Низомуддин Убайди Зоконӣ яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти тоҷику форс аст. Ӯ аз тарафи муҳаққиқон ва ховаршиносон дар таърихи адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс бузургтарин адиби ҳаҷвнигор эътироф шудааст. Чун сухан аз ҳаҷву мутоиба равад, ҳамоно пеши назар симои ин адиби фозилу оқил, ҳамабину ҳамадон пеши назар меояд. Убайди Зоконӣ соли 1270 дар деҳаи Зоконӣ вилояти Қазвин (дар қисмати шимоли Эрон) дида ба ҷаҳон бикшуд. Номе, ки волидайнаш ба у гузошта буданд, Убайдуллоҳ буд.
Шоир чун ба камол расид, номашро андак ихтисор (Убайд) намуда, онро та?аллуси хеш қарор дод ва бо номи Убайди Зоконӣ маъруфу машҳур гардид:
Худой донаду ман донаму ту ҳам донӣ,
Ки як фулус надорад Убайди Зоконӣ.
Убайди Зоконӣ аз авлоди давлатмандон ва соҳибмансабон ба дунё омад. Гузаштагонаш соҳиби вазорат буданд ва дар дарбори подшоҳон ҳамчун вазиру дабирхизмат карда буданд, ки падари нависанда ҳам аз ин файз андак бархурдор гардида будааст. Бинобар ин Убайд дар ин хонадони бофазлу хирад рушду камол ёфт, зинаҳои таълимро нахуст дар зодгоҳ ва пасон дар Қазвин тай кард. У илмҳои маъмули замонаашро дар назди уламои бузург омӯхт ва соҳибмаърифат гардид. Баъд ба сайру саёҳат баромад. Нахуст ба шаҳри Бағдод рафт ва бо аҳли адаб ва донишмандони маъруф вохӯрд, сӯҳбат орост ва боз қалбашро аз илму ирфон фурӯзонтар гардонд. Убайд дар ҷамъомаду нишастҳо бо аҳли адаб шеърҳояшро қироат мекард. Ва шӯҳраташ боло гирифт. Убайди Зоконӣ ба Ватан баргашт, ӯро ба дарбор даъват карданд ва лоиқи вазифаи волое гардониданд. Дар ин давра рӯзгораш хуш буду табъи болидае дошт ва аз зиндагиаш қаноатманд буд. Ба ҳамин хотир дар шеъри зерин ҳаёти пурнишоташро ёд карда чунин мегуяд:
Пеш аз ин аз мулк ҳар соле маро,
Хӯрдае аз ҳар каноре омадй.
Гаҳ-гаҳе ҳам бода ҳозир мешудӣ,
Гаҳ надиме ё нигоре омадӣ.
Вале чунин рӯзгори босаодат дер давом накард. Дасисабозиҳои дарборӣ рӯзгорашро боз нохуш намуданд, ки дар байтҳои пасини ҳамин қитъа мегуяд:
Нест дар дастам кунун аз хушку тар,
3-он чӣ вақте дар каноре омадӣ.
Гайри ман дар хонаам чизе намонд,
Ҳам намондӣ, гар ба коре омадӣ.
Убайди Зоконӣ дар як рубоии дигараш ба нодорӣ ва қашшоқии хеш ишорат карда, бо сад сӯзу гудоз вазъи рузгорашро чунин ба қалам додааст:
Дар хонаи ман зи неку бад чизе нест.
Ҷуз лунгиву пораи намад чизе нест.
А з ҳар чӣ пазанд, нест гаӣр аз савдо
В-аз ҳар чӣ хӯранд, ҷуз лагад чизе нест.
Убайди Зоконӣ ба ҳамаи ин сахтию бадбахтиҳои рӯзгор тоқат карда, пеши ахди ҷоҳ ва сарватмандон cap хам накард, нафси хешро кушт. Дар ин лаҳзаҳои душвори зиндагӣ ӯ ба ягона ҳамдами роз - дилаш муроҷиат намуда тасаллият медиҳад, ки ғам махӯр, ҷон бидеҳу аз нокасон тамаъ маҷӯй ва нони тамаъолуда махӯр, ки он кадри инсонро паст мекунад:
Эй дил, пас аз ин андӯҳи беҳуда махӯр,
3-ин беш ғами будаву нобуда махӯр.
Ҷон мадеҳу доди тамаьу ҳирс мадеҳ,
Гам мехӯру нони миннатолуда махӯр.
Убайди Зоконӣ бо умеди беҳ шудани рӯзгор боз озими шаҳри Багдод мегардад, ки дар ин рӯзгор Абӯсаиди Элхонӣ (1316-1335), яке аз авлодони Чингизхон салтанат дошт. Вазири Абӯсаид Аловуддини Муҳаммад марди фозил буд ва бинобар ин Убайд ҳам маҳз умед ба дастгирии ӯ дошт. Бинобар ин Убайди Зоконӣ асари нигоштаи хеш «Наводир-ул-амсол» - ро ба ҳамин вазир хамчу тӯҳфа пешкаш менамояд. Вале ба қадри сухани ӯ на вазир расиду на шоҳ. Рӯзгораш торафи рӯ ба инқироз овард ва барои гузаронидани зиндагиаш маҷбур шуд, ки ба аҳли сарват рӯ биёрад ва қарз бигирад. Нависанда қарзҳои хешро дар сари вақт дода натавонист, балки боз маҷбур шуд, ки аз онон қарзи дигар бигирад. Убайд маҳз ҳамин ҳолати рӯзгорашро хеле бо дард дар як ғазалаш ба қалам додааст:
Мардум ба айшу шодию ман дар балои қарз,
Ҳар як ба кору бореву ман мубталои қарз.
Фарзи худову қарзи халоиқ ба гарданам,
Оё адои фарз кунам ё адои қарз?
Шояд хонанда суол диҳад, ки сабаб чӣ буд, ки Убайди Зоконӣ ин қадар муфлису қашшоқ шуд ва ба қарзи бешумор гирифтор гардид? Ба ин суол посух додан чандон осон нест. Зеро дар ягон сарчашма ба ин масъалаҳои рӯзгори ӯ касе ишорат накардааст. Вале сари ин масъала чанд андешаро метавон тахмин кард.
Чуноне ки аз асарҳои Убайди Зоконӣ бармеояд, ӯ ба аҳли ҷоҳу мансаб, намояндагони ҳукумати замонаш, мисли қозию раису муфтӣ ва ҳатто надиму вазиру амир бештар назари манфӣ дошт ва ононро ошкор, бепарда мазаммату накӯҳиш мекард. Ҳаҷвҳои сахти ӯ қалби ононро ба дард овард ва косаи сабрашонро лабрез намуд ва онҳо назди шоҳу вазир ва дигар соҳибмансабон арзу шикоят намуданд.
Убайди Зокониро, аз як тараф, қарзхоҳон ва, аз тарафи дигар, таънаю маломатҳои аҳли дарбор, суханони нешдори ахли ҷоҳ, шайхону уламои мутаассиб ба ҷон расонда буданд. Ох,и сард аз дили пурдард мекашид. Ӯ хешро ғарибу мусофир медонист, аз ёру диёр худро маҳруму бенасиб ҳисоб мекард. Таваҷҷӯҳ намоед ба гуфтори шоир:
Манам асири парешон, зи ёри худ маҳрум,
Ғариби шаҳри касон в-аз диёри худ маҳрум.
Ба дарду ранҷ фурӯ монда в-аз даво навмед,
Нишаста дар ғаму аз ғамгусори худ маҳрум.
Зи оҳи сина бисӯзам, агар кашам нафасе
Зи сели ии мижаи селбори худ маҳрум.
Убайди Зоконӣ чу иттилоъ меёбад, ки Шоҳ Шуҷоъ (1359-1384) дар Форс ба сари қудрат омадааст, боз аз Бағдод ба Шероз омад. Чанд сол дар дарбори ӯ хизмат намуд. Соли 1366 Шоҳ Махмуд ба Шероз ҳуҷум намуда, Шоҳ Шуҷоъро шикает дод ва Шоҳ Шуҷоъ ба Кирмон фирор намуд ва Убайди Зоконӣ хам ба Кирмон рафт. Вале пас аз чанд моҳ Шоҳ Шуҷоъ лашкари гарон ороста, ба Шероз омад ва Шоҳ Маҳмудро шикает дод ва боз Убайдба Шероз ҳамроҳи Шоҳ Шуҷоъ баргашт ва то поёни умраш дар Шероз монд. Мегӯянд, ки Убайди Зоконӣ марди сӯҳбаторо ва базлагӯ будааст. Дар ин гуфтор наметавон шубҳа кард, зеро эҷодиёти ӯ ва ба хусус латифа ва мутоиботи адиб ба ин гувоҳанд. Накл аст, ки Убайд пеш аз маргаш ба фарзандон васият намудааст, ки ганҷинае дорад ва пас аз март онро бикшоянд ва дар маросимаш сарф кунанд ва бақияашро байни худ қисмат намоянд. Чун Убайд вафот кард, фарзандон хазинаро кушоданд ва дар он хазина танҳо ҳамин байтро ёфтанд:
Худой донаду ман донаму ту ҳам донӣ,
Ки як фулус надорад Убайди Зоконӣ.
Ҳамин тавр, Убайди Зоконӣ дар пиронсолӣ дар Шероз соли 1370 аз дунё гузашт. Сад сол умр дид. Убайд умри хешро ройгон нагузаронид ва аз хеш мероси гаронбаҳое ба наслҳои оянда гузошт.
Реклама