«Гулистон»-и Муслиҳиддин Саъдии Шерозиро метавон ба чорбоғи Ирам шабеҳ кард. Ҳангоме ки вориди он мегардед, пеши назаратон ҳашт гулгашт, ҳашт равзана ё ҳашт растаи гулзор намоён хоҳад гашт. Ин равзанаҳо бо гулҳои рангоранги худ аз ҳам фарқ доранд. Яке сурх, дигаре норинҷӣ, сеюм бунафш, чорумӣ лаълфом, панҷумӣ гулобӣ, шашумӣ нилобӣ ва амсоли ҳамин басо назаррабову диловез, чун арӯсони чаман аз вазидани насими накҳатомез ҷавлон зада сабук мехироманд. Гулҳои ин гулзор ҳаргиз пажмурда, камрангу хазон намегарданд, ҳаргиз боди хазон баргҳояшонро нисори замини зарринқабо намегардонад. Ин гулистон барои чаҳор фасли сол яксон мемонад. Накҳату буйи гулҳои рангорангаш дар ин чор фасл ба ақсои олам паҳну парешон мегардад ва ба дардҳо дармону ба қалби мардуми сайёра сомон мебахшанд. Шайх Саъдӣ аз офариниши ин кохи адаб шод аст. Аз он шод аст, ки барои миллаташ, барои инсонҳои сайёра чунин гулбоғи тару тозаро ороста кардааст. Умри хешро зоеъ нагузаронидааст. Ва худ, ки марди оқилу фозил буд, пайғамбаронаву соҳирона ояндаи «Гулистон»-ро дониста, шоиставу арзанда гуфтааст:
Ба чӣ кор оядат зи гул табаке,
Аз «Гулистон»-и ман бибар варақе.
Гул ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад,
В-ин «Гулистон» ҳамеша хуш бошад.
Оре, ҳақ ба ҷониби Саъдист. «Гулистон» бехазону ҷовидон аст ва ҳамин тавр хоҳад монд.
Саъдӣ «Гулистон»-ро пас аз «Бӯстон» иншо кардааст. Ин шоҳасар аз тарафи ховаршиносон ва муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ яке аз бузургтарин асари давру замон эътироф шудааст ва ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума гардидааст. Ба ганҷинаи фарҳангу адаби тамаддуни башарӣ ҳамчун ганҷи пурбаҳои ақлонӣ ворид гардидааст.
«Гулистон» соли 1258 эҷод шудааст. Чунонки дар боло зикр шуд, аз ҳашт равза ё боб иборат аст. Таваҷҷӯҳ кунед ба нақша:
Гулистон асари насрист, вале бо пораҳои шеърӣ, қитъаҳо, рубоиёт ё байтҳои алоҳида ороста шудааст. Баъзан ҳикоёти назмӣ низ омадаанд, вале онҳо хеле каманд. Дар охири ҳикоёт пораҳои шеърӣ оварда шудаанд, ки онҳо фикри нависандаро ҷамъбаст менамоянд ё хулосаи ҳикоят мебошанд. Масалан, ҳикояи зерро бигирем:
«Яке аз мулуки (подшоҳ) беинсоф порсоеро пурсид:
- Аз ибодатҳо кадом фозилтар аст?
Гуфт:
- Typo хоби нимрӯз, то дар он як нафас халқро наёзорӣ!»
Пас аз ин нависанда фикрашро хулоса намуда, қитъаи поёнро меорад:
Золимеро хуфта дидам ними рӯз,
Гуфтам: «Ин фитнаст, хобаш бурда беҳ!
В-он ки хобаш беҳ зи бедорӣ бувад,
Аз чу нон бару зиндагонӣ мурда беҳ!
Саъдӣ «Гулистон»- ро бо дебочае оғоз кардааст. Дар он нависанда сабабу мақсади асарро баён кардааст. Ӯ бо камоли ифтихор аз натиҷаи сафари тӯлониаш (30 сол), аз дидаву шунидаҳояш, аз ҳолу аҳволи халқҳои кишварҳои дунё ёдовар шудааст. Пасон таъкид менамояд, ки ҳамаи ин дурру гуҳар, хазонаи зару зевар набояд дар дил бимонаду онро ба гӯр бибарам. Зарур ва қарзи хеш медонам, то дари хазинаи суханро барои миллатам, барои мардуми кишварам, барои инсонҳои рӯи замин бикшоям ва аз дурру гуҳари ноёб нисорашон бикунам. Алҳақ, бо камоли шоистагӣ ин амалро сомон дод. Дар ҳамин дебоча дар бораи мамдуҳони хеш - шоҳони Форс - Атобакон, аз ҷумла Абубакр ибни Саъди Зангӣ гуфтани чанд ҷумларо муносиб донистааст.
Пас аз ин Саъдӣ таркиби фаслҳои «Гулистон-ро» ёд карда ва ин шоҳасарро бо овардани байти зер оғоз кардааст:
Дар он муддат, ки моро вақти хуш буд,
Зи ҳиҷрат шашсаду панҷоҳу шаш буд.
Муроди мо насиҳат буду гуфтем,
Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.
Саъдӣ боби аввалро ба кору рафтор ва кирдори подшоҳон бахшидааст. Яъне «Сирати подшоҳон» ҳамин маънои болоро дорад. Нависанда дар ҳамин фасл сирати подшоҳонро бо некию бадиашон ба воситаи ҳикоёти пандомӯз нишон додаст. Ин фасл давоми мантиқии боби нахусти «Бӯстон»-и нависанда мебошад. Агар он ҷо Саъдӣ дар бораи усули давлатдорӣ, интихоби ашхоси олирутба, нигоҳ доштани лашкару аскар сухан гуфта бошад, акнун дар «Гулистон» дар бораи чигунагии шоҳон: хайру саховат, некиву адолат, меҳрубониву шафқати подшоҳ нисбати раияти кишвар ҳикоёти рангин меорад. Ва мутавозӣ бар ин хисоли номубораки шоҳони бедодгар, золим, носипос, бераҳму шафқатро сахт ба зери тозиёнаи танқид мегирад ва бо овардани ҳикоёти пандомӯз кирдори ношоистаи чунин шоҳонро маҳкум менамояд. Қаҳрамон ва персонажҳои ҳикоёти Саъдӣ подшоҳони асрҳои пешинанд, ки онҳо дар таърих хоҳ бо некӣ ё хоҳ бо бадиву бадкирдорӣ дар байни халқҳои олам шӯҳрат ёфтаанд. Гузашта аз ин, баъзан ҳикоётро аз номи «подшоҳе», яъне бе ном овардааст. Масалан, боби нахуст бо чунин ҳикоят оғоз ёфтааст: «Подшоҳеро шунидам, ки ба куштани асире ишорат кард. Бечора дар ҳолати ноумедӣ маликро дашном додан гирифт: «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишуяд, ҳар чӣ дар дил дорад, бигуяд».
Вақти зарурат чу намонад гурез,
Даст бигирад сари шамшери тез.
Малик пурсид:
- Чӣ мегӯяд?
Яке аз вузарои некмаҳзар гуфт:
-Эй Худованд, ҳамегӯяд: «Валкозимин алғайз вал офина анниннос».
Маликро раҳмат омад ва аз сари хуни ӯ даргузашт. Вазири дигар, ки зидди ӯ буд, гуфт:
- Абнои ҷинси маро нашояд дар ҳазрати подшоҳон ҷуз ба ростӣ сухан гуфтан. Ин маликро дашном дод ва носазо гуфт.
Малик рӯй аз ин сухан дарҳам оварда гуфт:
-Маро он дурӯғи вай писандидатар омад аз ин рост, ки ту гуфтӣ, ки рӯйи он дар маслиҳате буд ва бинои ин бар хубсе (бадӣ) ва хирадмандон гуфтаанд: «Дурӯғи маслиҳатомез беҳ, ки рости фитнаангез».
Саъдӣ дар ин ҳикоят подшоҳони хирадманду баинсофро ситоиш кардааст ва дар баробари ин таъкид менамояд, ки бояд шоҳ дар наздаш вазирони хирадманду баинсофро гирд оварад, ба мансаб лоиқ бигардонад ва амсоли вазири нахуст бошад. Аз ин нигоҳ ин панде буд барои шоҳони замонаш. Гузашта аз ин, Саъдӣ дар анҷоми ҳикояи мазкур боз ба насиҳати шоҳон гузашта, ононро ба инсофу адолат мехонад:
Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас,
Дил андар Ҷаҳонофарин банду бас.
Макун такя бар мулки дунёву пушт,
Ки бисер кас чун ту парварду кушт.
Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,
Чи бар тахт мурдан, чи бар рӯйи хок!
Пас аз ин дар «Ғулистон» боз ҳикояте омадааст, ки корҳои ношоиста, ҷабру зулми шоҳон, ба дунёпарастӣ, ҷамъ намудани сарвату бойигарӣ машғул будан ва барои ин садҳо шаҳру деҳот ва кишварҳоро ҳароб намуданро сахт накӯҳиш намудааст. Ин ҳикоят ҷанбаи воқеӣ дорад. Саъдӣ ҳикоят мекунад: «Яке аз мулуки (подшоҳ) Хуросон султон Маҳмуди Сабуктегинро ба хоб дид, ки ҷумлаи вуҷуди ӯ рехта буд ва хок шуда, магар чашмони ӯ, ки ҳамчунон дар чашмхона ҳамегардид ва назаре ҳамекард. Соири ҳукамо (ҷамъи ҳокимон, донишмандон) аз таъбири он фурӯ монданд, магар дарвеше, ки ба ҷой овард ва гуфт:
- Ҳанӯз нигарон аст, ки мулкаш ба дигарон аст».
Султон Маҳмуди Ғазнавӣ шоҳе муқтадир, мутаассиб ва сарватманд буд. Кишварҳои зиёд, аз ҷумла Ҳиндустонро ғорат кард, давлату дунё гирд овард, вале чунонки Саъдӣ мегуяд, оқибат зери хок шуд. Дар хок ҳам чашмаш ба давлату сарваташ нигарон, давлату сарваташ ба дигарон. Ба ин восита Саъдӣ ба подшоҳони замонаш рӯзгори Маҳмуд, кору рафтори ин подшоҳи ғоратгари дунёпарастро мисол оварда, маҳкуму мазаммат мекунад ва огоҳашон менамояд, ки ҳаргиз ба ин роҳ нараванд, набошад дар гӯр ҳам чашмашон ба ин давлату сарваташон нигарон мешавад, ҳатто дар гӯр ҳам осуда буда наметавонанд. Саъдӣ ба ин восита Чингизу чингизиёнро, ки дар рӯзгораш буданду дар хиёнату ҷиноят, дар афзун намудани бойигариву сарват аз Маҳмуди Ғазнавӣ гӯйӣ сабқат мебурданд, ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Чунонки дидем, дар ҳикояи «Чашмони Маҳмуд» фикри ҷамъбастӣ аз номи дарвеши бечорае оварда шудааст. Ин ба он маънист, ки агар шоҳ мисли султон Маҳмуд бошад, пас аз марг ҳам ноосуда аст, ҷазояшро мебинад. Ба ҳамин хотир кору рафтори ин шоҳи беинсоф барои шумо бояд панд бошад, бояд шумо дар назди халқ, дар назди Худо тавба кунед ва ба ин роҳе, ки султон Маҳмуд рафт, наравед.
Саъдии Шерозӣ асоси пойдорӣ ва шукуфоии кишвар ва осудаҳолии раиятро дар симои подшоҳи одилу баинсоф ва хирадманд мебинад.
Ӯ дар бисёр ҳикоёташ таъкид мекунад, ки агар шоҳ ин роҳро нодида бигирад ва ба раият зулму тааддиро раво бинад, кишвар пойдор нахоҳад монд. Саъдӣ барои исботи фикри боло ҳикояте меорад, ки мазмуни он чунин аст: «Яке аз мулуки (подшоҳон) Аҷамро ҳикоят кунанд, ки дасти татовул (ҷабру ситам, хиёнат) ба моли раият дароз карда буд ва ҷабру азият огоз карда, то ба ҷое, ки халқроҳи ғурбат гирифтанд. Чун раият кам шуд, иртифои вилоят нуқсон пазируфт ва хазина тиҳӣ монд ва душманон зӯр оварданд.
Боре ба маҷлиси ӯ китоби «Шоҳнома» мехонданд дар заволи мамлакати Заҳҳок ва аҳди Фаридун.
Вазир маликро пурсид:
- Ҳеҷ тавон донистан, ки Фаридун, ки ганҷу мулку ҳашам надошт, чӣ гуна бар ӯ мамлакат муқаррар шуд? Гуфт:
- Ончунон, ки шунидӣ халқе бар ӯ ба таассуб гирд омаданд ва тақвият карданд, подшоҳӣ ёфт.
Гуфт: -Эй малик! Чун гирд омадани халқе мучиби подшоҳист, ту халқро парешон барои чӣ мекунӣ? Магар сари подшоҳӣ кардан надорӣ?
Малик гуфт:- Муҷиби гирд омадани сипоҳу раият чӣ бошад?
Гуфт:
-Подшоҳро карам бояд, то бар ӯ гирд оянд, то дар паноҳи давлаташ эмин нишинанд ва туро ин ҳар ду нест».
Подшоҳ аз ин суханони талхи вазир ранҷиду ӯро ба зиндон фиристод. Чанд муддате нагузашта, ба андак саъйи душманонаш ва дастгирии раияту лашкар подшоҳӣ аз дасташ бирафт.
Саъдӣ моҳияту мақсади ҳикояро ба ин тариқ ҷамъбаст намудааст:
Подшоҳе, к-ӯ раво дорад ситам бар зердаст,
Дӯстдораш рӯзи сахтӣ душмани зуровар аст.
Бо раият сулҳ кун в-аз чанги хасм эмин нишин,
3-он ки шоҳаншоҳи одилро раият лашкар аст.
Ҳамин тавр, ибораи «сулҳ бо раият» маънои васеъ дорад. Агар зиндагии раият хуб бошаду аз ҳар гуна зулму тааддии золимон эмин, агар худи шоҳу вазир баинсоф бошанду дар ҳаққи раият некиро раво бинанд ва чашми тамаъ аз моли онон бигиранд ва ниҳоят кори хеш ба муроди раият бикунанд, ҳамин аст «сулҳ бо раият»-и кишвар, ҳамин аст пойдории мулк ва ниҳоят ҳамин аст ғолибияти Фаридун аз болои Заҳҳоки золиму хунхор. Агар ба чунин роҳ, ки гуфтем, гом назанад, золиму зулмпарвар бошад, барои хеш дунёву сарват ҷамъ кунад ва кишвару раиятро аз ҳокимону волиёни ситамкор, беинсоф, ҷаббор муҳофизат нанамояд, дар он сурат ин ду қувваи бузург - раият ва лашкар аз чунин подшоҳ рӯ бигардонанд ва мулк ба осонӣ аз дасташ биравад ва мисли Заҳҳок хокдаҳан бигардад. Хулосаи Саъдӣ чунин аст:
Накунад ҷаврпеша султонӣ,
Ки наояд зи гург чӯпонӣ.
Подшоҳе, ки тарҳи зулм афканд,
Пойдевори мулки хеш биканд.
Реклама