Ҳар байти Камол, албатта, як мазмуни хоси тозаи обнарасида дорад ва ӯ аз дигарон ҳам ҳамин мазмуни хосро талаб мекунад.
Камол устоди бузурги забон аст. Ӯ дар аксар байтҳои худ як ё ду сухани думаънидорро кор мефармояд, ки бо гирифтани ҳар кадоми он маъниҳо мазмуни он байт пурра мебарояд.
Устод Айнӣ
Мавзеи Валиёнкӯҳ ҷойи босафоест. Он дар атрофи шарқии шаҳри Табрез, дар домани кӯҳ воқеъ гардидааст. Боғоти мардуми дорои шаҳрнишин дар Валиёнкӯҳ домон густурдааст. Эшон дар се фасли сол: баҳор, тобистон ва тирамоҳ он ҷо ба фароғату меҳнат вақти қимати хешро масруф медоранд ва бештари соҳибони боғ аз ҳосили меваҷоти он боғҳо рӯзгори хешро пеш мебаранд ва ҳамчунон соҳиби давлату сарват шудаанд. Инак, роҳи мо он ҷост ва мехоҳем бо шумо лаҳзае он ҷо бошему аз насими рӯҳбахши Валиёнк) ҳ лаҳзае, соате, фоидае бардорем ва андак ҳузуру ҳаловате намоем.
Аз дарвозаи дутабақаи ороста бо нақшунигор вориди боғ гардидем. Бешубҳа, чорбоғ ба таърифу тавсиф арзанда ва шоиста будааст.
Хиёбони ду тарафи он гулзор. Вале ҳусну малоҳати онҳо коста, баргҳои заъфаронии гулҳо болои замин рехта, қолинҳои пурнақшу нигорро пеши назар оварда ва шукӯҳу шаҳомати чорбоғро ҳусни тоза бахшидаанд. Аз гулзор андак канортар радаи дарахтони сермева cap ба замин ниҳодаанд ва гӯё мо - меҳмононро истиқболу пазироӣ доранд. Чун ба қалби чорбоғ расидем қасри бошукӯҳе моро истиқбол гирифт. Дар пешгоҳи қаср суффаи бузурге муязан шуда. Аз он поёнтар сарҳавз бунёд ёфтааст. Гирдогирди онро дарахтони маҷнунбед, шамшод, анҷир, себу зардолу зеб медоданд. Себҳои суп-сурх болои оби мусаффои сарҳавз чун тифлони шӯх болои об бозӣ мекарданд. Аз насими шӯху бозии себу анҷирҳо бинанда ҳаловат ва лаззат мебурд. Болои сӯфа чанд нафар мардони солор ва ҷавонон нишаста. Дар байнашон болотар аз ҳама пири хирадманде болои бистар такя зада. Аз ду тарафаш ду ҷавонмард такя медоранд. Пири дунёдида бо аҳли нишаст сӯҳбат дорад. Ӯ оҳиста қарф мезанад. Аз афташ, дардманд аст. Бузургон бо камоли эҳтиром ва эътиқод ба суханони он бузургвор гӯш медиҳанд. Мо ба эшон наздик мешавем
- Азизон, дунё ҳамин аст, омадем, боз меравем. «Осиёб ба навбат» гуфтаанд. Вале агар инсон дар дил умеду орзуе дошта бошаду ба он нарасида ҷон ба Ҳақ таслим кунад, бисёр кори бад аст, балки дарднок ва аламовар мебошад. Алқисса, ин орзую умедро бо худ ба гӯр мебарад. Бори нахуст аст, ки банда дарди диламро ба шумо ифшо мекунам, бори аввал аст, ки назди шумо диламро мекушоям. Ин ба он хотир аст, ки шумо пайвандонам, дустонам, шогирдонам бидонед, ки ман чӣ умеду орзу доштам. Барои ин ту, шогирди меҳрубон, Содиқи Солеҳ, бархезу рафта дафтару давоту калам биёр ва дарди диламро рӯйи когаз биёр! Шояд ин абёти охирини ман бошад ва зимнан котибии Шумо хам?!
- Ба чашм, Устод! Аммо Шумо ин тавр нагӯед. Ҳоло бокувват. Сӯҳбат имрӯз хеле тафсид. Иншооллоҳ, фардо ба по мехезед. Дар ғундоштани ҳосили дарахтон роҳбару сарварамон мешавед.
- Акнун бе ман, шумо - пайвандонам, ин корҳоро анҷом хоҳед дод.
Рафту тез бозомад ва дар рӯ ба рӯйи устод нишаст ва омодаи навиштан гардид.
- Дӯстони меҳрубон! Кайҳост, ки ин ғазалро гуфтаам, вале ҳанӯз касе аз он воқиф нест. Онро дар ниҳонхонаи дил маҳфуз гузоштаам. Имрӯз соатам фаро расид, то як пораи диламро пеши шумо гузорам.
Азизонам! Шумо хуб медонед, ки мани бечора дар ин шаҳри шумо ғарибу мусофирам. Ғарибӣ дарди бедармон будааст. Ман бо шумо бошам хам, дилам, он ҷост дар Ватан, дар Хучанд аст. Акнун, мулло Содиқ, навис:
Дил мукими куйи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб.
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бе по ғариб?!
Чун ту дар гурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо?
Меҳнати гурбат надонад ҳеҷ кас, илло ғариб.
Ҳаргиз азроҳи карам рӯзе напурсидй, ки чист?
Холи зори мустаманди монда дур аз мо ғариб?
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре ки мебинӣ, ки афтад бо ғариб.
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!
Шоир пас аз ин хомӯш монд, аз гуфтор лаб бает. Ҳозирин низ хомӯш буданду аз чашмонашон ашк шашқатор мерехт. Лаҳзаҳои дардомез оҳиста-оҳиста, вале хеле пурсӯз гузаштанд. Камол боз cap боло кард ва бо чашмони фурӯрафтааш оқилона, хирадмандона ва мустамандона ба ёрону шогирдони бовафояш назар афканда гуфт:
- Шогирдони меҳрубон, дӯстон, шояд шумо ба фақири ғариб суол диҳед, ки чаро дар ҷавонию миёнсолиятон ба Ватан барнагаштеду имрӯз ва дар ин лаҳзаҳо ёди Хуҷанд мекунеду нолаи пурсӯз доред? Ба ин суол посух додан хам душвор асту ҳам осон. Ба ҳар қол, дар ин маврид посух додан айни муддаост. Бояд шумо аз ҳақиқати ҳол огоҳ бошед. Ба ин хотир, таманнои он дорам, то шуморо бо рӯзгори пешинам андак ошно созам. Қиссаи рӯзгори банда чандон дароз нест, вале басо дарднок аст.
Ман дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар лаби руди Сайҳун, ки баъдтар онро Сир номиданд, ба дунё омадаам. Дар ҳамин ҷо ба Мадраса дохил шуда, илму дониш омӯхтам ва аз илмҳои маъмули замона: илми калом, фиқҳ, таърих, адабиёт ва ғайра бархурдор шудам. Шеъргӯиро хеле барвақт cap кардам, он вақт ҳанӯз кӯдак будам. Падарам аз ахди доро ва аз авлоди сайидиҳо буд. Дар Хуҷанд ва тобеоти он мақому манзалат доштанд. Аз ин лиҳоз, барои касбу камолоти банда шароит муҳайё буд. Пас аз хатми Мадраса бо иҷозати волидайн сафари ҳаҷро ихтиёр кардам. Он вақт (с. 1356) аз умрам 35 сол гузашта буд. Дар роҳ азоби сахт кашидам. Сарбозони ғоратгари мугул харҷи роҳамро ситонданд ва ман бо сад душворӣ ба Макка расидам. Пас аз зиёрати Каъба ба Табриз - ба ҳамин шаҳри шумо омадам. Табриз шаҳри озодаю обод буд ва ба ман хуш омад ва ман дар ин ҷо иқомат ихтиёр намудам. Мурод доштам, ки андак дами беғам занам. Аз бузургонаш илму адаб омӯзам, таълим бигирам ва пас ба Ватан баргардам. Сад афсӯс, ки ин тавр нашуд. Тухтамишхон - яке аз авлодони Чингизи хунхор бо лашкари гарон қасди Табриз кард. Ин ҳокими хунхор нахуст Дарандро, чанде баъдтарТабризро чун тунбоди шум ба қалбаш фурӯ бурд. Бештари шумо ба ин ҳаводиси пурмоҷаро шоҳид будед. Ин марди хунхор аз ин шаҳри ободон сарвату боигарии зиёдеро ба ягмо бурда, мардумро хонахароб кард. Маро низ бо хоҳиши бонуи дӯстдоштааш гулом карда, ба пойтахташ - шаҳри Сарой бурд. Чор сол он ҷо бимондам. Аз он бесаводон эҳтиром дидам. Барон завҷаи Тухтамишхон ғазал эҷод мекардам. Дар базму хурсандиҳои дарборӣ ғазалҳои ошиқонаи бандаро мутрибон замзама мекарданд. Яке аз ғазалҳои пуршӯре, ки ба онон хеле писанд омада буд, чунин матлаъ дошт:
Агар Сарой чунин асту дилбарони Сарой,
Биёр бода, ки ман фориғам зи ҳарду сарой!
Дустони азиз, ин шабнишиниҳою хурсандиҳо бароям қимате надоштанд, чунки он даргоҳ бароям мотамсароеро мемонд. Қасд кардам, ки аз Сарой гурезам. Шароит ҳам бароям муҳайё гардид. Амир Темури Курагон алайҳи Тухтамиш лашкар кашида (с. 1385), Саройро ишгол намуд. Тухтамиш гурезон шуд. Ман хостам, ки аз ҳамон ҷо ба Ватан бозгардам, вале ба мурод нарасидам. Одамони Темур дар роҳ маро дастгир намуданд ва он чӣ доштам, ҳамаро ба ягмо бурданд ва бандаро боз ба Сарой оварданд. Ман боз ба Табриз баргаштам ва аз он рӯз то ин дам бо шумоям, азизонам. Ин аст қиссаи рузгори ман. Акнун маро хобонед, монда шудам. Кайҳо мехостам, ки ба шумо саргузашти талхамро қисса кунам, вале ҳеҷ мавриди муносиб намешуд. Шукри Худой таъоло, ки имрӯз ба мурод расидам. Аз шумо илтиҷо мекунам, ки он чӣ гуфтам, пас аз марғам ба дӯстон ва ҳамдиёронам расонед, қисса кунед. ки Камоли ғариб ягон лаҳза бе ёди Ватан, бе ёди Хуҷанд набуд.
Мувофиқи хоҳишаш Камолиддин Масъудро хобонданд. Ӯ дигар гan назад, лаб аз гуфтор бубаст, монда шуда буд, чашмонашро пӯшида, оҳиста нафас мекашид. Ёрону шогирдони вафодор хомӯшона ба марди бомаърифату пири тариқат назар мекарданд ва гӯё ба ӯ видоъ мегуфтанд. Содиқи Солеҳ дасту пои сардгаштаи устодро мемолид. Пас ба шайх Наҷмиддини Табрезй ишорат намуд, бо амри эшон Содиқи Солеҳ огози тиловати сураи Ёсин кард.
Ҳамин тавр, баъд аз чанд лаҳза дили шоири бузург Камоли Хуҷандӣ аз задан боз монд, ки ин дар соли 1401 ба вуқӯъ омада буд.
Реклама