Сафарҳои Ҷомӣ

Сафарҳои Ҷомӣ

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ҳаёти худ 7 бор ба сафар баромада, шаҳрҳои Самарқанду Тошканд, Фаробу Марвро тамошо кардааст. Сафари охирин ва тӯлонии Ҷомӣ соли 1472 дар моҳи август огоз ёфт. Ӯ шаҳрҳои Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домғон, Қазвин, Ҳамадон, Багдодро саёҳат карда, бо арбобони илму адаби ин шаҳрҳо вохӯрд, сӯҳбатҳо орост. Дар ҳар ҷо Ҷомиро иззату эҳтиром мекарданд. Ҷомӣ Макка ва Мадинаро зиёрат карда, соли 1473 ба Ҳирот бозмегардад. Поёни умри Ҷомӣ дар Ҳирот гузашт. Ӯ ба эҷод кардани асарҳои илмиву адабӣ батамом машгул буд. Я к дақиқа вақти худро бекор намегузаронид. Танҳо ба мактаби адабии Ҳирот роҳбарӣ карда, ба шоирони ҷавон маслиҳатҳои муфид медод.

Ҷомӣ дӯстони бисёр дошт, ки бо онҳо базми шеъру суруд меорост, сӯҳбатҳои дилангез мекард. Яке аз шогирдони беҳтарини Ҷомӣ Алишери Навоӣ буд. Муносибати онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки мисли ду дӯсти ҷонӣ, ду ҳамкору ҳаммаслак ба назар мерасад.

Абдурраҳмони Ҷомӣ оилаи хуб ва фарзандони лоиқ дошт. Вале се фарзанди адиб дар тифлӣ ва хурдсолӣ вафот кардаанд. Албатта, вафоти фарзандон қалби адибро ба шӯру галаён овард. Дар мотами фарзандон Ҷомӣ ашки ғаму хасрат рехт, оҳи ҷонсӯз аз дили пурсӯз баровард. Ӯ дар марги фарзандон марсияҳо сурудааст, ки дар онҳо сӯзу гудози падари догдида басо муассир ифода ёфтааст:

Рехтӣ хуни дил аз дидаи гирёни падар,

Раҳм бар ҷони падар н-омадат, эй ҷони падар.

Навбаҳор омаду гулҳо ҳама рустанд зи хок,

Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар.

Абдурраҳмони Ҷомӣ 9-уми ноябри соли 1492 дар шахри Ҳирот вафот кардааст. Ҳангоми вафоти Ҷомӣ қариб аксарияти мардуми гирду атрофи Ҳирот либоси мотам пӯшидаанд. Ба миқдори 1000 байт дар вафоти Ҷомӣ аз тарафи шоирон марсияҳо ва қитъаҳои таърихӣ эҷод шуд. Чунончи, Мавлоно Комӣ дар вафоти Ҷомӣ бо як сӯзу гудоз марсияе эҷод кард, ки дар он мавқеи ҷамъиятӣ, хислатҳои гуманистии адиб хеле равшану возеҳ инъикос ёфтаанд. Ана, чанд байт аз он марсия:

Равнақи илму стал рафт, дар аъёни[1] ҷаҳон,

Зебу зинат ба ҷуз аз ҷуббаву дастор[2] намонд.

Монд аз он сарвари аҳли сухан осор басе,

Дар ҷаҳон гарчи зи аҳли сухан осор намонд.

Рӯ ба девори лаҳад монд касе, к-ӯ ҳама умр,

Баҳри роҳат нафасе пушт ба девор намонд.

Ҳаргиз озурда нашуд аз суханаш хотири кас,

Дар дил аз ӯй ба ҷуз ҳасратн дидор намонд.

Рафт, эй дил, зи ҷаҳон мӯнису ғамхори ҳама,

Ғами худ хур, ки дигар мӯнису ғамхор намонд.

Оромгоҳи Абдурраҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Ҳироти Ҷумҳурии исломии Афгонистон бо номи Тахти Мазор ёд мешавад, ки ҳазорон одамони ҷаҳон зиёраташ мекунанд. Шоҳи мутаассиб, ҷоқилу бехирад Исмоили Сафавӣ пас аз 18 соли вафоти шоир қабри Ҷомиро оташ зад, вале ба мақсад нарасид, зеро оромгоҳи шоири бузург кошонаи дили халқҳои ҷаҳон аст.

[1]    Аъён - бузургон, донишмандон. сардорон.

[2]    Ҷуббаву дастор - ҷомаву салла.