Ин асар бачагона аст ва худи Убайди Зоконӣ дар оғози достон ба ин маънӣ гуфтааст:
Ҷони ман, панд гир аз ин қисса,
Ки гиавӣ дар замона шодоно.
Гараз аз «Мушу гурба» бархондан
Муддао фаҳм кун, писарҷоно!
Агар ба мазмуни қисса диққат диҳем, зоҳиран содда аст ва ҳодисаю воқеаҳои аҷоибу ғароибро ҳикоят мекунад ва аз рӯи чунин хусусият диққати бачагонро бештар ба худ ҷалб менамояд. Вале дар ботини он муҳим аст. Шоир ба ин масъала ишорат намуда мегӯяд:
Агар дорӣ ту ақлу донишу ҳуш,
Биё, бишнав ҳадиси «Гурбаву муш»
Биҳонам аз бароят достоне,
Ки дар маънои он ҳайрон бимонӣ.
Ишораи шоир «дар маънои он ҳайрон бимонӣ» масъалаҳои сиёсӣ- иҷтимоии замони хешро дар назар дорад. Муши масту аласт аз хуми шароб баромада, ба худситоӣ машғул мешавад, ки Гурба ӯро дида, корашро тамом мекунад. Пасон барон шустани гуноҳ Гурба ба масҷид меравад ва тавба мекунад ва аз кори хеш пушаймон мешавад. Ин амали Гурба ба мушон маъқул мегардад ва мегӯянд: «Гурба мусулмон шудааст» ва бо дастовезҳои шоиста назди Гурбаи фосиқи хунхор қадам мениҳанд. Аммo Гурба аз маврид истифода бурда он 5 мушро ба комаш фурӯ мебарад ва Шоҳи мушон бо як душворӣ аз ҷанголи Гурба халос мешавад ва аз точу тахташ бенасиб мегардад. Албатта, ин зоҳири қисса аст. Ба назари мо, шоир дар симои Гурба шоҳони мугулро нишон додааст ва дар нақши мушон ҳокимону волиёни таҳҷойи кишвар дар назар дошта шудаанд. Ҳамаи онҳо барон манфиатҳои шахсии худ мубориза мебаранд, раиятро тороҷ мекунанд ва аз ҳамин ҳисоб маҷлисҳои пурдабдаба ороста, кайфу сафо менамоянд. Аммо, аз тарафи дигар, онҳо бо Гурба дар қатлу горати мардум тифоқу якдиланд. Сониян, онҳо бо ҳам рақобат дошта, барон ҳукмронӣ ва сиёсати хеш алайҳи якдигар мубориза мебаранд. Ана ҳамин муборизаҳои табақаи болоии ҷомеъаро нависанда дар симои Гурба ва Муш ҷамъбаст намудааст. Агар мушаххастар, аз рӯи ақлу мантиқ ба ин масъала назар кунем, равшан мегардад, ки дар симои Мушу Г урба рафтору кирдори Шоҳ Маҳмуд ва Шоҳ Шуҷоъ ва ҷангу хунрезиҳои Муборизиддин ва Абуисҳоқ ҷамъбаст гардидаанд. Убайди Зоконӣ ба ин восита нотифоқии ҳокимону волиёни соҳибватанро нишон додааст, ки Гурба барин шоҳи муқтадири хунхор ҳар коре, ки дилаш хоҳад, дар ҳаққи онҳо мекунад. Ва дар симои Гурба шоҳони Чингиз, авлодони Чингизи хунхор дар назар дошта шудааст. Дар анҷоми қисса Гурба занҷирҳоро аз тан раҳо карда, ба по мехезад ва мушону лашкари ононро боз мағлуб мегардонад. Ба ҳамин тариқ, чингизиён боз галаба карда, зулму тааддии хешро дар вилоёту тобеоти ин сарзамини биҳиштосо давом хоҳанд дод.
Таъсири қиссаи «Мушу Гурба» ба адабиёти пасини мо хеле зиёд аст, масалан, дар нимаи дувуми асри XVI Шайх Баҳоӣ дар пайравии «Мушу Гурба»-и Убайди Зоконӣ қиссаи «Мушу Гулба»-и хешро эҷод кардааст, ки он асосан бо наср иншо шудааст. Баъзан дар охири ҳикоёт ва баҳсу мунозараи Мушу Гурба порчаҳои шеърӣ аз худи муаллиф ва ё аз шоирони бузурги гузашта оварда мешаванд. Ин анъанот дар асри XIX давом ёфта, Муҳаммад Хусайни Исфаҳонӣ достони «Муш ва Гурба»- ашро эҷод мекунад. Асари мазкур бо назму наср омехта иншо шудааст.
Реклама