Нахуст дар он замон ба Бағдод аз Мовароуннаҳру Хуросон гурезаҳо бисёр меомаданд. Ва аз омад-омади чингизиёни хунхор ба мардуми Бағдоду дигар шаҳру деҳот хабари талх меоварданд. Медонистанд, ки имрӯз ё фардо қадами шуму номубораки чингизиён ба ин ҷо низ хоҳад расид.
Сабаби дуввуми ҷомаи сафар пӯшидани шайхи бузургвор ва ғарибиро ихтиёр кардани ӯ дар оғози «Бӯстон» чунин омада:
Дар ақсои олам бигаштам басе,
Ба cap бурдам айём бо ҳар касе.
Таматтӯъ зи ҳар гӯшае ёфтам,
Зи ҳар хирмане хунте ёфтам.
Чу покони Шерози покиниҳод,
Надидам, ки раҳмат бар ин хок бод!
Ҳамин тавр, ба муроди дарёфт намудани «хӯшае аз ҳар гӯшае» озими роҳ гардид. Ибораи «хунае аз ҳар гӯшае» бори маънӣ дорад ва адиби бузург аз санъати маҷозу киноя бамаврид истифода бурдааст. Гӯша - ин кишварҳо, давлатҳо, шаҳру деҳоти дидааш ва хирман ҳам ҳамин маъниро дорад. Хӯша бошад, ҳикоёте, ривоёте, киссае, саргузаште ё панду андарзҳои шунидааш мебошад.
Саъдӣ, чунон ки сарчашмаҳо ёд кардаанд, беш аз сӣ соли рӯзгори ҷавониашро дар ақсои олам гузаронидааст.
Нахуст, Маккаву Мадинаро зиёрат кард ва пасон ба Миср, Фаластин, Андалус, Озарбойҷон, Арманистон, Осиёи Хурд, Моваруннаҳру Хуросон, Кошғар, Ҳиндустон саёҳат кард. Ӯ ба Балху Бухоро, Самарқанду Бомиён, Вахшонзамин сафар кард. Дар ин кишварҳою шаҳрҳо бо аҳли зиё сӯҳбатҳо намуд. Аз сухани ноб, аз абёти тару тоза ҳадяашон бикард ва аз онон низ хӯша чид. Саъдӣ дар ин сафари тӯлониаш бо дуздону авбошон низ ҳамрозу ҳамкоса гардид, бо мусавиёну насрониён сухан дарёфт, розу ниёзи габрону зардуштиёнро шунид, валвалаю симои қаландаронаро хуб тамошо кард ва бо оҳанги онон бирақсид ва барояшон ғазалҳои ошиқонаву орифона бигуфт.
Ӯ чун Синдбоди дарёгард уқёнусу баҳрҳои мухталифи дунёро мисли уқёнуси Ҳинд, Атлантик, баҳрҳои Сурх, Миёназамин, Сиёҳ, Каспий, Уммон ва ғайраро бо киштиҳои бодбонӣ, бо роҳнамоии маллоҳону сайёҳон гузашт, ки пасон ҳикояту саргузаштҳои хотирмони гашту гузорҳо дар «Гулистон» ва «Бӯстон» хеле ба ҷо сабт ёфтаанд. Метавонем бо камоли боварӣ бигӯем, ки Саъдӣ дар тӯли ҳаёти хеш, дар тӯли сафарҳои баҳрубарияш се қитъаи олам: Осиё, Аврупо ва Африқоро гоҳ пиёдаву гоҳ савора давр зад ва кӯлвори хешро аз хӯшаҳо пурбор карду пасон роҳи Ватан, роҳи Шерозро пеш гирифт. Чун ба Шероз по гузошт, шаҳрро обод диду мардумро осуда, шукрона кард, ки диёраш аз хуношомии чингизиён осеб надидааст, балки боз ободтар гардидааст. Бинобар ин, нависанда шоҳ Атобаки Саъдӣ Зангиро ситоиш мекунад:
Забоноваре, к-андар ин амну дод,
Сипосат нагӯяд, забонаш мабод?
Ба аҳди ту мебинам ороми халқ,
Пас аз ту надонам саранҷоми халқ.
Реклама