АДАБИЁТИ АСРҲОИ XIII-XIV

АДАБИЁТИ АСРҲОИ XIII-XIV

Ҳаёти сиёсӣ.

Асрҳои XIII ва XIV дар таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Осиёи Хурд як давраи ноором ва фалокатбор маҳсуб мешуд. Саркардаи муғулон Чингизхон (1155-1227) қабилаҳои парокандаи муғулро ба ҳам муттаҳид намуд ва дар нимаи аввали асри XIII нахуст Хитойро гирифт ва сипас ба Осиёи Марказӣ ҳуҷум кард. Чингизхон дар таърихи башарият хунхортарин, ҷаллодтарин ва госибтарин сарлашкар гузаштааст. Ӯ бо лашкараш соли 1219 ба сарзамини биҳиштосои Мовароуннаҳр ва Хуросон ҳамла кард. Дар китобҳои таърихии ҳамон аср таърихнигорон дар бораи ҳуҷуми барқосои ин қотили гузаро маълумот додаанд. Ҳамдуллоҳи Муставфӣ дар «Таърихи гузида» овардааст: «Харобӣ ва қатли оми муғулҳо чунон аст, ки агар ҳазор сол пас фоҷиае рух надиҳад ҳам, ҷаҳон ба ҳолати пеш аз он бар нахоҳад гашт».

Қатли ом дар шаҳрҳои сераҳолии Самарқанд, Бухоро, Тирмиз, Балх, Марв, Нисо, Нишопур, Сабзавор, Рай, Қазвин, Ҳамадон, Гурганҷ, Хоразм ва кишварҳои Русия, Қафқоз, Сурия, Ҳиндустон анҷом шуд. Кору рафтори чингизиёнро Атомалик Ҷувайнӣ, Ёқути Ҳамавӣ дар асарҳои худ воқеӣ ба қалам додаанд.

Амалиёти ваҳшиёнаи Чингизро Темури ланг (1336-1405) давом дод. Темур ҳам аз қабилаи муғулии барлос ба дунё омада, бо қотиливу хунхории худ машҳури дунё гардид ва номаш дар таърих бо хатти сиёҳ сабт ёфт. Нахуст Темур сарвари дуздону авбошон гардид ва раиятро мекушту молу сарват ҷамъ мекард. Ӯ дар яке аз ин задухӯрдҳо дар Сиистон аз дасту по захм бардошт. Дасти хунхораш сиҳат ёфту пояш ланг гардид ва ҳамин тавр халқ калимаи «ланг»-ро ба номаш лоиқ донистанд ва пасон ин саркардаи хунхор бо номи Темури ланг машҳур гардид. Чуноне ки таърихнигорон овардаанд, Темури ланг дар баъзе мавридҳо аз Чингиз ҳам гузаронд ва дар ҳаққи фарзанди инсон ваҳшониятҳои бемисл нишон дод. Нахуст ваҳшониятро аз Сиистон оғоз кард. У шаҳрро ба харобазор табдил дод ва мардумро ба қатл расонд.

Академик Б. Ғафуров асарҳои таърихии гузаштагон ва ҳамасронашро омӯхта, дар бораи ваҳшонияти Темур дар китоби «Тоҷикон» маълумоти пурарзиш додааст.

Дар бораи ин ду ҷаллод чӣ дар ҳамон замон ва чӣ дар асрҳои пасин асарҳои зиёди илмӣ ва адабӣ иншо шудаанд, ки дар бештарашон симои ин ду сарлашкар воқеӣ ба қалам дода шудааст.

Аз рафтору кирдори онҳо хашму ғазаби раъият барафрухт. Мардони мардона барои ҳифзи диёр, истиқлоли кишвар, саодати мардум ба по хестанд. Намунаи беҳамтои ин муқовиматҳо қаҳрамонию ҷонфидоии мардуми Хуҷанд бо сарварии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик мебошад. Темурмалик барои истиқлоли диёр бо чингизиёни хунхор муборизаи шадид бурд, қаҳрамонии бемисл нишон дод ва оқибат дар роҳи озодӣ ҳалок гардид. Дар ин бора устод Айнӣ асари пурарзише бо номи «Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик»-ро эҷод кард, ки шумо дар синфи V онро мутолиа кардед ва аз мазмуни он огоҳед.

Оташи муборизаҳои озодихоҳӣ тамоман хомӯш нагардид. Дар асрҳои XIII ва XIV шӯришҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Ироқ гоҳ-гоҳ cap мезаданд. Аммо чӣ метавон кард, ки чаллодон - Чингизу Темур дасти тавонову лашкари ҷаррори бешумор доштанд.

Ҳаёти илмӣ ва маданӣ

Бо сабабҳои маълум, яъне истило ва куштори лашкари Чингизиёну Темуриён водиҳои зархезу ҳосилхези Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон, боғу бӯстон, кишту зироати мардум зарари калоне дид. Шаҳрҳову деҳаҳои сернуфузу обод ба хок яксон гардиданд. Масоҷиду мадорис оташ гирифт. Аҳли илму адаб ба кишварҳои дигар ҷилои ватан карданд. Як қисм дар Ватан монда, дар куштор ва қатли оми аҳолии шаҳрҳо ҷон ба Ҳақ супориданд. Файласуф ва шоири тавоно Шайх Аттори Нишопурӣ аз дасти муғулон ба қатл расид. Азбаски Чингизиён аз аҳди савод набуданд, пас аз фатҳи Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Ҳиндустон ва дигар кишварҳо барои ободии кишвар ва ривоҷу равнақи илму фарҳанг накӯшиданд, саъю талош наварзиданд. Барои онҳо фарқ надошт, ки ин шахс олим аст ё золим. Бо вуҷуди ин дар охирҳои салтанати Темур

Мовароуннаҳр, аз ҷумла шаҳрҳои Самарқанд, Шаҳри Сабз, Бухоро обод гардид, Темур барон обод кардани ин шаҳрҳо садҳо шаҳру деҳоти дигарро вайрону валангор карда, аҳли ҳунарро овард ва дар Самарқанд масоҷиду мадорис ва кушкҳои осмонбӯс бунёд кард.

Ҳаёти илмӣ дар ин асрҳо бештар дар Эрон, Туркия, Ҳинд ва баъдтар дар Самарқанду Бухоро ҳам ривоҷ ёфт. Махсусан илми таърихнигорӣ хеле пеш рафт. Темури Ланг ба ҳар кишваре, ки лашкар мекашид, таърихнигорон ва дигар намояндагони илму адаб ҳамболаш буданд.

Онҳо хоҳу нохоҳ музаффариятҳои Темур, куштор, қатлу ғорати ин сарлашкари мутаассибро мадҳу ситоиш мекарданд. Яке аз ҳамин гуна таърихнигорон Низомиддини Шомӣ буд. Ӯ дар асари худ «Зафарномаи Темурӣ» хунхориву ҷаллодии Темурро васфу ситоиш кардааст. Низомуддин пас аз марги Темур соли 1404 вафот кардааст. Инчунин, асарҳои таърихии Рашидуддини Фазлуллоҳ «Ҷомеъуттаворих», Атомалики Ҷувайнӣ «Таърихи ҷаҳонкушоӣ», Ҳамдуллоҳи Муставфӣ «Таърихи гузида», Шаҳобуддин Вассофи Шерозӣ «Таърихи Вассоф» ва ғайра нигошта шудаанд. Таърихнигорон низ аз назари худ ба ҳодисоту воқеъоти ин асрҳо ва ин ду хонадони хунрези ҷаллод баҳо додаанд.

Дар ин асрҳо илмҳои риёзиёт, фалсафа, нуҷум, ҳандаса ва тиб ривоҷ ёфтанд. Асарҳои Насириддини Тӯсӣ, Хоҷа Афзалуддини Кошонӣ, Қутбиддини Шерозӣ, Шамсиддин Муҳаммади Омулӣ, Абулқодири Мароғӣ, Наҷмиддини Самарқандӣ, Ибни Нафиси Қаршигӣ ва дигарон чароғи илму ирфонро дар ин асрҳо фурӯзон нигоҳ доштанд. Вале бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки дар пешрафти илму адаби ин асрҳо хизмати Насриддини Тӯсӣ хеле зиёд аст. Ӯ дар Шероз мактаби хешро ташкил ва сарварӣ намуд. Уламои илмҳои дақиқ кулли илмҳоро тақсимбандӣ намудаанд. Аз ҷумла Насриддини Тусӣ дар асари худ «Ақсомулҳикмат» илми ҳикматро ба 45 бахш қисмат намудааст. Асарҳои дигари ӯ оид ба илмҳои калом, фалсафа, нуҷум, ахлоқ, адаб буда, аз дониши васеи ин олими забардаст гувоҳӣ медиҳанд.

Дар илми мусиқӣ ва ба меъёр овардани 12 маком хизмати олимони мусиқашинос: Сайфиддини Балхӣ, Яҳё ибни Аҳмади

Кошӣ, Шамсиддини Омули, Абулқодири Мароғиро ёд кардан шоиста мебошад.

Илмҳои сегонаи адаб низ дар ин асрҳо хеле пеш рафтанд. Ба хусус асарҳои Насриддини Тӯсӣ, Сироҷиддини Хоразмӣ, Ҷалолуддини Хатиби Қазвинӣ, Саъдуддини Тафтозонӣ ва Шамси Қайси Розӣ пурмӯҳтаво буда, бисёр масъалаҳои муҳимро ҳаллу фасл намудаанд. Танҳо ёд кардани «Алмуҷам»- и Шамси Қайси Розӣ кофист. Шамси Қайс асарҳои арузиёни пешин ва илми қофияву саноеи адабиро омӯхта, мизони ягонаи илмии онҳоро аниқ гардонд ва ба як маром овард. Аҳамияти муҳими ин асар боз дар он аст, ки бисёр шеърҳои шоирони бузурги пешин танҳо дар асари ӯ боқӣ мондаанд. Инчунин Шамси Қайси Розӣ илми қофия, саноеъи бадеӣ ва арӯзро аз нигоҳи мантиқӣ ҳаллу баррасӣ намудааст.

Илми ахлоқ низ дар ин асрҳо пойдор монд. Ба хусус «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тусӣ, «Захоирулмулук»-и Сайидалии Ҳамадониро метавон ёд кард.

Илми фарҳангшиносӣ низ ранги тоза гирифт. Асари Абунасри Фароҳӣ «Нисоб-ус-сибён» барои шогирдони макотибу мадорис иншо шуда, дар омӯхтани аруз, қофия ва саноеъи бадеӣ ба толибилмон кӯмаки хуби амалӣ расонид. Луғатномаҳои «Сӯрохуллуғат»-и Ҷавхори Форобӣ, «Мухтасаруссаҳҳоф»-и Зайниддини Розӣ, «Шарафномаи мунирӣ»-и Иброҳим Қавоми Фаррухӣ ва ғайра иншо шудаанд.

ВАЗЪИ ҲАЁТИ АДАБӢ ДАР ИН АСРҲО

Вазъи адабӣ дар асри XIII ва ибтидои асри XIV чандон хуб набуд. Бисёр шоирону мутафаккирон: Наҷмиддини Самарқандӣ, Рашидуддини Камол, Аттори Нишопурӣ, Исмоили Исфаҳонӣ аз дасти сарбозони Чингиз ба қатл расиданд. Қисми дигарашон, мисли Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) ба Туркия, Сайфи Фарғонӣ, Носири Бухороӣ, Бадри Чочӣ, Авфии Бухороӣ ба Ҳинд ва шаҳрҳои Эрон рахти сафар бастанд. Аз ҳамин нигоҳ доираҳои адабӣ дар Ҳинду Эрон ва Туркия густариш ёфтанд ва адибони омада ин маҳфилҳоро гарм намуданд. Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Дехдавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Сайфи Фарғонӣ, Низории Кӯҳистонӣ, Убайди Зоконӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Салмони Соваҷӣ, Ибни Ямини Фарюмадӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар инкишофу таҳаввули адабиёти асрҳои XIII ва XIV хизмати боарзише кардаанд.

Албатта, шоироне, ки овораи Ватан шуда, ғарибиро ихтиёр намуда буданд, лаҳзае бе ёди диёри азизашон набуданд. Ғарибӣ дарди ҷонкоҳе буд, ки ҳамеша азияташон медод. Онҳо дар шеърҳояшон ёди Ватан, ёди ёру дӯст мекарданд. Масалан, Носири Бухороӣ дар як ғазал ёди Бухоро карда, аз боди сабо хоҳиш мекунад, ки салому паёми маро ба зодгоҳам Бухоро расоӣ ва бигӯӣ, ки дар ғамаш зору нолонам. Дар ин маврид хешро ба Маҷнуну Бухороро ба Лайлӣ, худро ба Фарҳоди Кӯҳкану Бухороро ба Ширин ташбеҳ кардааст.

Саломи ман бирасон, эй сабо, Бухороро,

Бигӯ таҳияти Маҷнун диёри Лайлоро.

Зи Кӯҳкан хабаре сӯи қасри Ширин бар,

Ки дил гирифта ба кӯҳ он ғариби танҳоро.

 

Ҳамин тавр, шоири ширинбаён Камоли Хуҷандӣ рӯзгори хешро дар ғарибӣ, дар шаҳри Табрези Эрон гузаронид. Ҳодисаҳои мудҳиш имкон надоданд, ки шоир ба Ватан баргардад. Вале ҳамеша ёдаш ба Ватан буду дар шеърҳояш ёди Ватан мекард.

Асосан, эҷодиёти адибоне, ки дар боло ёд шудаанд, мазмуну мундариҷаи ғоявии адабиёти ин асрҳоро ташкил медиҳанд. Воқеан, нависанда инъикоскунандаи ҳодисоту воқеоти замони худ аст. Ӯ ҳаргиз ба ҳодисот бетараф шуда наметавонад. Аз ҳамин нуқтаи назар, дар эҷодиёти адибон, пеш аз ҳама, мавзӯи Ватан, ғарибӣ, зулму ваҳшонияти Чингизхону Темуриён мақоми босазо доранд ва бо сад алам дарди хешро дар асарҳояшон иброз намудаанд. Дар ин мавзӯъ Авҳадии Мароғӣ садои эътирозашро нисбати золимон баланд намуда, ононро ба адлу дод ҳидоят кардааст:

Зулмати зулм тира дорад роҳ,

Адл бояд ҷаноҳу қалби сипоҳ.

Хонаи золимон на дер, ки зуд,

Ба фазиҳат хароб хоҳад буд.

Мардро зулм бехкан бошад,

Аллу додаш ҳисори тан бошад.

Дар адабиёти асри XIII мавзӯъҳои ирфонӣ мақоми хоса пайдо кард. Акнун намояндагони ҷараёни тасаввуф нисбати асрҳои пешин амиқтар ба адабиёти бадеӣ рӯ оварданд. Албатта, ин падидаи нав дар адабиёт набуд, балки ҳанӯз чеҳраҳои шинохтаи ин ҷараён Абдуллоҳи Ансорӣ, Абӯсаиди Абулхайр, Саноии Ғазнавӣ, Аҳмади Ҷомӣ ва Шайх Аттори Нишопурӣ дар мавзӯи тасаввуф асарҳои пурарзиш офарида буданд. Онҳо андешаҳои ирфонии хешро бо либоси бадеият ороста, барои таблиғ дар байни хосу ом паҳн намудаанд. Ана ҳамин равия дар ин аср боз қувват пайдо кард ва дар эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) ва пайравони ӯ вусъат ёфт, ки дар ин бора ҳангоми омӯхтани эҷодиёти Мавлоно бештар таваққуф хоҳем кард.

Реклама