери роҳбарии намояндаи раиси амалкунандаи САҲА доир мегарданд. Шӯрои доимӣ дар мавриди ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда низ даъват карда мешавад.
Ҷамъомад (форум) доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният (ҶҲА) мақом барои баррасии масъалаҳои амният мебошад. Вазифаи он аз музокирот оид ба аслиҳа, яроқпартоӣ ва таҳкими боварӣ ва амният, инчунин доир гардонидани машваратҳои доимӣ ва фаъол гардонидани ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои ба амният алоқаманд дахл доранд (намояндагони вакилон дар назди САҲА ҳар ҳафта дар Вена маҷлис доир мегардонанд).
Б. Мақомоти фаъолияти фаврии САҲА: Раиси амалкунандаи (РА) САҲА, ки вазири умури хориҷии мамлакате мебошад, ки вазифаи раисиро ба ӯҳда дорад, масъулияти умумиро ҷиҳати фаъолияти иҷроияи САҲА ба зимма дорад ва шахси асосӣ барои машваратҳои сиёсӣ мебошад. Вазифаи ӯ аз танзими ҷидду ҷаҳди мамлакатҳои аъзо, инчунин ташкили муросо (консенсус) дар САҲА иборат аст. РА ва намояндагони ӯ машваратҳоро тайёр мекунанд, рӯзнома ва лоиҳаи қарорҳои онро таҳия менамоянд. Раис ҳамоҳангии ҷадвали чорабиниҳои САҲА-ро таъмин менамояд ва барномаи дурнамои фаъолияти онро таҳия месозад, фаъолияти намояндагии САҲА-ро назорат мекунад, ба доир гардидани машварат ва музокирот дар ҷараёни бартараф кардани бӯҳронҳо фаъолияти муассисаҳои дигари САҲА-ро танзим менамояд, инчунин оид ба таъинот ба мансабҳои роҳбарикунанда қарорҳо қабул мекунад. Мансаби Раис аз як мамлакат ба мамлакати дигар ҳар сол дар асоси ротатсия мегузарад.
РА дар фаъолияти худ ба ёрии Сегонаи САҲА, такя мекунад, ки мақоми машваратӣ дар назди Раис мебошад ва ба он дар баробари худи Раис раисони собиқ ва оянда дохиланд. Ғайр аз ин, РА намояндагони шахсӣ ва махсусро таъйин менамояд, ба онҳо супориш медиҳад, ки ба ин ва ё он масъала ё вазъият машғул шаванд
Котиботи САҲА, ки дар Вена ҷойгир аст, Раиси амалкунандаи САҲА ва мамлакатҳои аъзоро дар кори ноилшавӣ ба мақсадҳои Созмон дастгирӣ мекунад. Ба фаъолияти Котибот Муншии кулли САҲА роҳбарӣ мекунад, ки ӯ аз тарафи Шӯрои вазирони мамлакатҳои аъзои САҲА ба мӯҳлати се сол таъйин карда мешавад, ҳамзамон чун намояндаи Раиси амалкунанда баромад карда, қарордодҳои САҲА-ро ба иҷро мерасонад. Муншии кулл дар вохӯриҳои Сегонаи САҲА дар сатҳи гуногун иштирок намуда, ба ҷараёни машваратҳо кӯмак мерасонад, бевосита ба иҷрои буҷа масъул буда, ба татбиқи назорати умумии маъмурӣ доир ба кори сохторҳои САҲА масъул мебошад. Ғайр аз дафтари (канселярияи) Муншии кулл ба ҳайати Котиботи САҲА ба маркази пешгирии низоъҳо, Дафтари танзимкунандаи фаъолияти иқтисодӣ ва экологии САҲА, бахшҳо доир ба мубориза алайҳи терроризм, савдои одамон, фаъолияти пулисӣ, инчунин Департамент оид ба захираҳои инсонӣ ва Департамент оид ба масъалаҳои идора ва молия дохиланд.
Бюрои САҲА доир ба муассисаҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ки дар Варшава (Полша) ҷойгир аст, ба таъмини ҳуқуқи инсон, демократия ва принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд мусоидат менамояд. Бюро дар мушоҳида баҳри доир гардидани интихобот, мусоидат ба густариши муассисаҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва расонидани кӯмаки техникӣ, инчунин рушди созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ мусоидат менамояд.
Комиссари олии САҲА оид ба кори ақаллиятҳои миллӣ (КОАМ), ки дафтари он дар Гаага (Нидерландия) қарор дорад, дар пешгӯии пешакӣ ва пешгирӣ кардани низоъҳо нақши муҳим мебозад. КОАМ ҳолатҳоеро, ки ба ақалиятҳои миллӣ робита доранд, мавриди таҳлил қарор дода, барои бартараф намудани вазъи бӯҳронӣ ҳатталимкон дар марҳалаи барвақтии ташаккули он тадбирҳо меандешад. КОАМ аз ҳамаи тарафҳои манфиатдор мустақилона амал карда, намояндагони худро ба маҳалҳо мефиристонад ва аз усулҳои дипломатияи пешгирикунанда (привинтивӣ) истифода мебарад. Дар баробари бевосита аз тарафҳои манфиатдор ба даст овардани ахборот, Комиссариати олӣ густариши муколама, боварӣ ва ҳамкорӣ дар байни онҳо тавассути доир намудани машваратҳо ва таҳияи дастурҳо мусоидат менамояд.
Намояндаи САҲА доир ба озодии ВАУ муассисаи нисбатан ҷавони САҲА буда, соли 1997 ҷиҳати назорат ба вазъи кор дар соҳаи васоити ахбори умум дар давлатҳои иштирокдор ба онҳо расонидани ёрӣ ва таваҷҷӯҳи фаврӣ дар сурати ба таври хеле ҷиддӣ вайрон карда шудани принсипҳо ва ӯҳдадориҳо дар доираи САҲА, ки ба озодии ифодаи андешаҳо ва озодии ВАУ дахл доранд, таъсис ёфтааст. Намояндагии САҲА оид ба озодии ВАУ дар Вена ҷойгир аст.
Ассамблеяи парлумонӣ (АП), ки ба ҳайати он беш аз 300 нафар вакилони парлумон аз ҳамаи давлатҳои аъзои САҲА дохил аст, яке аз муассисаҳои САҲА мебошад. Вазифаи он аз мусоидат ба иштироки муассисаҳои САҲА дар фаъолияти Созмон, баррасии масъалаҳо ва қарорҳо ва тавсияҳои қабулкарда иборат мебошад. Инчунин ба аъзои он дар назорат ба интихобот мақоми муҳим дода шудааст. Ҷамъомадҳои ҳарсолаи Ассамблея чун анъана дар моҳи июл баргузор мегардад, дар давоми сол бошад, ҳаргуна маҷлисҳои машваратӣ ва семинарҳо доир гардонида мешаванд, аз ҷумла маҷлиси зимистонаи Ассамблея дар Вена. Котиботи байналмилалии АП САҲА дар Копенгаген (Дания) ҷойгир, мебошад.
Намояндагии САҲА яке аз воситаҳои фаъолияти фаврии Созмон мебошад. Салоҳият (вазифаҳо), ҳайат ва мазмуни фаъолияти намояндагӣ аз ҳам фарқ мекунанд, ки аз боварибахш будани ин восита шаҳодат медиҳад. Вазифаи муҳими намояндагӣ мусоидат ба ҳалли масъалаҳои муайяни ваколати намояндагӣ мебошад, ки тарафҳо қабул мекунанд. Феълан САҲА 18 намояндагӣ ё ҳузури маҳалии дигарро дар мамлакатҳои зерин дорад: Озарбойҷон, Албания, Арманистон, Беларус, Босния ва Черногория, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина, Ӯзбекистон ва Хорватия.
Додгоҳи САҲА доир ба оштӣ ва арбитраж яке аз воситаҳои САҲА оид ба танзими осоиштаи муноқишаҳои давлатҳои иштирокчӣ мебошад, ки оид ба оштӣ ва арбитраж имзо гузоштаанд. Додгоҳ дар Женева ҷойгир аст.
Бюҷети САҲА аз пардохти ҳарсолаи давлатҳои иштирокдори Созмон, инчунин пардохтҳои ихтиёрии давлатҳо ҷамъ мешавад.
Нисбат ба созмонҳои дигар САҲА дар байни муассисаҳои амниятии Аврупо мақоми фавқулодда дорад. Ин ҳолат ба якчанд омил вобаста аст: васеъ будани ҳайати аъзои он, фарогирии ҳамагонӣ ва асосёбӣ дар муносибат ба ҳамкорӣ оид ба амният, дар ихтиёри он мавҷуд будани олоти пешгирии низоъҳо, анъанаи мустаҳкам доштани муколамаи ошкоро ва ташаккули муросо (консенсус), фаъолият кардани шабакаи васеъи ҳузур дар маҳалҳо, инчунин мавҷуд будани механизмҳои ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари байналмилалӣ.
1. САҲА бо кадом мақсад ташкил карда шуда буд? Чаро обрӯи он дар ҷаҳон ин қадар бузург аст?
4. ФАЪОЛИЯТИ САҲА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
Намоядагии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи қарори Шӯрои Вазирони САҲА, ки 1 декабри соли 1993 дар Рим баргузор гардида буд, тасдиқ карда шудааст. Дар амал бошад, аз 19 феврали соли 1994 ба фаъолият шурӯъ намуд. Моҳи октябри соли 1995 намояндагӣ се шӯъбаи худро дар вилояти Хатлон кушод. Вазифаҳои асосие, ки намояндагӣ дар ин марҳала дар назди худ гузошта буд, мусоидат ба оштӣ, бунёди демократия ва эҳтироми ҳуқуқи инсон буданд. Намояндагӣ ёрии худро дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Намояндагӣ яке аз вазифаҳои асосии худро дар таъмини эҳтироми ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон медид. Ҳалли ин вазифа дар ҳолати вайронкунии сершумори ҳуқуқи инсон дар он марҳала, аз он ҷумла озодии матбуот ва ахборот махсусан рӯзмарра буд. Намояндагӣ таваҷҷӯҳи бештари худро ба вазъи соҳаи ҳуқуқи инсон нисбати гурезаҳо ва ҷойивазкардагони дохилии мардум ҷалб намуд. Бо шарофати ваколати Намояндагӣ имконият фароҳам омад масъалаҳое ҳаллу фасл карда шаванд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ба мустақилияти аҳзоби сиёсӣ, озодии матбуот, истиқлолияти мақомоти додгоҳӣ ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ (низоми маҳбасҳо) алоқаманд ҳал карда шаванд.
Намояндагӣ ҷараёни музокироти осоиштаи байни тоҷиконро мушоҳида мекард, ки зери раёсати СММ сурат мегирифтанд. Дар фаъолияти худ дар Тоҷикистон Намояндагӣ бо БМДҲИ (Бюро доир ба муассисаҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон – БДИПЧ), ИКОГ(Идора Комиссари Олӣ оид ба Гурезаҳо - УВКБ) , Намояндаи махсуси Муншии кулли ва намояндагии мушоҳидакорони СММ, инчунин бо созмонҳои дигари байналмилалӣ, ба монанди Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Ассотсиатсияи Амрикоии адвокатҳо, Хазинаи байналмилалии низомҳои интихоботӣ, Консорсиуми ҳамкорон ва Институти Ҷомеаи Кушода ва ғайра ҳамкории зич дошт.
27 июни соли 1997 қарордоди умумӣ оид ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ҳамчун мушоҳидагар ва яке аз тарафҳо дар моҳи майи соли 1997 дар Теҳрон дар имзои Протокол дар бораи кафолати татбиқи ин қарордод фаъолона ширкат варзид. Аз моҳи сентябри соли 1997 Намояндагӣ ба ёрӣ ҷиҳати фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ) оғоз намуд.
Соли 1998 дафтарҳои САҲА дар ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт), соли 2000-ум дар Хуҷанд кушода шуданд. Намояндагӣ оид ба масъалаҳои ба хона ҷавоб додани ҳайати шахсии нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин, ислоҳоти сохторҳои қудратии тоҷик, аз ҷиҳати иҷтимоӣ таъмин намудани (реинтегратсияи) гурезагони ба ватан баргашта фаъолият мекард. Дар кори ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи қонунгузорӣ дар бораи аҳзоби сиёсӣ, интихобот ва васоити ахбори умум, коркарди нави кодекси маъмурӣ фаъолона ширкат варзид. Намояндагӣ диққати махсусро ба масъала дар бораи риояи ҳуқуқи занон ҷалб намуда, ба созмонҳои ғайриҳукуматие (СҒҲ), ки дар ин соҳа фаъолият доранд, дасти ёрӣ дароз намуд.
САҲА бо тадриҷ дар ҳалли тақдири шахсоне, ки ғайриқонунӣ боздошт шудаанд, иштирок намуд.
Соли 1999 Намояндагӣ фаъолиятро дар соҳаҳои экологӣ ва иқтисодӣ оғоз намуд.
Намояндагӣ ҳамчун мушоҳидачӣ дар интихоботи президентӣ ва парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ ба демократикунонӣ, бунёди муассисаҳои демократӣ, волоияти қонун, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, паҳн намудани донишҳо доир ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъалаҳои гендерӣ (баробарҳуқуқии зану мард), ҳуқуқи инсон ва озодиҳои васоити ахбори умум, инчунин ченакҳои иқтисодию экологӣ бахшида шудаанд.
Намояндагӣ ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳад, ки фаъолияти худро баҳри пешгирӣ намудани истеъмол ва савдои маводи мухадар васеъ кунад.
Соли 2000-ум Намояндагӣ ба ҷойҳои нигоҳдории одамон (дар назар аст ҷойҳои ҳабс) роҳ ёфт, ки ин иқдом ба муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо сохторҳои мурбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда асос гузошт.
Моҳи октябри соли 2002 ваколатҳои ҳузури САҲА аз нав дида баромада, васеъ карда шуд. Намояндагӣ ба Маркази САҲА-и дорои ваколатҳои нисбатан васеътар табдил ёфт.
Марказ нерӯи асосии худро ба масъалаҳои зерин равона намуд:
Марказ пеш бурдани корҳоро дар самтҳои зерин дастгирӣ менамояд:
1. Аз лаҳзаи ифтитоҳи намояндагии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҳуқуқи инсон дар мамалкат то кадом дараҷа тағйир ёфт?
Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар ҷаҳон мебошад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти он мушоҳида ва мусоидат ба риояи ҳуқуқи инсон дар мамлакатҳои иштирокдори созмони мазкур мебошад. Аз соли 1993 дар Тоҷикистон Намояндагии САҲА (аз соли 2002-Маркази САҲА) фаъолият мекунад, ки он дар имзои оштии миллӣ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ва бунёди муассисаҳои демократӣ ва ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳимро иҷро кардааст.
Мафҳумҳоро дар ёд доред: Маҷлиси машваратӣ оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ҳуҷҷати хотимавиии Хелсинки, Эъломия барои Аврупои нав, нишаст (саммит), Шӯрои Вазирони САҲА, Шӯрои роҳбарикунанда, Шӯрои доимӣ, раиси амалкунанда, Котибот ва Бюрои САҲА, Комиссари Олӣ, Ассамблеяи парлумонӣ, Намояндагӣ (Миссия) ва Додгоҳи САҲА
Савол ва супоришҳо
1. Аз назари Шумо кадом лаҳзаҳои таъсиси САҲА нисбатан муҳим ва хотирмон мебошанд?
2. Ба Шумо дар бораи худи Маҷлиси машваратӣ оид ба амният ваҳамкорӣ дар Аврупо чиҳо маълуманд?
3. Дар бораи мамлакатҳои аъзо ва аъзогӣ ба САҲА чиҳоро медонед?
4. Дар бораи сохтори САҲА ва унсурҳои таркибии он нақл кунед.
5. Бигӯед, ки САҲА аз назари ҳимояи ҳуқуқи инсон чӣ тавр фаъолиятмекунад? Дар ин бора мисолҳои мушаххас биёред.
6. САҲА дар марҳалаҳои ҷараёни барқароршавии сулҳ ва баъд аз низоъдар Тоҷикистони чӣ саҳме гузоштааст?
Реклама