БАДЕИЁТИ ҒАЗАЛИЁТИ КАМОЛ

БАДЕИЁТИ ҒАЗАЛИЁТИ КАМОЛ

Ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ сахди мумтанеъанд. Суханони боло чунин маъно доранд, ки ғазалиёти шоир содаю равон ва ҳамафаҳманд, вале маъниҳои баланд доранд. Бештари онҳо сурудҳои халқӣ, дубайтию рубоӣёти мардумиро ба хотир меоваранд. Аз ин чост, ки чӣ дар асарҳои пешин ва чӣ дар рӯзгори имрӯзаи мо ғазалҳои Камолро ҳофизон, мутрибон ба оҳангдароварда, замзама мекунанд. «Шашмақом» аз ғазалиёти Камол моломол аст. Ба хусус дар сурудҳои Ҳофизи мардуми Боймаҳмад Ниёзов ғазалҳои шоир хеле хуб садо медиҳанд. Ҳатто дар байни мардуми тоҷик ғазалҳои Камол чунон паҳн шудаанд, ки боиси пайдо шудани вариантнҳо онҳо гардидаанд. Масалан, ғазали мазкурро гирем:

Лаъли ҷонбахшат зи ҷон нозуктар аст,

Каддат аз еарви равон нозуктар аст.

Барги гул чандон, ки дорад нозукӣ,

Хотири булбул аз он нозуктар аст.

Гарчи нозук нуктае гуфтӣ, Камол,

3-ин ҳикоят он даҳон нозуктар аст.

Ҳамин ғазал дар байни мардум ҳифз шуда, аз даҳон ба даҳон гузашта хеле тағйир ёфтааст. Аз ин ғазал халқ рубоии тозае эҷод кардааст:

Ёри ман аз ҷони ман ширинтар аст,

Қадди ӯ аз барги гул нозуктар аст.

Барги гул ҳарчанд дорад нозукӣ,

Хотири ёрам аз он нозуктар аст.

Устод Айнй дар «Ёддоштҳо»-яш бо камоли эҳтиром дар бораи хушоҳангию мавзунию халқиятии ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ ибрози назар кардааст. Устод ёд мекунад, ки дар асри XIX дар Самарқанду Бухоро халқи оддй ба ғазалиёти Камол меҳру муҳаббати хосса доштанд. Бахусус ҳофизи бузург ва мардумии он давра Ҳоҷи Абдулазиз бо камоли маҳорат ғазалҳои Камоли Хуҷандиро ба «Шашмақом» дароварда месароид ва мардум аз таассуроти ғазалҳо ва мусиқӣ як ҷаҳон ҳаловат мебурданд.

Дар таърихи адабиёти тоҷик шоироне, ки бозии шоҳмотро мавриди тавсиф қарор до да бошанд ва ё аз он ёд карда бошанд, камшуморанд. Аз ғазалиёти Камол бар меояд, ки ӯ бозии шоҳмотро хеле хуб медонистааст ва дар мавридҳои мувофиқ машғули шоҳмотбозӣ мешудааст. Барои ифодаи фикрҳояш маъниҳои шатранҷиро устокоронаю моҳирона истифода бурдааст. Ба байти зер таваҷҷӯҳ намоед:

Ман ба шатранҷи ғамат ҷону ҷаҳон хоҳам бохт.

Он ду рух дидаам, ин бор равон хоҳам бохт.

Дар мисраи аввал «шатранҷи ғамат» бори маънӣ ба дӯш дорад. Шоир аз санъатҳои маҷоз, киноя ва истиора бамаврид истифода бурдааст. «Шатранҷи ғамат» ба маънои ҷойгоҳ, майдони ҳарбу зарб, яъне ба маънои ҷойи ишқу ошиқӣ омадааст. Дар ин тахта ду рухро дидааст ва ошиқ саъю талош мекунад, ки ба дидори ёр мушарраф шавад. Шоир дар ин ҷо аз санъати иҳом низ истифода бурдааст, яъне мақсад ба даст овардани рухҳои шоҳмот нест, балки ба даст овардани рухи маъшук аст, ба даст даровардани дилдодаашро дар назар дорад. Ҳамин тавр, меғуяд шоир, дар ин рох, то ба мурод нарасам, ҷон медиҳаму пас нахоҳам гашт:

Гуфтам: «Давои дарди диламро хате навис!»

Гуфто: «Давот чун бинависам? Давот нест».

Дар байти боло ду санъати бадеӣ бисер шоирона корбаст шудаанд. Нахуст - санъати саволу ҷавоб бо омадани калимаҳои «гуфғам» ва «гуфто» барои хонанда равшан аст, вале ёфтани тадниси байт андак душвориро пеш меорад. Дар мисраи дуюми байт калимаи «давот» ба ду маънӣ омадааст. Маънои нахуст сиёҳидон аст ва дуввум - дарди дилат бедавост. Яъне табобат надорад, зеро ошиқӣ.

Дар ғазалиёти Камол зарбулмасалу мақолҳои халқӣ, ибораҳои рехта, ташбеҳоту тавсифқои тару тоза хеле зиёд истифода шудаанд. Ҳамаи инҳо салосату балоғат ва фасоҳату оқангнокии ғазалҳои Камолро таъмин кардаанд. Ин хусусиятҳои ғазалиёташро худи адиб ҳис карда, туфта буд:

Чу ин ғазал сару пояш дақиқу ширин ист,

Сазад, ки нагмасароён бад-ӯ кунанд оҳанг.

Ё

Гар равад мутриб ба базме, хонад абёти Камол,

Ҳар киро ҷонест, гӯяд: «Мутрибо, хуш меравӣ!»