КАМОЛ ҲАМЧУН ШОИРИ ХУДШИНОС ВА ВАТАНДӮСТ

КАМОЛ ҲАМЧУН ШОИРИ ХУДШИНОС ВА ВАТАНДӮСТ

Мавзӯи Ваган ва ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷику форс таърихи куҳан дорад. Бахусус, пас аз соҳибистикдол гардидани мардуми мо ва ба сари қудрат омадани сулолаи Сомониён ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар байни мардуми худогоҳ, ахли калам, арбобони илму фан, ҳокимону волиёни ачамтабор ва ниҳоят шоҳони ин хонадон мисли Исмоили Сомонӣ бо фарзандонаш пайдо шуду густариш ёфт. Дар эҷодиёти ӯстод Рудакӣ ин мавзӯъ хеле густурдааст. Устод хиштҳои аввалинро гузоштаанд. Шеъри «Бӯи ҷӯи мӯлиён »-ро намунаи беҳтарини ашъори ватандӯстона метавон донист. Баъдтар ин мавзӯъ дар осори Фирдавсӣ ва Носири Хисрав бисёр амиқ ва пурдомана матраҳ гардидааст. Эҷодиёт ва рӯзгори Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозӣ аз ин мавзӯъ хеле серобанд. Саъдӣ аз сафарҳои тулонй боз гашта ба ватан омад. Ҳофиз ҳам Шерозро тарк кардан нахост. Оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро биҳишти руизаминй донист. Ҳамин тавр, ба суоли «ватандӯст ва худшинос кист?» - чунин посух бояд дод: Шаҳсе, ки ба забонаш, ба кишвараш, ба зодгоҳаш, ба хонаю мактабаш муҳаббат дорад, аз гузаштааш ифтиҳор мекунад, арҷ мегузорад, ӯ ватандӯсту худшинос аст. Аммо ватандӯсту худшинос он нест, ки танҳо ифтиҳор кунад ё аз бузургони пешин биболаду халос. Балки он аст, ки барои ободии Ватан, саодати халқу диёр саъю талош варзад, меҳнат намояд ва саҳм бигузорад. Хониши аъло, одобу рафтори ҳамида, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва ба хусус омӯзгорон низ аз худшиносӣ ва худогох,ию ватандӯстии шумо, шогирдони азиз, сарчашма мегирад, файзу баракат меёбад.

Камоли Хуҷандӣ давраи кӯдакию ҷавонияшро дар Ватан гузаронид. Ватан ӯро тарбият кард, ба камол расонд. Ӯ аввалин абёти рангинашро дар Ватан, дар Хуҷанд эҷод кард ва баъд барои ҳаҷ кардан ҷомаи сафар пӯшид. Ҳамон зайле ки аз тарчумаи ҳолаш равшан гардид, Камол пас аз зиёрати Каъба дар шахри Табрез монд ва дигар ба Ватан баргашта натавонист. Ӯ ҳамеша бо Ватан мезист ва ҳамон ғазали «Ғарибӣ»- ро дар бораи сахтии фирок аз Ватан пеш аз маргаш эчод кард. Алҳол ин ғазалро ба ёд оред, аз ёд хонед ва мазмуни ҳар байташро шарх диҳед.

Ғазалҳои дар мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ иншокардаи шоир хеле зиёданд. Камол онҳоро бо дарду алами беинтихо бо маҳорати баланд ва хунари воло сурудааст. Шоир, пеш аз хама, аз диёри худ - шаҳри Хуҷанд ифтиҳор мекунад ва бо камоли меҳру садоқат, бо як ҳисси пурифтиҳору болидагӣ хешро «хуҷандӣ» мешуморад:

Бо лутфи табъ мардуми Шероз аз Камол

Бовар намекунанд, ки гӯям хуҷандиям.

Чаро мардуми Шероз аз хуҷандӣ будани Камол бовар надоранд? Ин ба он хотир аст, ки Шероз ва танҳо Шероз шахри шеъру шоирӣ, ҷойгоҳи шоирони бузург мисли Саъдӣ ва Ҳофиз дониста мешуд.

Хоки Хуҷандро, ки зи Шероз кам ниҳанд,

Омад ба рӯзгори ту обеш рӯи кор.

Дар ин байт шоир тасдиқ мекунад, ки бале, пеш то омадани банда сухани мардуми Шероз шояд асос ё воқеият дошта бошад, аммо чун ман сари кор омадам, дигар иддаои мардуми Шероз аз нигоҳи воқеъият нест.

Мусаллам аст, ки ин шаҳри бостонию фарҳангӣ дар тули мавҷудияти худ мисли Камол шоири тавоноро надидааст. Ҳамин маъниро ҳанӯз ҳафтсад сол пеш худи Камол дарк карда буд:

Гар биҷӯянд, ба сад ҷари наёбанд Камол,

Булбуле чун ту ғазалхон ба чаманҳои Хуҷанд.

Ope, имрӯз хам сухани Камол ба ҷост ва мисли ӯ шоири тавоное ба дунё наомада. Камол дар як ғазалаш шеъри худро ба кӯҳи Хуҷанд монанд намудааст. Аз ин нигоҳ ташбеҳи шоир нав аст ва хеле шоирона омадааст:

Чун кӯҳи Хуҷанд омад ин шеър,

Бообу баландному маҳкам.

Камол то лаҳзаҳои охири ҳаёт ёди Ватан кард ва бо ҳамин дард зиндагиро падруд гуфт:

Менагардад дилам аз дарди фалак рӯзе шод,

Ба ман ин гуссаи талху вами даврон то кай?

Охир, эй бахт, маро роҳ ба манзил бирасон,

Ки ба ҷон омадам, ин ранҷи биёбон то кай?

ё:

Меҳнати гурбату танҳоии шаб кушт маро,

Охир, эй шоми ғарибӣ, ба cap ой, чӣ шавад?

Камоли Хуҷандӣ натанҳо як шоири бузурги ғазалсаро буд, балки ориф ва шайхи шинохта ва эътирофгаштаи замони худ

буд. Аз ин нигоҳ дар рӯзгораш ва пас аз вафоташ нисбати ӯ дар байни халқ накду ривоятҳои зиёде пайдо гардиданд. Дар бораи бузургвории шайх Камол яке аз ҳамзамонон ва наздикони адиб ривояти аҷибе меорад ва ин ҷо нақли онро раво медонем. Мавзӯи ривоят низ ба мавзӯи боло - яъне ғарибӣ, ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстии Камол пайванд аст. Азизи Давлатободӣ дар тафсири «Рӯҳулбаён» чунин нигоштааст:

«Гӯянд: Рӯзе Бисотии шоир шайх Камолиддини Хуҷандиро дар маҷлиси шуаро диду гуфт:

-Аз куҷоӣ, аз куҷоӣ, эй лаванд?»

Шайх фавран ҷавоб дод:

- «Аз Хуҷандам, аз Хуҷандам, аз Хуҷанд!!!»

Вале аз одоби вай шайх озурдаҳотир гашт ва ин ҳаракати норавои ӯро хамл ба мастии ӯ намуд ва гуфт- «Лобуд ин шоир маст аст».

Бисотӣ ин бишнид ва бадеҳатан гуфт:

Сияҳчаиш асту мардумкуш, хароби гсшзаи ӯям,

Аз он дар айпи ҳушёрӣ сухан мастона мегуям.

Сипас ба тариқи ҳаҷв боз ӯ гуфт:

Эй мулҳиди хуҷандӣ, рииш бузург дорӣ,

К- аз ғояти бузургӣ даҳ риш метавон кард.

Шайх Камол бисёр нохуш шуд ва нафринкунон гуфт: «Аз ин маҷлис ҷон ба саломат набарӣ!» Аз таъсири нафаси шарифи шайх Камол Бисотӣ ҳамон замон ҷон ба Ҷонофарин супурд».

Камоли Хуҷандӣ тамаъҷӯй ва тамаъгар набуд ва пеши шоҳону ҳокимони замона cap фурӯд намеовард ва дар ҳаққашон шеъри мадҳӣ ҳам намегуфт. Бинобар ин дар сухан гуфтан соҳибихтиёр буд. Ӯ, чуноне ки дар боло дидем, намояндагони динро сарзаниш ва мазаммат кардааст, зӯхду риё ва рафторхои нопоки онҳоро написандидааст.

Камол, ки ниёз ба шоҳону ҳокимон надошт, ҳаргиз пеши онон cap хам накардааст ва ҳар чӣ тақозои амри дилаш буд, ҳамонро бебокона гуфта, хешро подшоҳи вақт медонист:

Камол аз подшаҳ дорад фароғат,

Ба вақти хеш ӯ ҳам подшоҳ аст.

 ё:

Дасти султонро намебусад Камол,

Нест султонро ба дарвеш эҳтиёҷ.

Ҳамин гуна андешаҳои риндона, дар эҷодиёти Камол хеле зиёданд. Камол ба зоҳид рӯ меорад ва бебокона таъкидаш менамояд, ки агар ту биҳишт хоҳӣ ва биҳишт биҷӯӣ, биҷӯ! Камол бошад, Валиёнкӯҳ хоҳаду Табрез, зеро дар чорбоғи биҳиштосои хеш рӯзгори хуш дорад. Бо дӯстони ҷонӣ дар ҳамин Валиёнкӯҳ будан, сӯҳбат оростан, ғубори дилро баровардан кайфияте дорад:

Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро,

Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро.

Гӯиям рӯзе: «Бирав! Султони вақти хеш бош!»

Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро.

Реклама