САВОЛ ВА СУПОРИШ:

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

I.     Аз як лаҳзаи ҳаёти Саъдӣ кадом хислатқои нависандаро фаҳмидед?

2.    Ба чӣ сабаб тӯхфаи фиристодаи подшоҳро қабул кардан нахост?

3.    Ҳаёти нависандаро донишмандон ба чанд давра таксим кардаанд?

4.    Дар бораи зодгоҳи Саъдӣ - Шероз чӣ маълумот доред?

5.    Аз қомуси адабиёти тоҷик дар бораи шаҳри Шероз ва мақбараи Саъдӣ хонед.

6.    Чаро бузургони гузашта Саъдиро паямбари ғазал мегӯянд?

7.    Хусусиятҳои ғазалро бигӯед. Дар бораи ҳусни матлаъ ва мақтаъ маълумот дихед.

8.    Жанрҳои хурди лирикӣ дар эҷодиёти шоир чӣ мақом доранд?

9.    Ба чӣ мақсад Саъдӣ ба асарҳояш номи «Бӯстон» ва «Гулистон»- ро гузошт?

10. Қасидаҳои Саъдӣ аз қасидаҳои шоирони гузашта бо кадом хусусиятҳояшон фарқ мекунанд?

II.   Чаро Саъдӣ Зангиро дар қасидаҳояш ситоиш кардааст?

12. Мавзӯъи асосии ғазалҳои шоирро гӯед.

13. «Бӯстон» аз чанд боб иборат аст?

14. Чаро Саъдиро шоири гуманист мегӯянд? Бо мисолҳои мушаххас маънои истилоҳи гуманизмро фаҳмонед.

15. Саъдиро устод Айнй «вуқӯъгӯй» гуфтаанд, маънии онро бо мисол шарҳдиҳед.

16. «Гулистон» аз лиҳози мазмун чӣ гуйа асар аст?

17. «Гулистон» аз кадом ҷиҳаг ба «Бӯстон» монанд аст?

18. Нависанда дар кадом маврид хомӯш будани шахсро зарур медонад?

19. Саъдӣ дар бораи муаллим ва рафтору кирдори ӯ чӣ андеша дорад? Оё шумо ба фикри нависанда розӣ ҳастед ё не?

20. Дар бораи илму амал Саъдӣ чӣ андеша дорад? Андешаҳои ӯ имруз доир ба ин масъала чӣ аҳамият доранд?

21. Олими беамалро Саъдӣ ба занбури беасал монанд кардааст. Шумо ба ин фикр розӣ ҳастед? Дар ин бора хаттӣ бо чанд ҷумла фикратонро

шарҳдиҳед.

22. Забони асархои Саъдиро сода мегӯянд, ба ин фикр розӣ ҳастед? Агар бошед бо мисолҳо фикратонро исбот кунед.

23. Чаро бисёр байтҳои Саъдӣ ба ҳукми зарбулмасалу мақол даромадаанд?

24. Панду андарзҳои дар китобатон овардаро (37-то) ҳифз намоед, ки онх.0 дар ҳар маврид ба шумо дусту ҳамдам мешаванд. Агар дар маҳфилҳо, шабҳои хурсандӣ иштирок кунеду аз ин марворидҳои Саъдӣ истифода баред, шуморо шахси бомаърифат ва сухандон мегӯянд ва қадру манзалати шумо меафзояд.

25. Санъати саҷъ ба чанд намуд қисмат мешавад? Ҳар кадоми ин қисматҳоро бо мисолҳо фаҳмонед.

Рӯйхати адабиёти илмӣ ва методӣ:

1.    С.Айнӣ, Куллиёт, ҷилди 2, китоби якум, Душанбе, 1963

2.    А.Афсаҳзод, Дарсадои бузургон, Душанбе, «Ирфон», 1986, саҳ. 156­239

3.   Т.Миров, К.Хочаев, Ш.Исломов, Методикам таълими адабиёти тоҷик, Душанбе, «Маориф», 1992