МЕРОСИ АДАБИИ УБАЙДИ ЗОКОНӢ

МЕРОСИ АДАБИИ УБАЙДИ ЗОКОНӢ

Убайди Зоконӣ хам дар назм ва хам дар наср асарҳои арзишманд эҷод кардааст. Дар «Девон»-и ашъори ӯ жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ, тарҷеъбанд, таркиббанд ва маснавиҳои ҳаҷман хурд гирд оварда шудаанд. Нисбат ба дигар жанрҳо ғазал бештар аст. Мавзӯи ғазалиёти Убайд гуногун буда, мавзӯъҳои ишқ тавсифи баҳору зебоиҳои он, масъалаҳои иҷтимоӣ, мазаммати шайхони риёкор, қозию дигар ашхоси нолоиқро ташкил медиҳанд. Дар баъзе ғазалиёташ, чуноне ки дар боло дидем, бевосита ҳаёти шоир инъикос ёфтааст. Адиб дар ин асарҳо аз фақру танғдастии хеш шикоят кардааст, дарду алами хешро ифшо намудааст. Дар ғазали «Ҷойи савол нест» Убайд нобаробарии мардумони ҷомеъа, зулму тааддии истисморгарон ва дигар масъалаҳои ҳаёти иҷтимоиро инъикос намудааст:

Ҳосил зи зиндагонии мо ҷуз вабол нест

В-аз рӯзгор баҳра ба ғайр аз малол нест.

Хуш хотире, ки мансабу ҷоҳ орзу накард,

Хуррам диле, ки дар талаби мулку мол нест.

Аз хони мумсикон маталаб тӯшаи ҳаёт,

К-он луқма пеши аҳли тариқат ҳалол нест...

Бо вуҷуди ин ҳама тангдастӣ, қашшоқӣ ва маҳрумиятҳои шоир бетамаъ, шикастанафас, қаноатпеша будааст. Ӯ ба сарватмандон ҳасад набурдааст, рашк накардааст. Таваҷчӯҳ намоед ба гуфтори адиб:

1.    На бар ҳар хону ҳоқон мебарам рашк,

На бар ҳар миру султон мебарам рашк.

2.    Наборам чашм бар ганҷуру дастур,

На бар ганҷи фаровон мебарам рашк.

2. Намеандешам аз Дӯзах ба як ҷав,

На бар Фирдавсу Ризвон мебарам рашк...

Убайд дар байти сеюм андешаи риндонаи хешро ифшо намуда, таъкид менамояд, ки аз оташу азоби ҷонкоҳи Дӯзах тарсу бим надорам ва гузашта аз ин ба боғи Биҳишту Фирдавс хам рашк намебарам. Дар девони шоир ғазалҳои ошиқона хеле зиёданд. Шоир бо камоли меҳру садоқат маъшуқаи хешро ситоиш менамояд. Дар тавсифи зебоиҳои ёр аз санъатҳои бадеӣ бамаврид истифода бурда, ӯро ба шаҳриёру хешро ба бенаво, ӯро ба хуршеду хешро ба зарра монанд намудааст. Дар ин маврид шоир аз санъати тавсиф, сифатчинӣ ва тазоду муқобила истифода бурдааст:

Афтода бозам дар cap ҳавое,

Дил боз дорад майле ба ҷойе.

Ӯ шаҳриёре, ман хоксоре,

Ӯ подшоҳе, ман бенавое.

А брӯкамоне, нозукмиёне,

Номеҳрубоне, шанге, дагое.[1] [2]

Убайди Зоконӣ дар эҷоди қасида табъи баланд дошта будааст. Бештари қасидаҳои ӯ мадҳӣ буда, ба шоҳону вазирони замонааш бахшида шудаанд, ки адиб дар тӯли рӯзгораш бо онҳо сӯҳбат доштаасту хизмати онҳоро кардааст. Аҳамияти чунин қасидаҳо дар онанд, ки онҳо бозгӯйи ҳодисоту воқеоти таърихии он замонанд.

[1]    Шанге – шӯх, зебо

[2]    Дағо – маккор, ҳилагар