§49. ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. ТАЪЛИМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН.

Таълими ҳуқуқи инсон имрӯз дар Тоҷикистон ҷузъи сиёсати давлатии таълим гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли давлатҳои дигари мутамаддин бар он аст, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи арзишҳои эътирофгаштаи башар яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа буда, ба омода намудани ҷавонон ва аъзои дигари ҷомеа дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқӣ равона шудааст. Вақти он расидааст, ки таълими ҳуқуқи инсон дар қатори фанҳои дигар дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ ҷорӣ гардад. Инкишофи ҷомеаи имрӯза аз тарбияву таълими хонандагон вобаста аст. Аз ин лиҳоз аз ҷониби Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо кӯмаки ташкилотҳои байналмилалӣ, бо иштироки мутахассисон барномаи таълимии «Ҳуқуқи инсон» барои синфҳои 10 ва 11-и мактабҳои миёна ва ва дар асоси он китобҳои дарсӣ таҳия гаштааст. Ин иқдоми нек ва муҳим дар таълими ҳуқуқҳои инсон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон аст.

Фарҳанги ҳуқуқҳои инсон моҳияти башардӯстиро дорост. Дар он тамоми арзишҳои башар дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон гирд оварда шудаанд. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон имрӯз вазифаи ҷомеаи ҷаҳон аст. Зарурати он дар ҳуҷҷатҳои байнамилалӣ таъкид шуда, вазифаи давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалии ҷаҳонӣ, ташкилотҳои минтақавию миллӣ ва ғайриҳукуматӣ мебошад. Тоҷикистон, ки ҳуқуқҳои дахлнопазир ва фитрии инсонро эътироф намудааст, аз иҷрои ин вазифаи муҳим дар канор нест.

Ҳанӯз дар «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 августи соли 1990 давлати Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандон ва шахсоне, ки шаҳрвандӣ надоранду аммо дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, сарфи назар аз аслу насаб, вазъи иҷтимоӣ, дороӣ, мансубияти нажодӣ ва миллӣ, забон, ҷинс, ақидаи сиёсӣ, эътиқоди динӣ, навъу хусусияти кор, ҷои истиқомат ва ҳолатҳои дигар тамоми ҳуқуқу озодиҳоро кафолат дода буд (банди 10). Дар банди мазкур ҳамчунин кафолати ҳуқуқу озодиҳо мувофиқи меъёрҳои маъмули ҳуқуқи байналмилалӣ кафолат дода шуда буданд. Сипас Конститутсияи Тоҷикистон аз 6-и ноябри соли 1994 дахлнопазир ва фитрӣ будани ҳуқуқҳои инсонро (моддаи 5) ва афзалияти санадҳои ҳуқуқи байналмилалиро дар низоми ҳуқуқии кишвар эълон намуд (моддаи 10). Дар заминаи ин ҳуҷҷатҳои миллӣ ҷараёни ворид гаштани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз гардид, Тоҷикистон омодагиашро ба амалӣ намудани арзишҳои ҳуқуқии башар, аз он ҷумла, дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, ошкоро эълон намуд.

Сипас дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид. Ин барнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи як қатор чораҳои беҳтар намудани таълим дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» тасдиқ гардид. Дар барномаи мазкур зарурати таълим дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон таъкид гардидааст. Дар заминаи ин санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таҳияи барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои корӣ дар дохили вазорату идораҳо оғоз гардид, конфронсу семинарҳои байналхалқӣ ва миллӣ гузаронида шуданд.

Аммо таҷрибаи кор дар ин самт зарурати баланд намудани сифати таълимро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон талаб намуд. Илова ба ин, низоми ягонаи таълим дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ташаккул наёфта буд.

Бо ин мақсад дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-и декабри соли 1999 «Дар хусуси вусъати раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ», тибқи талаботи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, бо дар назардошти принсипҳо, мақсад ва вазифаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, бино ба Даҳсолаи эълонгаштаи таълим дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон (1995-2004) Барномаи «Системаи давлатии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд Барнома) қабул гардид. Барнома аз ҷониби Маркази тадқиқи стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки мутахассисони Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлия, Вазорати маориф, дигар вазорату идораҳои дахлдор таҳия гашт.

Мақсаду вазифаҳои таълими ҳуқуқҳои инсон дар ҷумҳурӣ кадомҳоянд ? Ҷараёни ташкили таълими ҳуқуқҳои инсон дар кишвари мо чӣ тавр сурат мегирад ?

Тибқи ин Барнома таъмини риояи ҳуқуқи ва озодиҳои асосии инсон вазифаи аввалиндараҷа эътироф гашта, ба он байни вазифаҳои дигар афзалият дода мешавад.

1. Барои такмили самараноки омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон кадом санадҳо қабул гардидаанд?

2. Дар ин замина дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ кадомфанни нав ҷорӣ карда шудааст?

2. МАҚСАДУ ВАЗИФАҲОИ ТАЪЛИМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Барома ба мақсади вусъати раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, амалӣ гаштани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангии ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули масъулият ва эҳтироми қонунҳо, дарки ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо қабул шудааст. Барнома вазифаҳои зайлро пеш мегузорад: беҳтар намудани эҳтирому ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо; таҳияи стратегияи таълим дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон; таъсиси муассисаву ташкилотҳои марказиву маҳаллии марбут ба таълими ҳуқуқҳои инсон; пешгирии қонуншиканӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон; такмил ва таҳияи барномаву васоити таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон; истифодаи сарчашмаҳои мухталиф, услубҳои гуногун дар ҷараёни таълими ҳуқуқи инсон; мусоидат намудан ба иҷрои вазифаҳои байналмилалии ба зимма гирифтаи давлат дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон; мусоидат намудан ба ворид гаштани талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ; фароҳам овардани шароит барои ҳамкории ташкилотҳои ҳуқуматӣ, ғайриҳукуматӣ, воситаҳои ахбор ва воҳидҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни татбиқи чорабиниҳои марбут ба ҳуқуқҳои инсон; тарғибу ташвиқи асноди байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, алалхусус, бо иштироки васеи воситаҳои ахбори омма.

Таълиму тарбия дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар низоми Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар заминаи Конститутсияи Тоҷикистон, қонунҳои ҷумҳурӣ, фармонҳои сарвари давлат, қарорҳои Ҳукумат, ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла, Барнома ба роҳ монда мешавад. Тибқи ин ҳуҷҷатҳо дар замони истиқлолият дар ҷумҳурӣ омӯзиши фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» дар синфҳои 8-9 мактабҳои миёна, фанни «Ҳуқуқ» дар макотиби миёнаи касбӣ, «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷорӣ гашт. Аз соли 1998 сар карда дар ҳамаи мактабҳои олӣ имтиҳони қабул аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» ҷорӣ гардид. Дар барномаҳои таълимии мактабҳои олии касбӣ омӯзиши асосҳои давлату ҳуқуқ пешбинӣ шуд. Дар як қатор мактабҳои олӣ факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, шӯъбаҳои «ҳуқуқшинос», «ҳуқуқшинос-психолог», «ҳуқуқшинос-омӯзгор» ташкил шуданд. Хуллас, таълими васеи асосҳои давлат ва ҳуқуқ ба роҳ монда шуд.

Аммо низоми то ин дам мавҷудаи таълим дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон нокифоя буда, такмили минбаъдаи худро талаб намуд. Аз ҷумла, фанни мустақили «Ҳуқуқи инсон», пеш аз ҳама дар мактабҳои таҳсилоти умумии миёна пешбинӣ нагашта буд. Ҳол он ки ҷорӣ кардани таълими ҳуқуқҳои инсон, дар баробари асосҳои давлату ҳуқуқ, талаби ҷомеаи ҷаҳон, пеш аз ҳама, ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ буда, ҷузъи асосии фарҳанги ҳуқуқҳои инсон аст. Омӯзиши танҳо асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар ин самт нокифоя аст. Аз ин лиҳоз дар Барномаи мазкур зарурати ҷорӣ намудани фанни «Ҳуқуқи инсон» дар муассисаҳои таълимӣ махсус таъкид гардид. Дар ин Барнома ҳамчунон дигар камбудиҳо дар соҳаи ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон дар ҷумҳурӣ қайд шуданд, аз қабили нарасидани кадрҳои касбии педагогии соҳаи таълими асосҳои давлат ва ҳуқуқ, истифодаи кадрҳои маълумоти касбии ҳуқуқшиносӣ надошта дар ин самт, танқисӣ дар таъминоти моддӣ-техникии мактабҳо, норасоии адабиёти таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, набудани консепсияи таълими ҳуқуқҳои инсон, амал накардани маҳфилҳо оид ба таълими ҳуқуқи инсон ва марказҳои махсуси машваратӣ дар мактабҳо.

Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо дар соҳаи таълими ҳуқуқҳои инсон ва баланд бардоштани сифати таълим Барнома зарурати андешидани чораҳои зайлро пешбинӣ намуд: ҷорӣ намудани фанни «Ҳуқуқи инсон» дар ҳамаи муассисаҳои таълимии миёна; таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи таълимӣ-методӣ; ҷоннок намудани истифодаи воситаҳои ахбор дар кори иттилоотӣ-маърифатӣ; таъсиси маҳфилҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон дар Маркази кӯдакон ва наврасон, мактабҳо, муассисаҳои дигари таълимӣ; ташкили маркази машваратии ҳуқуқҳои инсон дар мактабҳо; нашри оммавии китобҳои мухталиф дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ва ҳуқуқҳои кӯдак; тадқиқи вазъи таълим дар соҳаи ҳуқуқҳои нисон дар ҷумҳурӣ; истифодаи воситаҳои муосири техникӣ; омӯзиши таърихи ҳуқуқи миллӣ, таҷрибаи давлатҳои мутамаддин дар соҳаи таълими ҳуқуқи инсон.

Тибқи талаби Барнома дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони Вазорати маориф, устодони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, мутахассисони ташкилотҳои байналмилалии воқеъ дар Тоҷикистон, бо иштироки Вазорати маориф, Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Академияи илмҳои педагогӣ, Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон (Лоиҳаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон), Шӯъбаи СММ оид ба истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, Маркази Тоҷикистонии Ташкилоти Амният ва Ҳамкории Аврупо барномаи таълимии фанни «Ҳуқуқи инсон» ва нахустин китоби дарсии «Ҳуқуқи инсон» барои хонандагони мактабҳои миёна таҳияву нашр гардид. Тибқи ин барномаи таълимӣ омӯзиши фанни мустақили «Ҳуқуқи инсон» дар мактабҳои таҳсилоти умумии миёнаи ҷумҳурӣ (барои хонандагони синфҳои 10-11) дар ҳаҷми 136 соат сурат мегирад. Дар доираи ин ҳаҷми соат мафҳуму моҳияти ҳуқуқи инсон, таърихи ташаккули афкори ҳуқуқии инсон бо дар назардошти таҷрибаи ҷаҳониву ватанӣ, принсипҳо ва намудҳои ҳуқуқи инсон, асосҳои маҳдудгардии ҳуқуқҳои инсон, таносуби ҳуқуқҳои инсон бо сиёсату ахлоқ, ҳуқуқҳои инсон дар шароити бунёди давлати ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳуқуқҳои инсон, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, вазифаҳои асосии фард, механизмҳои миллӣ ва байналхалқии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон омӯхта мешаванд.

Дар таълими фанни «Ҳуқуқи инсон» дар синфи 11 ҳуқуқҳои инсон дар шароити вусъати равандҳои глобалӣ, фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, моҳияти ҳуқуқ ба ҳаёт, норавоии шиканҷа ва ҷазоҳову муносибати бераҳмона нисбати инсон, ҳуқуқҳои кӯдак, занон, ашхоси дорои қобилияти маҳдуд, пиронсолон, ҳуқуқҳои ақалиятҳои миллӣ, ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ҳуқуқҳои гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ таносуби ҳуқуқҳои инсон ва ҳуқуқи гуманитарӣ, ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон мавриди омӯзиши муфассал қарор мегиранд.

Аммо ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон танҳо бо таълими ҳуқуқи инсон дар мактабҳои таҳсилоти умумии миёна маҳдуд буда наметавонад. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон аз синни томактабӣ оғоз гардида, дар тӯли ҳаёти минбаъдаи инсон идома меёбад. Таълими ҳуқуқҳои инсон гурӯҳҳои мухталифи аҳолии синнашон гуногунро фаро мегирад. Ба ибораи дигар фарҳанги ҳуқуқҳои инсон – ин фарҳанги кулли аҳолӣ ва ҷомеа аст, он мазмуни ҳам дохилидавлатӣ ва ҳам байналмилалӣ дорад.

Дар Тоҷикистон таълиму тарбия дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон бахшҳои зеринро дар назар дорад: дар муассисаҳои томактабӣ, дар синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4), байни наврасон (синфҳои 5-9), дар синфҳои болоӣ (синфҳои 10-11), дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникуму коллеҷҳо, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дар соҳаи тайёр намудани кадрҳо дар аспирантура, докторантура ва муассисаҳои такмили ихтисос. Илова ба ин, ташакули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон маърифатнокии аҳолиро низ дар назар дорад. Бо ин мақсад таълими хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, коркунони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои гуногун новобаста аз шаклҳои моликият, маърифатнок намудани кӯдакони ятим, кӯдакони бе парастормонда, кӯдакони маъюб, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, занон, нафақахӯрон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, гурезагон, ашхоси дастгиру маҳбусгашта аз аҳамият холӣ нест.

Ташкили таълими ҳуқуқҳои инсон ва низоми идораи он дар

Тоҷикистон аз чор сатҳ иборат аст: 1) сатҳи ҷумҳуриявӣ – Ҳукумати Тоҷикистон, вазоратҳои маориф, адлия, амният, корҳои дохилӣ, дигар вазорату идораҳои мутасаддӣ; 2) сатҳи вилоятӣ ва шаҳрӣ (шаҳри Душанбе) – раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, идораҳои вилоятии маориф, адлия ва мақомоти дигари мутасаддӣ; 3) сатҳи ноҳиявӣ – раисони ноҳия, шӯъбаҳои ноҳиявии маориф, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти дахлдор; 4) сатҳи худидоравӣ – ҷамоати шаҳраку деҳот.

Ғайр аз давлати Тоҷикистон дар тарбияву таълими ҳуқуқҳои инсон боз кадом воҳидҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳм доранд? Иштироки ташкилотҳои байналхалқӣ дар ин самт чӣ гуна аст?

Ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон иштироки фаъолонаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, оила, мактаб, аҳолиро дар тарғибу ташвиқи арзишҳои ҳуқуқи башар, тарбияву таълими ҳуқуқҳои инсон дар назар дорад.

3. ИШТИРОКИ АҲЛИ ҶОМЕА ДАР ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон кори тамоми аҳолӣ, ҷомеа ва давлат буда, саҳми мақомоти давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои худфаъолияткунанда, воситаҳои ахбор, гурӯҳҳои мухталифи аҳолии кишварро металабад. Иштироки сохторҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кор дар заминаи ҳаёти демократии ҷомеа, гуногунии мафкуравӣ ва сиёсӣ сурат мегирад. Илова ба ҳамаи ин, ташкил ва идораи таълим дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ғайримарказонида шудааст. Ҳукумат ва мақомоти марказӣ як қатор ваколатҳоро дар соҳаи тарбияву таълими ҳуқуқҳои инсон ба зиммаи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон гузоштаанд, ки айни замон имкони истифодаи озодонаи захираҳои инсонӣ, моддиву молиявиро аз ҷониби онҳо муҳайё месозад. Баҳри таъмини муташаккили фаъолияти мақомоти давлат, муасисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нақши ҳамоҳангсозро мебозад. Дар таъмини ин муташаккилӣ ҳамчунин фармонҳои сарвари давлат, қарорҳои Ҳукумат, таҳияи барномаи давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, барномаву дастурҳои Вазорати маориф нақши ҳалкунанда доранд.

Дар замони инқилоби ҷаҳонии иттилоотӣ-технологӣ саҳми воситаҳои ахбор дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон дар ҷумҳурӣ торафт меафзояд. Нақши воситаҳои ахбори кишвар дар тарғиби арзишҳои ҳуқуқии башар, бархурдор намудани аҳолӣ аз онҳо, паҳн намудани иттилоот байни гурӯҳҳои бештари аҳолӣ калон аст. Дар заминаи кафолати конститутсионии озодии иттилоот истифодаи воситаҳои ахбор аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон вусъат меёбад. Таъсиси рӯзномаву маҷаллаҳои нав, телевизиони «Сафина», барномаҳои радио аз вусъати омӯзишу таълими арзишҳои ҳуқуқи башар дар воситаҳои ахбори ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳанд.

Фарҳанги ҳуқуқҳои инсон, ки ҳоло дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, ҷузъи фарҳанги башар аст.

Барои ҳамин дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон дар ҷумҳурӣ саҳми ташкилотҳои байналмилалӣ (намояндагии Шӯъбаи

СММ оид ба истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ, Хазинаи СММ баҳри инкишоф ба манфиати занҳо, Ташкилоти байналхалқии меҳнат, Ташкилоти байналмилалии муҳоҷирон, Идораи Комиссари Олӣ оид ба гурезаҳо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва ғ.) назаррас аст.

1. Кадом созмонҳои байналмилалӣ дар омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд?

Мафҳумҳоро дар ёд доред: Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи ҳуқуқи инсон, демократикунонии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, сиёсати давлатии таълим, низоми давлатии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, фанни ҳуқуқи инсон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, фарҳанги ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Савол ва супоришҳо:

1. Ба ташкили таълими ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣгуна аҳамият дода мешавад?

2. Дар ин самт дар солҳои истиқлолият кадом асноди ҳуқуқии муҳимқабул шудаанд?

3. Таълими ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон дар заминаи кадомсанадҳои меъёри ҳуқуқӣ сурат мегирад ?

4. Мақсаду вазифаҳои таълими соҳаи ҳуқуқи инсон дар ҶумҳурииТоҷикистон аз чӣ иборатанд?

5. Нақши сохторҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон дар таълими ҳуқуқиинсон чӣ гуна аст ?

6. Дар мактабе, ки он ҷо таҳсил доред, таҳлили тарзи ташкилитаълими ҳуқуқи инсонро дар иртибот бо талаботи ҳуҷҷатҳои миллӣ ва байналмилалӣ мустақилона анҷом дода, норасоиҳои ин корро ошкор (агар ҷой дошта бошанд) сохта, баҳри такмили он таклифҳои муфид пешниҳод намоед.

Реклама