САВОЛ ВА СУПОРИШ

САВОЛ ВА СУПОРИШ

 

1.   Зодгоҳ ва шаҳрхоеро, ки Убайди Зоконӣ рафта, илм омӯхтааст ё зиндагӣ кардааст (Қазвин, Шероз, Бағдод) аз харита ёбед?

2.   Чаро ба Шероз нависанда дилбастагии зиёд дошт?

3.   Сабаби қарздор шудану аз қарзхоҳон дар ашъораш ёд кардани Убайд дар чист?

4.   Чаро Убайдро бедину ҷаҳаннамӣ гуфтаанд?

5.   Асарҳои назмии Убайдро номбар кунед ва шарҳ диҳед.

6.   Оё Убайд достоин ишқӣ гуфтааст?

7.   Қиссаи «Мушу Гурба»-ро чӣ туна асар метавон гуфт?

8.   Нависанда дар симои Мушу Гурба кадом табақоти ҷомеаро нишон додааст?

9.   Дар симои Гурба рафтору кирдори шоҳони Чингиз инъикос ёфтааст. Шумо ба ин ақида розӣ ҳастед?

10.    Чаро Гурба дар анҷоми қисса боз аз банд рахо ёфта, мушонро торумор кард?

11.    Нависанда бо ин тарз хал кардани кулминатсияи қисса чӣ гуфтан мехоҳад?

12.    Дар бораи асарҳои насрии Убайд маълумот диҳед.

13.    Чаро Убайд номи рисолаашро «Ахлоқ-ул-ашроф» гузошт?

14.    Мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявии ҳикоёти рисолаи «Дилкушо»-ро гӯед.

15.    Нависанда нисбати шоҳони гузашта, аз ҷумла Султон Маҳмуди Ғазнавӣ чӣ туна муносибат кардааст?

16.    Мегӯянд, ки Убайд аз байни мардум бисёр латифаҳоро гирд оварда ба асараш дохил кардааст. Шумо ба ин фикр розӣ ҳастед?

17.    Рисолаи «Даҳ фасл» бо кадом хусусиятҳои худ аз асархои танқидӣ фарк мекунад?

18.    Убайд чашми қозиро ба зарфе монанд кардааст. Муроди Убайд аз ин чист?

19.    Чаро Убайд таъкид кардааст, ки қозию хамкоронаш ҳаргиз Биҳиштро набинанд?

20.    Чаро Убайд воизонро танқид намудааст? «Корашон ба гуфторашон муофиқ намеояд» чи маъно дорад? Ҳамин маъниро бо мисол шарҳ диҳед.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМӢ ВА МЕТОДӢ

1.   Дастҷамъӣ, Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XIII-XIV (боби Убайди Зоконӣ ба калами М. Бақоев тааллуқ дорад), Душанбе, «Дониш», 1983.

2.   Убайди Зоконӣ, Куллиёти мунтахаб, Душанбе, 1963.

3.   Туйчӣ Мирзод, Қурбон Хоҷаев ва Шамсулло Исломов, Методикаи таълими адабиёти тоҷик, Душанбе, «Маориф», 1991.