ҒОЯИ АСАР ВА ТАҲЛИЛИ НАҚШҲОИАСОСИИ ДОСТОН

ҒОЯИ АСАР ВА ТАҲЛИЛИ НАҚШҲОИАСОСИИ ДОСТОН

Амир Хусрави Деҳлавӣ, ҳангоме ки достони «Дувалронӣ ва Хизрхон»-ро иншо кард, аллакай шоири машҳур буд. На танҳо дар сарзамини Ҳинд мақому манзалат дошт, балки дар Моваруннаҳру Хуросон ва Эрону Осиёи Сағир шӯҳратёр гардида буд. Шоир достони «Дувалронӣ ва Хизрхон»-ро дар айёми пирӣ, ки он гоҳ ҳам қалами расо дошту ҳам таҷрибаи бойи адабӣ, иншо намуд. Муроди Хусрав аз эҷоди ин достон чист? Нахуст, достон фоҷиавист. Бидуни ҳалок гардондани қаҳрамони асосӣ - Хизрхон достон пур аз саҳнаҳои ҷангу хунрезист. Ҷанг дар байни султонҳою хокимони Ҳинд барои тоҷу тахт, барои сарвату боигарӣ ба тафсил омадааст. Хдтто бародарон барои тоҷу тахт якдигарро кӯр карда, оқибат якдигарро қатл намуданд. Хусрав ҳамаи ин ҳодисаҳоро бо чашми худ дида, аз бераҳмии инсон дилхун гардид. Дигар, дар байни мусулмонҳою ҳиндуҳо муборизаҳои шадид мерафт. Дар ин муборизаҳои мазҳабӣ садҳо ҳазор ҳиндую мусулмон ҷон ба Ҷонофарин медод. Шоир ҳамчун як фарди инсонпарвар ва некхоҳ хост, ки дар байни мазҳабу динҳои дар ин сарзамин вуҷудҷошта сулҳу осоиш бошад, инсонҳо, аз ҷумла ҳокимон, султонҳо хуни якдигарро нарезонанд. Дар байни ҳиндую мусулмон тухми нифоқ, бадбинию кудурат накоранд, ошиқи якдигар бошанд. Барои дилдодагону ошиқон дину оин набояд садди роҳ шавад. Ҳамин тавр, хост бо ин достони худ пеши роҳи ин ҷангу хунрезиҳоро бигирад. Вале чуноне ки дидем, шоир ноумед гашт. Ишқи поки инсон таҳқир карда шуд ва Хизрхони вафодор дар ишқи ҳиндудухтар Дувалронӣ ҷон дод, ҷамъияти онрӯзаи Ҳинд ислоҳ нагардид ва, бадбахтона, то имрӯз ҳам дар сарзамини паҳновари Ҳинд ин дарди ҷонкоҳ шифо наёфтааст. Имрӯз ҳам дар Кашмир дар байни мусулмонҳою ҳиндуҳо мубориза давом дорад, ки мову шумо ба ин падидаи номатлуб шоҳидем.

Аз мазмуни достон чунин бармеояд, ки Хизрхон дар роҳи ишқ устувор мемонаду ҷон медиҳад. Ӯ мусулмонзодааст. Вале Дувалронӣ зинда мемонад, мисли Лайлию Ширин худкушӣ намекунад. Чаро ӯ ба ин амали «анъанавӣ» даст назад? Магар ишқи ӯ нисбати Хизрхон пок, самимӣ ва устувор набуд? Дар ҳалли ин масъала бисёр пажӯҳишгарони ин достон ҳайронанд. Мо ҳам достонро такрор ба такрор хондем. Як далел моро сари ҳамин андеша овард.

Амир Хусрав овардааст, ки чун волидайни Хизрхону Дувалронӣ тӯй мекунанду ду дилдода ба ҳамдигар расиданд, онҳо аз якдигар коми дил ситонданд ва Дувалронӣ дуҷон шуд, яъне ҳомиладор гардид. Ба ҳар ҳол вай фарзанд аст, давоми умр. Фарзанди ба дунёомада аз Хизрхони мусулмон асту аз Дувалронии ҳинду. Ин фарзанд пайванди дилҳост. Оянда тавлид шуда, дилҳоро ба ҳам муттаҳид, муттафиқ мегардонад. Ба ин восита Хусрав хостааст, ки заҳмат ва саъю кӯшиши ӯ дар ин роҳ барабас наравад, оянда суде биёрад ва оянда фарзанди онҳо хешро на мусулмон гӯяду на ҳинду. Ӯ хешро инсон бидонад, инсон бишиносад ва дар оянда поягузори сулҳу салоҳ, ягонагию иттиҳоди дину халқиятҳои сарзамини Ҳиндустон бигардад. Ҳамин аст ҳадафи шоир, муроду мақсади Хусрав аз зинда мондани Дувалронии дар ишқ нокому синабирён.

Хусрав бо ибораи “яке гаштани ду ҷон” омезиши комил, ҷисмониву маънавии ду танеро васф мекунад, ки наояндаи ду миллати мухталиф ҳастанд.Бори дигар ба сурати дигар дар як пайкар таҷҷасум кардани башарро мебинем.