§27. МАҚОМИ ЗАН ДАР ОИЛА ВА ҶОМЕА

1. МАСЪАЛАИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ОИЛА ВА ҶОМЕА. Яке аз неъматҳои асосие, ки одамон дар натиҷаи таҳаввулоти ҷомеа интизоранд, васеъ кардани имкониятҳои ҳар кас баҳри ташкили ҳаёти худ мебошад. Шахсияти алоҳида дар ҷомеаи демократӣ метавонад ҳамчун воҳиди асосии сиёсӣ ба камол расад, вале дар ин сурат ҳам воҳиди асосии иҷтимоӣ оила мондан мегирад. Барои ҳамин фаҳмидани он, ки дар заминаи оила дар давраи гузариш бо занон ва мардон чи воқеа рух медиҳад ва ашхоси алоҳида, шарикон, ҷамоаҳо ва давлат бояд чӣ кор кунанд, ки ба занон ва мардон дар иҷрои мақоми онҳо ҳам дар оила ва ҳам берун аз он ёрӣ расонанд.

Дар урфият гуфтаанд, ки “Зан чароғи хонадон аст”. Дар ин ҳикмат маънии бузурги фалсафӣ ниҳон буда, он мақоми занро дар оила ва ҷомеа баён месозад. Дар баробари пешрафти инсоният ва барпо гардидани форматсияи аввалини иҷтимоию иқтисодӣ мақоми роҳбарӣ дар оила ҳамчун ҷузъи ҷомеа ба зан тааллуқ дошт, ки он марҳалаи модаршоҳӣ мебошад. Вале баробари ба миён омадани динҳои масеҳӣ ва ислом мақоми зан то ба ҳадди ақал паст фуромад. Коҳиш ёфтани вазъи зан то миёнаҳои асри XIX идома ёфт, лекин дар давраи инқилобҳои илмию техникӣ дар соҳаи ҳуқуқи занон низ инқилоб ба амал омад. Дар натиҷаи ин занон озодии пурра ба даст оварданд, ки ин дар навбати худ мақоми нави занро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа муайян намуд.

Дар анъанаҳои фарҳангии халқи тоҷик зан аз ҳурмату эҳтиром бархурдор буд, махсусан дар адабиёт нақши ӯ ҳамчун модар ва ҳимоятгари ободии хона тараннум карда мешуд. Вале мавҷудияти қолабҳои ба ҳама маълум ба худбаҳодиҳии ҷидду ҷаҳди баҳо додани занон таъсир расонд ва ба пайдо шудани ақидаҳои ғаразнок нисбати ба амал ва қобилияти онҳо мусоидат намуд. Ин зуҳурот татбиқи нерӯи занҳоро маҳдуд месозад. Сабабгори нобаробарии гендерӣ ҳам тасаввуроти анъанавии аҳолӣ ва ҳам давраи гузариши рушди ҷомеа мебошад.

Бо сабабҳои таърихӣ шуури муқаррарии аксарияти аҳолӣ анъанавӣ-падаршоҳӣ боқӣ мондааст, ки он бартарияти гендерии бечуну чарои иҷтимоии мардон ва тобеияти марбутаи занонро дар назар дорад. Мавҷудияти анъанаи гузашта пардохти “қалин” барои арӯс, ба таври пурра барҳам зада нашудааст, хеле кам бошад ҳам, ҳанӯз вомехӯрад. Инчунин дар гузашта зуҳуроте дар шакли “бастани ақди никоҳ аз рӯи тасмими волидон”, ки арӯс ва домод то тӯй ҳатто ҳамдигарро надидаанд, вуҷуд дошт. Феълан чунин воқеаҳо хеле кам рух медиҳанд, чунки санадҳои қонунгузории сари вақт қабулгардида чунин воқеаҳоро кам карданд.

Дузанагӣ ва бисёрзанагӣ бисёр вомехӯранд, гарчанде ки барои зиндагӣ бо ду ё якчанд нафар зан мувофиқи қонун ҷазо муқаррар шудааст.

2. ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОИЛА ВА

ЗАН. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон медорад: “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст”.

Принсипҳои Конститутсиониии ҳимояи ҳуқуқҳои оилавии шаҳрвандон дар меъёрҳои оилавӣ ва соҳаҳои дигари ҳуқуқи Тоҷикистон таҳким ёфтаанд. Масалан, усулҳои ҳимояи ҳуқуқҳои граждание, ки дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, дар соҳаи муносибатҳои оилавӣ низ мавриди истифода қарор мегиранд.

Давлат мақоми махсуси занро дар оила ва ҷомеа баён доштааст. Ба ин меъёри конститутсионии “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд” мисол шуда метавонад. Асноди дигари меъёрию ҳуқуқӣ низ занро ба сифати субъекти махсус арзёбӣ кардааст. Масалан, дар мавриди додани рухсатӣ, муайян намудани рӯзи корӣ, дар мавриди шикастани ақди никоҳ ғолибан ба ихтиёри зан-модар мондани кӯдак, муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ ва амсоли инҳо. Нишондоди мазкур норозигии аксарияти мардонро ба вуҷуд меоварад, сарфи назар аз ин, чунин муносибати тафриқавӣ аз имкониятҳои хоси физиологии бадани зан ба миён меоянд. Аз ҳамин сабаб аз рӯи имконият онҳоро на ҳама вақт баробар кардан имконпазир аст .

То давраи гузариш оила аз давлат дар шакли пул ва имтиёзҳо ёрии калон мегирифт. Ба ӯҳдадориҳо ва накши занон дар оила ҳам сиёсат ва ҳам дастрасии ҳамаҷониба ба хизматрасонӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва таҳсилот, ки ройгон ё ба ивази пардохти начандон зиёд расонида мешуданд, таъсир мерасониданд.

Чи тавре ки дар боло қайд карда шуд, бисёрникоҳиро Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст. Дар натиҷаи ин аксарияти он заноне, ки зани дуюм мешаванд, аз имконияти иштирок дар оқибатҳои ҳуқуқӣ маҳрум мебошанд, масалан, дар мавриди шикастани ақди никоҳ зан аз талаб кардани тақсимоти молу мулк маҳрум аст. Ӯ инчунин дар мавриди фавтидани бо ном “шавҳар” ҳуқуқи меросгирӣ надорад. Дар ин сурат, чун қоида, зан дар тобеияти пурраи иқтисодии шавҳари граждании худ мемонад, ки ин таҳқири нақши зан дар оила мебошад. Зане, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ вобаста аст, аз имконияти таҳсил ва мустақилияти иқтисодӣ маҳрум аст.

3. ИМТИЁЗҲО ВА МУШКИЛОТИ ИҶТИМОИИ МОДАРОН.

Расми 14

Шумораи кӯдаконе, ки дар натиҷаи муносибатҳои ғайриникоҳӣ таваллуд мешаванд ва баъд аз ҳуқуқу имкониятҳои муайян маҳрум мегарданд, торафт меафзояд. Ҳамин тариқ, мақоми занон ҳамчун модарони танҳо ғамхории махсуси давлатро тақозо дорад. Дар ин маврид модари танҳо ба фарди заиф ва ба ёрӣ эҳтиёҷманд мубаддал мегардад. Яке аз мушкилоти асосии занон ҳамоҳангии иҷрои кори қарордодӣ ва вазифаҳои оилавӣ мебошад. Дар ин маврид асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт ва имтиёзҳои гуногунро дар назар доранд, ки бори гарони иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва оилавиро сабук мегардонанд.

Рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ва рухсатии волидон барои нигоҳубини кӯдакон ба мақсадҳои гуногун хизмат мекунанд ва хусусиятҳои гендерии худро доранд. Рухсатии ҳомиладорӣ дар навбати аввал мақсад дорад, ки саломатии модари оянда нигоҳ дошта шавад.

Инчунин мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии модари кӯдакро то 3-солагии кӯдак тамдид кардан мумкин аст. Ин тадбирҳо дар шароити иқтисоди планӣ вазифаи муҳимро иҷро намуданд. Вале дар марҳалаи феълӣ дар шароити бозоргонӣ корфармо манфиатдор нест, ки ба модарон бо сабаби ҳомилагӣ рухсатиҳои тӯлонӣ диҳад. Дар мавриди қабул ба кор корфармои хусусӣ нисбати занҳое, ки воқеан хоҳиши модар шуданро доранд, табъизкорона муносибат мекунад. Маҳз бо ҳамин сабаб пешниҳод карда мешавад, ки ба қонунгузории меҳнатӣ тағйирот ворид сохта шавад, то ки барои нигоҳубини кӯдак ҳар як аъзои оила, сарфи назар аз ҷинси онҳо, ҳуқуқ дошта бошад.

Мушкилоти дигар мавҷуд набудани дастрасӣ ба муассисаҳои тарбияи томактабӣ мебошад, бо ҳамин сабаб занони зиёд ба ҷойҳои аввалаи кори худ баргашта наметавонанд. Ин муассисаҳо ба волидон имконият медиҳанд, ки на танҳо вазифаҳои худро иҷро намоянд, инчунин имконият медиҳанд, ки дар касбу кори худ пеш раванд.

Саломатии зан бо сабабҳои зерин дар ҳама ҷо зери хатар қарор дорад: нобаробарӣ дар мавриди дастрас будани таҳсилот, шуғли меҳнат, бехатарии оби ошомиданӣ ва дар маҷмӯъ муҳити носолими табиӣ, дастрасии душвори муассисаҳои тиббию санитарӣ, ахборотӣ ва захираҳо.

Дар байни қисмати занонаи аҳолӣ 48 % -ро занҳои синну соли репродуктивӣ ва 10,4 % -ро занҳои синну соли ғайрирепродуктивӣ ташкил медиҳанд.

Наздики 72 % аҳолии ҷинси занона дар минтақаҳои деҳотии дорои хусусиятҳои гуногуни иқлимӣ, ҷуғрофӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ сукунат дошта, аксарияти кулли онҳо дар оилаҳое ҳаёт ба сар мебаранд, ки даромад ба 1 кас аз ҳаҷми ақали зиндагӣ камтар аст.

Дар мавриди таваллуд тамоили кам шудани дарозии интизории таваллуд ба назар мерасад, агар солҳои 1985-1986 дарозии умри аҳолии занона 71,8 %-ро ташкил мекарда бошад, пас он дар соли 2002 то 70,8 % кам шуд.

Дар байни занон чунин касалиҳо афзудаанд, ба монанди ҷоғар, камхунӣ, ақибмонии инкишофи ҷисмонӣ, ки сабаби гирифторшавии онҳо ба ин касалиҳо нокифоя будани хӯрок аст.

4. ЗАНОН ВА ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР. Сиёсати давлатӣ доир ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳо бе иштироки баробарҳуқуқи занон дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат самаранок буда наметавонад. Мақоми зан дар ҷомеа чун мақоми зан дар оила барои рушди ҳамаҷониба ва мутамаддини ҷомеа ба аҳамияти бузург молик аст.

Зан ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи мо дар баробари мардон бояд тамоми имкониятҳоро баҳри иштирок дар ҳаёти сиёсии мамлакат дошта бошад. Қолабҳои гендерӣ ба ҷидду ҷаҳди занон ва баҳо додан ба имкониятҳои худ таъсир мерасонанд ва ба ғаразнок баҳо додан аз ҷониби ҷомеа мусоидат мекунад. Зани сиёсатмадор объекти таваҷҷӯҳи ҷиддии ҷомеа мебошад. Аз ин хотир, ҳаёти шахсӣ, ҳолати оилавӣ ва зоҳирияти онҳо аз ҷониби мардум мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Роҳдиҳии зоҳирии занон ба мансабҳо дар сатҳҳои гуногуни ҳокимият нишонаи воқеии ба занон дастрас будани ҷараёни таҳия ва қабули тасмимҳо нест ва дар пешбарии занон аз тарафи давлат нишондиҳандаи беҳтар гардидани имкониятҳои занон ба ишғоли мансабҳои баландтар нисбат ба мардон намебошад. Набояд сифат ба миқдор иваз карда шавад. Ин ҷо бисёр ҷиҳатҳо ба худи занон вобаста аст. Фаҳмидан зарур аст, ки ин иҷрои ӯҳдадории давлатӣ набуда, имконияти воқеии пешниҳод кардани ҳуқуқҳо ва ҳимояи манфиатҳои худ мебошад.

Занон бояд дорои қобилияти рақобат, буда, аз ҷиҳати касбӣ босалоҳият бошанд, то ки воқеан ба мансабҳои роҳбарикунанда довталаб гардида тавонанд.

Дар марҳалаи ҳозира зарур аст, ки доир ба масъалаҳои иштироки занон дар ҷараён ва сохтори қабули қарорҳо пажӯҳишҳои илмӣ дастгирӣ ва амалӣ гардонида шаванд; таъмини дастрасии баробар барои занон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва гирифтани тахассус; ташкил ва фаъолият кардани мактабҳои сарварӣ ва ғайра лозим аст.

Истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълони принсипҳои конститутсионӣ дар бораи сохтмони ҷомеаи демократӣ, соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ имконият доданд натанҳо дастовардҳои соҳаи маориф нигоҳ дошта, кори муттасили муассисаҳои таълимӣ дар тамоми минтақаҳои мамлакат ташкил карда шавад, балки устувории онҳоро таъмин намуда, ислоҳоти соҳаи маориф оғоз карда шавад.

Сарфи назар аз ин, дастовардҳо ҳанӯз ҳам нобаробарии гендерӣ дар Тоҷикистон ба назар мерасад. Омилҳои зерин сабаби асосии нобаробарии гендерӣ мебошанд: анъанаҳои муайян, афкори ҷамъиятӣ нисбати занон, махсусан дар минтақаҳои кӯҳии дурдаст, мавҷуд набудани хобгоҳҳои дорои шароити мусоид барои духтарон ва ғайра, вале сабаби асосӣ дар вобастагии иқтисодии духтарон аст.

Афзалияти асосӣ дар бартараф кардани масъалаҳое, ки бо паст будани мақоми зан дар ҷомеа алоқаманданд, пеш аз ҳама, бояд ислоҳоти ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, таҳаввулот дар шакл ва усулҳои таълим, васеъ намудани шабакаи хизматҳои таҳсилотӣ ва маърифати занон, фаҳмиши зарурати гирифтани дониш ҳамчун роҳи ягонаи солими иҷтимоигардонии занон, яъне таҳким бахшидани сарвати инсонии давлат мебошад.

Бе афзоиши маблағгузорӣ барои эҳтиёҷоти соҳаи маориф дар маҷмӯъ ва таҳсилоти занон, махсусан, ҷомеаи тоҷик ба пешрафт ноил шуда наметавонад, зеро наслҳои оянда ба иқтисоди бозоргонӣ ва ҷараёни ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ тайёр карда намешаванд.

Мумкин хатаре сар занад, ки дар оянда мамлакати мо яке аз манбаҳои муҳимтарини худ – мардон ва занони маълумотнокро аз даст диҳад.

Барои бартараф кардани нобаробарии гендерӣ дар соҳаи дастрасии маълумот аз тарафи занон соли 1997 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби мувофиқи квотаи Президентӣ ба мактабҳои олӣ дохилшавии духтаронро аз навоҳии дурдаст муайян кард. Шумораи умумии духтароне, ки аз низоми квота аз соли 1997 то соли 2005 истифода бурдаанд – 3911 нафар духтаронро ташкил намуд.

Тавре ки дар болотар ҳам қайд карда шуд, як силсила асноде вуҷуд доранд, ки бевосита ҳуқуқ ва озодиҳои занонро ҳимоя мекунанд, лекин ягон санад мушаххасан ҷой ва мақоми занонро дар оила ва ҷомеа муайян намекунад. Қабули чунин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, ки он муносибат бар зидди таъсири зӯроварӣ дар оиларо танзим намояд.

Зӯроварӣ дар оила сабабгори поймол кардани ҳуқуқи занон, таҳқир карда шудани шаъну шарафи онҳо, инчунин паст задани мақоми зан мебошад. Санади мазкур имконият фароҳам оварда метавонист, ки роҳҳои бартараф намудан ва пешгирӣ кардани зӯроварӣ дар оила дақиқан муайян карда шавад.

Баланд бардоштани ҷой ва мақоми зан дар оила ва ҷомеа ба рушди бемайлони ҷомеа ба нафъи миллат имконият медиҳад. Нерӯе, ки зан дорад, бояд на инкор, балки бо пуррагӣ мавриди истифода қарор бигирад.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: оила, оила ҳамчун ҷузъи иҷтимоии ҷомеа, ҳамсарон, зану шавҳар, баробарӣ ва нобаробарии гендерӣ, дузанагӣ ва серзанагӣ, репродуктивӣ ва ғайрирепродуктивӣ, квотаи президентӣ.

Савол ва супоришҳо:

1. Дар бораи мақоми зан дар гузашта чиҳо гуфта метавонед? Оё дар замони муосир нақши зан дар оила ва ҷомеа тағйир ёфтааст?

2. Оид ба бисёрникоҳӣ фикри хешро баён намоед.

3. Дар бораи қалин ва аз рӯи тасмими волидон ба шавҳар доданидухтарон чиҳо медонед?

4. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз кадом масъалаҳо нисбати занонҳалталаб мебошанд?

5. Кадом омилҳоро ном бурда метавонед, ки сабабгори вазъи феълиизанон гардидаанд?

6. Дар бораи модари худ ва нақши ӯ дар оилаи шумо (агар лозимшуморед) ҳикояи мухтасар нависед.

Реклама