САНЪАТИ ТАЗОДУ МУҚОБИЛА

САНЪАТИ ТАЗОДУ МУҚОБИЛА

1.        Болобалани ишвагари нақшбози ман

Кӯтоҳ кард қиссаи зуҳди дарози ман.

2.        Дар остони ҷонон аз осмон бияндеш,

К-аз авҷи сарбаландӣ афтӣ ба хоки пасти.

3.        Хоҳӣ, ки сахту сусти ҷаҳон бар ту бигзарад,

Бигзар зи аҳди сусту сухащои сахти хеш.

4.        Дило, зи ҳаҷр макун нола, дон, ки дар олам,

Ғам асту шодию хору гулу нишебу фароз.

Санъати тазод он аст, ки ду чиз, ду ва зиёда ашё аз лиҳози мазмун ё маънӣ зидди якдигар гузошта мешаванд. Аз ҳамин нигоҳ, дар байти нахуст калимаҳои баланд бо паст, дар байти

дуввум остон (яъне замин) бо осмон, сарбаландй бо хоки пастӣ, дар байти сеюм сустӣ ба сахтӣ ва ниҳоят, дар байти чорум ва мисраи дуюм тамоми мисраъ бо санъати тазоду муқобила бунёд ёфтааст, ки зерашон хат кашидаем.

Реклама