1. МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ДАСТАҶАМЪӢ ЧУН ҲУҚУҚҲОИ НАСЛИ СЕЮМ. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳуқуқҳои насли сеюм ташаккул ёфтанд, ки онҳоро ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ меноманд. Ин ҳуқуқҳоро одами алоҳида амалӣ намуда наметавонад. Барои амалӣ гаштани онҳо кӯшиши иттиҳодӣ ё коллективи одамон зарур аст. Ин иттиҳод дар заминаи омилҳои миллӣ, ҳудудӣ, табиӣ ва ғайра. ташаккул меёбад. Ба ҳайси чунин иттиҳод дар ҳуқуқи байналхалқии муосир асосан халқ шинохта мешавад.
Халқ низ баробари одамони алоҳида дорои ҳуқуқҳои хеш аст.
Санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ ва конститутсияҳои давлатҳои демократӣ ҳуқуқи халқро ба худмуайянкунӣ, ба инкишофи озодона, ба баёни соҳибихтиёрӣ, амалӣ намудани ҳокимият, ба ватан, истифодаи озоди боигариву захираҳои табиӣ эътироф мекунанд.
Табиист ки ин зайл ҳуқуқҳоро фарди ҷудогона амалӣ карда наметавонад. Барои воқеӣ гаштани онҳо хоҳишу ирода, саъю кӯшиши халқ, худшиносии одамон, изҳори озодонаи иродаи ягонаи умумӣ зарур аст. Дар айни замон ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ дар заминаи қонун, эҳтироми ҳуқуқҳои дигарон, риояи меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ бояд истифода шавад. Амалӣ намудани ҳуқуқҳои дастаҷамъии халқ худсарона ва зидди талаботи ҳуқуқи башар сурат намегирад. Ин ҳуқуқҳо тибқи талаботи ҳуқуқи башар ва конститутсияҳои демократӣ амалӣ мешаванд.
Ҳуқуқҳои дастаҷамъиро иттиҳоди одамон якҷоя амалӣ менамоянд. Ин иттиҳод бояд ихтиёрӣ бошад. Аъзои иттиҳод дорои манфиатҳои умумӣ буда, иродаи дастаҷамъии хешро изҳор мекунанд. Дар чунин иттиҳод ихтилофот байни манфиатҳои шахсӣ ва умумӣ ҷой надоранд. Дар натиҷаи ташаккули ин зайл иттиҳоди одамон имкони амалӣ гаштани ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ фароҳам мегардад.
Расми 5
Дар амалӣ гаштани ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ табиист ки фарди алоҳида иштирок мекунад. Аммо, агар фард ҳангоми истифодаи ҳуқуқу озодиҳои фардӣ манфиатҳои хешро дар иртибот бо манфиатҳои ҷомеаву давлат воқеӣ гардонад, пас дар ҷараёни амалӣ гаштани ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ фард онҳоро на ба ҳайси ҳуқуқҳои фардӣ, балки оммавӣ, дастаҷамъӣ, ҳамагонӣ татбиқ менамояд. Ҳангоми истифодаи ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ фарди ҷудогона манфиатҳои шахсиашро тобеи манфиатҳои умумӣ мегардонад. Агар фард дар аснои истифодаи ҳуқуқҳои фардӣ (шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ) ба ҳайси инсон ва шаҳрванд баромад намояд, пас ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ ин фард чун аъзои иттиҳоди одамон амал мекунад.
Аз ин бармеояд, ки ҳуқуқҳо мансубияти на танҳо фардӣ (инсонӣ ва шаҳрвандӣ), балки дастаҷамъӣ (пеш аз ҳама халқӣ) низ доранд. Онҳо чӣ ба одами алоҳида ва чӣ иттиҳоди одамон мансубанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мансубияти фардӣ доранд. Ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ бошанд, мансубияти дастаҷамъӣ доранд. Ҳуқуқу озодиҳои фардӣ баҳри таъмини фаъолияти озоду мустақили ҳар як инсон ва шаҳрванд ба шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ҷудо мешаванд. Ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ ин гуна тақсим намешаванд.
Аммо ҳуқуқҳои фардӣ ва дастаҷамъӣ бо ҳам алоқаманданд. Истифодаи ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ набояд ҳуқуқҳои фардиро халалдор намояд. Масалан, ҳангоми, истифодаи ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунӣ бояд манфиатҳои ақалиятҳои миллӣ эҳтиром гарданд. Истифодаи ҳуқуқҳои фардӣ низ дар заминаи эҳтироми манфиатҳои умумӣ сурат мегирад.
1. Ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунӣ чӣ маъно дорад?
2. Худмуайянкунӣ чист ва кадом намудҳову шаклҳо дорад ?
3. Чаро ҳуқуқи худмуайянкунӣ – ҳуқуқи сарнавиштсозимиллат аст?
2. ҲУҚУҚИ ХАЛҚ БА ХУДМУАЙЯНКУНӢ. Яке аз ҳуқуқҳои муҳим ва сарнавиштсози халқ – ин ҳуқуқи худмуайянкунӣ аст. Тибқи моддаи якуми Паймони байналхалқӣ оиди ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ:
Ҳамаи халқҳо ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ доранд.
Худмуайянкунӣ шаклҳои гуногун дорад. Худмуайянкунии сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ-иқтисодиро фарқ мекунанд. Худмуайянкунии сиёсӣ – ин имкони ташкили давлати соҳибистиқлол аст. Ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунии сиёсӣ – ин ҳуқуқи таъсиси давлати соҳибистиқлоли миллии хеш аст. Дар Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ омадаст, ки тибқи ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ ҳамаи халқҳо «...озодона вазъи сиёсии худро муқаррар мекунанд» (Моддаи 1. ). Худмуайянкунии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ имкони инкишофи озодонаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиро дар назар дорад. Ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунии иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ – ин ҳуқуқи халқ ба инкишофи озод аст. Инкишофи озод – ин инкишофи озодонаи иҷтимоиву иқтисодӣ, ва фарҳангиии халқ дар заминаи худмуайянкунии сиёсӣ аст.
Ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунии сиёсӣ – ҳуқуқи муҳими дастаҷамъӣ аст, зеро дар заминаи он, дар ҳолати воқеӣ гаштанаш ҳуқуқҳои дигари дастаҷамъии халқ ба инкишофи озодона, ба баёни соҳибихтиёрӣ ва ғайра имкони амалӣ гаштанро пайдо мекунанд. Ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунии сиёсӣ сарнавиштсоз аст, зеро дар заминаи истифодаи воқеии он давлати соҳибстиқлол таъсис меёбад, халқ соҳиби давлати хеш мегардад.
Дар заминаи ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунии сиёсӣ давлати миллӣ таъсис мегардад. Аммо ибораи «давлати миллӣ» маънои онро надорад, ки дар ин давлат намояндагони як миллат зиндагӣ мекунанду халос. Дар ҳуқуқи байналхалқии муосир зери истилоҳи «миллат» давлат низ фаҳида мешавад, ба ҳайси муродифи истилоҳи «миллат» калимаи «давлат» ҳам истифода мегардад. Созмони Милали Муттаҳид дар асл Созмони Давлатҳост, ҳуқуқи байналхалқӣ аслан ҳуқуқи байнидавлатист. Дар ҳуқуқи байналхалқӣ вақте ки миллат мегӯянд, мансубияти давлатӣ, шаҳрвандиро низ дар назар доранд. Чунин фаҳмиши миллат дар ҳаёти имрӯза барои он қабулу эътироф шудааст, ки халқ, ба маънои муосир, аз иттиҳоди шаҳрвандон, новобаста аз мансубияти миллиашон, иборат аст. Тибқи қисми сеюми моддаи 6-и Конститутсияи Тоҷикистон:
Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.
Ҳуқуқ ба худмуайянкунии сиёсӣ дар ду шакл мумкин аст амалӣ гардад: 1) худмуайянкунии беруна ва 2) худмуайянкунии дохилӣ. Худмуайянкунии беруна маънои ташкили давлати соҳибихтиёрро дорад. Аз он халқҳое истифода карда метавонанд, ки дар айни ҳол давлати мустақили хешро таъсис накардаанд. Худмуайянкунии дохилӣ мансуби ақаллиятҳои миллиест, ки дар дохили давлатҳои алоҳидаи соҳибихтиёр зиндагӣ доранд. Худмуайянкунии дохилӣ маънои соҳиб гаштан ба худидораи минтақавиро дар дохили давлат дорад. Ин худидораи минтақавӣ дар ду шакл мумкин аст истифода гардад. Якум – дар шакли додани мухторӣ ба воҳиди маъмурӣ-ҳудудӣ
(вилоят, кишвар ва монанди инҳо) дар дохили давлати ягона. Дуввум – дар шакли додани вазъи ҳуқуқии аъзои федератсия ба ақаллиятҳои миллӣ дар дохили давлати федеративӣ.
Истифодаи ҳуқуқи худмуайнкуниро асноди ҳуқуқии байналхалқӣ кафолат медиҳанд. Тибқи банди сеюми моддаи 1-и Паймони байналхалқӣ доир бп ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ:
Ҳамаи давлатҳои дар ин Паймон ширкаткунанда … бояд, мутобиқи нуктаҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, амалӣ гаштани ҳуқуқ ба соҳибихтиёриро дастгирӣ намоянд ва ин ҳуқуқро эҳтиром кунанд.
1. Соҳибихтиёрӣ чист ?
2. Ҳуқуқи халқ ба баёни соҳибихтиёрӣ чӣ маъно дорад?
3. Кафолати баёни соҳибихтиёриро чӣ ташкил медиҳад?
3. ҲУҚУҚИ ХАЛҚ БА БАЁНИ СОҲИБИХТИЁРӢ. Ҳуқуқи дигари муҳими дастаҷамъии халқ – ин ҳуқуқ ба баёни соҳибихтиёрӣ аст. Ин ҳуқуқ маънои онро дорад, ки халқ соҳиби ҳокимият буда, онро бевосита ва ё ба восита амалӣ месозад. Халқ ҳокимиятро одатан дар интихобот ва раъйпурсӣ амалӣ мегардонад. Ин шакли амалишавии ҳокимиятро демократияи бевосита меноманд. Ҳокимият ҳамчунон ба воситаи мақоми намояндагӣ амалӣ мегардад. Ин шакли ҳокимиятдориро демократияи бавосита меноманд.
Тибқи қисми якуми моддаи 6-и Конститутсияи Тоҷикистон:
Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст» (қисми дуввум).
Ҳамин тариқ, дар Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи халқи Тоҷикистон ба баёни соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқи мустақилона муайян намудани самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқи изҳори озоди ирода дар раъйпурсиву интихобот, иштироки озод дар ташкили мақоми намояндагӣ, ҳокимияти қонунгузор эълон гаштаст. Дар байни онҳо ҷои муҳимро ҳуқуқи қабулу тағйири Конститутсия соҳиб аст. Ин ҳуқуқашро халқи Тоҷикистон дар ҷараёни қабули Конститутсияи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ва тағйиру иловаҳои он 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 истифода намудааст.
Кафолати муҳими ҳуқуқи халқ ба баёни соҳибихтиёрӣ – ин манъи ғасби ҳокимияти халқ аз ҷониби ҳама гуна ташкилоту ҳизбҳост.
Расми 6
Ҳокимият ба халқ тааллуқ дошта, халқ худаш моҳият, шаклу сохти давлатдориашро муайян мекунад. Ҳеҷ кас ё ҳеҷ ташкилот халқро аз ин ҳуқуқ маҳрум сохта наметавонад.
Чунин кафолат дар қисми чоруми моддаи 6-и Конститутсияи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Тибқи он:
Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизби сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд.
Дар Конститутсияи мо на танҳо ғасби ҳокимият, балки тасарруфи ваколатҳои ҳокимиятӣ низ манъ гаштааст. Тибқи қисми панҷуми ҳамин модда:
Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст.
1. Ифодаи «халқ – сарчашмаи ҳокимият» чӣ маъно дорад?
2. Халқ ҳокимиятро чӣ тавр амалӣ мегардонад?
4. ҲУҚУҚИ ХАЛҚ БА АМАЛӢ НАМУДАНИ ҲОКИМИЯТ.
Халқ сарчашмаи ҳокимият эътироф мешавад. Ин маънои онро дорад, ки халқ моҳияти ҳокимиятро муайян менамояд, тарзу усулҳои амалӣ гаштани онро интихоб мекунад. Халқ ҳокимиятро худаш бевосита амалӣ мекунад, масалан, ба воситаи қабули Конститутсия шакли идораи давлат, тартиби ташкили мақомоти давлатро, салоҳияти онҳоро аниқ мекунад, ташкилу фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро, муносибати байни давлат ва одамонро, ягонагӣ ва ё гуногунии мафкуравиро, низоми яккаҳизбӣ ва ё бисёрҳизбиро худаш муайян мекунад. Халқ ҳамчунон дар интихоботи вакилони халқ ва президент иштирок мекунад ва ба ин васила ҳокимияти қонунгузор ва иҷроияро таъсис медиҳад. Ташкили пурраи ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ минбаъд бо иштироки бевоситаи парлумон ва сарвари давлат мегузарад. Парлумон ва сарвари давлатро халқ интихоб мекунад.
Ҳамин тариқ, халқ сарчашмаи ҳокимият буда, амалӣ гардонидани онро (ба истиснои ҳолатҳои вобаста ба раъйпурсӣ ва интихобот) ба зиммаи давлат мегузорад. Халқ ҳуқуқи амалӣ намудани ҳокимияташро қисман ба давлат вомегузорад, давлат бошад, ба ивази ин, вазифаи эътирофу таъмини ҳуқуқу озодиҳои одамонро ба зимма мегирад. Дар ҳар сурат давлат, аниқтараш дастгоҳи давлат, ҳокимиятро дар чорчӯбаи Конститутсияи қабулнамудаи халқ амалӣ менамояд.
Халқ дорои ҳуқуқи амалӣ намудани ҳокимият аст. Модоме ки сарчашмаи ҳокимият халқ аст, табиист ки ҳуқуқи амалӣ намудани он бояд насиби ҳамин халқ бошад. Халқ ҳокимиятро дар ду шакл амалӣ мекунад: а) бевосита ва б) бавосита. Халқ ҳокимиятро бевосита дар раъйпурсиву интихобот ва бавосита ба тавассути вакилони халқ амалӣ мегардонад.
5. ҲУҚУҚИ ХАЛҚ БА ИСТИФОДАИ ОЗОДОНАИ САРВАТҲОИ ТАБИӢ. Халқ ҳуқуқи истифодаи озодонаи сарватҳои табииро дорад. Ҳамаи сарватҳои табиӣ, ки дар қаламрави давлат воқеанд, аз они халқ аст. Давлат боигариҳои зеризаминӣ, об, фазо, олами набототу ҳайвонотро моликияти давлатӣ эълон намуда, дахлнопазирии онҳоро эмин медорад. Ҳусусигардонӣ, истифодаи худсаронаву зиддиқонунии онҳоро давлат манъ мекунад. Сарватҳои табииро давлат дар зери ҳимояи худ қарор дода, онҳоро ба манфиати халқ истифода мебарад. Тибқи моддаи 13-и Конститутсияи Тоҷикистон:
Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Ин ҷо давлат ба маънои ҳам ҷуғрофӣ ва ҳам ҳуқуқӣ-сиёсӣ фаҳмида мешавад. Ба маънои ҷуғрофӣ давлат – ин кишвар, мамлакат ва, пеш аз ҳама, ватан аст. Ҳудуди давлат барои халқи дар он истиқоматкунанда ватан буда, тамоми сарватҳои табииаш мансуби халқанд. Халқ ҳуқуқ ба ватани таърихӣ дорад. Ҳуқуқи халқ ба ватани аҷдодӣ, мисли ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ, фитрӣ аст. Ин ҳуқуқ табиатан мансуби халқ буда, аз амру хоҳиши ягон давлати дигар вобаста нест. Ҳуқуқ ба ватан маънои худмуайякунии ҳудудиро дорад. Ҳудуде, ки дар он халқ таърихан ташакул ва инкишоф ёфтааст, ватани таърихии ҳамин халқ ҳисоб мешавад.
1. Сарватҳои табииро чиҳо ташкил медиҳанд ва онҳоро кӣ истифода мебарад?
2. Ватани аҷдодӣ чист ва кӣ ба он ҳуқуқ дорад?
Давлат ба маънои ҳуқуқӣ-сиёсӣ – ин иттиҳоди шаҳрвандон аст. Ҳамаи шаҳрвандони давлат дар якҷоягӣ халқро ташкил медиҳанд. Ба ин маъно боигариҳои табиӣ моликияти халқанд. Модоме ки сарватҳои табиӣ дар ҳудуди аҷдодии халқ ҷойгиранд, онҳо насиби ҳамин халқ буда метавонанд. Халқ ҳуқуқ ба ҳудуд ва ватани аҷдодӣ ва ба ин хотир ҳуқуқ ба сарватҳои табиӣ дорад. Тибқи банди сеюми моддаи 1-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ:
Ҳамаи халқҳо баҳри ноил гаштан ба мақсадҳояшон метавонанд озодона аз сарватҳои табиӣ ва захираҳояшон ихтиёрдорӣ намоянд.
Тамоми сарватҳои табиӣ, ки дар ватани аҷдодии халқ воқеанд, танҳо моликияти ҳамин халқ шуда метавонанд. Давлат онҳоро аз тасарруфи ғайриқонунии дохила ва беруна эмин дошта, ба манфиати халқ, баҳри рушду нумӯи кишвар истифода мебарад. Халқ, ки имкони амалӣ намудани ҳокимиятро ба дӯши давлат вогузоштааст, ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табииро низ ба зиммаи ҳокимият мегузорад. Табиист ки халқ дар раъйпурсӣ тақдири ин ва ё он сарвати табииро худаш муайян менамояд. Масалан, дар аксар кишварҳо оид ба моликияти хусусӣ додани замин раъйпурсӣ гузаронида мешавад. Яъне, халқ метавонад бевосита сарватҳои табииро ихтиёрдорӣ намояд.
1. Ҳуқуқи халқ ба инкишофи озодона чист ва он он чӣ маъно дорад?
2. Шароитҳои дохиливу берунаи инкишофи озодонаи халқро чиҳо ташкил медиҳанд?
6. ҲУҚУҚИ ХАЛҚ БА ИНКИШОФИ ОЗОДОНА. Дар заминаи ҳуқуқҳои номбаргаштаи халқ (ба худмуайянкунӣ, баёни сохибихтиёрӣ, амалӣ намудани ҳокимият, ба ватани аҷдодӣ, ҳудуди таърихӣ, сарватҳои табиӣ) инкишоф, рушду нумуи озодонаи халқ таъмин мегардад. Халқ ба инкишофи озодона ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофу риоя мекунад. Дар Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ омадааст, ки ҳамаи халқҳо мутобиқи ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ доранд.
Инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро озодона таъмин мекунанд (моддаи якум).
Инкишофи озодона дар шаклҳои гуногун сурат мегирад — интихоби озодонаи забони давлатӣ, қабули конститутсия, муайян намудани шакли идораи давлат, сохтори давлатӣ, тарзу усулҳои амалӣ намудани ҳокимият, низоми мақомоти давлатӣ, тартиби ташкили онҳо, шаклҳои фаъолияти иқтисодии одамон, навъи муносибат байни давлат ва ҷомеа, давлат ва одамон, давлат ва иқтисод, интихоби шаклҳои моликият, аниқ намудани хусусиятҳои ҳаёти мафкуравӣ ва сиёсӣ. Инкишофи озодона дар сурати набудани дахолати беруна, ҳама гуна таҳдиди ҳамлаи ҳарбӣ, фишори сиёсӣ, вазъи мӯътадили дохилию хориҷии кишвар имконпазир аст.
Барои инкишофи озодонаи халқ як қатор шароитҳои дохиливу беруна заруранд: амалӣ гаштани ҳуқуқ ба худмуайянкунии сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ташкили давлати мустақили соҳибихтиёр, эътирофи ҳуқуқии давлат аз тарафи ҷомеаи башар, ҷой надоштани ҳама гуна фишори давлатҳои хориҷ, оромии ҷомеа, ҳамдилии аъзоёнаш, имкони истифодаи озоди сарватҳову захираҳои табии кишвар.
Мафҳумҳоро дар ёд доред: ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ, ҳуқуқи халқ ба инкишофи озодона, худмуайянкунӣ, худмуайянкунии сиёсӣ, худмуайянкунии иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, соҳибихтиёрӣ, баёнгари соҳибихтиёрӣ, кафолат ба баёни соҳибихтиёрӣ, ҳокимияти халқ: бавосита ва бевосита, шаҳрванди Тоҷикистон, ҳуқуқи амалӣ намудани ҳокимият, сарватҳои табиӣ, ватани аҷдодӣ, ҳудуди таърихӣ, инкишофи озодона.
Савол ва супоришҳо:
1. Ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ гуфта кадом ҳуқуқҳоро меноманд?
2. Ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунӣ, баёни соҳибихтиёрӣ, амалӣнамудани ҳокимият, истифодаи сарватҳои табиӣ, инкишофи озодона чист?
3. Ҳуқуқи халқ ба ватани аҷдодӣ ва ҳудуди таърихӣ чист?
4. Матни санадҳои байналхалқӣ ва Конститутсияи Тоҷикистонротаҳлил намуда, ҳуқуқҳои дастаҷамъии халқ ва кафолатҳои онҳоро ҷудо намоед ва шарҳ диҳед.
5. Аҳамияти истифодаи ҳуқуқҳои дастаҷамъиро муайян намоед.
Реклама