«Ҳафт авранг» ва таркиби он

«Ҳафт авранг» ва таркиби он

Абдурраҳмони Ҷомӣ на танҳо дар сурудани жанрҳои хурди лирикӣ мартабаи бузург дошт, балки дар эҷод намудани достонҳои ҳаҷман калони ишқӣ , ахлоқӣ маҳорату истеъдоди комилро доро буд. Ӯ дар солҳои охири ҳаёташ дар пайравии «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ 7 достони мустақил гуфтааст. Ба ҳамин тариқ, микдори достонҳои «Хамса» -ро зиёд намуда , ба 7 расондааст.

Ҷомӣ ин ҳафт достони худро ба ҳафт хазинаи пурганҷ, ба ситораҳои Ҳафтдодарон монанд кардааст. Агар, мегӯяд шоир, ин Хдфтдодарон дар осмон шӯҳратманд бошанд, ин ҳафт достони май дар замин бо номи «Ҳафт авранг» мақоми хоса доранд:

Ин ҳафт сафина дар сухан якранганд,

В-ин ҳафт хазина дар гуҳар ҳамсанганд.

Чун ҳафт бародаранд бар чархи баланд,

Номӣ шуда бар замин ба «Ҳафт авранг»-анд.

Достонҳои Ҷомӣ чи аз ҷиҳати бандубасту композитсия ва чи аз ҷиҳати тасвири воқеаву ҳодисаҳо аз достонҳои Низомӣ ва Амир Хусрав фарқи калон доранд. Шоир ба ин маънӣ ишорат намуда, изҳор менамояд, ки бояд ҳар кас бо меҳнати халоли худ зиндагӣ кунад, ном барорад. Дар офаридани асар низ бояд ҳамин тавр бошад. Вагарна, ба ақидаи шоир, тири мақсуд ҳаргиз ба нишон намерасад :

Гавҳар чу тавон зи кон гирифтан,

Сустӣ бувад аз дӯкон гирифтан.

Ҷом аз кафи дасти хеш кардан,

Об аз нами ҷӯйи хеш хӯрдан...

Беҳ з-он, ки хӯрӣ ба косаи зар,

Аз ҳавзаи соқиёни дигар[1].

Ҷомӣ хурсанд аз он аст, ки ба Низомиву Амир Хусрав пайравӣ кардааст, вале асарҳои ӯ махсусиятҳои худро доранд:

Ҳар сӯ ҷӯӣе зи об ронам,

Хам худ хӯрам об, ҳам хӯронам.

Мусаллам аст, ки маснавиҳои «Силсилатуззаҳаб» ва «Саломон ва Абсол» тозаэҷоданд. Панҷ достони дигар дар ҷавоби 5 достони «Хамса»- ҳои Низомии Ганҷавӣ ва Хусрави Деҳлавӣ иншо шудаанд. Инак, дар зер мувофиқи тартиби соли таълифашон дар бораи достонҳои «Ҳафт авранг» ба тариқи мухтасар маълумот хоҳем дод.

1. «Силсилат-уз-заҳаб» («Занҷирҳои тиллоӣ»), Ин маснавӣ аз се дафтар, яъне се қисми калон иборат буда, дар тӯли 17 сол, дар байни солҳои 1468-1485 навишта шудааст. «Силсилатуззаҳаб» аз ҷиҳати ҳаҷм бузург буда, қариб 6200 байтро дар бар мегирад. Ин маснавии шоир бештар ба масъалақои некӯкорӣ, адлу дод, хизмат ба халқ, мазаммати хислатҳои бади инсонӣ: тамаъкорӣ, дурӯғгӯӣ, инчунин танқиди аҳли ҷоҳ, сӯфиёну шайхони риёкор ва ғайра бахшида шудааст.

Ҷомӣ барои тақвияти фикраш аз ҳаёту зиндагии шахсони бузурги таърихӣ алоқамандона ҳикояту латифаҳои намакини халқиро ба риштаи назм кашидааст.

Ҷомӣ инсонро аз ҳама чиз бузургтар мешуморад. Дар маснавии «Силсилатуззаҳаб» ва умуман, дар ҳамаи маснавиҳои шоир образи инсони комил, инсони заҳматкаш дар ҷои аввал меистад. Шоир дар бораи онҳо бо як самимияту эҳтиром сухан меронад. Ҷомӣ ба шоҳону ҳокимони зулмпеша нафрат дорад. Шоир халқро қувваи пуриқтидори давлат ҳисоб мекунад. Ӯ ба ҳокимон хитоб карда чунин мегӯяд:

Ҳақ нишондат ба тахти додгарӣ,

То кунӣ пеши тегҳо сипарӣ.

На ки худ теги хунфишон бошӣ,

Офати ҷони ину он бошӣ.

Адлро рӯ ба чархи воло кун,

Зулмро дар таҳи адам[2] [3] ҷо кун.

Дасти золим агар наёрӣ бает,

Ки наёрад ба кори халқ шикает.

Бар ҷаҳон шаҳриёр ӯст, на ту,

Соҳиби щтидор ӯст, на ту.

Дар маснавӣ ҳикояҳои воқеие, ки аз ҳаёту зиндагии инсонхо гирифта шудаанд, хеле зиёданд. Ҳоло барои мисол аз дафтари саввуми «Силсилатуззаҳаб» ҳикояти «Пиразане, ки роҳ бар Санҷар гирифта ва додхоҳӣ кард» - ро меорем.

Пиразане дар шаҳри Марв зиндагӣ мекард, Умраш қариб ба сад расида буд. Вай чор фарзанди ятим дошт. Зиндагиаш ниҳоят бо фақири мегузашт. Бо пораи ноне аҳли оила қаноат мекарданд. Чунончи:

Хуфта дар хонаам се-чор ятим,

Дилашон баҳри ним нон ба ду ним.

Як рӯз он се-чор ятим орзуи ангур мекунанд. Пиразан барон хоҳиши фарзандонашро ба ҷо овардан ба деҳи ҳамсоя меравад. Одамони деҳ ба пиразан як сабад анғур медиҳанд. Вале дар роҳ ду сипоҳии шоҳ аз куҷое пайдо шуда, пиразанро мезананд ва сабади ангурашро ғорат мекунанд.

Пиразан гирёну нолон ба назди шоҳи замон Санҷар меояд ва аз кирдори сипоҳиён шикоят оғоз мекунад:

Як-ду бедодгар зи лашкари ту,

Дар раҳи қаҳру зулм ёвари ту,

Ба мани хаста горат оварданд,

Сабадам з-орзу тиҳӣ карданд.

Дар охир ҷои гиряву лобан пиразанро хашму ғазаб фаро мегирад. Вай хитоб карда ба шоҳ мегӯяд:

Ин чӣ шоҳиву мамлакатдорист,

Дар дили халқ тухми ғамкорист?

Даст аз адлу дод доштай,

Золимон бар ҷаҳон гумоштай!

Чашм бикшо чу окибатбинон,

Бинигар ҳоли зори мискинон.

Суханҳои охирини пиразан ба шоҳу шоҳзодагони давраи темурй равона карда шудаанд. Дар ин замон шоҳзодагон ба айшу нӯш дода шуда, халқи бечора аз дасти одамони онҳо азобу ранд мекашид. Дар ин ҷо Ҷомии бузург суханҳои нафратомези худро ба шоҳони замонааш аз номи пиразани мазлум баён кардааст.

2.   «Саломон ва Абсол». Ин достон соли 1480 ба анҷом мерасад ва аз 1110 байт иборат аст. Мавзӯи асосии достон ситоиши ишқи илоҳӣ буда, дар зимни он ба тариқи рамз бисёр масъалаҳои ирфонӣ ва пандуахлоқӣ баён шудаанд.

3.   «Тӯҳфатулаҳрор». Ин достон дар пайравии достони

«Махзануласрор»-и Низомӣ ва «Матлаъуланвор»-и Хусрави Деҳлавӣ соли 1481 навишта шудааст. Дар ин бора Ҷомӣ чунин мегӯяд:

Субҳи тараб «Матлаи анвор»-и уст,

Ҷайби адаб «Махзани асрор»-и уст.

Ҳаҷми маснавӣ 1712 байтро ташкил медиҳад. Вай аз ҷиҳати мазмун ва сабки нигориш ба «Махзануласрор» хеле наздикӣ дорад. Аз ҷумла, монанди асари Низомӣ маснавй аз ҳамду муноҷот шурӯъ гардида, пас аз он 20 мақола ё боб меояд. Ин бобҳо ба мавзӯъҳои мухталифи ирфонй, яъне пайдоиши оламу офариниши одам ва ғайра бахшида шуда, инчунин олимони беамал, сӯфиёни риёкор, шоирони тамаъкор мазаммат карда мешаванд.

4.   «Сабҳатулаброр» («Донаҳои некӯкорон»). Ҷомӣ дар ин маснавй бештар ба масъалаҳои фалсафиву динӣ аҳамият додааст. Вай аз 2885 байт иборат буда, соли 1482 таълиф шудааст. «Сабҳатулаброр» аз муқаддима, қисматҳои анъанавӣ, 40 икд ё фасл ва хотима таркиб ёфтааст. Шоир дар бисёр фаслҳои асараш шоҳони вақтро ба некӯкорй, адолатпарварӣ даъват кардааст. Дар асар тамсилҳои ахлоқӣ бештар оварда шудаанд. Ин асар аҳамияти калони таълимию тарбиявй дорад.

5.   «Юсуф ва Зулайхо». Достони мазкур дар соли 1483 навишта шуда, ҷавоб ба достони «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ мебошад. Вай аз 4000 байт иборат аст. Мавзӯи достони шоир ишқ буда, яке аз маъруфтарин асарҳои Ҷомӣ ба ҳисоб меравад. Достони «Юсуф ва Зулайхо» ба эҷодиёти адибони минбаъдаи Шарқ таъсири калон расондааст.

6.   «Лайлӣ ва Маҷнун». Ин бостон соли 1484 ба итмоммерасад ва дорой 3860 байт аст. Ҷомӣ достони худро дар ҷавоби «Лайлӣ ва Маҷнун» -и Низомии Ганҷавӣ сурудааст. Мавзӯи бостон ишқ аст.

7.   «Хирадномаи Искандарӣ». Достони охирини «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ ба шумор меравад.

[1] Достонҳои Низомӣ ва Амир Хусравро дар назар дорад.

[2]    Воло - баланд, ба авҷи аъло.

[3]    Адам - нести, фано.