САХОВАТ ВА ЭҲСОН

САХОВАТ ВА ЭҲСОН

Саховат сабаби некномӣ ва эҳсон муҷиби дӯсткомӣ ва хуҷистафарҷомист. Ва аз фазилати ҷуд яке он аст, ки дилҳои халоиқ ҷавонмардонро дӯст дорад, ҳарчанд аз эҳсон баҳрае бад- эшон нарасида бошад. Масалан, агар мардуми Хуросон бишунаванд, ки дар Ироқ марде карим ва ҷавонмард аст, ҳама ӯро дӯст хоҳанд дошт ва ба ӯ офарин хоҳанд гуфт. Балки каримеро, ки дар қайди ҳаёт набошад, ёд кунанд, ҳама кас санои ӯ гӯянд. Чунончи Ҳотами Тайро, ки дар таърихи таълифи ин рисола, ки 907 сол гузашта, ҳанӯз баҳори зикраш ба раёҳини офарин ороста аст ва чамани некномиаш бо пирояи сано ва таҳсин пироста.

Фард:

Намонд Ҳотами Той, валек то ба абад Бимонд номи баландаш ба некӯӣ машҳур.

Пас аз ин гуфтор ё гузориши назария бевосита ҳикояти «Ҳотам ва подшоҳи Рум» огоз меёбад. Намунаи боло гувоҳи он аст, ки забони гуфтори нависанда ширин, бетакаллуф аст. Дар бисёр мавридҳо Кошифӣ аз санъати саҷъ моҳирона истифода бурдааст.

Реклама