РӮЗГОРИ ЗИЁУДДИНИ НАХШАБӢ (1290-1350)

РӮЗГОРИ ЗИЁУДДИНИ НАХШАБӢ (1290-1350)

Нахшабӣ, гиря кун ба мурдани халҷ,

Наъраҳо зан чу наъраҳои ҷарас!

Мурдаро бас аз ин қадар бувад,

Ки бигиряд барои ӯ ҳама кас.

Зиёи Нахшабӣ соли 1290 дар шаҳри Нахшаб таваллуд ёфтааст. Давраи кӯдакӣ ва наврасии Зиёуддин дар ҳамин ҷо гузаштааст. Дар ҳамин ҷо илму дониш омӯхт ва соҳибфазл гардид. Пасон ӯ ба Ҳиндустон сафар намуд. Сабаби ҳиҷрати ӯро ба Ҳиндустон метавон дар ду чиз дид. Нахуст тангдастию камбизоатии ӯ бояд бошад. Сабаби дуввуми ҳиҷрати шоир он буд, ки дар Нахшаб ва умуман дар Мовароуннаҳр авлоди чингизиён давлату савлат дошганд, ки аз илму адаб бе баҳра буданд ва аз ин нигоҳ ба аҳли адаб аҳамият намедоданд. Бо ҳамин сабабҳои маълум беҳтарин адибони ҳавзаи адабӣ ба мисли Сайфи Фарғонӣ, Сайфи Исфарангӣ, Муҳаммади Авфӣ аз ин диёр мисли Зиёи Нахшабӣ рахти сафар баста буданд.

Зиёи Нахшабӣ дар шаҳрчаи Бадоун, ки дар наздикиҳои шаҳри Деҳлӣ воқеъ гардида буд, карор гирифт ва то поёни умр дар ҳамин ҷо эҷод ва зиндагӣ кард. Ба ҳамин хотир баъзе муҳаққиқон ӯро бо номи Зиёуддини Бадоунӣ низ ёд карданд. Шоир, пас аз он ки камол ёфт ва асар эҷод кард, дар ҷӯстуҷӯи тахаллус заҳмат накашид ва номи хешро (Зиёуддин) тахаллус қарор дод. Зиё шакди кӯтоҳшудаи Зиёуддин аст ва дар осораш бештару бештар бо номи Зиёи Нахшабӣ омада, маънои Зиёуддин нури дини мубини исломро дорад. Зиёи Нахшабӣ соли 1321 иншои асари хеш - «Ҷузъиёт ва куллиёт»- ро ба анҷом расондааст.

Дар ин давр Зиё Нахшабӣ зиндагии хуш доштааст ва аз ҷавониаш меболидааст. Зиёи Нахшабӣ дигар ба Ватан боз нагашта, то поёни рӯзгораш дар ҳамин шаҳрчаи Бадоун монд. Нависанда дар тӯли рӯзгораш ба дарбори шоҳон нарафт, хизмати султонҳои Ҳиндро ихтиёр накард ва аз ҳама аҷибаш он буд, ки дар осораш касеро мадҳу ситоиш накардааст. Ғайр аз ин, чуноне ки шумо медонед, маҳз дар ҳамин давра е солҳо Амир Хусрави Деҳлавй, Ҳасани Деҳлавӣ ва Муҳаммади Авфӣ ҳам дар Ҳиндустон, аз ҷумла дар Деҳливу дигар шаҳрҳои ин сарзамин буданд ва ин адибон кариб дар як давр дар он ҷо иқомат доштанд. Вале Зиёи Нахшабӣ дар осораш аз онҳо ёд накардааст. Ҳатто чунин ба назар мерасад, ки ягон нафари онқоро надидааст. Шояд як сабабаш ҳамин бошад, ки адибони дар боло ёдшуда асосан дар дарбори султонҳои Ҳинд буданд, аммо Зиёи Нахшабӣ дар як шаҳрчаи хурд дур аз пойтахт кору зиндагӣ дошт.

Зиёи Нахшабӣ замин ва боғу роғ дошт ва бо фарзандони хеш рӯзгори худро пеш мебурд ва нони беминнат мехӯрд. Мардумони оддӣ эҳтиромаш мекарданд ва дар маъракаю ҷамъомади онон гули сари сабад буд. Зиё, ки солҳои зиёд бо халқи ин сарзамин наздикӣ дошт, забони онҳоро низ омӯхт ва бо эшон бо забони ҳиндӣ гуфтугӯ мекард. Ӯ дар тӯли рӯзгораш бисёр китобҳои ҳиндиро хонд, омӯхт ва онҳоро ба забони тоҷикӣ баргардонд. Бештари ҳикоёту ривоёти аз ҳиндӣ баргардондаашро дар «Тӯтинома» дохил намуд.

Зиёи Нахшабӣ умри дарози пурбаракат дид. Ӯ соли 1350 дар шаҳрчаи Бадоун аз дунё гузашт.