1. МАФҲУМИ “ҲУҚУҚИ БАШАР”. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон вазифаи муҳими ҳам ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳам давлатҳои демократӣ эътироф гаштааст. Ин бесабаб нест, чунки фарҳанги ҳуқуқӣ тарғибу тарбияи арзишҳои эътироф намудаи башарро, пеш аз ҳама, марбут ба ҳуқуқҳои инсон дар назар дорад. Фарҳанги ҳуқуқӣ – ин фарҳанги умумиинсонист. Он фарҳанги одамони ҳазорсолаи саввум хоҳад гардид.
Эътироф, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷузъи фарҳанги ҳуқуқи инсон буда, бе донишомӯзӣ, бе маърифатнокии аҳолӣ, бе ҷараёни мунтазами таълим номумкин аст. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон маърифатнокӣ, тарбияву таълимро металабад. Инсон ҳар чӣ қадар бештар аз ҳуқуқу озодиҳои фардӣ бархурдор бошад, сатҳи истифодаву риояи онҳо ҳамон қадар беҳтар мегардад. Надонистани ҳуқуқҳои инсон боиси нофаҳмиву беаҳамиятии одам нисбати онҳо мегардад.
Таълими ҳуқуқҳои инсон – ин ҷараёни таълимии мақсаднок, мунтазам ва муташаккилона аст, ки баҳри ташаккули донишҳо, қобилият ва арзишҳои марбут ба ҳуқуқҳои инсон сурат мегирад.
Ҷараёни таълими ҳуқуқҳои инсон мақсаднок аст, зеро ба мақсади ташаккули донишу малака ва арзишҳои ахлоқӣ ба роҳ монда мешавад. Сониян, таълим мунтазам сурат мегирад, яъне аз давраҳои муайяни таълим иборат аст, таълиму тарбияи ҳамарӯза ва доимиро дар назар дорад. Ниҳоят, таълими ҳуқуқҳои инсон муташаккилона, тибқи барномаҳову консепсияҳои байналхалқӣ, барномаву нақшаҳои давлативу таълимӣ мегузарад, аз тарафи марказҳои ягонаи таълиму тарбия ташкил ва идора мешавад. Натиҷаи ниҳоии таълими ҳуқуқҳои инсон – ин ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон аст.
Фарҳанги ҳуқуқи инсон – ин маҷмӯи донишҳои инсонии илман ва амалан асоснок гашта оид ба ҳуқуқҳои инсон, қобилияту истеъдоди шахсии дарку ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва арзишҳои ахлоқист, ки дар ҷараёни таълими ҳуқуқҳои инсон ташаккул меёбад.
Донишҳои инсонӣ он тасаввуроту мафҳумҳо, ақидаву ғояҳоеро дар бар мегирад, ки дар тафаккури инсон оид ҳуқуқу озодиҳояш дар ҷараёни таълими мақсаднок, танзимгашта, мунтазам ва муташаккилона ташаккул меёбанд. Дар баробари аз худ намудани донишҳои соҳаи ҳуқуқи инсон ҳар фард бояд дорои қобилияту малакаи дарки онҳо ба ҳайси ҳуқуқҳои фитрӣ ва дахлнопазир, маҳорати истифодаи фаъолона ва дурусти онҳо, ҳифзи онҳо тавассути механизмҳои милливу байналхалқӣ бошад. Фарҳанги ҳуқуқҳои инсон дар баробари донишҳо аз арзишҳои ахлоқӣ (адолат, бовиҷдонӣ, масъулият, эҳтироми одамон ва ғ.) низ иборат аст.
Дар коркарду амалӣ гаштани сиёсати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳуқуқҳои инсон киҳо саҳмгузоранд? Моҳияти консепсияи байналмилалии таълими ҳуқуқҳои инсон дар чист?
2. СИЁСАТИ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ДАР РӮҲИЯИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА КОНСЕПСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАЪЛИМ ДАР СОҲА. Нуктаҳои асосии сиёсати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳуқуқҳои инсон дар як қатор ҳуҷҷатҳо ва маводи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ инъикоси хешро ёфтааст. Беш аз 30 сол аст, ки Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ, Шӯрои Аврупо машғули масоили марбут ба таълими ҳуқуқҳои инсон дар мактабҳои умумианд. Ин ташкилотҳо пешниҳодоти мушаххасро дар ин соҳа муқаррар мекунанд. Дар заминаи онҳо давлатҳо масъулияти хешро баҳри тарғибу ташвиқи ғояҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳуқуқҳои инсон дарк намуда, пешниҳодоти ташкилотҳои байналмилалиро дар ҷараёни ташкили омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон истифода мебаранд. Дар ташкили таълими ҳуқуқи инсон ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ низ саҳмгузоранд. Дар шароити имрӯза дар давлатҳо – аъзои Ҳамкории Аврупо, ИМА ва Канада консепсияи байналхалқии илман асосонокгаштаи таълими ҳуқуқи инсон дар мактаби таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда шудааст.
Зери мафҳуми консепсияи байналмилалӣ таълими ҳуқуқҳои инсон низоми андешаҳо, ақидаҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва фаъолияти маърифативу амалӣ баҳри омӯзиши онҳо фаҳмида мешавад.
Консепсияи мазкур аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид. ЮНЕСКО, Шӯрои Аврупо, Пажӯҳишгоҳҳои байналмилалӣ ҳуқуқҳои инсон ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ пешниҳод шудааст. Он аз унсурҳои зайл иборат аст: мақсад, вазифаҳо, самтҳои асосӣ, мазмун, усулҳо, шаклҳо ва воситаҳои таълими ҳуқуқҳои инсон.
1. Зарурати қабули барномаҳои соҳаи таълими ҳуқуқҳо дар чист?
2. Саҳми ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ дарин самт дар чӣ зоҳир мегардад?
3. Ташкили таълими ҳуқуқи инсон чӣ тавр сурат мегирад?
4. Ҳуҷҷатҳои асосии ин соҳа кадомҳоянд?
3. БАРНОМАЮ ҲУҶҶАТҲОИ АСОСИИ СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Солҳои 60 – 70-ум асри гузашта дар мамолики Аврупо, ИМА, Канада теъдоди зиёди барномаҳо дар соҳаи таълими иҷтимоӣ ва солҳои 80-ум марбут ба ҳуқуқҳои инсон пешбарӣ мешаванд. Ҳадаф аз коркарди онҳо тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ буд. Даҳсолаи охир бо иштирок ва саҳми ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ барномаҳои мукаммали соҳаи таълими ҳуқуқҳои инсон дар ҷараёни талими давлатҳои мутамаддин ҷорӣ гаштанд. Ин зайл барномаҳоро Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ, Шӯрои Аврупо дастгирӣ мекунанд. Ҳамчунон омӯзиши таҷрибаи таълими ҳуқуқи инсон ҷараён дорад.
Дар ин кор саҳми ташкилотҳои байналмилалӣ ғайриҳукуматӣ низ назаррас аст. Онҳо шаклҳои гуногуни равобитро бо мактабҳои миёнаи умумӣ истифода намуда, дар ташвиқи донишҳои хуқуқи инсон бевосита ширкат меварзанд. Ин ташкилотҳоро одатан ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд: 1) оҷонсиҳои махсусгардонишудаи ёрирасон (ҳам дунявӣ ва ҳам динӣ), ки дорои марказҳои мухталифи инкишофанд (масалан, Фонди наҷоти кӯдакон, ЮНИСЕФ ва ғ.); 2) ташкилотҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва таъмини сулҳ (аз қабили Авфи байналмилалӣ); 3) ташкилотҳои вобаста ба таҳияи барномаҳо, ки дорои марказҳои махсуси таълимӣ, гурӯҳҳои корианд (аз қабили Шӯрои таълими шаҳрвандии умумӣ ё Маркази таълими глобалии Донишгоҳи Йорк, воқеъ дар Британияи Кабир).
Мақсаду вазифаҳои таълими ҳуқуқи инсон дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ пешбинӣ мешаванд. Дар Симпозиуми Венагӣ таҳти унвони «Тарбия дар рӯҳияи ҳуқуқҳои инсон дар мактабҳои Аврупои Ғарбӣ», ки 17-20-и маи соли 1983 барпо шуда буд, номгӯи ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқҳои инсон муайян гардид. Ин пеш аз ҳама Эъломияи ҳуқуқи башар аст, ки дар он вазифаи давлатҳо баҳри мусоидат намудан ба эҳтироми ҳуқуқҳои инсон эълон гаштаанд. Дар Эъломия боз ду нуктаи дигар таъкид мешавад:
«дарки ҳамагонии мазмуни ин ҳуқуқҳо ва озодиҳо баҳри иҷрои ин вазифа аҳамияти калон дорад»; «ҳар як инсон ва ҳар мақоми ҷомеа, бо назардошти ин Эъломия, бояд тавассути таҳсилу таълим барои эҳтироми ин ҳуқуқу озодиҳо кӯшад».
Ин нуктаҳои қайдшуда асоси ташкили таълими ҳуқуқҳои инсон дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон эътироф мешаванд.
Дар Конфронси генералии СММ оид ба масъалаҳои таълим, илм ва фарҳанг, ки 17-23-и ноябри соли 1974 дар Париж даъват шуда буд, масъулияти давлатҳо баҳри ташкили таълими ҳуқуқҳои инсон таъкид гардид. Дар ин Симпозиум Тавсияҳо оид ба тарбия дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмии байналмилалӣ, ҳамкорӣ ва сулҳ ва тарбия дар рӯҳияи эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ қабул гардид. Ин ҳуҷҷат дар сиёсати байналмилалии тарбиявӣ санади асосӣ гардид. Дар банди чоруми боби 3-и ҳуҷҷати номбурда принсипҳо, мақсад ва вазифаҳои сиёсати таълими ҳуқуқи инсон муайян гаштанд: а) ҷанбаи байналмилалӣ ва дурнамои умумиҷаҳонии дар ҳамаи сатҳу шаклҳои таълим; б) фаҳмиш ва эҳтироми ҳамаи халқҳо, фарҳанг, тамаддун, арзишҳо ва шакли ҳаёти онҳо, аз он ҷумла, фарҳанги маҳаллии ақалиятҳои миллӣ ва фарҳанги миллатҳои дигар; в) дарки ҳамбастагии вусъатёбандаи глобалии байни халқҳо ва миллатҳо; г) омодагӣ ба ҳамкорӣ бо дигарон; д) дарки на танҳо ҳуқуқҳо, балки вазифаҳои ба зиммаи ашхоси алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва халқҳо нисбати якдигар гузошташуда; е) дарки зарурати ҳамбастагӣ ва ҳамкории байналмилалӣ; ж) омодагии шахси алоҳида ба иштирок дар ҳалли масоили ҷомеаи худ, кишвари худ ва умуман ҷаҳон. Дар банди 18-и боби 5-и ин ҳуҷҷат нобаробарӣ, беадолатӣ, истифодаи қувва дар муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи он омилҳое номбар мешаванд, ки пеши роҳи таълими ҳуқуқи инсонро мегиранд.
Бо дар назардошти аввалиндараҷа будани тавсияҳои ҳуҷҷати зикргашта ЮНЕСКО ба давлатҳо-аъзо ва ташкилотҳои миллӣ тавсия намудааст, ки дар мӯҳлатҳои муқарраргашта ба СММ ҳисоботро дар хусуси иҷрои ин тавсияҳо пешниҳод намоянд. Дар ҳуҷҷати мазкур мафҳуми калимаи «тарбия» низ дода шудааст. Тибқи ин ҳуҷҷат:
Калимаи «тарбия» маънои ҷараёни ҳаёти ҷамъиятиро дорад, ки дар ҳудуди он ашхоси алоҳида ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар доира ва баҳри иттиҳоди миллӣ ва ҷаҳонӣ бошуурона инкишоф додани истеъдод, қобилият, рағбат ва донишҳои хешро меомӯзанд.
Дар ин ҳуҷҷат ҳамчунон алоқаи байни тарбия дар рӯҳияи ҳуқуқи инсон ва таълими глобалӣ (банди 4), тарбияи шаҳрвандӣ ва ахлоқӣ (бандҳои 10-16), тарбия дар рӯҳияи сулҳ (банди 6) ва тарбияи байнифарҳангӣ – тавассути омӯзиши фарҳанги ватаниву ҷаҳонӣ (бандҳои 4 в, 17, 21, 22, 23) таъкид мешаванд. Ғайр аз он, зарурати тарбия дар рӯҳияи ҳуқуқҳои инсон дар муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои миёна, таълими минбаъдаи калонсолон, ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа қайд мешаванд.
Бо дар назардошти муҳим будани тавсияҳои зикргашта ҳуҷҷати номбурда ҳоло чун дастури асосӣ дар соҳаи тарбия эътироф гашта, асоси таҳияи барномаҳои таълимии ҳуқуқи инсон қарор мегирад.
Дар таълими ҳуқуқи инсон ҳуҷҷати дигар бо номи «Нақшаи ҷаҳонии фаъолият оид ба тарбия дар рӯҳияи ҳуқуқҳои инсон ва демократия» низ аҳамияти муҳимро дорост. Он дар Конгресси байналмилалӣ оид ба тарбия дар рӯҳияи ҳуқуқҳои инсон ва демократия, ки дар доираи ЮНЕСКО ва Маркази ҳуқуқҳои инсони СММ моҳи марти соли 1993 доир гашта буд, қабул шудааст. Дар он зарурати ҷоннок намудани иштироки шахси алоҳида, оила, ҷомеа, давлат, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, дар табдили ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҷомеаи сулҳпарвар, ки дар он кулли ҳуқуқҳои инсон эҳтиром мегарданд, таъкид мешавад. Баҳри ин ҳадаф таълими ҳуқуқҳои инсон дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ бояд ҷорӣ гардад, аз он ҷумла, омодагии муаллимони мактаб, шӯроҳои омӯзгории мактабӣ, маъмурияти мактабҳо ва волидайн бояд андешида шавад.
Дар соҳаи таълими ҳуқуқи инсон «Эъломияи Венагӣ ва барномаи фаъолият», ки моҳи июни соли 1993 дар Конфронси байналмилалӣ қабул шудааст, аҳамияти калон дорад. Он ба зиммаи давлатҳо – аъзоёни СММ вазифаи таҳияи барномаҳои таълимии соҳаи ҳуқуқҳои инсонро мегузорад.Дар заминаи ин ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ аз ҷониби ташкилотҳои минтақавӣ ва миллӣ ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқи инсон қабул шудаанд. Дар Қарордоди Шӯрои Аврупо таҳни унвони «Таълими ҳуқуқи инсон» аз 25-и октябри соли 1978 зарурати омӯзиши ҳуқуқи инсон таъкид гашта, қайд мешавад, ки таълими ҳуқуқи инсон кафили ҳифзи онҳост. Дар Эъломияи «Норавоӣ – таҳдиди думократия», ки Кумитаи Вазирони Шӯрои Аврупо 14 маи соли 1981 қабул намудааст, зарурати оғози омӯзиши ҳуқуқи инсон аз синфҳои ибтидоӣ таъкид мешавад. Аҳамияти таълими ибтидоии ҳуқуқи инсон ҳамчунин дар ҳуҷҷати дигар бо номи «Таълими ибтидоӣ дар Аврупои Ғарбӣ» (Конфронси Шӯрои Аврупо моҳи июни соли 1981 қабул намудааст) қайд мегардад. Ҳуҷҷатҳои дигар низ қабул шудаанд, аз қабили Тавсияҳои Ассамблеяи Парлумонии Ҳамкории Аврупоӣ таҳти унвони «Аҳамияти фарҳанг ва таълим дар маҳдудсозии зӯроварӣ», лоиҳаи кор бо муаллимон, мутахассисон ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ бо номи «Тарбия дар рӯҳияи ҳуқуқҳои инсон дар мактабҳои Аврупои Ғарбӣ», «Тавсияҳо оид ба таълиму омӯзиши ҳуқуқи инсон дар мактабҳо».
Ин қабил ҳуҷатҳо дар соҳаи таълими ҳуқуқҳои инсон дар мамолики дигар низ қабул шудаанд. Масалан, дар Канада Билл оид ба ҳуқуқҳои соли 1960, Конститутсияи Канада аз соли 1982, Хартияи Канада оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ, Санад оид ба забонҳои расмӣ, Санад оиди ҳуқуқҳои инсон аз соли 1977 мақсаду вазифаҳои таълими ҳуқуқҳои инсонро муайян мекунанд. Барномаи миллӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқи инсон дар ИМА низ тасдиқ шудааст. Ҳуҷҷаҳои зарурӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқҳои инсон дар давлатҳои дигар низ қабул гаштаанд.
Тарбия дар рӯҳияи ҳуқуқҳои инсон чӣ маъно дорад? Мақсаду мазмун ва ҷараёни ин тарбияро чиҳо ташкил медиҳанд? Дониш, қобилият, арзишҳо ва саҳми ҷамъиятӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқҳои инсон чӣ маъно доранд ?
4. МАФҲУМҲОИ АСОСИИ СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Дар ҳуҷҷатҳои номбурда теҳдоди зарурии мафҳуму истилоҳҳо дар соҳаи омӯзиши ҳуқуқҳои инсон истифода мешаванд. Мафҳуми «тарбия дар рӯҳияи ҳуқуқҳои инсон» унсурҳои зеринро дар бар мегирад: 1) муқаддимаи ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ (Эъломияи ҳуқуқи башар ва ғ.), ки дар онҳо аҳамияту зарурати таълим дар ин соҳа таъкид мешавад; 2) номгӯи ҳуқуқҳои умумиинсонӣ (ба ҳаёт, озодӣ, бехатарӣ, адолат, ҳаёти шахсӣ); 3) номгӯи озодиҳои асосӣ (аз шиканҷа, аз ғуломӣ, аз поймолгардии ҳуқуқҳо, аз бадарға). Мақсади тарбия дар рӯҳияи ҳуқуқи инсон – мусоидат намудан ба мубориза баҳри адолат ва сулҳ дар ҷаҳон аст.
Консепсияи марказии ҳуқуқҳои инсон – ҳамзистии байни одамони алоҳида, байни одамон ва давлат, байни давлатҳо ва миллатҳост.
Мазмуни тарбияро дар рӯҳияи ҳуқуқи инсон дар мактаби миёна ҳамаи он чизе ташкил медиҳад, ки дар доираи фанни ҳуқуқи инсон омӯхта мешавад. Ҷараёни тарбия дар рӯҳияи ҳуқуқи инсонро воситаву усулҳои омӯзиш ташкил медиҳанд. Мафҳумҳои асосие, ки ба таркиби фанни ҳуқуқҳои инсон дохиланд, инҳоянд: ҳуқуқҳои фитрӣ, шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқҳои ақаллиятҳо, занону кӯдакон, вазифаҳову масъулият, тоқатпазирӣ, баробарӣ, адолат, адолати судӣ, худмуайянкунӣ, сулҳ, некӯаҳволӣ, низоъ.
Дар барномаи илмҳои ҷамъиятии Шӯрои Миллии ИМА чор мафҳуми асосӣ марбут ба тарбияву таълим қайд мешаванд: донишҳо, қобилият, арзишҳо ва саҳми ҷамъиятӣ. Онҳо дар Тавсияи Кумитаи Вазирони Шӯрои Аврупо шарҳ дода шудаанд. Донишҳо тасаввуроту фаҳмиши наврасону ҷавононро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, аз худ намудани ҳуҷҷатҳои байналмилалиро, омодагии онҳоро баҳри ҳимояи онҳо дар назар доранд. Донишҳои мактаббачагон дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, тибқи Тавсияи Шӯрои Аврупо, ба чор категория ҷудо мешаванд: 1) ҳуқуқҳо, вазифаҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти инсон; 2) инконнопазирии падидаҳои беадолатӣ, нобаробарӣ, поймолгардии ҳуқуқҳо; 3) шахсиятҳои арзанда, ҳаракатҳои оммавӣ, ҳодисаҳои назарраси таърихӣ, ки саҳмгузори ҳуқуқҳои инсонанд; 4) ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон.
Қобилият барои фаҳмиши ҳуқуқҳои инсон ва мусоидат ба онҳо зарур шуморида мешавад. Дар Тавсияи Шӯрои Аврупо қобилияту истеъдоди зерин чун ҷузъи таълими ҳуқуқҳои инсон эътироф мешаванд: қобилияти ақлӣ (қобилияти ифодаи шифоҳиву хаттии фикр, шунидан ва баҳс намудан, ҳимоя намудани фикри шахсӣ, истеъдоди баровардани хулоса дар заминаи ҷамъу таҳлили сарчашмаҳои гуногун, аз он ҷумла, воситаҳои ахбор, таҳлили онҳо, баровардани хулосаҳои асоснок, қобилияти ошкор сохтани ҳама гуна каҷфаҳмӣ, аз байн бурдани хурофоту қолабҳои кӯҳна; қобилияти иҷтимоӣ (истеъдоди дарки тафовут, муқаррар намудани муносибати қобили қабул бо дигарон бидуни фишор, ҳалли низоъ бе истифодаи зӯрӣ, ба худ гирифтани масъулият, истифодаи механизми ҳифзи ҳуқуқҳо дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ, ҷаҳонӣ).
Арзишҳо истифодаи арзишҳои ахлоқиро дар назар доранд, аз он ҷумла, дар ҷараёни омӯзиши ҳуқуқи инсон дар синфҳои ибтидоӣ, ба синни наврасон мутобиқ гардонидани мафҳумҳои мураккаби соҳаи ҳуқуқҳои инсонро пешбинӣ мекунанд. Озодӣ, тоқатпазирӣ, адолат, эҳтироми ҳақиқат аз қабили чунин арзишҳоянд.
Саҳми ҷамъиятӣ унсурҳои зеринро дар бар мегирад: 1) фазои демократӣ, ки заминаи иштироки шахс дар ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ буда, имкони изҳори ошкорои ақида, фаъолияти озодонаро фароҳам меорад; 2) фазои мусоиди мактаб, ки барои иштироки волидайн ва аъзои дигари ҷомеа дар ҳаёти мактаб мусоидат мекунад; 3) фароҳам овардани шароит барои ошкор гаштани қобилияти зеҳниву истеъдоди хонандагон дар санъат, мусиқӣ, варзиш дар фаъолияти мактаб ва муаллимон.
Мафҳумҳоро дар ёд доред: фарҳанг, фарҳанги ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ, дониш ва малака, арзишҳои ахлоқӣ, консепсияи байналмилалии таълими ҳуқуқи инсон, рӯҳияи ҳуқуқи инсонӣ, тамаддун, таълим, тарбия.
Савол ва супоришҳо:
1. Таълим ва фарҳанги ҳуқуқҳои инсон чист ?
2. Мақсаду вазифаҳои таълими ҳуқуқҳои инсон тибқи ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ кадомҳоянд?
3. Ҳуҷҷатҳои байналмилалиро дар соҳаи таълими ҳуқуқҳои инсонномбар кунед.
4. Саҳми мактаб ва муаллимонатонро дар ташкили тарбиявутаълими ҳуқуқи инсон муайян созед.
Реклама