1. АСОСИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАШАРДӮСТОНА.
Асоси ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаи муосирро ҳар чор Конвенсияи Женева аз 12 августи соли 1949 ва ду Протоколи Иловагӣ ба Конвенсияҳои мазкур (аз 8 июни соли 1977) ташкил мекунанд, ки онҳо ба ҳифзи қурбониёни ҷанг бахшида шудаанд.
Ҳар яке аз ин Конвенсияҳо меъёрҳо дар бораи гурӯҳҳои муайяни одамонро дар бар гирифтааст, ки қурбониёни ҷанг шудаанд. Ҳамин тариқ, Конвенсияи 1 дар назар дорад: он ашхосе, ки дар амалиётҳои ҳарбӣ бевосита иштирок намекунанд, аз он ҷумла он ашхосе аз ҳайати нерӯҳои мусаллаҳ, ки силоҳи худро ба замин гузошта ва ё бо сабаби дигар аз ҷанг баромадаанд, ҳуқуқи нисбати худ муносибати башардӯстонаро доранд, сарфи назар аз нажод, ҷинс, ранги пӯст, дин, пайдоиш ва ҳолати молумулкии онҳо.
Бо ҳамин мақсад дар Конвенсия амалҳои зерин манъ карда шудааст:
Сӯиқасд ба ҳаёт ва дахлнопазирии ҷисмонӣ, аз он ҷумла, ҳамаи намудҳои куштор, маъюб кардан, муносибати золимона ва шиканҷа. Гаравгон гирифтан.
Сӯиқасд ба шаъну шарафи инсон, аз он ҷумла муносибати таҳқиромез ва қадру қимати инсонро пастзананда.
Маҳкум кардан ва ба иҷро расонидани ҷазо бе қарори пешакии судӣ, ки аз ҷониби суди ба таври қонунӣ ташкилдода ва дар сурати мавҷуд будани кафолати судӣ, ки зарурати онро миллатҳои мутамаддин эътироф кардаанд.
Чунин меъёрҳоро ҳамаи Конвенсияҳои дигар ҳам инъикос кардаанд.
2. МАВЗӮИ КОНВЕНСИЯИ ЯКУМИ ЖЕНЕВА. Конвенсияи Якуми Женева мақоми беморон ва захмбардоштагонро дар артишҳои амалкунанда муайян намудааст. Аз он ҷумла, захмбардоштагон ва беморон бояд дар ҳар ҳолат аз пуштибонӣ ва ҳимояи давлат истифода баранд, аз сабаби он ки ашхоси номбурда дар зери ҳокимияти давлат мебошанд, онҳо бояд ба муносибат ва нигоҳубини башардӯстона фаро гирифта шаванд, давлат набояд аз рӯи мансубияти миллӣ, ҷинс, нажод ва ғайра ба табъизи ин ашхос роҳ диҳад. Сӯиқасд ба ҳаёт ва шахсият, то мурдан задану қир кардан, ба шиканҷа гирифтор намудан, мавриди санҷиши биологӣ қарор додан, дидаю дониста бе ёрии тиббӣ мондани онҳо ва ғайра манъ аст. Эҳтироми махсус нисбати заноне зикр ёфтааст, ки бемор ва захмбардошта мебошанд. Агар давлат маҷбур шавад, ки захмбардоштагон ва касалмандони худро дар қаламрави душман гузорад, пас давлат, то он дараҷае, ки амалиётҳои ҳарбӣ имконият медиҳанд, ҳамроҳи ин беморон қисми ҳайати тиббӣ ва доруворию асбобҳоро барои нигоҳубини онҳо гузорад.
Нишондоди ниҳоят муҳим дар моддаи 15-и Конвенсияи 1 инъкос гардиддаст, ки мувофиқи он ҳар вақт ва махсусан баъди қатъ гардидани ҷанг, тарафҳо, ки дар ҳолати ҷанг мебошанд, тамоми чораҳоро барои он меандешанд, ки захмбардоштагон ва касалмандонро ҷустуҷӯ карда ёбанд ва онҳоро аз ғорат ҳимоя кунанд, нигоҳубини онҳоро таъмин намоянд. Онҳо бо мақсади аз майдони муҳориба бароварда, ба ҷои бехатар бурдани захмбардоштагон, инчунин ивазкунии асирон ё андешидани тадбирҳо баҳри аз минтақаи мавриди муҳосира ва ишғол қароргирифта кӯчонидани онҳо ҳақ доранд, ки дар бораи сулҳ ва оташбас қарордод ба имзо расонанд.
Тарафҳои даргир ҳатталимкон бояд ҳамаи маълумотро ба қайд гиранд, то ки муқаррар намудани шахсияти захмбардоштагон, касалманд ва фавтидагони тарафҳои рақиб, ки онҳо ба дасти овардаанд, осонтар гардад.
Ба манфиати захмбардоштагон ва касалмандон, ҳокимияти ҳарбӣ метавонад ба аҳолӣ бо даъвати зерин муроҷиат намояд: ихтиёриён метавонанд захмбардоштагон ва маризонро бурда (дар зери назорати худ), нигоҳубин кунанд. Дар баробари ин давлат бояд ихтиёриёнеро, ки ҷавобан ба ин даъват амали савоб кардаанд, пуштибонӣ кунад ва ба онҳо имтиёзҳо диҳад. Ҳокимияти ҳарбиён вазифадор аст, ки ба аҳолӣ ва муассисаҳои эҳсонкор дар навоҳии мавриди истило қароргирифта иҷозат диҳад, то ки мувофиқи хоҳиши худ захмбардоштагон ва маризонро бароварда, ба онҳо ёрии зарурӣ расонад ва нигоҳубин кунад. Дар Конвенсия аз ҳама муҳимаш он аст, ки барои нигоҳубини захмбардоштагон ва касалмандон набояд ягон кас таъқиб ва ё маҳкум карда шавад.
Ғайр аз ин, бо мақсади ба захмбардоштагон ва касалмандон расонидани ёрии зарурии тиббӣ муассисаҳои санитарӣ ва хадамоти сайёри санитарӣ, ҳайати шахсии онҳо аз пуштибонии тарафҳое истифода мебаранд, ки дар ҳолати ҷанг мебошанд. Воситаҳои нақлиёте, ки захмбардоштагон ва касалмандонро мекашонанд ва ашёю биноҳое, ки ба манфиати онҳо истифода бурда мешаванд, ба чунин пуштибонӣ фаро гирифта мешаванд.
3. МАВЗӮИ КОНВЕНСИЯИ ДУЮМИ ЖЕНЕВА. Конвенсияи
Дуюми Женева нисбати захмбардоштагон, касалмандон ва ашхосе истифода бурда мешавад, ки дар натиҷаи сарнагуншавии киштӣ (ҳавопаймо низ дар назар дошта шудааст) ба ин ҳолат гирифтор шудаанд. Бояд гуфт, ки Конвенсия ба сарнагуншавии киштӣ фаҳмиши нисбатан баландтар ворид сохтааст.
Сарнагуншавии киштӣ чист?
Мафҳуми “сарнагуншавии киштӣ” нисбати ҳамаи сарнагуншавии киштиҳо истифода бурда мешавад, сарфи назар аз он ҳолатҳое, ки дар натиҷаи онҳо ин ҳодиса ба амал омадааст, аз он ҷумла аз ноилоҷӣ фуруд омадани ҳавопаймо дар баҳр ё афтидани он дар баҳр ҳам (Моддаи 12-и Конвенсияи II Женева).
Дар натиҷаи сарнагуншавии киштӣ зарардидагон кистанд?
Ба ин қабил зарардидагон хизматчиёни ҳарбӣ ва ашхоси граждание дохиланд, ки дар баҳр ё обҳои дигар ба фалокат дучор шудаанд ва ин фалокат дар натиҷаи ҳодисае, ки бо онҳо ва ё ба киштию ҳавопаймое, ки онҳоро мебурданд, рух додааст. Ин ашхос аз ҳар гуна амали душманона ҳимоя карда мешаванд (Моддаи 8, Протоколи I).
Чун Конвенсияи I, ин Конвенсия низ мамлакатҳоеро, ки дар ҳолати низоъ қарор доранд, вазифадор мекунад, ки нисбати захмбардоштагон, беморон касалмандон ва дар натиҷаи сарнагуншавии киштӣ зарардидагон муносибат ва нигоҳубини башардӯстонаро таъмин намоянд. Ҳар гуна сӯиқасд ба ҳаёт ва шахсияти ин ашхос қатъиян манъ аст, яъне куштан ва қир кардан, ба шиканҷа, таҷрибаи биологӣ ва таҷрибаи дигар гирифтор намудани онҳо манъ карда шудааст.
Тарафҳои даргир ба судҳои ҳарбӣ ҳуқуқ медиҳанд баргардонидани захмбардоштагон, касалмандон ва аз сарнагуншавии киштиҳо зарардидагони дар госпиталҳои киштиҳои ҳарбӣ ва госпиталҳои ҷамъиятҳои эҳсонкор ё дар ҷойҳои дигар бударо талаб намоянд, ба шарте ки вазъи саломатии онҳо барои ба мамлакати шаҳрвандиашон баргаштан имконият диҳад.
Захмбардоштагон, касалмандон ва дар натиҷаи сарнагуншавии киштиҳо зарардидагоне, ки дар дасти рақибанд, асирони ҳарбӣ ном бурда мешаванд, бинобар ҳамин сабаб нисбати онҳо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки ба асирони ҳарбӣ дахл доранд, истифода бурда мешаванд.
Дар ин ҳолатҳо мамлакате, ки асир гирифтааст, ҳақ дорад, ки:
Онҳоро дар ихтиёри худ мононад.
Онҳоро ба бандари худ фиристонад.
Онҳоро ба бандари бетараф фиристонад.
Онҳоро ба бандари мамлакати рақиб фиристонад.
Ҳангоми баргардонидани захмбардоштагон, касалмандон ва дар натиҷаи дар давлати бетараф сарнагуншавии киштӣ зарардидагон ин давлат бояд дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ кунад ва тадбирҳои зарурӣ андешад, то ки онҳо аз нав дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок карда натавонанд,
Конвенсия мамлакатҳои даргирро вазифадор кардааст, ки баъд аз ҳар як муҳориба онҳо тамоми чораҳои заруриро андешанд, то ки зарардидагони киштии сарнагуншударо ёфта биёранд, ба қайд гиранд ва ҳамаи маълумотро дар бораи шахсияти онҳо нависанд ба ғоратшавии онҳо роҳ надиҳанд ва ба нигоҳубини зарурӣ фаро гиранд. Ҳар маротиба оид ба бо роҳи баҳрӣ аз минтақаи мавриди муҳосира қароргирифта кӯчонидани (эвакуатсияи) захмбардоштагон ва касалмандон қарордод ба имзо расонида мешавад.
Дар назар дошта мешавад, ки киштиҳои госпиталбуда, ки барои расонидани ёрӣ ба касалмандон, захмбардоштагон, аз сарнагуншавии киштӣ зарардидагон ва бурдани онҳо набояд ба ҳамла ва ё ба яғмобарӣ гирифтор карда шаванд; онҳо бояд ба эҳтиром ва ҳимоя фаро гирифта шаванд. Муассисаҳои соҳилӣ, киштиҳои госпиталбуда, ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх, нақлиёти санитарӣ ва ҳайати кормандони госпитал ва ғайра аз пуштибонӣ истифода мебаранд.
4. МАВЗӮИ КОНВЕНСИЯИ СЕЮМИ ЖЕНЕВА. Конвенсияи Сеюми Женева ба масъалаи муносибат ба асирони ҳарбӣ бахшида шудааст.
Киҳоро асирони ҳарбӣ меноманд?
Ашхосе асирони ҳарбӣ мебошанд, ки аз ҳайати шахсии нерӯҳои мусаллаҳи тарафҳое, ки дар ҳолати низоъ қарор доранд, ба асорати тарафи муқобил афтодаанд; фидоиён ва дастаҳои ихтиёрӣ, ҳаракати муқовимат ва ашхоси дигаре, ки ба тарзи муайян муташаккиланд, аломати фарқкунанда ва ошкоро аслиҳа доранд, қонуну қоидаҳои ҷангро риоя мекунанд, низ ашхоси ҳарбӣ мебошанд.
Нишондодҳои Конвенсияи III нисбати асирони ҳарбӣ аз ҳамон лаҳзае ба кор бурда мешаванд, ки онҳо ба асорати тарафи муқобил афтодаанд ва то озодшавии пурра ва ба мамлакати шаҳрвандӣ баргаштан. Конвенсия тарафҳои низоъро вазифадор мекунад, ки нисбати асирони ҳарбӣ башардӯстона муносибат намоянд. Ҳар иқдоми ғайриқонунӣ, ки ба марги асири ҳарбӣ оварда мерасонад ё саломатии ӯро зери хатари ҷиддӣ мегузорад, манъ аст ва ба он ҳамчун ҳодисаи ба таври ҷиддӣ шикастани Конвенсияи мазкур баҳо дода мешавад. Аз он ҷумла, асири ҳарбиро маъюб кардан ва ё мавриди таҷриба қарор додан мумкин нест. Ӯ нисбати ҳар гуна зӯроварӣ, тарсонидан ва таҳқир аз ҳимоя истифода мебарад.
Давлате, ки асирони ҳарбӣ дар ихтиёри он мебошанд, ӯҳдадоранд, ки асирони ҳарбиро аз сару либос ва ғизо таъмин кунанд ва ба онҳо ёрии зарурии тиббӣ расонанд, ба шарте ки инро ҳолати саломатии асирон талаб кунад. Онҳо бояд бо шаҳодатномаи мамлакате, ки ӯ дар он ҷо аст, таъмин бошад. Шароити ҷойкунии асирони ҳарбӣ бояд ҳамон тавре бошад, ки аз они артиши мамлакати асирдор аст. Хонае, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, бояд гарм карда шавад, он рушноӣ дошта, намнок набошад, меъёри шабонарӯзии ғизо чи аз рӯи миқдору сифат ва чи аз рӯи гуногунии худбояд басанда бошад ва ғайра. Асирони ҳарбӣ бояд аз ёрии тиббии хуб таъмин бошанд, ҳар сари чанд вақт аз санҷиши тиббӣ гузаронида шаванд.
Конвенсия ба тарафҳои даргир барои ба имзо расонидани қарордод оид ба ҳар масъалаи марбут ба аҳволи асирони ҳарбӣ беҳбудӣ бахшидан имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад: онҳо аз ҳамаи афзалиятҳои ин қарордодҳо дар тӯли ҳамаи ҳамон даврае, ки нисбати онҳо Конвенсия истифода мешавад, истифода мебаранд.
Қисмати IV қоидаи ниҳоят муҳимро дар бар мегирад, ки он баргардонидани захмбардоштагон ва касалмандон, инчунин озодкунӣ ва баргардонидани асирони ҳарбиро баъди ба анҷом расидани амалиётҳои ҳарбӣ дар бар мегирад.
5. МАВЗӮИ КОНВЕНСИЯИ ЧАҲОРУМИ ЖЕНЕВА. Дар байни Конвенсияҳои Женева Конвенсияи IV мақоми махсусро ишғол менамояд, ки он қоидаи васею мукаммал дар бораи аҳолии шаҳрвандӣ ҳангоми ҷангро муқаррар менамояд.
Дар зери пуштибонии Конвенсияи IV киҳо қарор мегиранд?
Инҳо ашхосе мебошанд, ки дар ҳолати низоъ ё истило дар ягон лаҳза ва бо ким-кадом усул дар асорати тарафе меафтанд, ки онҳо дар вазъияти низоъ ё истилои мамлакати дигар буда, шаҳрванди он нестанд (Моддаи 4, Конвенсияи IV).
Нишондодҳои Конвенсияи мазкур ҳамаи аҳолӣ, сарфи назар аз миллат, нажод, дин ва ғайраро фаро мегирад. Дар назар дошта шудааст, ки минтақаҳои санитарӣ ва амниятӣ барои таъмини бехатарии касалмандон, захмбардоштагон, пиронсолон, кӯдакони то 15-сола, занҳои ҳомила ва мадарони дорои кӯдакҳои то 7-сола бояд ё то оғози амалиётҳои ҳарбӣ ва ё баъди оғози онҳо ташкил карда шаванд. Тарафҳои даргир метавонанд дар бораи ташкили минтақаҳои бетараф баҳри ҳимояи гурӯҳҳои ашхоси муайян аҳду паймон кунанд.
Минтақаҳои бетараф чистанд?
Минтақаҳое бетараф эътироф карда мешаванд, ки дар ноҳияҳои даргир барои ҳимояи ҳамаи одамон аз хатари ба ҷанг алоқаманд, бидуни фарқият дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок накардаанд, ё ки минбаъд дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок намекунанд ва ё дар мавриди ҳузур дар ин минтақаҳо минбаъд ягон хел корҳои моҳияти ҳарбидоштаро баҷо намеоваранд (Моддаи 15, Конвенсияи IV).
Қисмати II-и Конвенсияи IV меъёрҳои ҳимояи умумиро таҳким бахшидааст, ки он ҳамаи ашхоси дар низоъи мусаллаҳона номбурдаро фаро мегирад. Ин кафолати расонидани ёрии тиббӣ ба онҳое, ки ба ҳамлу нақли захмбардоштагон ва касалмандон эҳтиёҷ доранд, сабук кардани кулфати кӯдакон, таъмини расонидани хабар ба аъзои оила дар бораи ҷои ҳузур ва аз онҳо қабул намудани ахбори дорои моҳияти оилавӣ дар назар дорад. Тарафҳое, ки дар ҳолати низоъ қарор доранд, вазифадоранд дар ҳамроҳшавии оилаҳои аз ҳам ҷудошуда мусоидат намоянд, принсипи эҳтироми шахсият, шаъну шараф, ҳуқуқҳои оилавӣ, эътиқодҳои динӣ ва урфу одат ва анъанаҳоро риоя кунанд. Онҳо ба муносибати башардӯстона ва ҳимоя ҳақ доранд, муносибати золимона бо онҳо ва ғораткунӣ, ба гаравгон гирифтани онҳо манъ аст. Конвенсия инчунин ҳуқуқи хориҷиёнро дар хусуси тарк намудани қаламрави тарафҳои дар низоъ иштироккунанда таҳким намудааст; Конвенсия ба давлатҳои иштирокчӣ додани шахсеро, ки дар зери сарпарастии он қарор дорад, ба давлати дигаре, ки ба Конвенсияи мазкур имзо нагузоштааст, инчунин ба мамлакате, ки мумкин аст аз сабаби ақидаҳои сиёсӣ ва динии худ мавриди таъқибот қарор гиранд, манъ кардааст. Конвенсияи IV дар маҷмӯъ қоидаҳоеро муқаррар мекунад, ки мувофиқи онҳо ҳимояи ашхоси граждание, ки дар қаламрави тарафи муқобил мондаанд, таъмин карда мешаванд.
6. ПРОТОКОЛҲОИ ИЛОВАГӢ БА КОНВЕНСИЯҲОИ ЖЕНЕВА. Конвенсияҳои мазкур ба масъалаи ҳимояи аҳолии гражданӣ аз таъсири бевоситаи ҷанг дахл накардаанд. Аз ин рӯ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ду Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женеваро таҳия намуда, ба Конференсияи дипломатӣ пешниҳод кард, ки онҳо 8 июни соли 1977 қабул карда шуданд.
Протоколи I аз меъёрҳои наве иборат аст, ки ба низоъҳои байналмилалии мусаллаҳона дахл дошта, он ба ҳамаи конвенсияҳои Женева иловаи калон дохил менамояд. Конвенсияҳо ва Протоколи I дар кулли ҳолатҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд ва онҳо то қатъ гардидани амалиётҳои ҷангӣ дар байни давлатҳои даргир давом мекунад, дар қаламрави истилошуда бошад, - то анҷомёбии истило.
Протоколи I конвенсияҳои Женеваро нисбати ҳимояи захмбардоштагон, касалмандон ва ашхосе, ки дар натиҷаи сарнагуншавии киштӣ зарар дидаанд, пурра мекунад. Нишондод оид ба манъи истифода аз аслиҳа, снаряд, моддаҳо ва усулҳои пешбурди амалиётҳои ҷангӣ, ки қодиранд ҳисороти зиёд ва кулфат ба бор оваранд, боиси таваҷҷӯҳи махсус аст. Протокол манъи расонидани зарари васеъи дарозмуддат ба муҳити табиатро низ инъикос кардааст. Протокол ба ҳимояи аҳолии гражданӣ ва объектҳои гражданӣ диққати ҷиддӣ додааст. Тарафҳои даргир вазифадоранд, ки аҳолии гражданӣ ва комбатантҳо, инчунин объектҳои гражданӣ ва объектҳои ҳарбиро аз ҳамдигар фарқ кунанд ва амали худро мувофиқан танҳо ба муқобили объектҳои ҳарбӣ равона созанд. Дар маҷмӯъ Протоколи I конвенсияҳои Женеваро нисбати қурбониёни ҷанг ва ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо дар шароити ғайримуқаррарӣ ҳангоми ҷанг, ғанӣ гардонид.
Протоколи II аз 8 июни соли 1977 ба Конвенсияи Женева аз 12 августи соли 1949 иловаи зиёд дохил намуд, ки он ба низоъҳои мусаллаҳонаи дорои моҳияти ғайрибайналмилалӣ дахл дошта, доираи ҳимояи башардӯстиро ҳангоми ҷангҳои шаҳрвандӣ васеъ мегардонад.
Протоколи II дар таърихи ҳуқуқ бори нахуст ба меъёрҳое таҳким бахшид, ки ҳамла ба аҳолии гражданӣ ва истифодаи қувваро ба муқобили ашхоси алоҳидаи гражданӣ манъ мекунанд. Мақсади асосии Протоколи II аз он иборат аст, ки меъёрҳои асосии Протоколи Iро, ки ба ҳимояи аҳолии гражданӣ аз оқибатҳои амалиётҳои ҳарбӣ дахл дорад, ба низоъҳои ғайрибайналмилалии мусаллаҳона низ паҳн карда шавад.
Протоколи II дар маҷмӯъ дар баробари ҳимояи аҳолии гражданӣ ҳимоя ва нигоҳубини касалмандон, захмбардоштагон ва дар мавриди сарнагуншавии киштиҳо зарардидагон, муҳофизати объектҳоро муқаррар мекунад, ки барои бақои аҳолии шаҳрвандӣ зарур аст, инчунин арзишҳои фарҳангӣ ва ғайраҳоро Дар Протоколҳои иловагӣ принсипҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид – маҳдудияти воситаҳои пешбурди ҷанг, манъи ба аҳолии гражданӣ ҳамла кардан, зарурати фарқ карда тавонистани одамоне, ки дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок мекунанд ва аҳолии гражданӣ — таҳкими минбаъдаи қонунгузориро ифода намуда, доираи истифодаи онҳоро васеъ гардонд.
7. КБСС ВА ҲУҚУҚИ БАШАРДӮСТОНА. Дар ташаккули ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва таъмини ҳуқуқҳои одамон дар мавриди низоъҳои мусаллаҳона мақоми хоса ба Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) тааллуқ дорад. 12 августи соли 1949 ҳамаи чор Конвенсияи Женева дар бораи ҳимояи қурбониёни ҷанг қабул карда шуд, ки он натиҷаи маслиҳатҳои тӯлоние буд, ки аз тарафи КБСС доир гардонида шуда буданд. Конвенсияҳои Женева дар марҳалаи кунунӣ шартномаҳои байналмилалии нисбатан васеъ эътирофкардашуда мебошанд. Бо ташаббуси КБСС Конференсияи дипломатӣ оид ба масъала дар бораи тасдиқ ва рушду густариши ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона, ки дар мавриди низоъҳои мусаллаҳона ба кор бурда мешаванд, 8 июни соли 1977 ду Протоколи иловагӣ ба конвенсияҳои Женева қабул карда шуда буданд.
КБСС мамлакатҳои даргирро вазифадор кард, ки ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона ба касалмандон, захмбардоштагон ва аҳолӣ дар қаламрави забт ё истилокардашуда ёрӣ расонанд, захмбардоштагон, касалмандон ва ашхоси дар натиҷаи сарнагуншавии киштиҳо зарардидаро ёфта бароранд ва ба онҳо нигоҳубин кунанд, бе ному нишоншудагонро ҷустуҷӯ намоянд. КБСС барои ифодаи фаъолияти худ аз нишони махсус истифода мебарад.
Мафҳумҳоро дар ёд доред: Конвенсияи якуми Женева, Конвенсияи дуюми Женева, Конвенсияи сеюми Женева, Конвенсияи чоруми Женева, Протоколи иловагии I, Протоколи иловагии II, аҳолии гражданӣ, захмбардоштагон, касалмандон, киштиҳои сарнагуншуда, минтақаҳои бетараф, истило, ишғол, забт, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх,
КБСС,
Савол ва супоришҳо
1. Чаро конвенсияҳои Женева ва протоколҳо ба онҳоро асоси ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона меноманд?
2. Бо кадом сабаб ба конвенсияҳои Женева ду Протоколи иловагӣ қабул карда шудааст? Мӯҳтавои онҳоро кушода диҳед.
3. Ба чаҳор зергурӯҳ тақсим шуда, ҳар кадом яке аз конвенсияҳои Женеваро омӯхта, ба аҳли синф пешниҳод намоед. Баъд аз тариқи баҳс муайян кунед, ки мавзӯи ҳар кадоми онҳо кадом аст.
4. Мушаххасан муайян кунед, ки конвенсияҳои Женева ҳамчун асноди байналмилалии башардӯстона кадом ҳуқуқҳои инсонро ва бо кадом роҳу воситаҳо ҳимоя мекунанд.
5. Мафҳумҳои “аҳолии гражданӣ”, “ашхоси гражданӣ”,
“захмбардоштагон”, “касалмандон”, “минтақаҳои бетараф” ва “киштии сарнагуншуда”-ро аз назари ҳуқуқи башардӯстона, ки дар конвенсияҳои Женева ва протоколҳои иловагӣ дарҷ ёфтаанд, шарҳу эзоҳ диҳед.
6. Мақоми Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурхро дар ташаккули ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона муайян кунед.
Реклама