«Анвори Суҳайлӣ» яке аз шоҳкориҳои шоистаи адабиёти тоҷику форс маҳсуб шавад. Он соли 1501 бо хоҳиши вазири хирадманди Султон Ҳусайни Бойқаро Шайх Аҳмади Суҳайлӣ (1444-1502) иншо гардид. Аз ин хотир номи асар ҳам ба номи ӯ гузошта шуд. «Анвори Суҳайлӣ» маънои нурҳои Суҳайлиро дорад, ки дар ин маврид ном маънои маҷозиро гирифтааст. Яъне ин асар аз нуру зиё, аз гуфтору хоҳиши Суҳайлӣ нигориш ёфтааст.
Пеш аз он, ки дар бораи мазмуну мӯҳтавои асар таваккуф намоем, шоиста аст шуморо аз таърихи асар ва сарчашмаи он огоҳ созем. «Анвори Суҳайлӣ» нусхаи тозаэдоди «Калила ва Димна»-и нависандаи асри XII Абулмаолии Насруллоҳ мебошад. Аммо «Калила ва Димна» ҳам ба тамом асари Абулмаолй набудааст. Сарчашма ё бунёди он аз мардуми Ҳинд аст. Онро ҳанӯз дар замони ҳукмронии Хусрави I, ки бо номи Анушервони Одил (531-579) машҳур аст, Барзуяи Табиб аз Ҳиндустон ба Эрон овард ва ба забони паҳлавӣ тарҷума намуд ва дар байни хосу ом паҳн гашт. Чун арабҳои бадавй мулки Эронро соҳиб шуданд, дар байни ғаниматҳои сершумор аз кишвари мо кутуби фарҳангӣ ва адабии зиёдеро ба Арабистон ғанимат гирифта бурданд, ки дар байнашон ҳамин «Калила ва Димна» низ буд. Он до нависанда ва олими тоҷику форс Абдулло Ибни Мукдффаъ онро ба забони арабй баргардонд. Дар асри X, дар замони салтанати Сомониён боз нусхаи арабии «Калила ва Димна» ба Бухоро оварда мешавад ва бо хоҳиши Насри Сомонӣ ва вазири хирадманди ӯ Абулфазли Балъамй Рӯдакӣ онро ба тоҷикӣ тарчума намуда, ба назм мегардонад. Ин асар бо байти машҳури устод Рӯдакӣ
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Огоз меёбад. Аммо ин шоҳасар то замони мо омада нарасидааст. Пас бори дигар дар асри XII «Калила ва Димна» аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ баргардонида шуд, ки мутардими он Абулмаолии Насруллоҳ будааст.
Азбаски дар асри XII насри маснӯъ пайдо шуда, инкишоф ёфт ва аксарияти нависандагон ба ин сабки нигориш майл доштанд, Абулмаолӣ хам «Калила ва Димна»-ро дар ҳамин сабк нигориш дод. Яке аз хусусиятҳои асосии сабки насри маснӯъ мураккаббаёнист. Калимоту ибороти арабӣ, оёту ҳадисҳо хеле фаровон мавриди истифодаи нависандагон қарор доштанд. Осори ононро омма камтар мефаҳмид. Ин тарзи нигориш ҳатто ба аҳли илм низ чандон маъқул набуд. Бинобар ин бо хоҳиши онон адибон ба содабаёнӣ майл намуданд. Мисоли барҷастаи он хоҳиши вазири донишманд Шайх Аҳмади Суҳайлӣ шуда метавонад. Ӯ ҳамин мураккаббаёнии «Калила ва Димнаро» хеле хуб эҳсос карда, аз Ҳусайни Воизи Кошифӣ сода кардани онро хоҳиш намуд. Кошифӣ ин хоҳишро бо камоли эҳтиром пазируфт ва сомон ҳам дод. Акнун бубинед, ки Кошифӣ дар ин росто чӣ корҳоеро ба анҷом расонид. «Анвори Суҳайлӣ» аз «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ чӣ тавофут ва чӣ монандиҳо дорад.
1. Як фарқи ҷиддии «Анвори Суҳайлӣ» аз «Калила ва Димна» пеш аз ҳама, дар он аст, ки Кошифӣ аз забони персонажҳои асар фикру мулоҳизаҳои шахсии худро дар бораи тарбияи инсон дар оила ва дар ҷамъият, нуқтаи назари худро дар бораи принсипҳои давлатдорӣ, ахлоқ ва ғайра баён мекунад.
2. Забои ва тарзи баёни «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳро мувофиқи шавқу завқи хонандагони асри худ тағйир дода, хеле сода ва фаҳмотар мегардонд.
3. Ба ҷои шеърҳои арабӣ, ки дар «Калила ва Димна» хеле зиёд буданд, шеърҳои пандуахлокии адибони маъруфи форс- тоҷикро дохил менамояд.
4. Аҳамияти «Анвори Суҳайлӣ» дар он аст, ки нависанда дар зимни ҳар як ҳикоят, ҳар як персонаж ахлоқи ҳамидаи инсониро ташвиқу таргиб намуда, инсонро ба рохд рост ҳидоят мекунад. Афкори таълимию тарбиявии «Анвори Суҳайлӣ» пурдомана аст. Он дар зимни нақшҳои асосии хдкоёти воқеӣ ба калам дода шудааст. Дар ин ҳикоёту қиссаҳо рӯзгори мардуми тоҷику форс инъикос ёфтааст.
5. Ғайр аз ин, микдори бобҳои асарро кам кард. Агар «Калила ва Димна» -и Абулмаолӣ аз 16 боб иборат бошад, микдори бобҳои «Анвори Суҳайлӣ»-и Кошифӣ ба 14 расид. Кошифӣ ду боби аввали «Калила ва Димна»-ро ихтисор кард.
6. Дар асари Кошифӣ расму оин, хусусиятҳои милии мардуми тоҷик бештар инъикос ёфт. Ҷанбаҳои миллӣ қувват гирифтанд. Вале метавон гуфт, ки бештари бобҳои ин ду асар бо ҳам монанданд ва танҳо забони ҳикоёту ривоёт дар «Анвори Суҳайлӣ» содда карда шудаанд. Дигар, абёти шоиста ва ҷавобгӯйи мазмуни ҳикоёт дар асари Кошифӣ бештар ворид гаштаанд. Ҳикояти «Саховати Рой Добшилим» аз ҷумлаи онҳост. «Бо ин ҳама азамат ба таври кори раият расид ва худ қазияи (дарди дили) ҳар яке аз додхоҳон расидй ва пурсидй. Рой баъд аз вуқуф дар ин масъала бифармуд, то дари ганҷи гаронмоя баркушоданд ва силаи киром (тӯҳфаҳои арзанда) ба хосу ом доданд. Ғарибу шаҳриро (бегонаю худиро) бо насиби тамом хурсанд гардониданд». Аз ин накӯкорию саховаташ баҳри дилаш кушода шуд ва боз давлаташ зиёд гашт. «Подшоҳ сари фароғат ба болини осоиш ниҳод». Хоби хуше дид, ки пири хирадманде ба ӯ гуфт: «Имрӯз ганҷ дар роҳи Худо нафақа (сарф) кардй .... ва Худованд бар ивази он садақа дод. Алассабоҳ пой дар рикоби давлат кун ва ба ҷониби шарқии доруссалтанат (пойтахт) таваҷҷӯҳ намой, ки ганҷи шойгону хазинаи ройгон ҳаволаи туст». Рой чун ин башорат шунид, аз хоб бедор шуд. Пас ибодат ба даргоҳи Худованд ба ҷо овард. Чун субҳ дамид, Хуршед баромад, Рой бо ҷамъе хизматгорон ва дӯстон озими роҳ гардид».
Ана ҳамин тасвири субҳ, баромадани Хуршед, рафтани шоҳро Кошифӣ бо як тавсифҳои зебо, бо як санъати баланди шоирона ҳам бо назму ҳам бо наср ба калам додааст:
«То замоне, ки ганҷури қудрат дари хазонаи уфук бикшуд (яъне руз шуд) ва дасти зарафшони Офтоб ҷавоҳири кавокибро (ситораҳоро) аз махзани фалак ба зери домани шуъоъ кашид,
Байт:
Бомдодон, ки субҳи симандуд
Аз дари ганҷ қулфи зар бикшуд.
Шоҳ бифармуд то маркаби роҳвори бадрафторро бо зини зарфу лаҷоми мурассаъ ба гавҳар биёростанд, фоли фаррух ва толеъи саъд савор шуда, рӯй ба Машриқ ниҳод».
Аз ҳамин пора мусаллам гардид, ки нависанда маънӣ ва мазмунҳои баландро бо зевари сухан бисёр зебо оростааст. Дар мисраи дувуми байт баромадани Хуршедро пурҷозиба тасвир кардааст. Яъне, дари ганҷ бо қулфи зарин кушода шуд - Офтоб cap боло кард. Худи калимоти ганҷ, қулф, зар маҷоз оид ба ин ҷо киноя шуда омадаанд. Дар ин маврид санъати истиора хеле хуб корбаст шудааст. Ё ки дар мисраи аввал бомдодро ба субҳи симандуд ташбеҳ намудааст. Умуман, ҳамин як пора хонандаро ба шавқ меорад ва ба ӯ лаззату кайфият мебахшад. Ҳамин тавр, шоҳ ба он манзил, ба он гор, ки хазина он ҷо буд, расид ва дарвешеро дид бисёр меҳрубон ва нисбати шоҳ ихлосманду эътиқодманд. Ӯ калиди ганҷи шойгонро ба шоҳ дод ва барои банданавозӣ, накӯкорӣ ва саховату бахшишҳояш, ки дар ҳаққи мазлумон ва камбизоатон карда буд, миннатдорӣ ва сипосгузорӣ намуд: «Ки подшоҳон назари раҳмат шомили ҳоли додхоҳон доштаанд ва гӯшанишинонро аз камоли ахлоқу авсофи бузургона шинохта
Байт:
Назар кардан ба дарвешон мунофии бузургӣ нест
Сулаймон бо ҳама ҳашмат назарҳо буд бо мӯраш.
Ин ҳикоя ё қисса бо ин анҷом намеёбад. Анҷоми он боз аҷибтар ва ибратомӯзтар мебошад. Чун Добшилим дари ганҷ кушод, дар байни тиллову ёқут ва зару зевар васиятномаеро дид, ки бо хатти нохоно навиштаанд. Оҷиз монданд. Пас аз ҷустуҷӯи зиёд марди донишмандеро пайдо карданд, ки ӯ ин хатро бихонд ва эшонро аз мазмуни он огоҳ бикард. Дар васиятнома омада: «Ганҷномаро ман, ки Ҳушанги подшоҳам ба ёдгор ба Ройи аъзам, ки уро Добшилим хонанд, гузоштам. Ин васиятнома, дар миёни зару ҷавоҳир табъияи ҷой кардам, то чун ин ганҷро бардорам ва ин Васиятнома мутолиа кунад, ба худ андеша намояд, ки ба зару ҷавҳар фирефта шудан на кори оқилон аст. Он матоест ориятӣ, ки ҳар рӯз фарсудаи дасти дигаре хоҳад шуд ва бо ҳеҷ кас роҳи вафо ба cap нахоҳад бурд:
Давлати дунё кӣ таманно кунад?
Бо кӣ вафо кард, ки бо мо кунад?
Аммо Васиятнома дастурамалест, ки подшоҳонро аз он гурез нест. Пас он подшоҳи оқили давлатёр, ки ба ин васиятҳо кор кунад ва бидонад, ки ҳар султоне, ки бошад, 14 қоидаро, ки баён мекунад, ки манзури назари эътибор насозад, бинои давлати ӯ истеҳком (мустаҳкамӣ) нахоҳад ёфт».
Пас аз ин дар «Анвори Суҳайлӣ» дастурамал оварда мешавад. Ин дастурамалро метавон як раҳнамо ё як нақшаи мукаммали кори подшоҳ донист, ки дар он ахлоқу саховат, тарбияи шоҳону ҳокимон шомил аст.
Дар анҷоми васиятнома боз шоҳ Ҳушанги Пешдодӣ ба Ройи бузург Добшилим ёдрас намудааст: «Ва ҳар якеро аз ин 14 васият, ки ёд кардем, достонест муқаррару мӯътабар ва агар Рой хоҳад, ки ба тафсилоти он ҳикоёту ривоёт иттилоъ ёбад, ба ҷониби кӯҳи Сарандеб, ки қадамгоҳи Абулбашар (Ҳазрати Одам) таваҷҷӯҳ бояд фармуд, ки укда он ҷо хоҳад кушуд».
Дар масъалаи рафтану нарафтани Рой ба Сарандеб Добшилим вазиронашро даъват менамояд ва аз эшон маслиҳат мепурсад. Онҳо дойр ба зарару зиёни сафар ҳикоёти зиёдеро ба Рой накл мекунанд. Худи Рой бар зидди гуфтори онон ҳикоёти пандомӯз оиди фоидаи сафар меорад. Ҳамаи ин бо усули ҳикоят андар ҳикоят накл мешавад ва қиссаро ҷолиб гардондаанд.
Ҳамин тавр, Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар ин қисса андешаҳои хешро дойр ба масъалаҳои муҳими давлатдорӣ, саховату накӯкорӣ ва амсоли ин овардааст. «Васиятнома» дар нигориши Кошифӣ барои шоҳон ва умуман аҳли ҷоҳ раҳнамо ва дастури пурарзишест. Имрӯз ҳам роҳбарони кишварҳо ба он ниёз доранд ва аз он панди судманде хоҳанд гирифт.
Реклама