РӮЗГОРИ САЪДӢ

РӮЗГОРИ САЪДӢ

Дар шеър се тан паямбаронанд,

Ҳарчанд «ло набия баъдӣ».

Авсофу қасидаву ғазалро Фирдавсиву Анвариву Саъдӣ.


Чорбоғи боҳашамате дар канори шаҳри Шероз қомат афрохта. Гирдогирдашро девори баланд иҳота карда. Аз пешорӯи Шероз дарвозаи дутабақаи хушсохти устодони гулдасти Нишопур бо сад арзандагӣ истода. Чорбоғ ҳам ободу дарахтони боровараш гувоҳи онанд, ки умри 30-40-сола дорад. Чун ба он ворид мегардед, нахуст пеши назаратон роҳрави хушсохти мармарин намоён мегардад ва шуморо истиқбол мегирад ва аз ду тарафи он гулгаштҳои ранг ба ранг, ки аз анвои гулҳои гуногун ороста шудаанд, чун арӯсони зебои рангинқабо бо камоли меҳр ояндагонро пазироӣ мекунад. Хиёбони гулрез шуморо ба сӯи сарҳавз раҳнамун месозад. Гирдогирди сарҳавзро бед, маҷнунбедҳо, дарахтони сарву шамшод чун ангуштарин печондаанд. Рада-рада дарахтони зардолу, себ, шафтолу, анҷиру анор, тут, хурмо, себу нашпотӣ бо сари хам меҳмононро кабул менамоянд. Аллакай дарахтони пешпазак: тут, ангури кишмиш, пахтасеб пухта расидаанд. Дар зеру болои дарахтон парандагон, мурғони хушхон нағмасароӣ мекунанд. Товусҳои хушхиром бо як ҷаҳон шоистагӣ парҳои хешро кушода болу пар мезананд. Ҳамаи ин бозори мурғонро пеши назар меоварад ва аз тамошои ин манзара хузуру ҳаловат метавон бурд.

Марди миёнарӯ, миёнқад, ки риши мошу биринҷаш ӯро хеле зеб медод, мурғонро дон мепошид. Пас аз анҷоми кораш боз ба сарҳавз, болои кат қадам ниход ва боз товусқалам ба даст гирифт ва омодаи нигоштан гардид.

Ин мард шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, яке аз намоёнтарин адибони адабиёти классикии тоҷику форс буд.

Ӯ соли 1184 дар шаҳри Шероз дар оилаи амалдори дарбори Саъд ибни Зангӣ ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар Шероз гирифта, соҳиби хату савод мегардад. Падар мебинад, ки шавқу рағбати фарзанд ба хондану илмомӯзӣ хеле зиёд аст, барон Муслиҳиддини ҷавон тамоми шароитро муҳайё мегардонад. Ба ҳамин маънӣ баъдҳо ишорат намуда, Саъдӣ чунин гӯяд:

Агар дар вуҷудам нишастӣ магас,

Парешон шудӣ хотири чанд кас.

Аммо дар ҳамин айём падари Саъдӣ вафот мекунад ва аз марги бемаҳали падар нолон мегардад ва бо дард мегӯяд:

Маро бошад аз дарди тифлон хабар,

Ки дар хурдӣ аз cap бирафтам падар.

Пас аз ин аҳволи хонавода куллан тағйир ёфта, бори зиндагӣ ба сари бародари бузурги Саъдӣ меафтад. Ӯ хонданро тарк намуда, барои пайдо кардани қути лоямути аҳли хонадон дӯкон мекушояду ба савдо мепардозад. Саъдии хурдсол бошад, ба умеди таҳсилро давом додан, роҳи пойтахти Хулафои Араб - шаҳри Бағдодро пеш мегирад. Ҳамин тавр дар мадрасаи «Низомия» пеши донишмандони бузург таҳсилро огоз намуд. Мадрасаи «Низомия» номдор буд. Аз тамоми кишварҳои исломӣ толибилмон меомаданд ва аз донишмандони риштаҳои гуногуни илму фан дониш мегирифтанд. Дар мадрасаи «Низомия» китобхонаи бузурге бо дастгирии вазири хирадманд ва соҳибмақоми Салчуқиён Низомулмулки Тусӣ (1017-1092) бунёд шуда буд, ки дар он китобҳои зиёд ба забонҳои арабӣ, форсӣ, лотинӣ, туркӣ, ибрӣ, санскрит, чинӣ ва ғайра гулчин шуда буданд. Бунёдгузори Мадраса ҳам Низомулмулки Тусӣ будааст. Чунонки сарчашмаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ ёд кардаанд, бештари баҳс, ҷамъомад ва анҷумани уламову удабо, толибилмону омӯзгорон дар китобхона ва саҳнаву толорҳои Мадраса баргузор мегардиданд.

Дар баҳсу талошҳои уламо толибилмон иштирок мекарданд ва файз мебардоштанд.

Саъдӣ ҳам кӯлвори маърифати хешро аз шунидаву дидааш пурбор_кард ва чанд соли тӯлонӣ аз ин гулистон гули маънӣ бичид. Ӯ яке аз шогирдони пешқадами Мадраса маҳсуб мешуд ва барои ҳамин идрорпулӣ (маош ё мукофотпулӣ) мегирифт.

Дар солҳои пасин дар баҳсу мунозираи уламо на ҳамчун толибилм ё ҳамчун шогирд иштирок мекард, балки ҳамрадифи эшон буд. Суол мешуниду посух медод ва хеш хам масъалае ба муҳокима мегузошт ва посухи ононро мешуниду радду бадал мекард. Ҳамин тавр, уламо ки борҳо донишу фазилати Саъдиро диданд, эҳсос карданд ва ба ӯ фотиҳаи хатми Мадраса доданд.