НАҚШИ ЗУЛАЙХО

НАҚШИ ЗУЛАЙХО

Зулайхо дар достони шоир мақоми хоса дорад ва хеле нақши мураккаб ҳам аст. Дар оғози достон ҳамчун нақши манфӣ амал мекунад, вале дар анҷоми достон нақши мусбатро бозидааст. Умуман, барои типӣ баромадани симои қаҳрамон ва кушодани дунёи ботинии Юсуф ин нақш хизмат кардааст. Зулайхо духтари дӯстдоштаи подшоҳи Магрибзамин аст. Ӯ дар ҳамин хонадон тарбия ёфтааст. Зулайхо чун ачдоди худ ба оини бутпарастӣ муътақид буд ва чун ба Миср омад, ва завҷаи Азизи Миср гардид, бо худ бутеро низ овард. Ӯ чун Юсуфи соҳибҷамолро дид, ошиқи зораш шуд ва ҳамаи роҳу воситаҳоро истифода бурд, то ба муроди дил бирасад. Муҳаббати ӯ нисбати Юсуф бисёр самимӣ буд. Вале дар ин ҷода ҳарчанд саъю талош варзид, комёб нашуд. Ин ҳолатҳои рӯҳиро шоир ба ин тарз ба қалам додааст.

Худоро, эй фалак, бар ман бубахшой!

Ба рӯйи ман даре аз меҳр бикшой.

Агар нанҳӣ ба каф домони ёрам,

Гирифторам касе дигар наборам.

Вале чун буд дар сурат гирифтор,

Нашуд дар аввал аз маънӣ хабардор.

Зулайхо васлро меҷӯст чора,

Вале мекард аз он Юсуф канора.

Зулайхо баҳри як дидан ҳамесӯхт,

Вале Юсуф зи дидан дида медӯхт.

Зулайхо дар рафти ҳодисаю воқеъаҳои асар аз кору рафтор, аз ишқи поки инсонӣ даст кашида, ба дарёфти ишқи илоҳӣ мерасад. Зулайхо ба хулосаи дуруст омад ва дар охир ислоҳ шуд. Аммо адиб нишон додааст, ки роҳи дарёфти Хдк, душвор аст. Зулайхо дар ин роҳ нобино, зору низор ва пири барҷомонда шуд. Ба ҳар ҳол ба мурод расид. Нахуст Юсуф Зулайхоро нашинохт, аммо пас аз сӯҳбат, саволу ҷавоб дарк кард, ки пирзоли наздаш истода ҳамон Зулайхои зебою барност, ҳамон Зулайхоест, ки ба муроди дилаш нарасидааст. Таваҷҷӯх намоед ба гуфтугузори онҳо: Юсуф ба ин пиразан назар карда, аз ӯ мепурсад:

Бигуфт: «Онам, ки чун рӯи ту дидам,

Type аз ҷумла олам баргузидам.

Фишондам ганҷу гавҳар дар баҳоят,

Дилу ҷон вақф кардам дар ҳавоят.

Ҷавонӣ дар ғамат барбод додам,

Бад-ин пирӣ, ки мебинӣ, фитодам».

Бигуфто: «Ку ҷавонию ҷамолат?»

Бигуфт: «Аз даст шуд дур аз висолат».

Бигуфто: «Хам чаро шуд сарви нозат?»

Бигуфт: «Аз бори ҳаҷри ҷонгудозат».

Бигуфто: «Чашми ту бенур чун аст?»

Бигуфт: «Азбаски бе ту гарқи хун аст».

Ҷомӣ дар нақши Зулайхо чӣ хел ба куллаи мурод, ба Ҳақ расиданро нишон дода, гуфтанист, ки тай кардани зинаҳои камолоти инсонӣ ва фатҳи куллаи мурод роҳи басо душвор аст. Сабру таҳаммул, ранҷу озори зиёд мехоҳад. Агар инсон тоқат кунад ва дар ин роҳ саъю талош намояд, албатта, мисли Зулайхо матлабаш ҳосил хоҳад шуд.

Бубинед, дар ифшои ин андешаҳо, баёни ҳолатҳои рӯхӣ ва ҷисмонии қаҳрамонони асар шоир чӣ қадар заҳмат кашида, шоирона ин вазъро тасвир намудааст. Дар намунаи боло санъатҳои саволу чавоб, таносуби сухан, тазод бисёр нишонрас табий ва хотирмон омадаанд. Ба ин восита пеши чашми хонанда ҷаҳони ботинии қаҳрамонон ба тарзи амиқ ҷилвагар мешавад. Аз тарафи дигар. ин муколама саволу ҷавоби Хусраву Фарходро аз достони «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ пеши назар меорад ва хонанда ба хулосае меояд, ки ин ду адиб дар сухангустарӣ, хунари шоирй дасти тавоно доранд.

Дар анҷом чун Юсуф аз ҳақиқати ҳоли Зулайхо воқиф гардид, дилаш сӯхг ва аз ӯ пурсид, ки чӣ хоҳиш дорӣ? Зулайхо чавоб медиҳад ва аз ӯ ду хоҳиш мекунад. Нахуст, ҳамон ҳусну ҷамол, ҳамон ҷавониамро баргардон ва дувум маро ба никоҳат дарор. Бо амри Парвардигор ин ду дархостро Юсуф иҷро мекунад. Акнун Зулайхо ҳам ба Ҳақ расид ва дар ин ҷода ба Юсуф баробар шуд. Аз ин нигоҳ ҳам нақши Зулайхо ибратомӯз аст.

Дар достон нақшҳои дувумдараҷа ба мисли падари Юсуф Яъқуб, падари Зулайхо Таймус, бародарони Юсуф, Азизи Миср ва дигарон низ омадаанд. Кору амалиёти ҳамаи онҳо дар достон барои боз ҳам барҷаста баромадани нақшҳои асосии достон - Юсуф ва Зулайхо хизмат кардаанд. Инчунин, барои беҳтару аниқтар инъикос намудани мақсади нависанда, ғояи асар нақши муҳим бозидаанд.