Тарҷумаи ҳол

Тарҷумаи ҳол

 

Низомиддин Алишери Навоӣ сардафтари адабиёти классикии ӯзбек буда, бо асарҳои барҷастааш дар таърихи адабиёти ӯзбек мақоми арзанда дорад. Ӯ соли 1441 дар шаҳри Ҳирот ба дунё меояд. Падари Навоӣ Кенҷа-баҳодур яке аз амалдорони дарбори Темуриён буда, аз хату савод дастмояе надошт. Вале, бо вуҷуди бесавод буданаш, дар таълиму таҳсили фарзандаш саъю кӯшиши зиёде кард. Навоӣ таҳсили ибтидой ва миёнаро дар Ҳирот гирифта, пас ба Машҳад меравад. Ӯ дар он ҷо дар дарбори Абулқосим Бобур Мирзо хизмат карда, инчунин таҳсили худро давом медихад. Махсусан, ба омӯхтани эҷодиёти адибони бузурги форс-тоҷик Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ пайваста машгул мегардад. Навоӣ аз онҳо сеҳри каломи мавзун, санъати суханварӣ ва тарзу усули образофариро омӯхта ва дар пайравии онҳо шеърҳои аввалини худро иншо кард. Ғайр аз ин, Навоӣ дар ин ҷо дар сӯҳбати олимон, шоирон иштирок намуда, аз онхо дарси зиндагӣ мегирад. Дар ҳамин ҷо Навоӣ девони аввалини худро тартиб медиҳад. Вале аз сабаби номусоидии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, ҷангу хунрезиҳои Абусаид Мирзо дар ҳамон сол шаҳри Ҳиротро тарк карда, роҳи Самарқандро пеш мегирад. Дар Самарқанд Алишери Навоӣ боз ба таҳсили илму адаб машгул шуда, дар назди яке аз олимони машҳури замон - Хода Фазлуллоҳи Абулайс илми фиқҳро аз худ мекунад.

Ҳангоме ки соли 1469 Ҳусайни Бойқаро (Навоӣ бо ӯ якҷоя таҳсил карда, инчунин ширхора низ буданд) ба Ҳирот омада, ба маснади подшоҳӣ менишинад, Навоиро ба дарбор даъват менамояд. Ӯ дар дарбори Ҳусайни Бойқаро вазифаи муҳрдориро ба ӯхда мегирад. Маҳз дар ҳамин давра Навоӣ бо Абдураҳмони Ҷомӣ дустӣ пайдо карда, муриди ӯ мешавад.

Алишери Навоӣ шахси инсондӯст ва раиятпарвар буд. Ҳангоми иҷрои корҳои давлатдорӣ ба халқи бечора хубию некиҳо кард. Масалан, соли 1470 аз зулму истисмори амалдорон ва ҳокимон, гирифтани андозҳои зиёд ҳаёти иқтисодии халқ ниҳоят вазнин гардид ва онҳо ба муқобили ҳамаи ин бедодгариҳои золимон шӯриш бардоштанд. Танҳо бо тадбирҳои оқилонаи Алишери Навоӣ шӯриш хобонда шуд. Навоӣ ба Султон Ҳусайни Бойқаро маслиҳат дод, ки пеш аз ҳама золимонро ҷазо диҳад, андозҳои халқро то андозае кам кунад. Пас аз ин дар байни халқ обрӯи Навоӣ зиёд шуда, ӯро беш аз пеш ҳурмату эҳтиром мекардагӣ шуданд.

Алишери Навоӣ соли 1472 ба мартабаи вазирӣ мерасад. Маҳз дар ин давра то андозае вазъи сиёсиву иҷтимоӣ осуда гардида, ҳаёти маданӣ ва адабӣ хеле пеш рафт. Аммо бисёр корҳои Навоӣ боиси хашму ғазаби шоҳу амалдорони давлат гардид. Аз пайи ранҷу озори ӯ шуданд. Ҳокимону вазирон дар назди шоҳ ҳар гуна тӯҳмату бӯҳтон мекарданд. Бо ҳамин сабабҳо Навоӣ соли 1476 аз мансаби вазирӣ даст кашид. Дар муддати 11 сол корҳои давлатиро ба як тараф монда, ба эҷод намудани асарҳои илмӣ ва адабӣ машғул гардид. Маҳз дар ҳамин давра асари панҷгонаи худ «Хамса»-ро навишта ба охир мерасонад. Ба ҳамаи ин қаноат накарда, Ҳусайни Бойқаро Навоиро ҳокими Астаробод таъйин мекунад. Навоӣ дар Астаробод танҳо як сол меистад ва соли 1488 боз ба Ҳирот меояд. Ӯ то охири умраш дигар ба корҳои давлатӣ машгул нашуда, вақти худро ба эҷод намудани асарҳо сарф мекунад.

Алишери Навоӣ моҳи январи соли 1501 дар шаҳри Ҳирот вафот мекунад.